Дар синаҳои мардуми ориф мазори Ӯст!

Фарҳанг ва адаб 04.12.2010 10:05

hadyatulloh_141Ёде аз орифи роҳи Ҳақ Махдуми Ҳадятуллоҳ

Аслан фикр намекардам, ки рӯзе матлабе дар сӯгвории инсоне, ки аз кӯдакӣ то лаҳзаи вопасини умраш омӯзгорам буд, менависам ва вақте симои зебову нуронии ин пири тариқат, орифи роҳи ҳақ Ҳоҷӣ Махдуми Ҳадятуллоҳи Ховалингӣ пеши рӯям меояд, ҳамеша суханони пурҳикматаш дар гӯшам садо медиҳад, ки мегуфт:

-Ӯст, ки роҳнамои одамиён аст ва нишондиҳандаи роҳи ҳақ. Ҳаркӣ дар ҷодаи ҳақиқат гом мегузорад ва маърифату илм меандӯзад, тамоми умураш салоҳ меёбад ва аз гуноҳу маъсият поку растагор мегардад ва ба саъодат мерасад. Дарёфтани илму ҳунар беҳтарин тоату ибодат дар назди Худованди бузург аст. Инсони ба фисқу фуҷур олуда тамоми умр гумному бадбахт ва дар назди Худованд осиву рӯсиёҳ аст. Инсоне, ки маърифатро дармеёбад, Худорову худро мешиносад, ки ин беҳтарин меваи умри ӯст…

Дар аҳодис омадааст: Карим онро гӯянд, ки ахлоқу афъоли ӯ сутуда аст ва накӯиҳои хурду бузургро дар қалби худ гунҷонида ва барои зиндагии дунявиву ухравӣ моли азиме аз ҷумлаи илму амал андӯхтааст.

Инсоне, ки қалби худро мутеи лаззатҳои тан гардонида ва дар хӯрдану хуфтан чун сутурон бошад, ҷоҳилест ки маънии ҳастиро дарнамеёбад ва дар хонаҳои қалбаш наҳви зиндагии вуҳуш ҷойгузин гардидааст. Аслан дил гӯшт¬пораест, ки дар муҳимтарин макони бадан ҷойгузин гашта, бо пардаҳои ҳассосу зариф муҳофизат меёбад ва он ниёзе ба тӯшаи маърифат дорад, ки бо истеъмолаш мешугуфад ва дунёи ҳақиқӣ ва маърифатро ошкор месозад. Шахси боҳиммат аст, ки дилро мутеъи лаззоти маърифат мегардонад ва хоне аз ин ғизо барои аҳли маърифат мегустуронад.

Ҳоҷӣ Махдуми Ҳадятуллоҳ бо ҳама сарфарозиҳо ва бо умри 74 солаи худ қалбашро бо ғизоҳое, ки маърифатофарину пандомӯзу ахлоқист, парварида, ҳеҷ гоҳе дар захираи молу амволи дунявӣ накӯшидааст, ҳарчанд имтиёзоте бузург дар ихтиёр дошт. Агар бачаеро медид, ки дар андӯхтани илм мекӯшад, ин ҳадоёро беҳтарин тӯҳфа барои хеш медонист. Олиме буд дур аз хурофот, мисли падари бузургвораш Махдуми Файзуллоҳ. Падараш аз ҷумлаи уламое буд, ки дар беҳтарин ва бонуфузтарин мадрасаи давр Мири Араби Бухоро таҳсил карда, аз устоди донишманду маърифатпарвар Садриддини Айнӣ сабақ омӯхтааст. Роҷеъ ба тартили (тарзи дуруст хондан) Қуръон устод Айнӣ дастури таълимие бо номи "Тартил-ул-Қуръон" таълиф намуда, ки дар мадориси олии динӣ ҳамчун китоби дарсӣ истифода мегардид ва имрӯз низ аз он дар тамоми мадорису макотиби динӣ ба таври васеъ истифода мегардад. Маҳз роҳнамоӣ ва заҳматҳои устод Файзуллоҳи ташнаи илму маърифатро тавонист дар андак муддате ба мартабаи устодӣ бирасонад. Ҳарчанд дар он замона улуми илоҳӣ дар мадди аввал буд, вале Файзуллоҳ ба илмҳои дунявӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт ва бештар майл дошт аз навгониҳо ва амалҳои дақиқ илм андӯзад. Махсусан улуми кишоварзӣ бештар дар зеҳнаш ҷойгузин гашт ва ин буд, ки хусусиёти ин соҳаро батамом омӯхт ва аз нахустин муҳандисини кишоварзӣ (агроном) буд, ки ба диёри азизу зебои биҳиштиаш Ховалинг баргашт. Нахуст коре, ки кард ба парвариши сабзавот, ба хусус помидорро, ки то ин дам мардум онро намешинохт, пардохт.

