Қиссаҳои ҳиҷобӣ ва Оғохону Нурӣ

Фарҳанг ва адаб 06.01.2011 13:28

ОҒОХОНИ IV АЗ ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ КОР ГИРИФТ

oghokhon va nuri

Дар ҳақиқат пешрафт ва эҳёи исмоилиён дар аввали асри XX гузошта шуда буд, вале ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде онҳоро дар пеш буд ва дар давраи фаъолияти Оғохони IV онҳо тавонистанд ба муваффақиятҳои  беназир ноил гарданд. 

Чӣ тавре, ки   Оғохони IV дар суханронии худ бахшида ба ҷашни 50- умин соли ба тахт нишастанаш, 11 июли 2007, қайд мекунад “ аз фойида холӣ намебуд, агар ба қафо менигаристем, ки ҷаҳони мо дар давоми ин панҷоҳ сол чӣ қадар тағйир ёфтааст. Дар соли 1957 (соли ба тахти имомат нишастани Оғохони IV- М.Ш.)  қисмати зиёди Осиё ба камбағалӣ, ба норасоии ғизо ва ба нооромии сиёсӣ маҳкум шуда буд. Баъзе  кишварҳо акнун соҳиби истиқлол шуда буданд, дигарон барои истиқлол мубориза мекарданд ва бисёри дигар ҳанӯз бо қулфи тамғаи (статуси) мустамликавӣ банд буданд. Бисёр давлатҳои мустақили имрӯз дар Осиёи миёна, Осиёи шимолӣ, Африқо, Аврупои шарқӣ ҳатто вуҷуд ҳам надоштанд. Ин шароити ҷаҳоне буд, ки Ҷамоат дар соли 1957 дар он зиндагӣ дошт. Догматизм дар шаклҳои гуногун ҳабсхонаи ақлҳои замон буд, ҳоло он ки прагматизм (амали офаранда - М. Ш.) оппортунизм (дуршавӣ) дониста мешуд. Тарс аз бенавоӣ, тарс аз камбағалӣ дар мағзи (равони) қисмати зиёди мардуми ҷаҳони мо ҳукмрон буд. Ва Ҷамоат дар чунин вақт дар ин контекст мезист...”

Ҳамин тавр,   дар замоне,  ки бисёр мутафаккирони Исломӣ ва роҳбарони мусулмон нисбат ба давлатҳои ғарб мавқеъи душманонаро пеш гирифтанд, Оғохон вобаста ба дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худ аз дигар роҳ гом бардошт. Дар ин бора доктор Акбар С. Аҳмад, олими суннимазҳаби покистонӣ  дар рӯзномаи Manchester Guardian Weekly (августи 1991)  дар бораи масъалаи асосие, ки ҷаҳони Исломро дар рӯ ба рӯ меистод, навишта буд: “ Масъалаи асосие, ки мусулмононро дар ҷаҳони имрӯз пеш омадааст, ин  бо ғайримусулмонҳо чӣ бояд кардан аст. Ин метавонад масъалаи асосии сиёсии рӯзгори онҳо дар соли 1990 бошад. Ду хулосаи муқобили якдигар бо ҳам бармехӯранд. Яке ҷаҳони навро, ки ғарб ҳукмрон аст, ҳамчун ҷаҳони фасод ва бад инкор хоҳад кард, дигаре орзу дорад бо он зистан, вале дар як вақт ҳувияти худро нигоҳ доштан. Агар ба расонаҳои хабарӣ бовар кунем, аввалиҳо зиёд буданд. Вале қисмати дуввум, яке аз садоҳои бисёр аҷиб ва муҳим, ки баланд шуд, ин садои Оғохон буд, ки он дар бораи инқилоби ором, вале давомдори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаёти пайравонаш буд. Ин амал ҳоло Исмоилиҳо ва ғайри исмоилиҳоро чунон бо ҳам овардааст, ки собиқаашро дар таърих наметавон пайдо кард ва  ин як намунае барои ҷумлаи мусулмонон аст.”

