Бозор Собир рафт. Рафт то дигар наояд!!!

Фарҳанг ва адаб 07.01.2011 16:34
70

Устод Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик, ки тақрибан 5 моҳ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, 6 январ ба қасди Амрико пойтахти тоҷиконро тарк кард.

 

Ӯ суханварест, ки тайи беш аз 20 сол ҳамеша номаш, кору пайкораш, ашъораш, гуфтору сӯҳбатҳояш вирди забони хосу омм будааст. Шоми 5 декабр, яъне 14 соат қабл аз парвозаш ба Амрико ба аёдаташ рафта будем. Тӯли панҷ моҳи дар Душанбе будани шоир ин панҷумин сӯҳбату мулоқоти мо бо ишон буд. Ва мусоҳибаи рӯ ба рӯйи видоъиро дар Ватанаш Тоҷикистон, ки акнун афсурдаву озурда «ин дигар Душанбеи ман нест» мегуфт, бо чеҳраи бозу болида бо «Миллат» анҷом доду рафт.

Бозор Собир рафт. Рафт то дигар наояд.

Ӯ аввалин буд аз миёни шуъарои тоҷик, ки дар интихоботи озоду шаффофи соли 1990 бар алайҳи ҳама ғиромбозиҳои ҳокимони онвақта аз миёни 6 номзад мардум ӯро хост то вакилаш дар Порлумон бошад.

Ӯ аввалин шоире буд, аз миёни адибони тоҷик, ки Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакиро дар соли 1989 масъулин зери фишори ҳавохоҳону хонандагони бешумораш ночор ба ӯ тақдим намуданд.

Ӯ ягона шоири тоҷик буд, ки дар замони яккатозии Ҳизби коммунист шомили як ҳизби дигарандеш – ҲДТ гардида, фаъоли сиёсӣ шуд.

Ӯ ягона шоире буд дар таърихи миллати тоҷик, ки соли 1990 дар назди Қасри Ҳукумат бо нишони эътироз гуруснанишинӣ эълон карда буд.

Ӯ ягона шоирест аз миёни шоирони тоҷик, ки зиндонӣ шудаву ба қавли худаш «ҷомааш то қиёмат бӯйи зиндон мекунад» ва 9 моҳу 9 рӯзи умри хешро дар маҳбас сипарӣ кард.

Ӯ ягона шоири ғариб, шоири мусофири тоҷик аст, ки беш аз 16 сол дар ғурбату дарбадариву беватанӣ ҳаёт ба сар мебарад.

Ӯ ягона шоирест, ки ҳамеша андешаву ашъору гуфтораш дар ҷомеъа сару садо ва шӯру фарёд барангехтааст.

Ӯ ягона шоирест, ки дӯстдору бадхоҳаш ашъори ӯро мехонанд ва дар истеъдоди волои суханофариаш ҳақ қойил мешаванд.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки солҳо боз чеҳраааш дар телевизиони миллаташ нопайдову табу асту шеърҳои нобу дилнишинаш зинатбахши «клип»- ҳои худшиносии шабакаҳои телевизионии кишвараш аст.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки бо вуҷуди соҳибном будан, ҷойгоҳи воло ва Ҷойизаи давлатӣ доштан ҳанӯз «Шоири халқӣ» нест.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки оҳангсозони кишвараш аз ҳама бештар ашъори ӯро оҳанг баставу овозхонҳои зиёд шеърҳои ӯро замзама кардаанд.

Ӯ ягона шоир аст….

Ӯ ягона шоир аст.

Бозор Собир рафт. Барояш аз Худои бузург тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар он билоди ғариб вақту табъи хуш мехоҳем. Тавфиқ рафиқаш бод!

Бозор рафт! Акнун эй ҳамватан:

Бигӯ он шоири доно куҷо шуд?

Бигӯ он сарви хушболо куҷо шуд?

Бирав бар бом бипурс аз боғбонон,

Ки он девонаи шайдо куҷо шуд?!

Мусоҳибаи видоъии шоир Бозор Собирро бо хабарнигори «Миллат» дар шумораҳои навбатии нашрия биҷӯед.



©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97