Устод Айнӣ эродро мепазируфт

Фарҳанг ва адаб 07.12.2010 09:30

qanoat-ayniЁ инак нӯшдоруи устод Қаноат нӯшатон бод!

Mусоҳибаи шоири донишманди тоҷик устод Мӯъмин Қаноат, ки дар шумораҳои 35 - 39-и нашрияи "Миллат" ба чоп расида буд, миёни ҷомеъа, ба хусус аҳли фарҳанг ва нависандагони Иттифоқи нависандагон сару садоҳои мухталиф ва бардоштҳои ҳар гунаро ба бор овард.

Ба хусус он чи, ки устод Қаноат дар мавриди забони асарҳои устод Садриддин Айнӣ гуфта буд, хотири иддаеро озурда ва бархеро ҳам нороҳат сохт. Ва ҳам навиштае зери унвони "Андешаҳои бесос", ки муаллифаш Атахон Сайфуллоев мебошад, дар сомонаи интернетии АМИТ "Ховар" ва баъдан дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" «Адабиёт ва санъат» ба нашр расид.

Чун "Андешаҳои беасос"-и ҷаноби Сайфуллоев бо фосила дар расонаҳои хабарии мансуб ба Ҳукумати ҶТ ба нашр расид, мо эҳсос намудем, ки шоири саршиноси миллат дар як ҳоли яъсу навмедӣ печида ва иддае мехоҳанд аз эшон бадхоҳи сардафтари адабиёти муъосири тоҷик Садриддин Айнӣ бисозанд. Ба ин хотир зарур ва қарзи хеш донистем, ки дубора ба суроғи устод Қаноат биравем ва аз эшон шарҳи комиле сари мавзӯъи забони асарҳои устод Айниро бихоҳем. Ва мо то кунун дар он андеша собит ҳастем, ки хидмати устод Айнӣ дар ташаккулу такомули забон ва адабиёти навини тоҷикӣ пурарзиш ва бойиси арҷ гузоштан аст, вале ин ҳақро ҳеч кас аз мо набояд бубарад, ки осори гаронмоя ва забони асарҳои устод Айнӣ дигар ҷойи таҳқиқу бознигарӣ ва таҳлилу баррасиро надорад. Ва ин андеша ғалат аст, ки ба эҷодиёти сармеъмори адабиёти муъосири тоҷикӣ, устоди арҷманд Садриддин Саидмуродхоҷаи Айнӣ набояд аз дидгоҳи танқидӣ бингарем. Устод Айнӣ мисли ҳама нобиғагони ҷаҳонӣ қабл аз ҳама як инсони хокӣ буд ва мусаллам аст, ки инсони хокӣ наметавонад бурун аз саҳву хато бошад. Ин ҳеч имкон надорад! Ва ашъори устод Қаноат низ бе камиву костӣ ва бе саҳву хато нест. Агар нуқсу ғалатҳои осори устод Айниро имрӯз устод Қаноат ҳам намегуфт, фардо ҳатман касе дигар мегуфт. Аз ин рӯ аз он ки як шоири номвари миллат андешаҳои хешро холис ва дӯстона дар бораи забони асарҳои устод Айнӣ гуфтааст, набояд онро чун фоҷеъаи миллӣ талаққӣ бикунем ва сияҳномаҳо бар алайҳи ӯ иншо намоем.

Замони буттарошиву бутпарастӣ гузашт. Мо дар ҷомеъаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем, ки Сарқонуни кишвар барои ҳар шаҳрванд ибрози афкору андешаи озодро кафолат додааст. Донишманди тоҷик Бобо Назар Ғаффор гуфтааст, ки боре Абдусалом Деҳотӣ оид ба вожаи "суфтан" ба устод Айнӣ эрод мегирад, ки онро нодуруст кор фамудааст ва устод эроди Деҳотиро мепазирад. Бубинед бузургии устоди адабиётро, ки ҳақиқатро мепазируфт ва аз эроди дӯстону ҳампешагон намеранҷид. Итминон дорам, рӯҳи азизи устод Айнӣ аз "Миллат" ва устод Қаноат, ки талоше дар роҳи таҳқиқ, дарёфт ва гуфтани ҳақиқат кардаанд, розӣ хоҳад буд. Аз тангназарону касоне, ки хешро дӯсту хайрхоҳи устод Айнӣ, сарбозу сарсупурдаи роҳи ҳифзу рушди забони миллӣ медонанду "Миллат" ва устод Қаноатро ба маҳалгароиву Айнибадбинӣ гунаҳкор карданӣ ҳастанд, расонидан мехостем, ки устоди бузургвор Айнӣ ва забони аз шаккар ширини форсӣ-дарӣ - тоҷикӣ ниёз ба хайрхоҳӣ, ҳимояту садоқатфурӯшии ҳеч бадғаразу кинатӯз надоранд ва хотирашон ҷамъ бошад. Ин забони чун оби чашмасорон софу пок ба ҳама форсизабонони дунё баробар тааллуқ дорад ва устод Айнӣ дигар аз кафи мо тоҷикон бурун рафтаву ба як шахсияти фаромиллӣ табдил шуда. Барои ҳамин ҳар муғризу айбҷӯ, ки худро пуштибони Айнӣ ва забони тоҷикӣ медонад, ғами хешро бихӯрад, ки аз ҷаҳон бадкешу бадкор ва гумному сияҳном наравад.

