Суханшинос наӣ, профессор, хато ин ҷост!

Фарҳанг ва адаб 24.11.2010 10:30

kanoat_412Посух ба муаллифи «Андешаҳои бебунёд» Атахон Сайфуллоев

Чу шоир биранҷад…

Навиштаи нафареро ба исми Атахон Сайфуллоев, ки дар сомонаи интернетии АМИТ "Ховар" зери унвони "Андешаҳои бебунёд" ба нашр расидааст, хондам ва аз тарзи нигориши он музахрафот, ки бас тамаллуқомезу камсаводона ҳаст, дарёфтам, ки ҳадафи муаллиф аз таҳлилу баррасии фаъолият ва шахсияти шоири номвари миллат, устод Мӯъмин Қаноат хешро пеши боло ширин кардану патриархи зиндаи адабиёти форсиро сияҳ кардан аст.

 

Он гаҷгиро (гаҷ лойеро гӯянд, ки дар девор намечаспад) ҳар кас, ки мехонад афсӯс аз он мегӯяд, ки вақти гаронқиммати хешро дар мутолиаи он банд кардааст. Баъди мутолиаи он навишта посухе ҳам намегуфтам мешуд, вале се омиле буд, ки маро водор сохт, то ба ҷаноби Сайфуллоев чизе бигӯям. Аввал ин ки он мусоҳибаи тӯлонии устод Қаноат дар "Миллат", яъне нашрияе, ки банда муҳаррири он ҳастам, ба чоп расида буд. Дуввум он ки посух- сияҳномаи Атахон Сайфуллоев ба андешаҳои устод Қаноат дар сомонаи интернетии АМИТ "Ховар", ки он расонаи хабарии Ҳукумати Тоҷикистон аст, нашр шуда ва бардошти ҳар хонанда аз мутолиаи он чунин хоҳад буд, ки Ҳукумат дар муқобили Шоири халқии Тоҷикистон, соҳиби мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи ҷойизаи Комсомоли ҷумҳурӣ ва ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими шинохтаи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, муаллифи достонҳои машҳури "Суруши Сталинград", "Тоҷикистон- исми ман", "Падар", "Гаҳвораи Сино", "Мавҷҳои Днепр", "Масъуднома" устод Мӯъмин Қаноат қарор гирифтааст. Ва агар раҳбарияти АМИТ "Ховар" он навиштаи атахониро ба хотири сияҳ ва бадном сохтани шоири шаҳири миллат иҷозаи чоп дода бошанд, фикр мекунам иштибоҳ кардаанд ва ин корашон метавонад бойиси ранҷиши қалби пуршӯр ва чун ойина софи суханвари бузург бигардад. Ва фаромӯш набояд кард, ки ҳамон Фирдавсии оламшинохта, ки ҷаноби Сайфуллоев нисфи навиштаи хешро ба наҳве беҳуда ба ҷойгоҳ ва мақоми ин бузургмард дар адабиёти мардуми Қафқоз ва Русия бахшидааст, ранҷидахотир аз номеҳрабониҳои замонаш байте гуфта, ки онро метавон як навъ ҳушдоре барои мо ворисон шумурд:

Чу шоир биранҷад бигӯяд ҳиҷо,

Бимонад ҳиҷо то қиёмат ба ҷо.

Мӯйсафед Фирдавсиро ғалат хонд

Ва агар навиштаи Сайфуллоев ба хотири риояи гуногунандешӣ ва плюрализми афкор нашр шуда бошад, (ҳарчанд ба ин боварам намеояд) аз раиси "Ховар" бародарам Садриддини Шамсиддин хоҳиши онро доштам, ки посухи бандаро низ ба чоп расонанд. Ва саввум омиле, ки бандаро ба ҷавоб гуфтан таҳрик бахшид, ин ҳамсол ва шарикдарси устод Қаноат будани падари шодравонам буд, ки доиман барои мо фарзандонаш таъкид мекард, ки шоирро эҳтиром кунем. Чун имрӯз падари азизам аз сари мо рафта, худро масъул шумурдам, ки ба хотири дӯсти падарам будани устод Қаноат, ки мегӯянд "дӯст доштани дӯстони падар ин дӯст доштани падар аст" ва ҷиҳати аз ҷониби як нафаре ба исми Атахон Сайфуллоев таҳқир шудани шоири тавонои миллат, классики зиндаи адабиёти форсӣ, қарзи тоҷикӣ, фарзандӣ ва шаҳрвандӣ донистам, ки бо истифода аз мавҷудияти озодии баёну андеша ба муаллифи ҳарзаҳои бемояи "Андешаҳои бебунёд" посух гуфта бошам.

