Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 25.12.2010 09:20

stroika1Ҷустуҷӯ мешавад

-Марҳамат шаҳрванд, шиносномаатро нишон диҳед,- расмӣ муроҷиат кард ба ман милитсионер. Ман шиносномаро нишон додам. Вале азбаски ному насаби ман аз охири ҳарфи "Алифбо" аст, милитсионер онро дуруст хонда натавонист. Баъзан дар мактаби миёна на ҳамаи ҳарфҳои "Алифбо" таълим дода мешаванд.

Ӯ шиносномаро ба шарикаш дод. Шарикаш базӯр насабамро хонда ва гуфт:

-Худи худаш, дастгир кунед!

Ду нафари силоҳдор дастҳоямро ба пушт тоб дода, аз назди лавҳаи калони майдони ҳавоӣ маро кашола карданд.

-Ман шикоят мекунам. Чаро маро боздоштед?

-Нигоҳ кунед, Шумо дар ҷустуҷӯ ҳастед. - фаҳмонд милитсионер.

Ман ба лавҳа нигоҳ кардам. Бо ҳарфҳои калон навишта шудааст. "Ин шахсон чун ҷинояткор дар ҷустуҷӯ мебошанд".

…Девори биноҳо чун лавҳаи эълонҳо пулакӣ шудаанд. Дар ин гӯшаи бепул шахси маърифатпарваре Лавҳаи рангаи "Аъзои Иттифоқи нависандагон - муаллифони "Садои Шарқ"-ро бо тақвими Солинавӣ дар зери лавҳаи ВКД часпондааст. Албатта маро ёфтану дастгир кардан хеле осон аст, аммо Устодон Лоиқу Қутбӣ Киромро имрӯз Интерпол ҳам ёфта наметавонад.

Нишонаҳо

Хабари ғорат шудани бонки "Қорун" вирди забонҳо шуд. Аз Аврупо беҳтарин муфаттишро оварданд. Ӯ пайи дастони ҷинояткорро гирифта ба Аврупо фиристод. Пас аз се ҳафта ҷавоб омад:

"Ҷинояткор тақрибан 25 - 55 сола аст. Ду даст дорад. Аз рӯи изи панҷааш маълум шуд. ки умри дароз мебинад. Ду бор зан мегирад, дар айёми пирӣ чашмонаш хира мешаванд. Алхол хеле хушбахт аст."

Ғоратгарро пайдо накарданд, зеро дар шаҳри мо одами хушбахтро пайдо кардан мушкил аст.

Қайд

-Ман Иттиҳодияи ҷамъиятии "Бефаҳм+ Аҳмақ"- ро таъсис доданӣ ҳастам. Ойиннома тайёр. Асноди заруриро низ овардам,- гуфт Асадбек ба сардори сабти адлия.

-Ба ин Иттиҳодия касе ҷалб намешавад. Умуман дар шаҳри мо ин табақаи аҳолӣ хеле кам аст, - эътироз карда идоранишини адлия.

-Табибони маҳала, омӯзгори математика, бензинфурӯш, нонвойи маҳалла - ҳама аҳмақанд.

-Не, мо наметавонем ин Ойиномаро ба қайд бигирем.

-Ҳеҷ боке не! Шумо ҳам аллакай аъзо мешавед..

Касб

Асадбек дар вақти истироҳат дар Русия Хоркашро дучор шуд.

-Наход ту хиштрез шудӣ? Мактаби миёнаро бо медали тилло тамом кардӣ. Дар донишгоҳ аъло хонда, дипломи сурх гирифтӣ, бе навбат ба аспирантура дохил шуда, дар хориҷа ҳимоя кардӣ!?,Чӣ хел хиштрез шудӣ?

-Худам низ бовар намекунам. ки чӣ хел бароям ин бахт насиб гардид…

Дува

-Мӯҳтарам Наҷмиддин чанд вақт боз интизори дидори мубораки шумо ҳастем,- бо хурсандӣ маро оғуш гирифт Абдуалӣ (Дар асл маро чашми дидан надошт)

-Бай- бай !Ҳеч умеди бо шумо рӯ ба рӯ шуданро надоштам,- гуфт Тоҳир. (Аз ғайбатам қабат -қабат гӯшт мегирифт)

Ханӯз аз оғӯши ӯ халос нахӯрда Тулфорбек тозон наздам омада бо овози марғуладораш бонг зад:

-Шаҳ бош, шаҳ бош! Ҳакиқатпарасти аср! Мо ҳар саҳифаи "ЁУМ"-ро чун китоби муқаддас нигоҳ медорем.

