ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ БО АРЧАҲОИ СОЛИНАВӢ

Фарҳанг ва адаб 31.12.2010 17:40

 

 ё муфтии нав чӣ таҳавуллоте дар умури дини кишвар меоварад?

 picture11

 

Душанбе – бузургшаҳри Тоҷикистон дар соли 2010 пойтахти фарҳанги исломӣ дар қораи Осиё буд. Вале дар он ҳеч гуна тафовути ҷиддие дар муқойиса ба солҳои пешин мулоҳиза намешуд.  

Ҳ

амоно шиору овезаву фестивалҳои исломӣ, ки мебоист ифодагари Пойтахти фарҳанги исломӣ будани Душанбе бошанд ва хиёбону майдонҳоро зебоӣ бидиҳад, ба мушоҳида намерасид.

 

Ҳатто дар арафаву рӯзҳои иди Фитру Қурбони исломӣ. Ба ҳақиқат, ки омодагӣ ба ҷашни Соли нави 2011 бо арчаҳои солинавӣ дар ҷо-ҷойи Душанбешаҳр шаҳомату шукӯҳи бештар аз ҳар иде милливу динӣ дар Пойтахти фарҳанги исломӣ  – 2010 дорад. Ҳатман нишасту конфронсҳо дар чаҳорчӯби барномаҳои «Пойтахти фарҳанги исломӣ 2010» баргузор гардидааст, аммо ба андозаи ҳадди ақал ҳам муаррифии он дар васоити ахбори умум ба хубӣ анҷом нагирифт. Ин шояд ба адами фаолияти густардаи муассасоти марбут ба умури исломӣ ҳам вобаста бошад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки дар соли 2010 Пойтахти фарҳанги исломӣ будани Душанберо ками сокинони он эҳсос карданд.  

Нишасти вазирони хориҷаи СКИ дар Душанбе

Дар дар моҳи майи ин сол Пойтахти фарҳанги исломӣ мизбони Нишасти сиву шашуми вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ ҳам буд. Вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамдин бо Тоҷикистон ба ин кишвар омаданд ва бо чашми сар бо зебоиву диловезии табиат ва меҳмоннавозии сарзамини навосагони Имом Бухориву Имом Тирмизӣ ва Имоми Аъзам Абӯҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳим аҷмаин, ошно шуданд. Акнун онҳо диданд, ки дар ин кишвари мусулмоннишин ва ҳамҷавор бо Афғонистони пурдарду доғ, оромиву амнияти фарогир ҳукмфармост.

Барои аввалин бор дар Тоҷикистон умдатарин кишвари арабӣ ва исломӣ – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Сафирони Қатар, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Яман ва дигар кишварҳои исломӣ пас аз 19 соли истиқлолияти Тоҷикистон ба Душанбе омаданд ва Раисҷумҳури Тоҷикистон устуворномаҳои эшонро қабул кард. Албатта баргузории нишасти вазирони кишварҳои исломӣ, ифтитоҳи сафорати Ходими ҳарамайни шарифайн ва барқарории иртиботи дипломатӣ бо кишварҳои пешқадами исломӣ барои Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, барои ҳамкориҳои оянда бо кишварҳои мусулмонӣ умедворкунанда мебошанд. Дар ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистон ба сармоягузорӣ дар ҳама бахшҳои барои пешрафти иқтисодӣ муҳим ниёзмандиҳо дорад, ҷалби соҳибкорону тоҷирони кишварҳои пешрафтаи исломӣ ва арабӣ ҷиҳати сармоягузорӣ дар ин кишвар басо муҳимму ҳадафманд мебошад. Умедворист, ки ҳамкориҳо рушд меёбанд ва самараи он барои Тоҷикистони азиз хоҳад расид. Соли 2010 заминаро барои ин ҳама фароҳам овард ва боқӣ ба фаъолияти дипломатҳои заковатманд вобаста хоҳад буд.