Ҷаноби Сайфуллоев, дар бораи бузургӣ ва мақоми воло доштани "Шоҳнома"- и Фирдавсӣ ва устод Айнӣ зиёд гуфта, ҳарчанд дар ин бора бисёр навиштаанд, ки камтарини он волотару пурмаънитар аз ин гаҷгиҳои соҳиби "Андешаҳои бебунёд" аст ва мо дар бузургии ин ду марди миллӣ ҳеч шаке надорем, вале ин ҷо чизи дигарро мехоҳам гӯшрас намоям. Ҳамин чанд рӯз қабл буд, ки се тан чеҳраи фарҳангии Тоҷикистон ё ба қавли муаллифи "Андешаҳои бебунёд" "хирадмандон" аз тариқи шабакаи аввали ТВТ бо мардум сӯҳбат мекарданд ва яке мегуфт, ки "Айнӣ лаззатмандии забону адабиёти классикии ҳазорсоларо, ҳатто болотар аз онро ба мо овард." Ҷумлае, ки ҳақиқат будани онро касе аз аҳли фазл қабул надорад, зеро дурӯғ аст. Яъне осори дилошӯби Хоҷа Ҳофизу Шайх Камол, "Маснавии Маънавӣ", ғазалиёти Шамси Табрезӣ, "Гулистон"- у "Бӯстон"- и Саъдӣ ва ашъори Сойибу Ҷомӣ баробар бо "лаззатмандӣ"- и забони Айнӣ набудаанд. Муроди банда ин аст, ки дар баҳо додан ба осор ва шахсияти устод Айнӣ мо набояд ба иғроқу ифрот роҳ бидиҳем, оё ягон одами ҳушёр ва аз осори классикони гузаштаи мо хабардор ба ҳамин гуфта бовар мекунад, ки навиштаҳои Айнӣ лаззатмандтар аз "Маснавӣ", "Баҳористон" ва "Шоҳнома" аст?! Ва яке дигар хирадманди мо дар он барномаи телевизионӣ байти машҳури Фирдавсии бузургро, ки ҳатто шогирди мактаб ҳам онро аз ёд медонад, ғалат ва ин гуна қироъат кард:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи гармиву аз тобиши офтоб.

Писарам, ки шогирди соли шашуми мактаб аст, инро шунида гуфт: "Падар, ин мӯйсафед Фирдавсиро ғалат хонд. Ба ҷойи "Зи борону" "Зи гармиву" гуфт." Барои он ки аз бесаводии хирадмандонамон огоҳ нагардад ва дили кӯдак аз шоиру нависандаҳои азизамон намонад, гуфтам: Ин байт дар "Шоҳнома" чанд гуна омадааст, вале ту "Зи борону аз тобиши офтоб" бигӯ.

Истиқлоли тоҷик муборак, профессор!

