Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 18.12.2010 10:00

kitay_karic1Охират

- Шумо шаҳид, лутфан аз пули Сирот гузаред! Аз рӯи дафтари аъмолатон Шумо аз "Агроинвестбонк", "Эсхата" қарздоред - гуфт Мункир ба Асадбек.

- Ман мурдам. Аз тамоми қарзҳо халос шудам. Ман барои қарзҳо худамро куштам. Шумо Мункиру Накир ё корманди бонк? - бо ғазаб дод зад Асадбек.

- Мо барои Шумо ғамхорӣ карда истодаем. Чунки ҳамаи кормандони бонк дар дузаханд. Онҳо туро ором намегузоранд - гуфт Мункир.

Хабарҳои воқеӣ

Сомонаи "Викиликс" боз 500 сирри ҷосусӣ ва дипломатиро ифшо намуд. Ин дафъа номи Тоҷикистон дар се ҷо зикр гардидааст. Назар ба иттилои ин расона НБО Роғунро 500 сол пеш одамони сайёраи дигар 60 фоиз сохтаанд. Сохтмончиёни имрӯза танҳо кори археологиро анҷом медиҳанд. Сомона ахиран ифшо намудааст, ки собиқ Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв узви "Ал-қоида" буда, барои нобуд сохтани Шӯравӣ бо Усома қарордод баста аст. Сомона матни аслии мақолмасали "Русҳо ҷанг мекунанд, яҳудиҳо тиҷорат ва лӯлиҳо оворогардӣ мекунанд"-ро пайдо кардааст. Акнун, русҳо оворагардӣ мекунанд, лулиҳо тиҷорат ва яҳудиҳо меҷанганд.

Санҷиши варзишгарон

Дар бозиҳои навбатии Осиё ҳакамон вақти санҷиш дар хуни варзишгари Узбакистон об, дар хуни гуштигири Қирғизистон микроби инқилоб ва дар хуни варзишгари Тоҷикистон танбалиро кашф карданд.

Тадбирҳои тарбиявӣ

Шамоли сахти чархҳои чархбол дару тирезаҳои мактабро ба ларза овард. Аксари одамон заминҷунбии ногаҳонӣ гумон карда аз синфхонаҳои ошёнаи болоӣ берун давиданд. Чангу ғубори чархбол саҳни майдончаи мактабро пахш кард. Шиору лавҳаҳои мактаб канда шуданд. Рӯймолу сатрҳо аз сари толибилмон париданд.

Ниҳоят чархбол ғурроскунон дар майдончаи мактаб қарор гирифт. Чархҳо лапида - лапида хомӯш шуданд. Дари чархбол кушода шуд. Асадбой, директори мактаб саросема галстукро аз ҷевон чаппа ба гардан овехта ба пешвоз баромад. Тими доимии пешвоз бо гулдастаҳо ба майдонча давиданд.

Аз чархбол Парвизҷон, ягона писари Қушоқбойи бензинфурӯш бо модараш Калхотбибӣ баромад. Парвизҷон дар синфи 10 "б" мехонд.

Директор давида бо овози гиряолуд пурсид:

- Ҳоҷиоя, худаш чӣ гап?

- Фармони вазорат баромадагӣ. Минбаъд талабаҳоро бо мошин ба мактаб омадан намемонанд.

Дар дасти Парвиз дастгоҳи махсуси радиомонанд буд.

- Инаш чӣ? - пурсид мудири қисми таълим.

- Шумо телефонҳои мобилиро низ манъ кардед. Ин ратсияи алоқаи дадош, - гуфт модар.

Парвизҷон шодикунон ба синфхонаи мактаб давид. Аз дастгоҳи ратсия садои воҳиманоки "Днепр...Днепр... нағз расидед", гӯшҳоро кар мекард.

Чархбол боз ғулдуроскунон ба ҳаво хест.

Ҳайвонотнаҷот

Хоҷагии хусусии Асадбек намунаи беҳтарини худтаъминкунӣ аст. Ҳар ҳафта ба хонааш меҳмонон барои тамошо меоянд. Имрӯз ҳайати бонуфуз аз хоҷагиаш дидан кард.

- Канӣ Электрик! Ин ҷо биё!- садо дод Асадбек.

Мурғҳо ба наздаш давиданд.

- Чаро номи мурғҳоро "элетрик" мондед?

- Аз пули тухми инҳо пули барқ медиҳам, - фаҳмонд Асадбек.

-У ана вай гӯсфанди калон номаш "Нефтяник". Бо пули баррачаҳояш сӯзишвории дизелӣ харидам.

- Харгӯшҳо чӣ ном доранд? - пурсид меҳмон.

- Вазири об. Ҳар моҳ даҳ харгӯшбача фурӯхта пули обро медиҳам.

Асадбек писараш Хоркашро даъват карда пурсид:

- Чаро таги Мафия пору наандохтед?

- Мафия? - бо ҳайрат пурсиданд меҳмонон.

- Дарахти себ мафия аст. Пулашро занам барои хушдоманам сарф мекунад. Ҳисобашро намедонам.

Ҳамин лаҳза модагов баъос зад. Меҳмонон рамиданд.

- Хап шин Директор! - дод зад Асадбек.

- Чаро номаш Директор? - суол кард меҳмон.

- Аз фурӯши шираш пули мактаби бачаҳоро месупорам, - фаҳмонд Асадбек.

