Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 04.12.2010 10:01

karikatura-417Хабарҳои мухтасар

Ахиран дар Ҷумҳурии Узбакистони бародарӣ барои баста шудани маҷрои дарёҳои ҳудуди Тоҷикистон иҷоза доданд. Аммо шарт гузоштанд, ки "Миллат", "СССР"ва "ЁУМ" баста шаванд. Ин нашрияҳо ба фазои экологии ҳамсояҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Тибқи омори хадамоти муҳоҷират соли гузашта аз ҷумҳурӣ 1200 муаллим, 579 духтур, 600 муҳандис, 135 мутахассиси компютер, 700 геолог ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, вале ягон нафар нозири роҳ дар байнашон набуд.

Сиёсат

-Ҳоҷидомулло, Шумо пули замини назди ҳавлӣ ва барқро чаро пардохт намекунед? Шумо одами бообрӯи маҳалла, имом -хатиби масҷиди маҳалла ҳастед, - гуфт раиси ҷамоат.

-Раиси мӯҳтарам, Шумо чанд сол пеш вақте котиби Ҳизби коммунист будед, худатон ба ман гуфтед, ки дин аз давлат ҷудо аст...

Пешгирӣ

-Барои мубориза бо вабои хатарноки вируси Калхот аз буҷа 2 миллион маблағ ҷудо гардид. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои эҳтиётӣ ба нақша гирифта шуданд.

-Раиси мӯҳтарам. Ман сардухтури ноҳия. Ин хел касалӣ ҳоло мавҷуд нест,- эътироз кард байтор.

-Муҳимаш маблағро сари вақт ҷудо кунем. Касалиро фавран аз Аврупо ирсол мекунанд,- гуфт раис.

Барӯйхатгирӣ

Ахиран натиҷаи ба рӯйхатгирии умумии аҳолӣ дар ноҳияи Гулобод ҷамъбаст гардид. Дар ноҳия 230 ҳазор аҳолӣ ва 27 нафар сардорони идораҳо зиндагӣ мекунанд.

Бегона

-Шаҳрванд Асадбек, шумо даъво мекунед, ки шабона вақти аз сафари хидматӣ баргаштан завҷаатонро дар хона бо марди бегона дастгир намудед? - пурсид судя.

-Туппа -тӯғрӣ, ман соати сеи шаб ба хона баргаштам. Онҳо дар хонаи хоб буданд.

-Шаҳрванд Мағалмоҳ, шумо даъвои шавҳаратонро тасдиқ мекунед?

-Дурӯғ мегӯяд. Авалан соати се не, расо соати 2-и шаб буд. Сониян, вай одами бегона не...муовинаш буд.

Ба ҳамин тариқ судя барои дурӯғ гуфтани Асадбек даъвои ӯро рад кард.

Кашфиёти тиббӣ

Ба конфронси матбуотии Оростамоҳ ғайр аз қитъаи Австралия аз тамоми дунё хабарнигорон ҳозир шуданд. Кормандони Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳатӣ, як моҳ боз Оростамоҳ таҳқиқ мекунанд. Ахиран илми тиб ба саволи чи тавр инсон бояд хароб шавад, ҷавоб пайдо мекунад. Соҳаи тибб бори аввал баъди кашфи доруи дарди сар чунин мӯъҷизаро дучор омад. Қариб ҳазор намояндаи фабрикаҳои дорусозӣ низ гирд-гирди Оростамоҳ мегаштанд. Асли воқеа чунин аст: Шаҳрванд Озодамоҳ дар 25 дақиқа 30 килограмм хароб шуд. Ҳунарманди маъруфи синамои Ҳоливуд Шэрон Стоун барои лоғаршавии худаш 3 миллион доллар сарф карда буд. Продюссери Ҳоливуд ба Оростамоҳ ваъда кард, ки барои кушодани ин асрор дар Майамӣ барояш ҳавлӣ харида медиҳад.

Расо соати 10 дар Қасри матбуот конфронс сар шуд. Ҳама баробар суол карданд, ки «сирри чунин лоғаршавии таъҷилӣ дар 25 дақиқа 30 килограмм дар чист?»

-Ягон сирру асрор мавҷуд нест. Ман ягон дору нахӯрдам. Аз қишлоқ омада ба ҳаммом даромадам.