Ин нуктаро барои он ёдовар шудам, ки аксари шоиру нависанда ва фарҳангиёни мо сатҳи дониш, дарку тафаккур ва таҳлилу бардошташон ана ҳамин гуна оммиёна ва камсаводона аст, ки ҳатто як тифли 12 сола эродашон мегирад. Фикр мекунам ин Атахон Сайфуллоев, ҳамон профессорест, ки як вақтҳо раиси Кумитаи радио ва телевизион буд. Бале, ҳамоне, ки бо истифода аз мақоми дошта, барандохтани муҷассамаи Ленинро дар пойизи соли 1991 гаштаву баргашта нишон медод ва мардум ба шӯр меомад. Ва як сабаби сар задани муноқишоти дохилӣ аз касофатии ҳамин ҳайкали Ленин сар зад. Дурусттараш аз "шарофат"-и онҳое, ки кандани як ҳайкалро фоҷеъаи миллӣ донистанд ва дар сари турбати як бут он қадр гиристанду нолаву фиғон бардоштанд, ки ҳатто ҳиндуҳову бутпарастони Тиёншонро шояд ба ҳайрат оварданд. Баъдтар мо шоҳиди барандохтани аз ин бадтари ҳайкали Ленин ҳатто дар ватани азизаш-Русия шудем. Вале касе он ҷо чун Атахони «ленинпарасти» ашаддии мо шурӯ қиёмате ба по накард, чунки дар сари идораи Кумитаи радио ва телевизиони Русия огаҳон ва хидматгорони як хоҷа - халқи рус нишаста буданд. Онҳо аз шикастани як ҳайкал фоҷеъаи миллӣ насохтанд. Ва Сайфуллоев устод Қаноатро ноҷо таъна мезанад, ки замоне Ленину шӯравӣ мегуфту имрӯз аз он ду рӯ тофта. Пас ту ҷаноби профессор, чаро чандин ҳайкалҳои Ленинро дар Душанбеву Хоруғу Қӯрғонтеппа канданд, шикастанд, дар "мусорка" афканданд, хамӯшӣ? Он ҳайкал чӣ азиз буд барои ту, ё тиллоӣ буд? Ёд дорам бо чеҳраи рангпарида, бо авзоъи ҳаросону овози шикаставу ларзон боре аз пардаи телевизион чеҳраи муборакатро ба мардум нишон дода мегуфтӣ, ки дигар "хидматгори ду хоҷа будан намехоҳам". Имрӯз чӣ ҳол дорӣ, дар хидмати чанд хоҷаӣ? Оё ту ҳаққи аз Истиқлол сухан гуфтану аз он нозиданро дорӣ? Охир ту ҳам аз пештозону ҳомиёни сохти шӯравӣ ва ҳизби коммунист, аз сарбози сарсупурдаи он будӣ. Ту афродеро, ки дар майдонҳои шаҳрҳои мухталифи кишвар; Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ҷамъ омада аз истиқлолу озодии миллат ва арзишҳои миллӣ мегуфтанд, аз тариқи телевизиону радио бо истифода аз мақоми дошта "оппозитсия", "ифротӣ", ношукрҳои сохти шӯравии сотсиалистӣ номида пеши ҷомеъа кӯшиши сияҳ кардан менамудӣ. Бале, ту ҳамон ҳастӣ ва имрӯз 360 дараҷа тоб хӯрда, сари ҳар ҷумлаат аз "давлати соҳибистиқлол", "давлатдории миллӣ", "истиқлолияти миллии мамлакат", "ваҳдати миллӣ" ва "дастовардҳои даврони истиқлолияти миллӣ" мегӯӣ. Офарин, шукр, ки ба дарки он ҳама дер ҳам бошад расидӣ. Агар ҳамон вақт, замоне, ки Тоҳири Абдуҷаббор, Бозор Собир, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Лоиқ, Ойниҳол Бобоназарова, Абдунабӣ Сатторзода, Раҳими Мусулмониён, Ҳабибуллоҳи Абдураззоқ, Ҷумъабой Ниёзов, Теша Раҷаб, Бурҳон Ғанӣ, Имомназари Холназар, Пиримқул Сатторӣ, Одина Ҳошим, Ортиқи Қодир ва садҳо дигар рӯшанфикрони миллат аз истиқлолу бунёди давлати миллӣ мегуфтанд ва ту ҷаноби мӯҳтарам бо ҳамон дастгоҳи таблиғотии дар ихтиёр доштаат аз онҳо боре пуштибонӣ мекардӣ, мисле, ки имрӯз дар 15 саҳифаи сияҳномаат бо ифтихор аз давлатдории миллӣ менозӣ, бовар кун шояд на ҷанг мебуду на мухолифату кашмокашҳои хунин. Афсӯс, ки ту он вақт ба дарки ин ҳама нарасидӣ ва агар имрӯз воқеъан расида бошӣ пас, муборакат бод Истиқлоли Тоҷик!