Хонаи Махдуми Файзуллоҳ дар кӯҳистони Ховалинг маҳфилеро мемонд, ки тамоми шаб донишмандону ташнагони илмро гирди ҳам меовард. Дар ин маҳфил на танҳо сари мавзӯъоти динӣ, балки улуми замонавӣ баҳсҳо сурат мегирифт. Ба истилоҳ мадрасае буд, ки шогирдон маълумоти ибтидоиро маҳз дар ин хона касб мекарданд. Бобои Сайидкабир, бобои Мулло Гадо, Махдуми Сангаҳмад, Мулло Назар, Усто Қодир, Махдуми Ҳадятуллоҳ, Ҳабибуллоҳ, Ҳомидҷон писарони Махдуми Файзуллоҳ ва даҳҳо шогирдон дар назди Махдуми Файзуллоҳ аз фиқҳу тартилу масъалаву мухтасару ҳикмату арӯзу соири илмҳо сабақ мегирифтанд. Маҳз бо шарофати падар Ҳабибуллоҳи хушзавқ, бародари хурдии Ҳадятуллоҳ, ки нисбат ба дигар шогирдон ҷавонтар буд, тавонист аз илми арӯз бархӯрдор гардад ва баъдан як шоири тавоно ва шаҳир миёни мардум шӯҳравар гашт. Аммо, умр беаҳдӣ кард ва Ҳабибуллоҳи Файзуллоҳ дар ғояти ниҳоят ҷавонӣ олами ҳастиро падруд гуфт.

Ҳоҷӣ Махдуми Ҳадятуллоҳ бо сифотҳое ороста буд ва пироҳане дар бар дошт, ки саропо сифоти ҳамида доштанашро ҳанӯз дар замони бачагияш ошкор мекард. Ба хусус сифоте, ки раббоният дошт чеҳраашро ончунон пурнур гардонида, ки нахустмусоҳибаш наметавонист лаҳзае худро аз сӯҳбатҳояш канор бигирад. Ҳамеша дар нафси худ амре раббонӣ дошт ва дар меҳтариву махдумӣ дар назди мардум омода буд. Талош мекард аз ҳама улум матлаъе дошта бошад ва дар ҳақоиқи корҳо фурӯ мерафт, то дар муколама ва суолу ҷавоб иштибоҳе накунад. Сифоти раббубият ва хислатҳои фазилатомезаш пандомӯзу раҳнамои мардум буд. Ба ҷуз ҳақ ва танҳо ҳақиқат лафзи дигареро намедонист. Ғаразҳоро сифоти шайтонӣ мехонд ва шахси муғризро бадхоҳи дину имон мегуфт. Ҳамеша мегуфт, ки ғараз одамиро ба макру ҳиллат ва фиребу тақаллуб мекашонад, ки билохира деворҳои нафиси қалбашро ҷариҳадор месозад ва ёвару ҳамнишини иблисаш мегардонад, ки самараи он бадиҳост ва дар муқобили некиҳо зоҳир мегардад ва ахлоқи деву даддро дар шарёнаш ҷойгузин мегардонад.