Ҷойиза

-Дурӯғ низ ҳадду ҳудуд дорад. Наход гадои кӯчаи маҳаллаи мо баррандаи ҷойизаи Рӯдакӣ гардад, - сар хорида дарди дил кард Асадбек.

-Ман гапи дурӯғ нагуфтам. Дина дар чойхона нақл карданд, ки Тулфорбек ҷойизаи Рӯдакӣ гирифтааст,- илова кард Қамчинбек

Тулфорбекро кашола карда ба чойхона оварданд.

-Канӣ ҳуҷҷатро нишон деҳ! - бонг зад Асадбек.

Тулфорбек аз кисааш коғази 500 сомонаи бо акси Абуабдуллоҳи Рӯдакиро нишон дод. Ӯ баъди 6 моҳ маош - яъне ҷойизаи Рӯдакӣ гирифтааст.

Дарси салом

-Канӣ як бори дигар такрор кунем. "С а л ом". Ташдид, яъне зарба ба ҳарфи "л" меафтад! Кӯшиш кунед, ки ҳангоми талаффузи ҳарфи "С" як бор нафасро озод бароред. Барои дуруст талаффуз кардани калима даҳ бор такрор мекунем... Сар кардем…

Толор бо овози баланд калимаро такрор мекард.

-Канӣ диққат! - хитоб кард тренер (Дар машғулиятҳои семинарии ташкилотҳои хориҷӣ муаллимро тренер мегӯянд. Шарҳи "ЁУМ".) Акнун ба машқҳои амалӣ мегузарем. Баъди гуфтани "Салом" дасти ростро болои дил гузошта як лаҳза ба чашми алейкгиранда менигарем. Вале ин машқ барои муовинон ва мудирон аст. Раисон ҳуқуқ доранд дастро ба сина нагузоранд. Ҳангоми нигоҳ кардан дар вақти салом чашмонро дар даруни косахона нигоҳ доред. Ин машқро 20 дақиқа такрор кунед. Ба таври иловагӣ, агар имкон бошад лабонро ба табассум моил кунед. Ин таъсири саломро афзун мекунад.

-Мӯҳтарам тренер, дар вақти салом додан каме таъзим ё хам шудан мумкин аст,- пурсид шунаванда.

-Ин албатта ба шахсияти алейкгӯянда вобаста аст. Агар шумо ба раисатон салом доданӣ бошед, то зону ҳам қат шудан мумкин аст,-фаҳмонд тренер.

Дар аснои машғулият даррро тақ-тақ зада марди солор ба толор даромад.

-Мебахшед, машғулияти "Роҳҳо ва усулҳои хайру хуш" дар ин ҷо мегузарад?

-Не муаллим, дар ин ҷо семинари даҳрӯзаи тарзи додани салом барои раисҳои нав бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида мешавад,-гуфта тренер ба толор муроҷиат кард:

-Шуд. Фардо мо мавзӯи усулҳои додани салом барои раисони аз мансабрафтаро такрор мекунем.

Терроризм

Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе дидбонгоҳҳо зиёд шуданд. Тифлаке дар мошини сафарӣ ба тааҷҷуб омада аз модараш пурсид:

-Оча, ин низомиҳо дар ин ҷо чи кор мекунанд?

-Бачам, аз маҳбасхонаҳо террористҳо гурехтанд. Инҳо онҳоро ҷамъ мекунанд,- фаҳмонд модар ба кӯдаки кунҷков.

-Фаҳмидам. Ҳаққонӣ пули як сомонӣ террорист будааст. Дигар ба ман барои мактаб 5 сомонӣ диҳед!

Табобат

-Дугонаҷон! Ман аз ҷон сер шудам. Шавҳарам ҳар рӯз арақ нӯшида маро лагадкӯб мекунад. Ба духтур муроҷиат кардам, гуфт, ки ин майзадаро табобат карда наметавонем. Шумо чи хел шавҳаратонро табобат кардед?

-Дар деҳаи кӯҳистонии мо як табиби зӯр аст. Ба наздаш бурдам.

-Чи хел табобат кард?

-Инашро намедонам, лекин дигар лагад намезанад. Дар роҳи деҳа ҳар ду пояш шикастанд.