Мову ту Мӯъмин Қаноат нестем

Ту як вақт реализми сотсиалистӣ мегуфтӣ, тақризҳо менавиштӣ, аҳли қаламро эрод мегирифтӣ, ки набояд аз ғояҳои абадзиндаи Ленин берун зистану навиштан. Ба ту чӣ шуд, ки ба он ҳама сипос нагузошта рӯ тофтӣ ва имрӯз истиқлол мегӯӣ? Ва мегӯӣ, ки дар 20 соли истиқлол Қаноат чизе нанавишт, худат дар кӯлворат чӣ дорӣ? "Осори мондагор"-и ту куҷост, аввал гиребони худ бибӯй, в- он гаҳ айби бузургон биҷӯй. Оё он қурбу арзишро дорӣ, ки бо як шоири тавоно сар ба сар шавӣ? Ном баровардан хостӣ? Ҳоҷат набуд. Номи ту дар ҷумҳурӣ "машҳур" аст ва насли аз 40 сола боло хидматҳоятро дар оғози даврони Истиқлол, дар сентябри соли 1991 хуб дар хотир доранд. Ватан ва таърихи Тоҷикистони навин он хидматҳоро фаромӯш нахоҳад кард ва чунки номат бо хати хонову заррин сабт аст. Ба устод Қаноат мегӯӣ, ки Тоҷикистонро тарк карду ба Бишкек рафт, ту чаро ба Суғди амну ором рафтӣ? Шояд бигӯӣ, Бишкек Тоҷикистон нест, вале шукр, ки Суғд мисли Душанбе ноором набуд. Дар Душанбе, ки он "солҳо зарур буд" ҷаноби профессор "дар байни халқ қарор гирифта, мардумро ба оромӣ ва якдигарфаҳмӣ даъват бикунад, тарафҳои ҷангхоҳро ба сулҳу салоҳ бихонад, осори ватанхоҳона ва башардӯстона нависад, наистод ва дар ҷустуҷӯи маскани амну ором" ба Суғд гурехт? Дар пойтахт мардумро ба дифоъи ҳайкали Ленин хонда, худ ба Суғд фирор кардӣ ва инак гӯё он ҳамаро фаромӯш кардаву беибо ба устод Қаноат мегӯӣ, ки "мардумро ба оромиву якдигарфаҳмӣ даъват накард?" Чаро аз тариқи телевизиону радио, ки бо ҳукми фалаки каҷрафтор дар ҳамон даврони сарнавиштсози миллат раҳбариаш бар дӯши ту бор буд, ин корро накардӣ? Мардумро устод Қаноат ба худиву бегона ҷудо мекард, ё телевизиони сайфуллоевӣ?

Акнун сари он ки ҷаноби Сайфуллоев мегӯяд, устод Қаноат "дар хусуси Ҳукумати Тоҷикистон бо тамасхур, нописандӣ ва танз ҳарф мезанад ва онро "ҳукумати кӯҳистонӣ" меномад". Чаро нотарсона дурӯғ мегӯӣ, ҷаноби профессор! Ҷасорат дорӣ! Вале бидон, ин устод Қаноат не, дигарҳо ва ту медонӣ, ки ӯ киҳоро дар назар дорад, ҳукуматро бо танзу тамасхур "ҳукумати кӯҳистониҳо" меноманд. Ва устод Қаноат чун тоҷики кӯҳистонӣ бо ҳукумати кӯҳистониҳо ифтихор дорад. Ва ҳар чӣ гуфтааст фикр мекунам, дӯстона гуфтааст ва бешак устод Қаноат он ҳақро дорад, ки дар бораи ҳукумати тоҷикӣ-кӯҳистониаш андешаашро бебок ва ошкор бигӯяд. Вале мову ту ин ҳақро надорем, чаро, ки мо Қаноат нестем. Шояд беҳтарин коре, ки ҳамин Ҳукумати тоҷикӣ- кӯҳистонӣ кард он буд, ки хоки қадами собиқ раиси Кумитаи радио ва ТВ- ро аз долонҳои ҳукумат рӯфта пар¬тофт. Агар профессори мӯҳтарам ба хотири худро пеши боло ширин кардан шоири миллат устод Қаноатро сияҳнома навишта бошӣ, яқин бидон, ки хидмати хирсонае кардаӣ.

Куҷо будед, вақте устод Айнӣ таҳқир шуд?

Ростӣ, вақте ҳамон мусоҳибаи устод Қаноат дар "Миллат" ба нашр расид, мо медонистем, ки ҳамчунин як сияҳнома ё навиштаҳои фармоишӣ ҳатман дар расонаи хабарие ба нашр мерасад, лек ин умедро надоштем, ки он дар сомонаи интернетии "Ховар" чоп мешавад. Таассуф, ки раҳбарияти ин Агентӣ ба дарки амиқи гуфтаҳои маънидори устод Қаноат, ки ба хотири ҳифзи давлатдории миллии тоҷикӣ аз сари дилсӯзӣ пардапӯшона изҳор шудаанд, нарасиданд. Он чӣ ки устод Қаноат дар бораи устод Садриддин Айнӣ гуфтааст, назари шахсии як суханвари шинохта дар бораи дигар як сипаҳсолори адабиёт аст ва фикр мекунам имрӯз устод Қаноат дар ҳамон мақому манзалатест, ки устод Айнӣ дар замони худ буд, ин андешаи шахсии банда аст. Вале суъоли мо ин аст, ки вақте шабакаҳои телевизионии Русия барномаеро зери унвони "Лаънатшудаҳои Темурланг" пешниҳод намуданд, ки дар он як бадхоҳи тоҷик, узбаки суратгире бо номи Қаюмов Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айниро таҳқир мекард, чаро мӯҳтарам профессор овоз баланд накард? Чаро он вақт "арбобони давлатию ҷамъиятӣ, олимон, донишмандон, ҳайъати бисёршумори профессорону устодон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, аҳли ҳунар ва амсоли инҳо" ба дифоъи устод Айнӣ барнахостанд? Албатта чанд тани башуморе аз аҳли зиёи тоҷик ба ин барнома вокуниш нишон доданд, ки мо ба хидмати эшон арҷ мегузорем, ҳарчанд онҳо қарзи хешро адо кардаанд. Ва профессори мӯҳтарам, ҳомиву дилсӯзи устод Айнӣ бояд на аз андешаҳои як шоири ҳамватани хеш, ки "дӯст гӯяд табарвор" гуфтаанд, ба шӯр меомад, балки аз заҳри неши афъие, ки Қаюмов ном дошт, агар воқеъан дӯстдору пуштибони Айнӣ, ҳофизи фарҳангу адабиёти миллӣ мебуд, ба ғазаб меомад ва бояд саҳафоти маҷаллаву рӯзномаҳои Тоҷикистонро пур аз рисолаву мақола, таҳқиру танқиду сияҳнома дар ҳаққи бадхоҳони пири адабиёти муъосири тоҷикӣ ва миллати тоҷик мекард. Вале ин ҷо ҷойи гила нест, мо ҳамеша худкушу бегонапарвар будаем.