- Назар ба шунидамон Шумо бист сар Мурғи марҷон низ доред,- пурсиданд меҳмонон.

- Мурғҳои марҷон Меҳмон ном доранд. Онҳо ба назди меҳмон намебароянд. Вақти омадани меҳмон ҳатто овозашон шунида намешавад. Ҳар ҳафта барои меҳмон Мурғи марҷон мекушем.

Нуфуз

Солҳои навадум, дар оғози Истиқлолият собиқ президенти ҷумҳурӣ бо раиси ҷумҳурии халқии Хитой мулоқот кард.

- Нуфузи аҳолиатон чанд? - пурсид сарвари Хитой.

- 5 миллион бештар, - фаҳмонд собиқ президенти Тоҷикистон.

-Ҳамааш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд? - бо тааҷҷуб пурсид сарвари Хитой.

Қаҳрамонӣ

Дар бешазори Русия Асадбеки муҳоҷир дарахт мебурид. Ногаҳон хирси ваҳшӣ кӯдакеро думболагир кард. Асадбек чолокона аз дарахти булут парида кӯдакро аз даҳони хирс наҷот дод. Мардум зуд сари воқеа ҷамъ омаданд.

-Офарин, фақат шумо барин руси ҳақиқӣ бо хирс набард карда метавонад, - изҳори миннатдорӣ кард модари кӯдак.

- Ин ягон қаҳрамонӣ набуд. Ҳар як мусулмон бояд чунин рафтор кунад.

- Чӣ шумо рус нестед? - суол карданд мушоҳидон.

- Не, ман муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон.

Рӯзи дигар аз қаҳрамонии Асадбек дар рӯзномаҳо бо чунин сарлавҳа "Муҳоҷири тоҷик Хирсро аз хӯроки наҳор маҳрум кард"- чоп шуд.

Мусобиқа

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа - озмуни беҳтарин Саги Осиёи марказӣ доир гардид. Аз байни 4 ҳазор саги зотии унвондору медалдор фақат 3 - то ба даври финалӣ расиданд. Ҷои сеюм барои саги Юлбарси Тоҷикистон дода шуд. Ин саг дар рӯи мумфарш сурат мекашад. Барои рақси якка саги Қирғизистон ҷои дуюм гирифт. Ниҳоят Шоҳҷойиза насиби саги Узбакистон гардид. Ин саг ним соат дар бораи зарари НБО Роғун сухан кард.

Посбон

Асадбек дари ҳавлии ҳамсояи навашро куфт. Аммо касе дар намекушод. Дар нимроғ буд. Асадбек сар халонд.

- Кӣ даркор?

Асадбек ба чор тараф нигоҳ карда, аммо касеро надид.

- Ту кар- мӣ? - садо баровард саг.

Асадбек ба саги болои кат нигоҳ карда, қариб аз ҳуш мерафт.

- Натарс! Ҳозир ман хӯҷаинро ҷеғ мезанам. Раис! Бароед, назди Шумо омаданд! - садо баровард саг бо овози одамӣ.

-Авв...авввв..- аз тиреза нидо кард ҳамсоя.

-Ҳозир мебарояд, - фаҳмонд саг.

Се хоҳиш

Асадбек ба шикор рафт. Вақти шикори моҳӣ ба шасти Асадбек раиси ноҳияи Гулобод афтид.

- Сар диҳед, се хоҳиши шуморо иҷро мекунам, - илтиҷо кард раис.

- Якум, аз вазифа истеъфо диҳед. Дуюм, ҳавлиатонро ба боғчаи бачагон медиҳед. Сеюм, мағозаи худатонро, ки бо номи ҷиянатон аст, умумӣ кунед!

- Беҳтараш маро кушта бирён кунед, - гуфт раис.

Тӯйи домодталбон

- Асадбек фардо тӯйи домодталбони Хоркаш! Марҳамат намоед, - аз дар мужда расонд Савлат.

- Навакак аз хунукӣ сиҳат шудам,- ҳасрат кард Гулӯ.

- Боз тӯй! Уфф... - оҳ кашид Ҷигар.

- Дод аз дасти тӯй, - садо баровард Гурда.

- Боз ягон мушт мехӯрам, - хастаҳолона ҳасрат кард Чашм.

- Мадорам хушк мешавад, - гиряолуд гуфт Пой.

- Наход боз дар гардани ягон фоҳиша ҳалқа шавам - дарди дил карданд дастҳо.

- Уфф, боз лабони суп сурху бадбӯйро мелесам, - нидо бароварданд Лабон.

- Хайрият, як рӯзи истироҳат будааст, - хурсандона гуфт Ақл.

Эълонҳо!

Тарабхонаи "Ориён" ошпази калро ба кор даъват мекунад.

***

Хонаи се ҳуҷрадорро, ки таъмири аврупоӣ шудааст, дар маркази шаҳри Душанбе, ки барқ, об, ҳамсояҳои хуби доимӣ дорад, бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иваз мекунам.

Иқтибосҳо

*** Барои он, ки зан фарбеҳ нашавад, ӯро аз гардан фаровардан даркор.

*** Ҳамаи кормандоне, ки сардоронашонро дар соли хук табрик карданд, аз кор сабукдуш

шуданд.

*** Хар то ба ҳол гумон дорад, ки гӯсфандро барои танбалиаш одамон мекушанд.

*** Хомӯшак хунатро макида хомӯш мешавад, аммо зан не!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97