Забони тоҷикӣ чун ёдгори гузаштагони пурифтихори мо, чун нишони ҳастиву пояндагии миллати сарфарози тоҷик ва осори устод Айнӣ "халқи моро чун шаҳодатнома" барои ҳамеша ва то ҷовидон хоҳад монд. Ва инак посухи устод Қаноатро, ки ҳафтаи гузашта ба дасти мо расид, дар поварақи он андешаҳояш, ки сари забони насри устод Айнӣ гуфта буд, ба чоп мерасонем. Он ба қавли худи шоир "як шарҳи илмӣ дар мавриди мақом ва ҷойгоҳи устод Айнӣ" мебошад. Ва ҳам шояд бад-ин васила хотирҳои ошуфта ором ва қаҳри ситезаҷӯён паст гардад. Бошад, ки ин "шарҳи илмӣ"- и устод Қаноат муҳаққиқини моро чун давои муфид аз дарди дил ва доруе барои амрозе, ки пас аз мутолиаи он мусоҳибаи тӯлонии устод Қаноат ба он гирифтор гаштаанд, бигардад.

"МИЛЛАТ"

Шарҳи илми шоир дар бораи мақом ва забони Айнӣ

Дар муколамае, ки бо Адолати Мирзо,сармуҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" сурат гирифт, баъд аз гуфтугӯи чорсоата саволе ба миён омад ва   он савол сари мавзӯъе буд, ки дар илми забоншиносӣ то ҳол ҳалли худро наёфтааст, яъне мухтасар дар бораи забони устод Айнӣ. Бо ҳама эҳтироме, ки ман ба Адолат ва рӯзноманигорони адолатҷӯ дорам, бояд арз кунам, ки ман танҳо оммавӣ будани забони Айниро гуфтам.

Акнун биёем сари забони устод Айнӣ.

Устод Садриддин Айнӣ аз аломаҳои бузурге ҳаст, ки дар баробари ӯ аз форсизабонони асри ХХ танҳо Муҳаммад Иқбол ва Маликушшуаро Баҳорро метавон гузошт.

Рисолати таърихии ин се марди бузург ҳаммонанд буд: шинохти Худӣ, таҷаддуд ва навсозии андеша ва ормонҳои миллӣ. Агар дар эҷодиёти Муҳаммад Иқбол дар ҷои аввал шеър ва фалсафа бошад, дар эҷодиёти устод Айнӣ дар мақоми аввал илм ва насри ӯ буд. Дар эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор илму шеър баробаранд. Агар мо аз муборизаҳои устод Айнӣ пиромуни забон аз солҳои 20 то охир огаҳӣ дошта бошем, дар забони асарҳои худашон риояти пурраи ҳамаи меъёрҳо, қонунҳо ва назокатҳои сарфӣ, наҳвӣ, савтӣ ва луғавиро мушоҳида мекунем.

Устод Айнӣ чун ҳама адибони гузаштаи мо эҷодиёташонро аз шеър сар карданд ва таҳаввулоти иҷтимоӣ, табаддулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ ӯро водор карданд, ки ба наср гузарад ва ё ба навиштани асарӣ машғул шавад. Ин амри заруратро устод дар мухтасари тарҷимаи ҳолашон зикр кардаанд.

Устод дар навъҳои рубоӣ, ғазал, мухаммас, мустазод ва маснавӣ шеър гуфтаанд. Дар "Марши ҳуррият" дар таъфили вазни арӯз навигарӣ оварданд ва барои эҷоди фазои танин ва зарби нав дар шеъри тарона кашф карданд. Шеъри дигаре, ки аз рӯзи эҷодаш то кунун хонандаро ба риқат меорад ва бисёр самимӣ гуфта шудааст, марсия дар фоҷеаи қатли бародараш Сироҷиддин аст.

Хонандаи зирак эҳсос мекунад, ки дар сурудани шеъри "Бародарам" ман аз шеъри устод Айнӣ илҳом гирифтам.

Агар ба рисолаи сиёсии Аҳмади Дониш имрӯз ҳам муроҷиат кунем, бори дигар ба хулоса меоем, ки дар аморати Бухоро ислоҳоти сиёсӣ ногузир будааст, вале на амирони манғитӣ ва на уламои Бухоро онро қабул накарданд. Дар соҳаи маориф пешниҳоди ҷадидон дар навсозии усули таълим, кушодани макотиби усули ҷадида бад набуд, вале оварда ва бегона менамуд. Кор ба ҷое расид, ки бо ҷангу куштор анҷом ёфт.

