Зодрӯзи устод Бозор ва ваъдахилофии иттифоқи нависандагон

Фарҳанг ва адаб 26.11.2010 09:39

bozor-sobir-4

ё чаро шаби шеъри шоири номдор баргузор нашуд?

Аз ҷудоият магӯ…

20 ноябр устод Бозор Собир зодрӯз дошт. 72 сола шуд. Банда бо намояндагӣ аз "Миллат" бо ҳамкорам Умари Давлат он рӯз ба манзили эшон ба табрикаш рафтем. Табъи Устод хеле хушу болида буд.

Ҳамроҳ бо ҳунарманди хушсалиқаи театри тоҷик Қиёмиддини Чақал, профессор Асадулло Сӯфизода ва чанд тани дигар сари хони идона оростаи ҳамсарашон Гулчеҳрабону зарофатгӯӣ дошт.

Бозор Собир, шоири номдори тоҷик суханваре, ки тайи ҳамин панҷ соли ахир дар борааш он қадар гуфтаву навиштаанд, ки шояд аз рӯзгори баъзе шоиру нависандаҳоямон дар 50- 60 соли умрашон ҳамин миқдор матлабу навишта ба нашр нарасида бошад. Он ҷо сари хони идонаи устод нишаста будем, ки ҳунармандони маъруф Ҳабибуллоҳи Абдураззоқ, Ибодуллоҳи Машраб, Ортиқи Қодир, шоира Зулфия Атоӣ, нависанда Абдулҳамиди Самад, ёрони собиқу содиқи устод аз Ҳизби демократ Аслиябону ва Мамлакату чанде дигар ба табрики соҳибҷашн омаданд. Як маҷлиси шеъру ҳазлу мутойиба баргузор шуд. Устод Бозор дар ҳамовозӣ бо Ибодуллоҳи Машраб таронаи "Бигӯ, бигӯ, бигӯ, вале аз ҷудоият магӯ"-ро хеле дилнишин суруданд. Дидам, ки ҳини сурудан дар чашмони устод ашк ҳалқа мезад. Бори аввал буд, ки сурудхонии устодро медидам ва воқеъан ҳам лаҳни ширине дошт.

Сукути мармузи иттифоқи нависандагон

Тайи се моҳ аст, ки устод Бозор, ки 12 сол боз муқими Амрикост, дар Тоҷикистон қарор дорад. Вале то ҳанӯз шаби шеъри ин суханвари беҳамто баргузор нашуда ва ихлосмандони бешумори ашъори нотакрори устод то ҳанӯз умедворанд, ки дидору мулоқоти онҳо бо шоири маҳбубашон баргузор хоҳад шуд. Ва суъол ин ҷост, ки умеди ин умедворонро кӣ бароварда хоҳад сохт? Сукути мармузи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки касе хостори созмон додани шаби назм ё базми шеъри ин абармарди сухан нест. Дар Иттифоқи нависандагон ба "Миллат" гуфтанд, ки моҳи октябри соли равон, чун толори калони он дар тармим буда, дар толори хурди Иттифоқ маҳфили шеъри устод Бозор баргузор шудааст. Маҳфиле, ки аз баргузории он ба ҷуз доираи хурди фарҳангиёни тоҷик дигар касе дарак наёфта. Ва хулоса ин аст, ки устод Бозор, шоири саршиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакиро бо чашми кам дидаанд ва барои оростани маҳфили шеъраш толори бузурге пайдо нашудааст.

Бозор дар мо намеғунҷад…

Ин ҳама толорҳои бузурги кохҳои фароғативу фарҳангиамон барои чӣ коре бо маблағҳои ҳангуфт ороставу пероста шудаанд?

Магар устод Бозор ба манзалаи як овозхонаки навпои ҳарзахону ҳарчихоне қадр надошт? Нафароне чанд аз ин ниҳодҳоро дида будем, ки ба ҳолпурсӣ ва табрики устод омада буданд, вале он ҷо касе аз оростани базми шеъри шоир лаб накушод. Устод Бозор омодааст, ки агар як чунин базми шеър баргузор шавад бо камоли майл дар он ширкат варзад, бо мухлисони бешумораш сари шеъру шоирӣ сӯҳбати озоду ошкоро дошта бошад. На танҳо, ки омодааст, бешак муродаш низ ҳамин аст, ки дубора баъди фурқату ҷудоиҳо бо ҳамватанони азизаш нишаста, маҳфили онҳоро мунаввар бикунад ва якҷо бо эшон ҳаловат бубарад. Барои аҳли маънӣ ва ташнагони шеъри воло ширкат дар шаби назми устод Бозор шояд ҳамчун ормони ношикаста барои ҳамеша боқӣ бимонад, зеро тибқи гуфтаи пайвандонаш рӯзҳои наздик устод ба ватани наваш- Амрико бармегардад. Омаданҳову рафтанҳоят хушу хуҷаста бод. Ва бе гила бош, Устод!

Таваллуд муборак!

"Миллат" устоди арҷманд Бозор Собирро аз номи ҳаводорони бешумори хеш ба зодрӯзаш самимона таҳният гуфта, барояш тани сиҳат, умри дароз ва рӯзгори орому обод таманно дорад.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97