ДАР ШӮРАВӢ

ДУНЯВИЯТ НА, АТЕИЗМИ ҶАНГОВАР БУД

Як таҷрибаи хубе, ки аз даврони шӯравӣ оид ба дунявият дорем ин аст, ки дониш ба истеҳсолот наздик буд, мардуми зиёде бо дониш фарогир буданд ва имкони бештаре доштанд барои хаёлот ва идеяҳои худро дар ҷомеа амалӣ кардан. Ва ин муносибатҳо дар ҷомеа орзуҳо, хаёлҳо ва умедҳои хонаводагӣ ба таври умум бойиси пайдоиши як (ethos – одат) муносибати беҳтарин байни халқҳои гуногун гардида буд.  Бо вуҷуди он ки маҳалчигӣ он замон пурқувват буд, вале фасод дар он андоза, ки мо имрӯз бо он рӯ ба рӯем, вуҷуд надошт. Тавре дар боло қайд кардем, пайдо шудани институтҳои боэътибор дар байни омм ва инкишофи роҳҳои махсуси ташкили истеҳсолот ва савдо (иқтисодиёт) дар пешрафти миллат ва нируманд шудани давлатҳои сармоядории Ғарб нақши муҳим бозида буд ва ҳамчунин мо шоҳиди ташкили хуби ин ду омил дар даврони Шӯравӣ ҳастем. Ин ду омил дар бастагӣ бо ҳам арзишҳои маданияти маҳаллӣ дар бораи дунявият пояҳои аслии дунявият ба ҳисоб мераванд. Аслан дар Шӯравӣ дар бораи дунявият ҳарф намезаданд, чаро ки атеизми ҷанговар барои дин на танҳо дар ҷомеа (public), чунон ки ҷомеаҳои сармоядории Ғарб карда буданд, балки дар дунёи шахсии (private) мардум ҳам қариб ҷой нагузошта буд.  Имрӯз дар ҷомеаи мо ин ду маризӣ – фасод ва маҳалчигӣ бойиси ақибмонии ҷомеа ва яке аз сабабҳои заъфи дунявият гаштаанд. Қисми зиёди мардум дар сохтмони ҷомеа нақши фаъол надоранд ва ё аз он дур карда шудаанд. Фазои аслии муносибатҳои зиндаи эҷодиро ҳам танг кардаанд.  Ҳолати имрӯзаи мардум қариб ба он монанд аст, ки замоне бритониёиҳо мардуми мусулмон ва ҳиндуро аз мудирият, роҳбарият ва умуман аз зиндагии фаъоли ҷомеа дур карданд ва ин ҳолат ба он оварда расонд, ки ин мардумро, ки акнун танҳо ба масъалаҳои динӣ – фарҳангии хеш ва мардикорӣ машғул буданд, ба категорияи “ақибмонда” (backward) дохил карданд. Ин ҳам нишондиҳандаи ин аст, ки масъалаи асоси муносибатҳо дар ҷомеа ин масъалаи қудрат аст. Инчунин таҷрибаи давлатҳои Осиёи миёна исбот кард, ки заъфи дунявият ва яке аз рукнҳои он ақлониёт дар заифии нашинохтани дин ва надоштани донишмандоне,  ки таҷрибаи динӣ доранд мебошад. Хушбахтона мо имрӯз мардуми аз дониш ва таҷрибаи динӣ огоҳ дорем, ки онҳо метавонанд як унсури сулҳу салоҳ дар ҷомеа бошанд ва ё нагузоранд, ки касе аз минбару манораҳои масҷид ба ҷои ояҳои Қуръон аз ‘Рӯҳнома’ –и худ чизе бигӯяд, яъне метавонанд пеши роҳи муқаддастарошиҳоро (sacralisation), ҷодугарӣ ва фолбинонро, ки дар дигар ҷойҳо дар авҷ аст, гирифтан. Аслан ин ҳунарҳо дар ҷомеъаҳое маъруф мешаванд, ки нақши илм ва дин заъиф гаштааст.

