Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 11.12.2010 13:29

karik-domҲамдигарфаҳмӣ

Ахиран байни раиси ноҳияи Гулобод ва мардум ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад. Акнун раис дақиқ мефаҳмад, ки пас аз чанд муддат аз вазифа сабукдӯш мешавад. Мардум низ фаҳмид, ки аз раис халос мешаванд.

Табрик

-Асадбек, шуморо барои сиҳат шуданатон табрик мекунем.

-Чӣ хел сиҳат? Охир ӯро ҳар ду гӯшаш пурра намешунавад?

-Ин барояш хушбахтист. Ӯ ҳозир ягон сафсатаи занашро намешунавад.

Волидон

-Ман аз рафтори шумо Акрамов ба директори мактаб ва волидонат шикоят мекунам. Дар як ҳафта се баҳои ду, -бо ғазаб гуфт роҳбари синф ба талаба Акрамов.

-Муаллима, шумо нодуруст гуфтед. Ман 5 баҳои 2 дорам, -ҷавоб дод Акрамов.

-Падаратон куҷост?

-Дар маҳбасхона, -гуфт Акрамов

-Модаратон куҷост?

-Дар тарабхона!

-Маълум. Модар дар тарабхона майишат мекунаду падар дар маҳбас бошад ҳеч ҷои гила нест.

-Мебахшед муаллима, падарам адвокат, барои кораш ба маҳбасхона рафт. Модарам сарошпази тарабхонае, ки шумо ҳар рӯз наҳор мехӯред. Падарам барои халос кардани бародарат ҳар рӯз ба маҳбас мераванд!

Таъкид

Толори тарабхона. Дар даромадгоҳ барои одамони сарватманд либосовезаки алоҳида мондаанд. Асадбек бо болопӯши чиркинаш ба он ҷо рафт. Хидматгор ӯро боздошта гуфт:

-Дар ин ҷо либос овехтани шумо манъ аст. Ба ин ҷо депутатҳо ва вазирон меоянд!

-Парво накунед. Кисаҳои ман холӣ!

Садама

Асадбек дар садамаи нақлиётӣ аз ҳуш рафт. Чанд рӯз боз дар шӯъбаи эҳё беҳуш мехобид. Ӯ қабл аз ин низ медонист, ки дар ҳамин чандин ҳазор соли охир фақат Исои Масеҳ эҳё шуда буд. Ниҳоят дар рӯзи панҷум Асадбек ҷунбид. Чашмонашро базӯр нимроғ карда пурсид; -Ман дар дӯзах афтодам?

-Нороҳат нашавед, Шумо дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи Гулобод ҳастед, -таскин дод ӯро табиб.

-Зудтар маро аз ин шӯъба ба дӯзах равон кунед, -гуфта боз аз ҳуш рафт.

Андеша

Хазинаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Гулобод барои шаҳрвандоне, ки то синни 60 фавтидаанд, муҷассамаи ёдгорӣ бунёд намуд. Дар маросими кушодашавии муҷассама, раиси Хазина, хидмати ин шаҳрвандонро дар сарфа кардани маблағи нафақа махсус зикр кард. Ва барои табибони ноҳия самимона арзи сипос намуд. Аммо, -қайд кард маърузачӣ-як идда шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз синни 80 гузаштаанду ҳанӯз дар мавриди сарфакории хазина ғамхорӣ зоҳир намекунанд.

Зани мушфиқ

-Шаҳрванд Асадбек бо кадом сабаб шумо аз занатон ҷудо шуданӣ ҳастед? -пурсид судя.

-Ҷаноби судя, расо се моҳ боз занам бо ман гап намезанад, -гиряолуд гуфт Асадбек.

-Зудтар аризаи даъвогиатонро бозпас гиред. Дар таҷрибаи 30 солаам бори аввал ин хел зани олиҷанобро акнун дидаам. Шумо одами хушбахттарин ҳастед. Фавран оштӣ кунед, вагарна худи ҳозир даҳ нафар хостгор меояд, -таъкид кард судя.

Табассуми андӯҳ

Яке аз мухлисони ашаддии "ЁУМ" олим ва адиби маъруф, марди дилсӯзи эҷодкорон дар синни камолот аз дунё рафтанд. Ин новеллаҳо чун таслияти дил ва ҳамдардӣ ба пайвандон дар бораи лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии Устод Карим Абдулов нашр мешаванд.

Дарси дурӯғ

Дурӯғгӯй душмани Худо аст. Дурӯғ ризқи инсонро кам мекунад. Дар солҳои аввали зиндагиам дар Хуҷанд бар асари мушкилиҳо дурӯғ мегуфтам. Аслан гапи ростро он солҳо касе писанд намекард. Устод Карим Абдулов ҳар замон маро сарзаниш мекарданд. Боре устод як ҳамкасбамонро сахт сарзаниш карда гуфтанд:

-Ақалан калимаи дурӯғро рост гӯед. Дуруқ не, дурӯғ гӯед? (Дар Хуҷанд баъзан "ғ"-ро "қ" талафуз мекарданд.)

Рӯзе бо устод сари оши палав гарму ҷӯшон аз сиёсат сӯҳбат мекардем. Дар аснои сӯҳбат устод ба ман таъкид карданд, ки ҳеҷ гоҳ барояшон дурӯғ нагӯям. Ман низ қавл додам, ки як моҳи ростгӯйӣ эълон мекунем.

Баъди ду рӯз устод ба ман телефон карда бо ғазаб гуфтанд:

-Равед ба вай лаънатӣ гӯед, ки мӯҳлати чопи асар ба охир расид.