Ҳаққи гуфтанро кӣ дорад?

Аз он ки устод Қаноат гуфтааст, "пайкараро шикастем, навашро насохтем" ҷаноби профессор сахт нороҳат шуда, афзудааст "оё чун Мӯъмин Қаноат касе, ки дар солҳои мураккабтарини Тоҷикистони навин ҷилои Ватан карда, гоҳ дар Бишкеку гоҳ дар Теҳрон ба сар мебурд, бо кишвари худ ҳеҷ гуна робита надошт, ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки ҳастии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инкор бикунад?" Чун бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост, суханшинос наӣ, ҷаноби профессор, хато ин ҷост! Чаро суханони устодро бардурӯғ шарҳ медиҳӣ? Чаро нагуфтӣ, ки Қаноат мегӯяд, ки ҷанг имкон надод, ки мо пайкараро то охир бисозем? Бале ҷанг! Ҳамон ҷанге, ки зимни афрӯхтани оташаш, ҳамон аём на устод Қаноат, балки Сайфуллоев раиси Кумитаи радио ва телевизион буд. Ва устод сад дар сад ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки дар ин бора бигӯяд, вале ӯ ҳеч гоҳ "ҳастии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инкор" накардааст. Ҷойи дигар мегӯед, ки "ба Мӯъмин Қаноат кӣ ҳуқуқ додааст, ё худаш шарм намедорад, ки аз номи "аксари афрод аз маҳалҳо" нисбат ба ҳукумати феълӣ ва қонунии Тоҷикистон чунин носазо бигӯяд ва нисбат ба роҳбарияти кишвар беэҳтиромӣ зоҳир намояд." Чаро ту вақте мегӯӣ, ки забони асарҳои Айниро "аз чӯпон ё ронанда сар карда то деҳқони хокпош, коргар, зиёӣ, хулоса, тамоми а?воми ҷомеа ҳамчун забони модарии худ мефаҳманд ва аз мутолиаи асарҳои устод лаззат мебаранд." шарм намедорӣ? Чаро аз номи "чӯпону ронанда, деҳқони хокпош ва тамоми ақвоми ҷомеа" ҳарф задан бешармӣ неву аз номи "аксари афрод аз маҳалҳо" сухан гуфтан бояд бешармӣ бошад. Ё ту ин ҳақро ба худ медиҳиву аз устоди адабиёти тоҷик мегирӣ?

Оё равост устоди хешро «бешарм» ва «мунофиқ» бигӯӣ?

