Шухиҳои солинавии Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 31.12.2010 18:35

 

 

 

 

images11*Ҷанҷоли зан арра аст. Оҳиста- оҳиста мағзи саратонро арра мекунад. Шуморо барои наҷунбидан фарзандон маҳкам медоранд.

*Дасте, ки ба гардани зани бегона овезон аст, дасти силаи меҳрубонӣ ба тифлонро мебурад.

 

 

 

     

*Ба сабаби аниқ набудани мансубияти фарзандон ба падар тибқи қонун барои тарбияи бади фарзандон фақат модарон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

*Мегӯянд Харгӯш соле то 10 сар насл мезояд. Соли Харгӯш ба мувозинати демографӣ ҷиддан халал мерасонад.

*Худованд ба даҳриён бештар самият дорад, зеро онҳо бо мушкилоти худ Худоро безобита намекунанд.

*Тоҷикистон душман надорад. Хиёнати дӯстону ҳамсояҳо басанда аст.


 

                                                                                     Некӣ бимонад ҷовидон

 

 Президент барои сарфаи вақт зуд-зуд аз Баротбой мепурсад, ки боз чӣ арз дорад. Яъне, мушкилоташро ҳал кунаду ҷавоб диҳад. Зеро пас аз сӣ дақиқа бояд сафири Ҳиндустонро қабул кунад. Аммо Баротбой дар бораи кӯмаки хайриявиаш ба мактаби деҳа, побел  кардани замини яслӣ- боғча, қиссаи наҷоти модагови Холбой аз гург батафсил нақл мекард.

Президент ба дафтараш ин шуҷоати Баротбойро қайд кард. Ва бо эҳтиром гуфт:

-Баротбой-ако, ман хеле миннатдорам, ки бо Шумо сӯҳбат кардам. Ҳоло бояд бо сафири Ҳиндустон мулоқот кунам.

-Дар воқеъ, ман 10 сол пеш дар китобхонаи деҳа гӯшаи "Индира Гандӣ- зани барӯманди Шарқ",- ро таъсис карда будам, - боз нӯги риштаи гапро ба даст гирифт Баротбой.

-Ташаккур, ин олиҷаноб аст. Агар ягон хидмат ба ман бошад, гӯед,- бо илтифот гуфт Президент.

-Ман ҳаминашро гуфтанӣ будам. Дар назди ҳавлиам як бех чанори калон аст. Чанор дар ҳудуди мактаб воқеъст. Ҳамун чанора бо қарори шӯрои педагогии мактаб ба ман диҳанд.

-Майлаш, худи ҳозир ҳал мекунам,- гуфта Президент бо воситаи телефони дохилӣ ба Сарвазир дар бораи дигар кардани қарори шӯрои педагогии мактаб амр дод.

-Ман миннатдорам. Агар имкон бошад, набераи калонӣ дар Донишгоҳи савдо мехонад, якто муаллим баҳои ду монда...

Президент бо муовини Сарвазир амр дод, ки кори мӯйсафедро мусбат ҳал намояд. Ва боз ба соаташ нигоҳ кард. Вале Баротбой ҳеҷ нияти хайру маъзур кардан надошт. Сафири Ҳиндустон 10 дақиқа боз мунтазир буд. Тамоми кормандони Дастгоҳи Президент дар такудав. Хайрият, Баротбой аз кабинети Президент баромад. Чанд нафар журналистони хориҷӣ бо тааҷҷуб пурсиданд, ки ин мӯйсафед кист?

-Шаҳрванди одии кишвар,- кутоҳ фаҳмонданданд ба рӯзноманигорон.

Дар асл Баротбой 9 сол пеш дар як ноҳия дар маъракаи интихоботии Президент гӯсфанд куштааст. Дар ҷавоби ин некӣ чанд бор кори Баротбойро ба назар гирифта, барои хидматҳояш ба вай мошин ва ҳавлӣ доданд. Рафта-рафта суратҳои бо Президент гирифтаашро намоиш медод. Дар дастгоҳи Президент маҷбур шуданд, ки барои дида баромадани номаҳои Баротбой штати алоҳида ҷудо намоянд.

-Ин беҳтар аст. Худаш набиёяд, шуд,- оҳ кашид яке аз масъулони Дастгоҳ

-Ба фикрам, дигар намеояд,- гуфт сардори дафтари умумӣ.

Ҳ,амин лаҳза аз қабулгоҳи Президент занг заданд. Боз Баротбой Болтаев ба қабули Президент омадааст.

Қабул хеле олиҷаноб гузашт. Баротбойро Президент бори дигар нӯҳ сол пас аз интихобот изҳори сипос намуд ва пурсид, ки чӣ мушкил дорад.

-Илтимос, набераам бачаи нағз, дар синфи панҷум мехонад, имкон бошад, сардори синф таъйин кунед.

Президент оҳи дарунакӣ кашид ва аз дил гузаронд: "Кош ҳамон сол як овоз кам мегирифтам...".

                       Тантана

Мардум қарсак мезаданд. Сарвазир ва раиси шаҳр банди заррини бинои навро буриданд. Дари толори васеъ кушода шуд. Аз даруни бино марди чорпаҳлӯ давида омад.

-Шумо кистед,- пурсид раиси ноҳия

-Ман аз идораи барқ. Қарзи барқро сари вақт пардохтан зарур аст.                      