БА СИЁСАТ ДИГАРГУНА БОЯД НИГАРИСТ

Дигар таҷрибаи бисёр аҷиб, ки Тоҷикон аз сар гузарониданд, ин масъалаи фаъолият намудани ҳизби динӣ- сиёсӣ  ва аз арзишҳои миллӣ, либералӣ ва демократӣ дастгирӣ кардани он буд. Аслан дин қисмати ҷудонашавандаи сиёсати дунёи нав шудааст ва аз ин рӯ масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маълумот ва ғайра ба он бегона нестанд ва он чи ки баъзе мухаққиқон дар бораи ҷудо будани дин аз сиёсат ҳарф мезананд, ин роҳи асримиёнагии қадимаи ғарбии ҷудо кардани дин аз сиёсат буд, ки мегуфтанд ‘дин ба сатҳи имон ва нафс тааллуқ дорад ва масъалаҳои ақлонӣ ва фаъолиятҳои бар манфиат асос ёфта дар он ҷой надоранд’. Имрӯз сиёсатро танҳо функсияи дастгоҳи давлатӣ шинохтаанд ва фаромӯш кардаанд ё намедонанд, ки фаҳмиши асримиёнагии сиёсат кайҳо тағйир ёфтааст. Ба фикри ман ва ин фақат фикри ман нест, сиёсат ин наздиктарин омил ба ҳастии инсон, ба воқеъияти инсон аст, навобаста ба он ки ӯ диндор аст ё бедин. Ва худшиносии сиёсии инсон нишондиҳандаи инкишофи унсурҳои озодӣ, қудрат, ихтиёр, истиқлол, идеяҳо ва идеалҳои ӯст. Ва дар ҷомеъаи озод ва пешрафта ҳар як фард аз ин арзишҳо бархӯрдор аст. Дигар ин ки бисёрҳо, ки дар ин мавзӯъ менависанд, масъалаи муносибати  сиёсат ва динро дар контексти аслии он, яъне исломӣ – тоҷикӣ чунон ки ҳаст намебинанд. Муҳаққиқони мо кӯшиши шинохти воқеии ончиро, ки дар ҷомеа, дар сатҳи шуур, дар сатҳи забон ва маданияти мардум мегузарад ва чи гуна ба ҳам алоқаманданд намекунанд ва аслан он чиро, ки дар контекстҳои бегона гузаштааст ҳамонро ҳамчун нусхаи асл барои ҷомеаи худ қабул мекунанд. Аз он технологияҳои қудратӣ  дар ин воқеияти сиёсӣ дуруст кор намекунанд, ки  пажӯҳишгоҳҳои зарурӣ  дар фаҳмиши технологияҳои идоракунии худӣ ва дигарон оҷизанд.