Ту ҷаноби профессор шояд нафаҳмида сипаҳсолори зиндаи шеъри тоҷикӣ, Мӯъмин Қаноатро "устод" хондаӣ. Агар фаромӯш кардаӣ, навиштаи хешро дубора бихон: "Вақте ки ба кӯча баромадем, ман бо эшон ҳолпурсӣ кардам ва гуфтам, ки ҷанги байни тоҷикон тамом шудааст, акнун ба Тоҷикистон баргардед, ҳеҷ гуна хатар шуморо таҳдид намекунад. Устод Қаноат чунон ки хислаташон аст, сукут варзиданд." Бале, устод бо хомӯш истодан шояд он ҷо аз рӯи мақоли машҳури тоҷикӣ амал карда бошанд. Мақоле, ки онро ҳама медонанд ва такрорашро ин ҷо раво надонистам. Вале суол ин ҷост, ки агар дониста ӯро "устод", "бародар" ва "азиз" хонда бошӣ, аз рӯи кадом ақлу хираду фаросат як инсон ё бигузор профессор устод, бародар ва азизашро "бешарм", "носазогӯ", "мунофиқ", "ноинсоф", "забондароз" мегӯяд? Агар сукут кардан аз хислати устод Қаноат буда бошад, пас оё ин аз хислати ҷаноби профессор аст, ки устод, бародар ва азизи хешро ба танзу таънаву масхара мегирад ва тавҳину таҳқир мекунад. Инсоф куҷост? Бубин ҷаноби профессор, ту ва ҳафт пуштат барои банда ҳеч ҳаққе, ҳатто ҳаққи устодӣ надорӣ ва бароям "азиз" ҳам нестӣ, куҷо расад, ки "бародар" бошӣ, вале дар муомила ва ҷавоб гуфтан ман як тоҷикбачаи кӯҳистонии беунвони илмӣ ва ба қавли домулло Айнӣ, алайҳираҳма як "дохунда" дар қиёс бо ҷаноби профессор ба хеш раво надидам, ки сухани носазое гуфта бошам, агар бад ҳам буда бошӣ, бадат нагуфтам, зеро аз Муҳаммад Иқбол пандеро дар гӯш дорам, ки мехоҳам ту ҳам онро ба ёд бигирӣ ва дубора агар сияҳномае иншо кардан бихоҳӣ, онро пеши назар биёр:

Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофару Мӯъмин ҳама халқи Худост!

Масъуд «қумандони Афғонистон» не, қаҳрамони халқи тоҷик аст

Ба маҳалгароӣ мутаҳҳам кардани устод Қаноат як кӯшиши бефоида аст. Магар устод Айнӣ мутаалиқ ба як маҳалли хос аст ва намояндаи дигар маҳаллу минтақаи Тоҷикистон ҳаққи дар бораи эшон назар гуфтанро надорад. Чаро ҷаноби профессор ту дар бораи устод Қаноат ҳаққи ибрози андеша дорӣ ва маҳалгаро набудаӣ? Акнун биёем сари ба устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд шеър бахшидани устод Қаноат ва ба қавли профессор "таназзули" эҷодиёти шоир дар 20 соли Истиқлол. Ба маълумоти ҷаноби профессор расониданиам, ки ҳукумати устод Бурҳониддини Раббонӣ баъди суқути давлати Ҳабибуллохони тоҷик нахустин ҳукумати тоҷикӣ - кӯҳистонӣ буд, ки дар рӯйи кор овардани он нақши раиси Кумитаи умури байналмилалӣ дар Парлумони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Мӯъмин Қаноат бойиси қадр аст. Ва устод Қаноат чун як тоҷик аз ба тахт нишастани дигар тоҷике сарфароз чун профессор Раббонӣ ба ваҷд омад ва ҳамон шеъри машҳури "Эй моҳи нав ба шабистон хуш омадӣ!"-ро эҷод кард. Замоне, ки ҷаҳон аз корномаву далерии тоҷике дигар сипаҳсолор ва фармондеҳи аршади нирӯҳои муқовимати Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (Рӯҳи азизаш аз мо шод бод!) сӯҳбат мекард ва талошу пайкори ин тоҷики ватанхоҳ ҷаҳонро ба ҳайрат, ба рашк оварда буд, боз ҳамин устод Қаноат буд, ки аз сари эҳсоси ватанхоҳӣ ва тоҷикпарастӣ достони "Масъуднома" навишт, ки барои ҳар тоҷики ватанпараст ва дарку завқу андешаи миллӣ дошта беҳтарин намунаи ашъор аст. Он чи ҷаноби профессор менависад, ки "дигаргуниҳои куллии кишвар ӯро (яъне Қаноатро - Т. С) ба илҳом наоварданд ва дар ҳамин давра (давраи Истиқлол - Т. С.) ягон асари мондагор офарида натавонист", сафсатта аст. Ҷаноби профессор хеле беэҳтиромона дар бораи Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ҳарф зада, аз Ӯ "қумандони Афғонистон" ном мебарад. Масъуд қумандони Афғонистон нест, Ӯ Қаҳрамони тоҷиктабори Афғонистон аст. Масъуди Бузург умри тоҷикро ҳадди ақал 100 соли дигар дароз кард. Аммо шукр, ки ҳамин қумандон будани Ӯро эътироф кардаӣ. Вале Аҳмадшоҳи Бузург болотар аз ҳама ситоишу ҳамду саност ва бо ному пайкори Ӯ касе метавонад бинозад ва ифтихор кунад, ки воқеъан Тоҷик аст ва дарку ҳувияти баланди миллӣ дошта бошад. Дар "Чароғи рӯз" ба чоп расидани достони дигари устод "Ҳамосаи дод"- ро медонам ба кадом хотир ишора кардаӣ. Чӣ гӯям, ки нагуфтанам беҳтар аст. Агар "Масъуднома" бароят асари шойиста набошад, пас оё метавонӣ аз ҳамон асарҳои шойистаи хеш, ва дигар шуъарову нависандаҳои гиромиамон, ки "таназзули эҷодӣ" надида, баъди "ҳазми тағйироти бузурги мамлакат" рӯйи чоп омадаанд, якеро барои мо бигӯӣ, то мутолиа карда, олам - олам роҳат бубарем. Ё ба қавли худат онҳо ҳам "шояд аз ӯҳдаи дарку ҳазми ин тағйироти бузурги мамлакат набаромаданд?"