                                      Нишонаҳои Соли Харгӯш

Агар худро дар хона бо роҳат, хушбахт ва озод ҳис кунед, пас ин хонаи шумо нест.

-Агар ҳар бегоҳ занатон шуморо бо табассуми гарм истиқбол гирад, суроғаи хонаатонро як бор санҷида бинед.

Агар занатон, писаратон, келинатон ва гадои кӯча аз Шумо пул напурсанд, аниқ шумо мурдаед.

                                 Табобати пулакӣ

-Духтурҷон, ёрӣ диҳед. Писарчаамон 50 дирам тангаро фурӯ бурд,- бо гиря гуфт Рафидамоҳ ба духтур.

-Хоҳари азиз, ман бо 50 дирам табобат намекунам.

                                    Таъзия

Пас аз маросими ҷаноза Асадбек аз муллои деҳа гӯшакӣ пурсид:

-Марҳум ба чанд даромадаанд?

-Ба 27- кӯтоҳ ҷавоб дод мулло.

-Хеле ҷавон фавтиданд,- бо ҳасарат гуфт Асадбек.

-Ба 27 бонку хазина даромада ҳангоми ғорат кушта шуданд,- илова кард мулло.

                              Суроға

-Шумо бародари азиз, намедонед хонаи Асадбек дар куҷост? – масти аласт пурсид аз роҳгузар.

-Худи Шумо Асадбек ҳастед,-гуфт раҳгузар.

-Медонам. Ман Асадбек, аммо намедонам хонаам дар куҷост.

                              Посух

-Таҷовузи мусалаҳона чист? –пурсид Наҷиби хурдсол аз падараш.

-Таҷовузи мусалаҳона - агар як давлат ба давлати дигар бе иҷозати абарқудратҳо ҳучум кунад.

-Неруҳои посдори сулҳ чист?

-Агар даҳ давлати абарқудрат бо маслиҳати пешакӣ ба як давлати бечора ҳуҷум кунанд.

                                        Миллениум

-Дугонаҷон, фарши хонаатонро чаро кандаед?- пурсид Холисамо аз Мағалмо.

-Шавҳарм дирӯз рӯи фарши хонаро канда партофтанд,- бо ҳасрат гуфт Холисамо.

ӣ сархуш буданд?

-Не, ман бо телефон ба ӯ гуфтам, ки ман дар таги  «Миллениум» (тарабхона) истодаам. Ӯ линолиуми фаршро канда партофтаанд.

                                  Муаммо

-Ачиб, хеле ҳам тааҷубовар аст. Мо тамоми сол ба Тоҷикистон газ надодему 98 фоизи обҳои ташнашикани Тоҷикистон газдоранд, - гуфт раиси «Узтрансгаз» ба муовинаш.

-Ин ҷои тааҷҷуб нест. Русия нархи бензинро дучанд қиммат кард, аммо дар Тоҷикистон 5 маротиба миқдори автомашина зиёд шуд,- гуфт муовин.

                                    Хиради камбизоатӣ

-Рав бачам, аз хонаи ҳамсоя камтар намак биёр. Намакамон тамом шудааст. Дӯконҳо аллакай баста шуданд,- гуфт модар ба писараш Амридод.

Амридод бо дили нохоҳам дари ҳамсояро дағалона так-тақ зад.

-Хизмат,- пурсид ҳамсоя.

-Намак даркор!

-Намак нест!-_гуфта бошаст дарро пӯшид ҳамсоя.

Модар писари хурдсолаш Қамардодро фиристонд.

Қамардод дари ҳамсояро эхтиёткорона тақ-тақ кард. Баробари кушодани дар Қамар гуфт:

-Холачон, ман ҳар рӯз аз садои кабки даҳлезатон ҳузур мекунам. Пеш аз Шумо дар инҷо як одами кӯрнамак зиндагӣ мекард. Қадри намакро намедонист.Воқеан, шумо баногоҳ як каф намаки зиёдатӣ надоред. Модарам мегӯяд,ки барои кӯрнамак нашудан- намаки ҳамсояро чашидан даркор,- фаҳмонд Қамар.

-Албатта ҳаст. Марҳамат бо коғазпечаш гиред,- меҳрубонона гуфт ҳамсоя.

                                      Иншо

-Ман дигар бо ту зиндагӣ намекунам. Ту бо зани ҳамсоя ишқварзӣ мекунӣ,- бо гиря ва фиғон гуфт Мағалмо ба шавҳараш Асадбек.

-Ин тӯҳмат аст,-бо хашм дод зад Асадбек.

-Ана, хон, духтари ҳамсоя -Манижа дар иншояш «Тобистони ман» навиштааст. «Тобистон амаки Асадбек моро бо модарам ба лаби баҳр бурд. Се ҳафта аз ҳавои софу беғубори баҳр ҳаловат бурдем.»

Асадбек давон- давон ба мактаб рафта иншои писарашро аз дасти муаллима чангол зада гирифт. «Падарам тобистон ба сафар рафтанд. Ҳамсояи мо Дилдорбек то нисфшабӣ бо модарам дар оғил шири модагов медӯшиданд. Ман  шири тозаи навдӯшидаро нӯшида ҳаловат мебурдам.»

-Хайр ҳеҷ боке не. Хайрият писарам баҳои 5 панҷ гирифтааст. Вагарна барои баҳои ду ҷазо мегирифтам.

 

 

                                   

-

 

 

                                   

 

 

 

 

 

 

 


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97