Базми соҳибҷашн як тараф монда фақат маро таъриф мекарданду аз навиштаҳоям иқтибос меоварданд.

-Мо ба қадри ин бузург намерасем….

-Ин Худододи аср ….

Дар дунё фақат як ҳақиқатгӯ будаасту халос…

-Ойинаи хақиқат. Ҳайкали росткорон…

-Падари ростгӯён…

Ман дарун- дарун оташ мегирифтам.Чӣ хел аз зиндагӣ қафо мондаам. Чӣ тавр одамон дар дурӯғ гуфтан пеш гузаштаанд. Замоне буд ману устод Ҳалимшоҳ, Устод Мастон, Додохони Эгамзод дар дурӯғ шӯҳрати минтақавӣ доштем.

Вале баъди 54 сол бори аввал дар ҳақи худам гапи рост шунидам. Бамбинаи азизам, наберачаам, ки навакак забон бароварда буд, маро дар хона гарм истиқбол гирифт.

Бамбина маро оғӯш карда гуфт:

-Бобо дувак..

Гапашро нафаҳмидам. Мӯҳтарам завҷаам тарҷима кард, ки маънои "дувак"- "дурак"- яъне аҳмақ будааст. Ана гапи рост. Ман агар аҳмақ намебудам 54 соли расо фақат коғаз сиёҳ мекардам, Ботирқул аҳмақ нест, бо носфурӯшӣ даҳ ҳавлӣ сохтааст. Мана зиёии аср! Қанд занад…

Раҳмат ба Бамбина. Боз гила мекунем, ки озодии сухан нест...

Эътироз

Беш аз сад нафар занону духтарони сабукпои шабгард аз Намояндагии Ташкилоти байналхалқӣ қотеъона талаб карданд, ки муҳосираи нақлиётии Узбакистон бас карда шавад.Тибқи маълумоти эътирозгарон ҳоло дар ҳудуди Узбакистон 500 нафар ронандаҳои нақлиёти хориҷии озими Тоҷикистон ду моҳ боз дар муҳосира мебошанд.

-Мо эътирози Шуморо қабул кардем. Ин ронандахо хешу табори шумо ҳастанд?-пурсид масъул.

-Онҳо мизоҷони домии мо ҳастанд,- дод зад сардори фоҳишаҳо.

Ҷамъбасти сол

Дар ноҳияи Гулобод маҷлиси васеъи ҷамъбасти сол доир гардид. Аз ҳама пеш раиси ноҳия ҳисобот дод. Мухбири махсуси "ЁУМ" ҷаноби Бам-Бум бо муовини раис сӯҳбат орост.

-Марҳамат раиси мӯҳтарам, бигӯед дар давоми сол чӣ корҳо анҷом додед?.

-Мо дар соли сипарӣ шаванда истеҳсоли тухми мурғро 500 маротиба нисбат ба соли гузашта зиёд кардем.

-Порсол чӣ қадар буд?

-Соли гузашта ягон мурғ надоштем.

-Дар чанд гектар кишти такрорӣ гузарондед?

-Кариб дар 900 гектар се маротиба кишти такрорӣ гузарондем. Мо се маротиба такроран ғалла коштем. Кишти авалро зоғҳо хӯрданд. Дафъаи дуюм малах ҳуҷум кард ва бори сеюм заминро пурра сел шуста бурд. Соли ооянда бо кӯмаку дастгирии Бонки рушди маводи мухаддир чор маротиба кишти такрорӣ мегузаронем. Зеро дар назар дошта шудааст, ки дар кишвар гунчишк низ зиёд мешавад.

-Офарин, дар ноҳияи шумо қарзи газу барқ нест?

-Бале, мо кӯшиш кардем, ки аз газу барқ қарздор набошем. Аз ин рӯ ҳамаи симчӯбҳои барқро кандем. Хушбахтона ба ноҳияи мо газ то ҳол наомадааст. Вале ду ҳазор нафар одамони аз истифодаи газ қарздор аз шаҳр гурехта ба ноҳияи мо омадаанд. Мо ҷидду ҷаҳд менамоем, ки ин қарзҳоро пардохт кунем.

-Порсол чанд ҷои корӣ ташкил намудед?

-Дар ноҳия 2000 ҷои корӣ тайёр шуд, аммо то ҳол ягон коргар наомадааст.

-Дар Соли нав боз чанд ҷои корӣ ташкил мешавад?

-Гап байни худамон! Фақат як ҷои корӣ. Иншооллоҳ раисро сабукдӯш мекунанду ҷояш холӣ намемонад. Худам раис мешавам…

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97