Русҳои Маскав ва тоҷикҳои Душанбе

Профессори мӯҳтарам, аз дар Маскав тарҷума ва чоп шудани осори суханварони тоҷик бо завқ ёд карда мегӯяд, ки он ҷо "як силсила маҷмӯаи шеъру достонҳои шоирон ва насрнависони тоҷикро дар ҳамин давра тарҷума ва нашр карда, дар роҳи равобити адабиётҳои миллӣ гоме пеш гузоштанд ва гӯё "русҳои Маскав" (Чӣ ибораи фаҳшу ғалате. Оё мешавад "тоҷикҳои Душанбе" гуфт? Т. С.) "соли гузашта маҷмӯаи шеърҳои шоирони хуҷандӣ Дилором (?), ки дар озмуни "Истеъдодҳои ҷавон" ғалаба ба даст овард ва сазовори ҷоизаи якум(?) шуд, барои тарҷумаю нашр пазируфтаанд." Аз он ки осори Лоиқ, Аскар Ҳаким, Сайдалӣ Маъмур, Озод Аминзода, Зиё Абдулло, Низом Қосим, Саттор Турсун, Урун Кӯҳзод, Баҳманёр, Шодон Ҳаниф, Бароти Абдураҳмон, Нисо, Ш. Раҳимова, Ҳоҷибоева Б., Матлубаи Мирзоюнус (кистанд ин чаҳор тани исмашон дар охир омада, ки аз "осори мондагор"- ашон шояд ба ҷуз профессори мӯҳтарам дигар касе огаҳ нест - Т. С.) ба русӣ тарҷума ва нашр шудаанд, шояд ҷойи ифтихору шодмонӣ бошад, вале чун устод Қаноатро ба маҳалгароӣ мутаҳҳам месозед, нек назар кардаед, ки дар Маскав чӣ осоре ва аз киҳо ба нашр расидаанд? Вақте шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, ки "баъди фурӯпошии Шӯравӣ дар Русия як шеъри адабиёти тоҷикро тарҷума накарданд" манзури Ӯ шеъри асил аст, на ҳар шеъргунаву бодоварда аз ҳар навпои роҳи шеър. Ва Ӯ бетардид ҳаққи чунин гуфтанро ҳам дорад. Бале, танҳо Ӯ имрӯз ин ҳақро дорад! Оё барои муаррифии ғановат ва бузургии адабиёти тоҷик ба насли ҷавони Русия ва "дар роҳи равобити адабиётҳои миллӣ гоме пеш гузоштан" осори нухбагони номвари тоҷик, устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ, Гулрухсор ва аз насли ҷавони адабиёт асарҳои Фарзона, Сиёвуш, Аҷамӣ, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Озар ва амсоли инҳо бигузор дубора ва даҳбора ҳам бошад, ба нашр мерасиданд, беҳтар набуд?

Сад бор беҳтар буд!