Гоҳе нашнидаем, ки касе гуфта бошад: - Махдуми Ҳоҷӣ Ҳадятуллоҳ чунин асту чунон. Ҳамеша дар симои ин пири маърифат ростӣ ва ростгуфторӣ намоён буд. Хурду бузург, пиру барно дӯсташ медошт ва мегуфтанд: -Кош, мо ҳам хислате аз хислатҳои эшонро медоштем. Боре ба гӯшам нарасидааст, ки дар ҳаққаш сухани носазое гуфта бошанд. Зеро бо ҳар кӣ рӯ ба рӯ мешуд аз панду ахлоқ, аз илму амал, аз рӯзгори мардум, ваҳдату бародарӣ, дӯстиву рафоқат, мададгори якдигар будан ва зоеъ накардани умри гузарон ҳарф мезад. Агар мешунид, ки касеро ғаместу кулфате, аз нахустинҳо мешуд, ки ба кӯмакаш мешитофт, новобаста аз дурӣ ва мушкилоти роҳ. Хонаводае нест, ки аз ӯ чизе аз маърифат ба мерос нагирифта бошад. Ҳозирҷавобӣ ва ширингуфториву аъмоли некаш садҳо бадкирдоронро ба дунёи инсонӣ кашонда аз маъсияту гуноҳҳо дур андохтааст.

Боре, нохалафе, ки тамоми умр бар зидди рӯҳониён мубориза мебурд ва намозгузоронро ба масхара мекашид, аз ӯ суол кард: -Бо ин ҳама талошҳо ва таблиғҳое, ки мекунӣ, мебинам ба ҷуз як кулбаи падарӣ чизи дигаре дар ихтиёр надорӣ. Агар мисли мо роҳи дигареро пеша мекардӣ, шояд обрӯ ва эътиборе дар ҷамъият касб менамудӣ ва рӯзгори хушеро аз сар мегирифтӣ. Махдум пас аз сукуте ба чеҳраи мусоҳибаш назар карду гуфт: - Беҳтарин мояе, ки Худованд бароям арзонӣ доштааст, ин аст ки бандаро фармонбардори Худ гардонида ва гӯшаҳои қалбамро ба маърифате, ки фоидаи дунявиву ухравӣ дорад, саршор гардонидааст. Бадбахт касест, ки ҳирсу тамаъ ва ҷоҳу манзалат ӯро асири худ гардонида, қурбони шаробу кабоб, ки ҳама аз таъоми девону дадон аст гардида, тинати худро бо ҳаром олуда ва омехтааст. Ин олудагиҳо баробар бо саргини хукону сагон аст, ки дар назари аввал барои инсони ҳаромхӯр ширину гуворост, вале дар асл мӯру каждумест, ки зоҳиру ботинро печонида, вуҷудро ба нашъаи мурдоре табдил додаст. Ин тоифа мардум ҳаргиз худро нашнохта ва намефаҳманд, ки маънии зистанашон чист? Ҳар гоҳ бихоҳи хушбахт бошӣ, аввал аз ҳама ба тарбияти фарзандонат бикӯш, то аз онҳо инсоне биофарӣ, ки пушаймон нашавӣ ва онҳо низ дар зиндагии худ аз ту пушаймон нашаванд. Фарзандеро, ки дорои фазилатҳои накӯст, чароғи рӯшану саъодати волидайн аст, ки дар ахират бар якдигар шафоат хоҳанд кард. Шукр, ки фарзандони солеҳ дораму хонаи обод ва ҳар куҷо биравам аз иззату эҳтироми мардум бархурдорам. Ту ҳам бикӯш, то аққалан аз худ меросе бигзорӣ, ҳанӯз ҳам фурсате дар ихтиёр дорӣ. Мардум шоҳид буданд, ки як бехудои майхора дар андак муддате тағйири назар кард ва зуд ба воқеияти зиндагӣ рӯ овард, ки имрӯз ҳамчун носеҳе, ки он ҳам танҳо аз ҳақиқату маърифат сухан мегӯяд, маъруфият касб карда ва миёни мардум аз ҳайсиятҳое бархӯрдор аст.