Ман ба назди мудири нашриёт рафта гуфтам:

-Акои лаънатӣ, устод гуфтанд, ки мӯҳлати чопи китоб ба охир расид.

Мудир аз ғазаб қариб пиёлаи чойро ба сари ман холӣ мекард. Ва ба Карим Абдулов занг зада гуфт:

-Муаллим, шуморо хеле ҳурмат мекунам, вале илтимос маро дашном надиҳед!

-Бародари азиз, ман ҳам шуморо хеле эҳтиром мекунам, ман ин хел гап нагуфтаам. Ин Шоҳинбодов худаш одами аҳмақ!

Ман гӯшакро ба даст гирифта гуфтам:

-Устод, маъракаи як моҳаи ростгӯӣ аст. Илтмос, рост гӯед. Шартномаро вайрон накунед!!!

Нафақахӯрони наврас

Оби дари хона қадр надорад, зеро ин обро худи мо беқадру беэътибор намудем. Дар солҳои 1995- 99 дар бораи профессор Карим Абдулов бисёр шунида будам. Мулоқоту сӯҳбати мо бори аввал дар ҷашни 90-солагии Абдуғафур Самадов баргузор гардид. Он вақт ман дар мавриди Абдуғафур Самадов чун императори пахтаи Осиёи миёна рисола навиштам. Дар ҷашни бошукӯҳ ба ман низ чун меҳмони хориҷӣ сухан доданд. Дар он сол Бадахшон барои ин колхоз хориҷа ҳисоб мешуд.

Банда дар суханам аз муовини сарвазир Ҷамолиддин Мансуров 60 тонна пахта талаб кардам. Талаби ман касеро ба ҳайрат нагузошт. Вале собиқ раиси вилоят Қосим Қосимов дар танаффус маро наздаш хонда пурсид:

-Ташаккур, бисёр суханони ҷолиб гуфтед. Лекин пахтаро барои чӣ талаб кардед? Ин миқдор барои тиҷорат кам аст!

-Раиси мӯҳтарам, асло нияти тиҷорат надорам. Ман ин пахтаро ба тамоми роҳбарони ҷумҳурӣ тақсим карда мефармоям, ки дар гӯши чапашон тиқонанд, то дастурҳои Президент аз як гӯшашон даромада аз дигараш набарояд.

Ягона аз аҳли нишаст, ки ин кинояи маро фаҳмид профессор Карим Абдулов буд.

Мо чанд нақшаи эҷодии якҷоя кашидем. Устод пешниҳод карданд, ки дар вазифаи муовинаш дар ҷамъияти "Дониш" кор кунам.

-Устод, мардум чӣ мегӯянд? Магар дар вилоят ягон одам набуд, ки аз кӯҳистони дурдаст муовин овардед?

-Корат набошад. Замони пеш дар вилоят аз Чукотка ҳам мансабдор кор мекард. Чанд сол қабл як мансабдори бефаҳм Пётр Лучинский маро даъват ба вазифаи пасттар таклиф кард. Ман албатта рад кардам. Ӯ бо ғазаб гуфт:

-Шумо Карим Абдулович, сарбози ҳизб ҳастед! Куҷое ҳизб амр кунад, хуб гӯед. Ман низ аз як ҷумҳурии дурдаст омадаам! Не нагуфтам!

Ман зуд ҷавоб додам:

-Маро ҳам котиби дуюми КМ дар ягон ҷумҳурӣ таъин кунанд, ба Чукотка ҳам бошад, меравам!

Лучинский хомӯш шуд ва дигар ба ман нарасид.

Ба ҳамкорӣ фақат ба хотири зиёиёни калонсоли вилоят розӣ шудам. Ҳоло ҳам аз ниру ва кӯшишу заҳмати Карим Абдулов, Аъзам Сидқӣ (равонаш шод бод), Муҳиддини Хоҷазод, Ғафур Ҳайдаров ниру ва илҳоми тоза мегирам. Ин насл мондашавӣ ва танбалӣ надорад. Чанд сол пеш адибон аз гвардияи маҷаллаи "Хорпуштак" Муҳамадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Басир Расо, Сафо Ҳалимӣ барои обуна ба Хуҷанд омаданд. Пиёдаву савора тамоми шаҳру ноҳияҳоро давр заданд. Дар аснои сӯҳбат Карим Абдулов аз ҳаҷвнавис Сафо Ҳалимӣ пурсон шуд:

-Латифа истеҳсол мекунад, -гуфт Устод Ҳайдаршоҳ.

-Шунидам, ки барои узвият ба Иттифоқи нависандагон пешниҳод шудаед.

-Не нагузаштанд. Синнашон мувофиқ наомад, -шарҳ додам ман.

-Ман нафаҳмидам. Иттифоқи нависандагон вазорати мудофиа не ку! Дар Иттифоқ касе надавад, дар мусобиқаи паҳлавонӣ иштирок накунад, синну сол чаро монеа аст? -бо ғазаб гуфт Карим Абдулов.

Иқтибосҳо

Дар мавриди камбизоатии аҳолии ҷумҳурӣ ҳеч гоҳ рақами 7-8 фоиз нанависед, чунки кишварҳои Ғарб тире (-) надоранд.

Кӯдаконро бе парастор намонед, онҳо зуд падар мешаванд.

Ҳукумати Исроил 40 сол боз кӯшиш дорад, ки аз рақамҳои арабӣ халос шавад. Аммо тамоми ҷаҳон аз ин рақамҳо истифода мекунанд.

Дар сохтмонҳои Русия, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон кор мекунанд, ҳақорати модар намерасад.

Аз васияти охирин одами қитъаи нобудшудаи Атлантида: "Интиқоми моро аз коррупсия ситонед!"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97