-Илтимос суроғаи табибро диҳед!

-Афсӯс, табиб майзада шуд.

Расонома

(Ин силсилаи табассуми бузургон аз зиндагии инсони бузург, - падари ҳаҷви тоҷик - шодравон Басир Расо қисса мекунад.)

Нест бод «бод»!

-Бачам, нағз кор кун, гапи очаата гӯш кун, дарсҳоята такрор кун, агар не мисли амакат Наҷмиддин журналист шуда як умр азоб мекашӣ,-насиҳат мекард Нурулло ба писараш.

Агар он замон, яъне 40 сол пеш маро низ касе насиҳат мекард, ҳаргиз журналист намешудам. Вале як насиҳати устод Ато Ҳамдам як умр аз ёдам намеравад. Дар овони донишҷӯӣ (Аслан ин калима дар он айём ғалат буд. Мо донишро намеҷӯстем. Дониш дар паҳлӯи мо буд.) лавҳа навишта ба рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" бурдам. Марди галстукдоре хонда:

-Хуб. Алифборо медонӣ. Ҷумла сохтан ҳам метавонӣ. Андешаҳоят пур аз эҳсосот. Аммо намедонам ту лавҳа навиштӣ ё таъзия? Беҳтараш як бори дигар дар лавҳаат оптимизмро васеътар кун.

Ман гарчанде ба маънои оптимизм сарфаҳм нарафта бошам ҳам, як ҳафта лавҳаро таҳрир кардам. Дар роҳрави идора марди солор салом дода, сабаби омаданамро пурсид.

-Муаллим, ман лавҳа овардам.

-Офарин! Ду рӯз боз шуморо интизорем. Ҳозир ман меху болға гирифта меоям.

Дасту поям шах шуданд. Наход барои як лавҳа маро чормех кунанд, - аз дил гузарондам. Марди солор дар ҳақиқат бо меху болға ва нордбон наздам ҳозир шуд.

-Чанд метр?

-Ман қадамро ягон бор чен накардаам,- гиряолуд гуфтам.

-Қаду қоматат ба мо чи даркор! Лавҳа чанд метр? Ҳозир агар лавҳаро начаспонем, котиби КМ моро нест мекунад.

Ҳамон вақт лавҳаи деворӣ, яъне шиори "Комсомол -захираи тиллоии партия"-ро аз лавҳаи навиштаам фарқ кардам. Дар он лаҳзаи пуризтироб марди хушқомате ба даҳлез даромад.

-Ато Ҳамдамович, лавҳаро ҳанӯз наовардаанд. Мо ин касро нодуруст фаҳмидем.

Ато Ҳамдам даррав дарк карданд, ки барои мудир хоҷагиаш жанри деворӣ даркор аст. Маро ба утоқаш бурд. Бе саволу ҷавоб лавҳаро чашм давонд. Ӯ якбора баланд хандид. Ва то охири лавҳа қоҳ -қоҳ зада ханда мекард.

-Олиҷаноб. Инро ба "Хорпуштак" бар. Ман ба устод Басир Расо телефон мекунам. Барои мо аз ҳаёти ҷавонон чунин ҳаҷвияҳо навис.

Ҳайрат маро шиканҷа медод, мантиқан ман агар ҳаҷвия нависам, вай лавҳа мебарояд, ба ҳар ҳол назди устод Басир Расо рафтам.

Устод коғазҳоро бодиққат чашм давонда, ду бор пиёлаи чойро холӣ кард. Ман аз чеҳрааш ҳеҷ чизро хонда натавонистам. Ҳамзамон устод низ ягон саҳифаи маро хонда натавонист. Хастаҳолона гуфт:

-Маош барои муаллими ҳусни хати шумо ҳаром аст. Аз сар рӯйнавис карда биёред.

Ман ҳаҷвияи навро хушхат навиштам. Зеро аз он коғазҳо худам хати худро хонда натавонистам. Устод ҳаҷвияро хонда бо қавоқи овезон гуфт:

-Рафиқ Шоҳинбод, дар ҳаҷвияат шоҳини тахайюл каму "бодаш" бисёр.

Ман аз номам ҳамон вақт "бод"-ро партофтам. Аммо устод гуфтанд: Агар "бод" набошад "Шоҳин" парвоз намекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97