Ӯ ҳамеша мегуфт: -Вақте бо касе ҳамсӯҳбат ва ё ошно мешавӣ, макӯш то дунёи эшонро бингарӣ ва аз мақому ҷоҳу савлату давлаташ истифода барӣ ва ҳар гоҳ агар ту дар нафсу чашми худ аҳли дунёро бузург дорӣ, аз ҳақиқати илоҳӣ ғофил шуда бошӣ ва танҳо дунёро бо ҳама рамҳояш бишносӣ, ки ҷуз чирку мурдорҳо чизе дигаре пайдо накунӣ. Ҳар гоҳ инсон имони худро дар ихтиёри каси дигаре қарор дода бошад, то манфиате аз он ҳосил намояд, ҳақирест орӣ аз шарафу номус ва ғуруру мардӣ, ки ин хислати як инсон нест. Тамаъ кардан ба моли ғайр хориҳоеро бароят ҳадя мекунад, ки мақсудат асло ҳосил намегардад ва мӯҳтоҷу музтар дар танҳоиву парешонӣ бимонӣ. Инсони комил он аст, ки ба ҳангоми каромате аз эшон ҳосил намудан Худоро шукр гӯяд ва ситоиш намояд, ки бо шахсе мустағнӣ ва мусаллаҳ бо маърифат мусоҳиб шудааст.

Кибру ғурур, ғайбату ҳарфчинӣ ва таҳқиру соири хислатҳои бадро маҳкум мекард ва ҳамеша инсонҳоро тибқи ҳидоёти худовандӣ ба парҳезкориву тақво, тоату ибодат ба даргоҳи илоҳӣ ва касби тахассус даъват мекард. Аз сӯҳбатҳое, ки бӯйи ғайбат бармехост, дурӣ меҷӯст. Нафси худро ба мукофоте, ки зарар биафзояд ва умрро зоеъ гардонад машғул намекард ва гӯшҳояшро аз шунидани сухани ботил кар ва забонашро гунг месохт. Дар умқи қалбаш ва тафаккури солеҳаш ҳамеша нидои ҳақиқат садо медод ва ин садои ҳикматомез, ки ҳикматҳоеро барои дигарон ба мерос гузошт, то вопасин лаҳзаҳои умраш, ҳатто дар мавриде, ки охирин бор лаззоти зиндагиро мечашид ва танаффус мекард, ҳамраҳу ҳамсафараш буд ва бо ин оҳанг дунёи фониро падруд гуфт.

Марги Махдуми Ҳоҷӣ Ҳадятуллоҳ амсоли марги авлиё буд. Ақориби эшон мегӯянд: -Мо ҳамагӣ дар наздаш нишаста будем ва моро насиҳат мекард. Мегуфт, ки фурсати одамӣ андак аст ва онро ба ҳеҷ ваҷҳе набояд зоеъ кард. Илм биомӯзед ва бар дигарон таълим бидиҳед ва ватанро дӯст бидоред, ончунон, ки ниёкони шумо дӯст доштаанду обод кардаанд. Ҳамеша бо ёди Худои бузург бошед, ки ҳамаи пирӯзиву пешрафтҳо ба ҳукми Ӯст. Аз ҷой баланд шуд, рафт таҳорате кард ва ба сурати ниҳоят ороме болои рахташ дароз кашид, рӯяшро ба сӯи қибла гардонд ва бар тибқи одоте, ки дошт, бо овози паст оёте чанд қироат намуд. Симояш ба ваҷҳе нуронӣ гашт ва табассуми ширине дар лабонаш ҳувайдо шуд, ки мо ҳеҷ вақте ӯро ба ин сурати зебо ва табассуми аҷибе надида будем. Гумон доштем, ки шояд хаста шудаву ба истироҳат зарурат дорад. Он вақт яке аз мо ҳам эҳсос намекард, ки эшон барои ҳамеша аз мо дурӣ ҷуставу ба олами қудсӣ пайвастааст.

Махдуми Ҳоҷӣ Ҳадятуллоҳ дар мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ, дар паҳлӯи падар ва бародари ҷавонмаргаш шоири шаҳир Ҳабибулло Файзуллоҳ ба хок супорида шуд ва дар ин водии хомӯшон барои ҳамеша маскун шуд. Ӯ дар синаҳои мардуми ориф ва шогирдону наздикон барои ҳамеша мазоре пайдо кард, ки ҳаргиз фаромӯшаш нахоҳанд кард.

Аз Худованди мутаъол масъалат дорем, то рӯҳи ин орифи роҳи ҳақро шоду хонаи ахираташро обод ва биҳишти абадиро барош насиб гардонад! Омин!

Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97