Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 27.11.2010 09:09

karik-karimov-1Хабари мухтасар

Ахиран Комиссияи ҷаҳонӣ санҷиши бехатарии экологӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии НБО- и Роғунро ҷамъбаст намуд. Коршиносони ин комиссияи бонуфуз зикр карданд, ки дар ҳақиқат бунёди ин нерӯгоҳ ба эътибору обрӯи Ислом Каримов ва Дмитрий Медведев хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳамчунин дар сурати бастани маҷрои дарё муҳоҷирати моҳиҳои болооб ба поёноб кам мегардад. Дар натиҷаи заминҷунбӣ аъзои фаъоли Ҷунбиши исломии Узбакистон аз нав бедор мешаванд. Комиссия ҳамзамон хатари аз кор рафтани даҳҳо вазирони кишвари ҳамсояро истисно намекунад. Аммо фалокати ҷиддитар он аст, ки дар сурати пурра ба кор андохтани нерӯгоҳи Роғун дар хонаҳо аз фаровонии барқ садамаҳо зиёд мегардад. Пас аз ба кор даромадани нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 сар модагов,100 сар моли майда, 32 уқоб, 65 сар зоғ, 5 нафар майзада ба симҳои барқӣ бархурда ҳалок шудаанд.

 

Дар тарабхона бо овози паст мусиқии фораме садо медод. Асадбек ба миз нишаста ба навозанда ишора кард. Аммо навозанда бепарвоёна мусиқӣ менавохт. Асадбек пешхидматро даъват карда бо зарда гуфт:

-Ба навозанда гӯед, ки оҳанги "Дугоҳ"- ро навозад.

-Тарабхонаи мо бо усули худхидматрасонӣ кор мекунад. Он кас навозанда не, мисли шумо муштарӣ аст. Шумо худатон рафта навохтан гиред,- гуфт корманди тарабхона.

-Яъне ман таом низ худам мекашонам?- бо тааҷуб боз суол кард Асадбек.

-Бале, дуруст хулоса баровардед.

Асадбек барои худ хӯрок оварда, дар пианино мусиқӣ навохт. Баъдан ба ташноб рафт. Баробари кушодани дар чашмонаш қариб аз косахонаи сар мепарид. Дар шифти ташноб марде худро овехтааст. Асадбек доду войкунон маъмури тарабхонаро фарёд кард.

-Муштарии азиз. Ин қадар ғавғо набардоред. Гуфтам, ки тарабхонаи мо бо усули худхидматрасонӣ кор мекунад. Дар ин замона ҳоло киллерҳо қиммат шудагӣ. Ҳар кас худаш мустақилона худашро меовезад, - оромона гуфт мудири тарабхона.

Ғалаба

Тулфорбек пайт ҷӯста ҳар дам сагчаи набераашро лагад мезад. Занаш Фариштамоҳ ранҷидахотир гуфт:

-Чаро ин ҷонвари беайбро ин қадар бад мебинӣ?

-Ман то Берлин ҷангида тамоми Аврупоро озод карда, бо чор медал баргаштам. Ин ҷонвари лаънатӣ дар як сол ду бор ак-ак мекунад 10 медал дорад.

-Чунки Юлбарс барои ҳавлии мо аккос мезанад. На барои тамоми Аврупо, - гуфт бо сардӣ занаш.

Телевизиори ранга

-Мебахшед шумо ҳафтаи гузашта ба ман телевизори ранга фурӯхтед. Вале дар хона телевизор ранга нишон намедиҳад, - шикоят кард Асадбек.

-Биёред, дида мебароем.

Асадбек телевизорро пуштора карда ба дӯкон овард. Мудири дӯкон китоби "Физика"-ро кушода ба Асадбек фаҳмонд:

-Додарам, нигоҳ кунед. Ин ҷо тавсифи рангҳо аст. Ранги аз ҳама маълум: Сиёҳ, ранги дараҷаи дуюми сафед аст. Яъне телевизори шумо ранга аст.

Бонк

-Алло ин бонки "Континентал"?