 Эъломи шаҳраксозии Уммон дар Кӯлоб

Барои нахустин бор ҳам як кишвари исломӣ-арабӣ Уммон дар Кӯлоб барои осебдидагони сел шаҳрак бунёд кард. Давлатҳои исломии Покистону Ирону Афғонистон дар соли 2010 пайваста рағбати хешро ба тақвият додани иртиботу ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Тоҷикистон ба такрор изҳор доштанд. Дар умум дар соли 2010 соири давлатҳои мусулмонӣ хостори густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон буданд. Саҳми кишварҳои пешрафтаи арабӣ дар зебоиву ободии бархе шаҳрҳои Қазоқистону Туркманистон бармало дида мешавад, аммо шояд дертар оғоз шудани равобити расмии дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои пешқадами исломӣ ва арабӣ боис гардидааст, ки дар Душанбе саҳми онҳо ба назар намерасад.

Ҳиҷоб, риш ва хомӯшии рӯҳониён

Дар ҳоле, ки тибқи ҳукми шариати исломӣ умуман ва мазҳаби ҳанафӣ хусусан риояи ҳиҷоб барои занон фарз ва натарошидани риш барои мардон суннат мебошад, дар рӯзҳои аввали соли таҳсили 2010 сарусадоҳое дар бораи мамнуияти ҳиҷобу риш дар муассасоти таълимии давлатӣ баланд гардид. Барои касоне, ки аз аҳкоми шариат ба андозаи кофӣ огоҳӣ доранд, мамнӯъ будани мамнӯияти риояи ҳиҷоб ва тарошидани риш басароҳот маълум буд. Аммо мақоми салоҳиятдори судури фатво дар кишвар Шӯрои уламо дар ин росто хомӯш буд.  

Таъхир дар сохтани Масҷиди бузург

6-уми октябри соли 2009 дар соатҳои аввали рӯз пеш аз баргузории Симпозиуми байналмилалии гиромидошти Имоми Аъзам дар Душанбе сохта шудани бузургтарин масҷид дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардид ва давлати Қатар омодагиашро ба бунёди он ҳам изҳор дошт. Вале дар се моҳи соли 2009 ва 12 моҳи соли 2010 ҳанӯз сохтмони он шурӯъ нагардидааст ва бо дидани ҳайъатҳои кишварҳои арабӣ дар телевизион мардуми одӣ аз рози ба таъхир уфтодани он ҳамдигарро пурсон мешаванд.

Бозгашти донишҷӯён аз макотиби исломии хориҷ

Соли 2010 аз ҳама бештар барои донишҷӯёне сахт омад, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил  мекарданд. Раисҷумҳури кишвар дар моҳи августи ин сол аз падару модарон хост, ки фарзандонашонро аз муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ бозпас бихонанд. Дар як муддати кӯтоҳ бештари донишҷӯёни тоҷик аз мадорису муассисаву донишкадаву донишгоҳҳои исломии Ирону  Покистону Миср ба ватан баргаштанд ва ба қавле баргардонда шуданд. Гуфта шуд, ки донишҷӯёни тоҷик ҳангоми таҳсил ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид мешаванд, ки чунин амали онҳо барои ояндаи кишвар пайомадҳои хуб надорад.

Бозгашт ба ватан барои касоне, ки дар мадориси исломии Покистону Ирону дигар кишварҳо таҳсил доштанд, шояд ба ҳар наҳвае хуб бошад. Зеро ин кишварҳо ба тарбияи «ифротгароён»-и динӣ машҳур шудаанд ва ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани онҳо ба иллати идора нашудани мадрасаҳо аз ҷониби давлатҳои мизбон аз эҳтимол дур нест. Аммо чунин «эҳтимол» ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои расмии ин кишварҳо дар мисоли Донишгоҳи исломии Исломобод ё донишгоҳҳои Теҳрону Исфаҳон мехонданд, рост намеояд. Дар ин росто фарқ гузоштан байни МАДРАСА ва ДОНИШГОҲ бояд дар мадди назар бошад.