ҚИССАҲОИ ҲИҶОБӢ ВА ФАҲМИШИ ФАРОНСАВИИ ДУНЯВИЯТ 

Чун қудрат ҷаҳли бузург аст, ин муҳаққиқон танҳо ба ду калима дин ва сиёсат часпида,  функсияҳои гуногуни сиёсат, муносибатҳои мутақобила ва ҳамоҳангии ‘қудрат’, ‘худӣ’ ва ‘воқеиятро’ (ҳақиқатро) нодида гирифта, фатво медиҳанд, дин аз сиёсат ҷудост. Ин ‘муҳаққиқон’ бо суханбозиҳои худ дар баробари қудрат бойиси ба “худӣ”ва “ғайр” ҷудо кардани як халқ мегарданд, ки аслан озодӣ ва қудрат аз дониш ва таҷрибаи он сарчашма мегирад ва хиёнати сахт дар раванди сохтмони давлат ва миллати Тоҷик мекунанд. Ва мисоли боло дар хусуси ҷудо кардани дин аз сиёсат шоҳиди зиндаи ин гуфтаҳо аст ва ин масъаларо дар қисмати “Амнезияи сиёсӣ ё тарс” хубтар шарҳ хоҳем дод. Дигар мисол ин ки наметавон дунявиятро чунон ки дар Фаронса (secularism  ё laisite) мефаҳманд дар Тоҷикистон ҷорӣ кардан, чаро ки ин фаҳмиш ва ё тарзи зиндагӣ дар Фаронса ба фикри Талал Асад, реша дар дарсҳои зиддидинии фаронсавиҳо, ки дар хонаҳо мегирифтанд, дар шартномаҳои нобаробаре, ки бо калисои худ бастанд ва инчунин дар  забткориҳои империявии онҳо дорад. Вале мебинем, ки дар Тоҷикистон корҳое мешавад, масалан  қиссаҳои ‘ҳиҷобии’ вазири маорифи Тоҷикистон, ки фаронсавиҳо, чунон ки аз таҳқиқоти Асад бармеояд, аз он амалҳоро иҷро кардан шарм ҳам мекунанд.

АЗ ИМОМИ АЪЗАМ ТО   АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

Метавон гуфт, ки таърихи тафаккури сиёсии Тоҷикон аз замони Имоми Аъзам то Хоҷа Аҳрори Валӣ ва аз ӯ то имрӯз исбот кардаанд, ки шахси имондор метавонад аз мавқеъи ҳақиқат ва адолат беҳтар пуштибонӣ кунад. Ба фикри ман шахсияти сиёсӣ, ки арзишҳои динӣ – номусӣ дар таркиби худии онҳо нақши асосӣ мебозад, як шахсияти алтернативиест бар муқобили шахсияти сиёсие, ки Николло Макиавелли (1469 -1527) тавсиф карда буд ва то имрӯз бисёриҳо, ҳарчанд ки қойил нестанд, аз он пайравӣ мекунанд. Дар ҳақиқат агар маънии калимаи ‘вирту’ (virtue), ки Макиавелли ҳамчун арзиши бунёдии худии қудратмандон ва сиёсатмадорон меорад, “мардӣ” ё ҷое “қудрат” (power)  ва қобилият (ability)  ҳам тарҷума мекунанд бошад, пас мардони имондоре мисли Имоми Аъзам, Хоҷа Аҳрор, Абдуллоҳи Нурӣ мардони сиёсат буданд.

Чаро дар сохтмони худии (шахсияти) сиёсатмадорони мо ин арзишҳои имонӣ –номусӣ вуҷуд надошта бошанд. Албатта он чи Хоҷа Аҳрор бо такя ба кредои сиёсии  худ, “кор ин аст, ки боре аз дили мусулмоне бардорӣ” дар ҳаёти сиёсии Осиёи марказӣ мекард, аз амалҳои сиёсии макиавелигӣ,  ки барои манфиат аз ҳила, макр ва дурӯғ ҳам даст намекашиданд, фарқ дорад. Ба ёд биёред воқеаеро, ки бо собиқ сарвазири Бритониё Гордон Броун рӯй дод. Ӯ дар мулоқот бо мардум занеро тавсиф намуд, вале чун ба мошин даромад, бехабар аз он ки диктофон то ҳол хомӯш нашудааст, дар бораи ин зан пасттарин суханҳоро истифода бурд. Ин ҳолро ба шарофати технологияи имрӯз дар ҳама ҷаҳон паҳн карданд. Вуҷуди технологияи имрӯз ҳам ба фоидаи шахсиятҳои пок ва самимист. Фикр мекунам назари сиёсатшиносон ва сиёсатмадорон нисбат ба ин фалсафаи сиёсии Макиавелли дигар шудааст, вале то ҳол бисёр сиёсатмадорон бо хомӯшӣ аз рӯи он  амал мекунанд, чаро ки бисёриҳо аз тақво ва тарбияи нафс ҳанӯз бехабаранд.

(давом дорад) 

Меҳмоншоҳ Шарифов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97