-Бале, бонки Континентал шуморо гӯш мекунад.

-Лутфан, шумо реҷаи кори бонкро бигӯед?

-Мо аз соати 8- и   субҳ то 14 амалиётҳои муҳосиботӣ ва то соати16 амалиётҳои пардохтиро иҷро мекунем. Соати 18 бонк корро қатъ мекунад.

Рӯзҳои шанбе, якшанбе кор намекунем. Имрӯз аллакай соати кори мо тамом шуд.

-Ташаккур! Мо дар вақти рӯзҳои корӣ ба шумо халал намерасонем. Кори мо асосан шабона ва дар рӯзҳои истироҳат ба нақша гирифта шудааст.

-Мебахшед, шумо аз кадом идора?

-Мо ғоратгарон, хайр то боздид.

Табиб

-Духтурҷон, шавҳарам ҳар шаб ҳангоми хоб буданаш маро лагад мезанад.

-Шумо ҳар рӯз аз соати 14 барои табобат биёед.

-Узр, духтур ман касал не. шавҳарамро табобат кунед.

-Мо барои шумо ҳар рӯз ду соат машғулияти таэквандо ёд медиҳем. То ки аз лагади шавҳар ҳифз шавед.

Тӯҳмат

-Шаҳрванд Асадбек, шумо бигӯед, ки чӣ тавр кафшҳои нави шаҳрванд Хоркашро дуздидед - пурсид судя.

-Ман кафшҳои ин касро надуздидаам. нафаҳмида шабона пӯшида будам.

-Ин аҳмақ се ҳафта кафши навамро пӯшида гашт, - гуфт даъвогар.

-Шумо кафши даъвогарро аз куҷо гирифтед?- пурсид муфаттиш.

-Кафшҳои ин кас дар хонаи ман буданд. Ман нафаҳмида пӯшидаам, -гуфт ҷавобгар.

-Чӣ тавр кафши шумо дар хонаи ин кас афтид? - пурсид судя.

-Ман соати дуи шаб аз хонаи ин кас саросемавор баромадам. Ин дузд аз рӯи гуфтаи занаш дар сафари хидматӣ буд. Номаълум шабона зада даромад. Занаш гуфт, ки шавҳарам меояд. Пойлуч давида рафтам.

-Дурӯғ мегӯяд! Пойлуч набуд. Дар пояш кафши хонагӣ буд, - эътироз кард ҷавобгар.

-Шумо аз куҷо медонед, ки дар пояш кафши хонагӣ буд, - пурсид судя.

-Ман дар хонаи ин кас будам. Вақте ки ӯ ба хонаи худаш баргашт, дар пояш дидам.

Талаб

Гурӯҳи шаҳрвандон дар мавриди қарори аз тобеъияти вазорати

корҳои дохилӣ ба вазорати тандурустӣ додани ҳушёрхонаҳо эътироз

баён намуданд.

-Ин беадолатӣ аст. Бигузор милитсия аз майзадаҳо пулу молашонро гиранд. Лекин аниқ зӯран амалиёти ҷарроҳӣ накунанд шуд.

Дарди сар

-Ҷон духтур, сарам шабу рӯз дард мекунад. Шабона хоб намеравам.

-Ором бош, мо чунон хуб табобат мекунем, ки саратонро худатон намешиносед, - гуфт духтур, ва барои Асадбек дору навишт.

Пас аз як ҳафта духтур Асадбекро дар бозор дучор омад.

-Чӣ хел доруҳо таъсир карданд?- пурсид духтур.

-Не, ман ягон дору нахӯрдаам. Аз занам ҷудо шудам. Ҳоло сап- сиҳат ҳастам.

Ёрии таъҷилӣ

-Дарро кушоед, мо аз милитсия!

-Мебахшед, ман милитсияро не, устои об - сантехникро даъват карда будам, - гуфт аз таги дар Асадбек.

-Моро ҳамсояҳои шумо даъват кардаанд!

-Хеле хуб, набошад оби хонаи онҳоро тоза кунед! - гуфт Асадбек.