Он шеъри Қаноат пайки бедориҳои миллӣ буд

Дар бораи шеъри устод Қаноат "Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ", ки профессор Сайфуллоев ба шеъри хуб буданаш қойил аст ва мегӯяд "аммо асари барномавие нест, ки масъалаи ҳастӣ ва ё нестии забони тоҷикиро фаро мегирифта(?) бошад" ҳаминро бояд гуфт, ки ин шеър замоне суруда шудааст, ки устод Қаноат дар айни ҷавонӣ буда ва ҷасорати як шоири ҷавони тоҷик бойиси қадру сипос аст. То устод Қаноат касе чунин шеър нагуфта буд ва касе ҳам бо чунин ҷасорату нотарсӣ дар ҳамон даврони истибдоди коммунистӣ форсӣ-дарӣ ва тоҷикиро як забон дониставу бар ҳимояташон овоз баланд накарда буд. Ва бе ҳеч шаку тардид ин шеъри устодро метавон оғози бедориҳои миллӣ, шинохти забон, миллат ва асли хеш донист. Пас, оё он як "асари барномавие нест, ки масъалаи ҳастӣ ва ё нестии забони тоҷикиро фаро гирифта"- аст? Барои он ки ин шеър чун барномаи миллӣ ҷойгоҳ ва нақши муассиртаре дар ҷомеъа медошт ва дар амал татбиқи хешро зудтар меёфт, яъне барвақтар ба худшиносии миллӣ мерасидем, бояд мунаққидону адабиётдонҳои солҳои 60-70-и мо онро чун нақд ва бозёфти адабӣ, сухан ва шеъри тозае дар адабиёти сотсиализми мутараққӣ, як ҳушдори огаҳона чуноне устод Қаноат ҷасурона гуфта буд, нотарсона қабул мекарданд ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медоданд, на ин ки то ибтидои солҳои навадум, яъне сӣ сол интизори вазиши насими бозсозии горбачёвӣ ва зуҳури ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ менишастанд. Агар устод Қаноат ба ҷуз ҳамин шеъри "Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ" дигар сатре ҳам иншо намекард, номи Ӯ ҳамчун шоири миллӣ дар адабиёти тоҷикӣ боқӣ мемонд. Вале ному таълифоти бешумори иддае аз суханфарсоёни Тоҷикистон, ки навиштаашон ба дарди касе намехӯрад ва осорашон, ҷуз худашон ва касоне мисли худашон дигар маълуму мақбули касе нест. Ва хома бар даст гирифтану рӯйи варақи испедро сиёҳ кардан, Бузургеро чун устод Қаноат, ки "осори мондагор"-и ҳеч нотавонбину муғризу айбҷӯ дирӯз, имрӯз ва ҳам оянда бар буҷулаки пояш намерасид ва натавонад расидан ва бад нишон додани шоири саршинос ва рақами 1- и миллат, як кӯшиши беҳуда ва об дар ҳован кӯфтан аст. Аз ин рӯ ҳайфи вақти пурқиммати профессор, ки дар навиштани сияҳномае ба шоири миллат сарф шуд. Аҷаб хуб мебуд агар он вақти гаронмоя дар коре хубу боманфиат ва бар суди миллат сарф мешуд. Вале… Вовайлато, воҳасрато!!!

Ба ҷойи охирсухан

Ҷаноби профессор, "соли равон дар Кӯҳистони Бадахшон дар таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ширкат варзида", ба ҷуз "тантанаи ягонагии халқи тоҷик ва муттаҳидии ӯро бо ҳукумати худ" дидан дигар чизеро надидӣ? Хаёлам, ки надидӣ, оҳ агар медидӣ! Банда рӯзи 24 июн дар Дарвоз шоҳиди воқеъае будам, ки бори дигар бузургӣ ва ҷалолу ҳашмати Устод Қаноатро бозгӯ мекард. Садҳо "олимон, донишмандон, ҳайъати бисёршумори профессорону устодон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, аҳли ҳунар ва амсоли инҳо" шояд дар ин 19 соли даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ҳамин орзуро доштанду доранд ва шабу рӯз аз Худо мехоҳанд, ки воқеъаи бо Устод Қаноат он ҷо рух дода, боре дар насиби онҳо бошад, вале бахту бузургӣ, мақому мартаба ва ному қадр ёфтан ин ҳама худ ҳамеша дунболи Мӯъ¬мин Қаноат гаштаанд. Ва Устод бо ҳамон хамӯшӣ, ки худ ҷаноби профессор инро нағз донистаӣ, ки хислати Ӯст, ҳеч гоҳ бузургманишӣ накарда, дунболи шӯҳрат натохта ва барои расидан ба ҷоҳу мақоме мисли баъзеҳо аз сад макру найрангу ҳиял истифода накарда. Ва ҳам ҳеч гоҳ сияҳномае нанавишта! Чӣ воқеъа шуд он ҷо ҳатман агар умр вафо кунад, рӯзе хоҳам гуфт. Алъон ҳамин ишора кофист. Ва охиру- даъвоно тавфиқ рафиқ бод!

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

Ҳар иқтибос, ки дар нохунак (" ")   омада, моли ҷаноби профессор аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97