Дар ин миён устод Айнӣ нафаре буд, ки дар ҷодаи Аҳмади Дониш устувор монд ва ҳамчун маорифпарвари ислоҳотҷӯ ва ватанпараст кору пайкор кард ва пирӯз шуд.

Нахуст коре, ки устод Айнӣ анҷом дод, навиштани китоби "Таҳзибуссибён" буд, ки таҷрибаи "Чоркитоб", "Гулистон" ва усулҳои нави таълими урупоиро бо забони содда ва фаҳмо ба як силк кашид.

Агар рисола ва мақолаҳои устод Айнӣ аз ҳаёт ва эҷодиёти устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, Шайх Саъдӣ, пешгуфтори "Намунаи адабиёти тоҷик" бо забони гунаи классикӣ наздик ба забони тазкираҳо таълиф шуда бошад такя мекунад.

Забони ин асарҳо тазвиҷи нигориши қадим ва ҷадид аст.

Дар ин бахш монографияи устод Айнӣ "Мирзо Абдулқодири Бедил" дар таҳлили шеъри Мирзо Бедил, шоири ойинаҳо ва рамзу розҳои ботинӣ ва равонии инсон бисёр муҳим аст. Дар ин асар бо ҳама мушкилот ва печидагиҳои услубӣ ва тарзи баёни Мирзо Бедил устод Айнӣ тавонистааст бо забони равон дари тилисми ҳайратро бикушояд. Ва чӣ аҷаб аст, ки устод Айнӣ бо Маликушшуаро Баҳор аз рӯи зарурат ва тавориди андешаҳо дар як замон ва кашфи ин асрор камари ҳиммат бастанд.

Чу дар Осиёи Миёна бедилшиносон ва пайравони шеъри Бедил зиёд буданд, устод Айнӣ ҳамчун марҳами роз ба ин ҷаҳони розу ниёзҳо ба осонӣ даромад. Барои Маликушшуаро ба сабки ҳиндӣ роҳ ёфтан мушкилтар буд, чу ин шеър ҳоло ба Эрон нарасида буд. Ӯ ҳамчун донишманди тавоно ин услубро бо сармаъноҳояш таҳқиқ кард ва Мирзо Бедилро ҳамчун муҳити аъзами ин сабк эътироф намуд.

Устод Айнӣ дар қисса, роман, ва ёддоштҳои худ ба муҳити кушода баромад, ки боди мурод ҳамраҳаш буд. Ӯ ҳама андӯхтаҳои худро рӯи коғаз овард. Дар наср фарохии майдон ва табъи равон имконияти хубе фароҳам оварданд. Забони муаллиф - ровии воқеа ва муҳаррики хатти сюжет аз забони қаҳрамонон фарқ мекунад.

Забони муаллиф (яъне устод Айнӣ) ба забони Миёнкол ва атрофи он, забони адабии ҳамон давр қарин аст. Забони персонажҳо аз лаҳҷа ва гӯйишҳо иборат буда, ноҳамвор ва ноҳамсон аст.

Унсури услубсоз дар қисми асарҳо панду ҳикмат, шеъру тарона, корбасти василаҳои шеър, ташбеҳ, истиора, муболиға, танз ва ғайра аст. Дар "Одина" ва "Дохунда" дар баробари забони адабӣ лаҳҷа ва гӯйиши тоҷикони кӯҳистон хуб истифода шудааст, ки дар ғановати забони миллӣ нақши хубе гузоштааст.

Намунаи беҳтарини забони насри тоҷик забони "Ёддоштҳо"-и устод Айнӣ буд ва имрӯз ҳам пойбарҷост.

Устод Айнӣ ба шоиру нависандаҳо номаҳои зиёд ирсол кардааст, ки баробари як мақола арзиш дорад. Дар инҷо лозим медонам як номаи устодро ба устод Лоҳутӣ ёдовар шавам, ки дар он аз муҳаррири сиёсии "Достони Вахш" ("Ҷанги одаму об") шикоят кардааст. "Дар қатори эътирозҳои сиёсии беасосаш, эътирози забонӣ ҳам кардааст ва ба ин далел овардааст, ки "автор дар 72 саҳифа 124 эзоҳ додааст. Ва ҳол он ки он эзоҳҳои ман бештарин дар бораи "нешбанд", "навбур", "поёноб", "варғбанд" барин калимаҳо буд, ки онҳоро деҳконони бесавод медонанд, аммо ҷавонони саводи сиёсинок намедонанд…

Акнун ман намедонам, ки ба ин "роҳбарони" забони тоҷикӣ чи кор кунам. Инҳо забони адабии классикиро надонанд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур кунанд, ки "чизе навис, ки ман фаҳмам". Дар ин сурат вой бар ҳоли ману монанди ман".

Ман дар мавзӯи достони "Ҷанги одаму об" дар қиёс бо "Шоҳнома" кори дипломӣ навишта будам ва аз ин содагиҳои сиёсӣ аз соли 1956 огоҳ будам.

Ва инак ҷавоби равшан ба пурсиши ҳафтавори "Миллат".

Мӯъмин ҚАНОАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97