Писари раис

Раиси ноҳияи Гулобод роҳрави шифохонаро бо қадам чен мекард. Аз ғазаб гӯшҳояш ҳам меларзиданд. Табибони таваллудхона аз тарс хилъатҳояшонро чаппа пӯшиданд.

-Ман ҳамаи шуморо нест мекунам! Ин таваллудхона ё фиребгархона? - дод зад раис. Мағзи саратон ҷои дигар кӯчидааст. Даҳ сол боз ман раису ному насабамро намедонед!

-Мӯҳтарам раис, ин айби мо не. Ҳуҷҷати таваллудро шӯъбаи сабти ҳолати шаҳрвандӣ дод.

-Ҳой каллаварам, шӯъбаи САҲШ аз рӯи асноди таваллудхонаи шумо додааст. Мана, ҳиҷҷа карда хонед! - гуфта раис шаҳодатномаи таваллуди писарашро ба рӯи сардухтур зад.

-Ман Хоркашов Талбак Кавракович, раиси ноҳияи Гулобод, вакили маҷлиси вилоят. Номзади илми сиёсатшиносӣ. Номи занам Раҷабгул Хоркашова фаҳмо?! Ё дар болои таваллудхонаатон бо ҳарфҳои калон навишта монам? - бо овози ҷаррангосӣ дод зад раис. Дар даҳлези пеши таваллудхона Асадбеку Савлат ин саҳнаи ҳуҷуми раисро ба таваллудхона тамошо карда, шарт бастанд:

-Ба фикрам раис дар тавалудхона рафти иҷрои танзими демографиро санҷида истодааст? - тахмин кард Асадбек.

-Не, -.рад кард Савлат.

-Шояд ягон тифли дугоник фавтидааст.

-Нодуруст,- файласуфона гуфт Асадбек.

-Шуд, фаҳмидам, раис мехоҳад, ки рӯз, моҳ, соли таваллуди писараш ба рақами мошинааш якхела бошад.

-Не бе рақам ҳам раис хушбахт аст.

-Агар ҷавоби дуруст гӯед, дар чойхона оши зағир мепазам, - эълон кард Асадбек. Баробари шунидани калимаи ош Тулфорбек низ ба баҳс ҳамроҳ шуд.

-Ба назари ман табибони таваллудхона нафаҳмида аз раис дастмузд талаб кардаанд, - гуфт Тулфорбек.

-Фарқаш чӣ. Агар диҳад ҳам боз маблағ аз дари дигар ба кисааш медарояд, - арз кард Хоркаш.

Ҳеҷ кас ба гӯшаи хотираш намеовард, ки Муродхони ноқисулақл ин муаммои сиёсиро ҳал карда ғалаба мекунад. Муродхон барои ёфтани ҷавоби саҳеҳ ронандаи дуюми раисро яклухт харида буд.

-Ҷавобро ҳозир намегӯям. Сари оши зағир ба тафсил нақл мекунам,- шарт гузошт Муродхон.

-Ҷӯра, аввал мо ҷавобро шунида баъд ош мефармоем, - гуфт Асадбек.

-Майлаш, мегӯям. Тамоми молу мулк. хонахои раис бо номи ҷиянаш Каримқул сабт мешавад. Бечора табибон нафаҳмида писари таваллудшудаашро низ бо номи ҷиянаш ҳуҷҷат додаанд.

Иқтибосҳо

Сарватмандон намехоҳанд, ки сураташон дар пул сабт шавад, зеро мардум ин пулҳоро медаронанд. Ҳамчуноне, ки сурати шоҳон низ дар пул баъди маргашон нақш мешавад.

Барои дӯст доштани занҳо ҳунар лозим ҳаст. Мардони дузана Ҳунарманди халқӣ ҳастанд.

Сарлашкар Кутузов барои наҷоти тамоми Русия аз Наполеон Маскавро сӯзонданӣ буд. Имрӯз барои наҷоти Русия фақат Кремлро оташ задан кофист.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97