Баргаштан барои донишҷӯёне, ки дар кишварҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Сурия, Урдун ва ғайра дарс мехонданд, шояд як навъ дилшикастагӣ ба бор биорад. Аввал ин, ки рафтани онҳо ба як кишвари дури арабӣ ба осонӣ набуда ва дар донишгоҳҳо ҳам ба суҳулат дохил нашудаанд. Яке аз шартҳои донишҷӯ шудан дар ДОНИШГОҲҳои кишварҳои мазкур гузаштан аз имтиҳоноти барномаи дарсии мактаби миёнаи ҳамон кишварҳост. Масалан барои донишҷӯ шудан дар соли аввали ягон факултаи Донишгоҳи Ал-Азҳар довталаб бояд дар имтиҳоноти мактаби асосӣ (баробар ба синфи 9-и мо) ва мактаби миёна (синфи 11)-и азҳарӣ комёб шавад, ки ба иловаи улуми муқаддимотии шаръӣ фанҳои гуманитарӣ аз қабили забону адабиёти арабӣ, забони хориҷӣ (англисӣ ё фаронсавӣ), таърих, мантиқ, ҷуғрофиё,  ва ғайраро дар бар мегирад.  Вақте як нафар чанд сол заҳмат кашида ба донишгоҳ дохил мешавад ва таҳсилоташ нимкола мемонад ва ба ватан бармегардад ё баргардонда мешавад, ёди барбод рафтани меҳнати чандинсолааш барои аъсоби ӯ бетаъсир намемонад.

Дар баробари ин ҳукуматҳо дар кишварҳои арабӣ чанд даҳсола пештар ба хотири ҷилавгирӣ аз тундравӣ ва ифротгароии динӣ иқдомотеро амалӣ кардаанд ва онҳо ҳам аз зиёни террористҳо дар амон набудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки ҷиҳати тундрав нашудани донишҷӯён ҳамагуна тадобирро андешидаанд. Барои мисол, мардуми саудӣ мегӯянд, ки ҳич кишваре мисли мо аз ифротгарову террористон азият накашидааст ва мо чаро террорист омода мекардаем? Дар Мисру Сурия бошад ҳаракатҳои исломӣ зери назорати шадиди ҳукуматҳо ҳастанд. Ин кишварҳо ҷангу нооромиро зиёд дидаанд ва ба ҳар наҳвае садди роҳи ифроту тундгароӣ мешаванд.

Аз ҳамин ҷост, ки як масъули баландпояи Донишгоҳи Ал-Азҳар изҳор доштааст, ки аз ин таълимгоҳ ҳамеша афроди донишманде фориғуттаҳсил мешаванд, ки ҳадди эътидолро нигаҳ медоранд ва тундраву ифротгаро нестанд. Ин бешубҳа изҳори норизоятии раҳбарияти бузургтарин донишгоҳи исломии ҷаҳон мебошад.

Ба ҳар сурат, бошад ки бозгашти ҷавонони донишҷӯ аз хориҷи кишвар ба манфиати давлату миллати тоҷик бианҷомад ва онҳо ба хидмати мардуми ин сарзамин камари ҳиммат бубанданд.

Раиси шӯрои уламо - кадри Донишгоҳи исломии Покистон

Дар миёну сару садоҳои бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ  дар соли 2010 ҳодисаи хотирмону муҳиме дар фазои динии кишвар ба вуқӯъ пайваст, ки камтар касе таваққӯъашро дошт. Ин ҳодиса раиси шӯрои уламо таъин шудани қорӣ Сайид Мукаррам Абдулқодиров фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломободи Покистон мебошад. Сайид Мукаррам Абдулқодиров баъди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дуввумин кадри донишгоҳҳои исломии хориҷӣ ҳаст, ки ба ин вазифа таъин мешавад. Сайид Мукаррам Абдулқодиров кадре, ки панҷ забони хориҷиро медонад чӣ таҳаввулоту дастовардҳои муҳиме ба ин ниҳоди динии кишвар хоҳад овард? Пурсишест, ки посухи онро соли наву солҳои дигар нишон хоҳад дод.

Зоҳири Давлат

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97