Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 13.11.2010 08:47

avto-for-twins

Хабарҳои мухтасар

*** 28 октябри соли равон бар асари як амалиёти ҷангӣ дар ноҳияи Исфара 4 нафар ҷанги кушта шуданд. Аммо баъдан маълум шуд, ки дар он ҷо ду нафар ҷангӣ ва ду нафар гӯсфанд кушта шуданд.

 

Аз кисаи гӯсфандҳо билети ҳизби Коммунист ва Наҳзати ислом пайдо шуд. Дар натиҷаи амалиёти навбатӣ 4 нафар ҷангӣ ва се гӯсфанд фирор карданд. Як манбаъ, ки аз муаррифии номаш худдорӣ кард, қайд намуд, ки гӯсфандҳо дар террори зидди Президенти Узбакистон низ гумонбар дониста мешаванд.

*** Дар Озмуни ҳамоиши "Чакомаи абрӯ" абрӯвони Холисамоҳ-зани муҳоҷири меҳнатӣ ҷои аввал гирифт. Абрӯи ӯ саду панҷоҳ гиреҳ дошт.

*** Президенти Русия Дмитрий Медведев ҳамаи ҷазираҳои Курилро ба Ҷопон ҳадя намуд. Зеро дар ҳайати Русия аз ин ҷазираҳо муҳоҷирони меҳнатии моро ронда наметавонад.

*** Дар Ҷануби Афғонистон шахси номаълум мошини пур аз маводи таркандаро тарконд. Дар ҷавоб нерӯҳои посдори сулҳ садҳо одамони маълумро бомбаборон карданд.

Сӯхтор

"Ҳангоми сӯхтор ба телефони 245676 занг занед!"

Асадбек эълони нави корхонаашро хонда ҳайрон шуд. Пеш ҳангоми сӯхтор ба телефони 01 занг мезадем?

- Ҳайрон нашав, ин телефони ширкатест, ки аз хокистар носи аълосифати Калинин истеҳсол мекунад.

Фолбин

- Шумо се писар доред. Ду сол пеш аз занатон бо сабаби ишқварзӣ бо котибаатон ҷудо шудед. Ба наздикӣ ба хориҷа сафар мекунед - гуфт фолбин ба Хоркаш.

- Мана гиред, 5 сомонӣ барои шумо ҳалол - гуфт хурсандона Хоркаш.

- Илтимос, тақдири маро низ гӯед - илтиҷо кард Асадбек аз фолбин.

- Шумо ду сол пеш дар ағбаи калон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда будед. Ҳоло ҳам қабурғаҳоятон дард мекунанд. Соҳиби 7 фарзанд ҳастед. Ду писаратон дар Амрико мехонанд.

- Қанд занед - бо ҳайрат гуфт Асадбек.

Вале Савлатшоҳ - шарики Хоркашу Асадбек заррае ҳам ба фолбин таваҷҷӯҳ зоҳир накард.

- Савлатшоҳ, ман 5 сомонӣ медодам, шумо ҳам аз ояндаатон мепурсидед, хуб мешуд - гуфт Хоркаш.

- Ҳеч гапе нест. Пагоҳ дар корхона ба фурҷа мепурсам.

- Чи дар корхонаамон низ фолбин ҳаст - бо ҳайрат пурсид Асадбек.

- Не, ҳамин фолбин як моҳ пеш мудири шӯъбаи кадрҳои корхонаи мо таъин шуд.

Оила

-Туро, Хоркашҷон самимона табрик мекунам. Ахиран зан гирифтӣ - гуфт Асдбек.

- Аз занҳо пинҳон шудан ба дилам зад - хастаҳолона гуфт Асадбек.

- Акнун чӣ - пурсид Толиб.

- Ҳоло ман аз паси занҳо медавам.

- Не, ин сабаб шуда наметавонад - ба гап ҳамроҳ шуд Зулфиқор.

- Росташро гӯям, дар ошхонаҳо хӯрок хӯрданро бад медидам, барои ҳамин зан гирифтам.

- Акнун чӣ?

- Ҳоло дар ошхона хӯрок хӯрданро дӯст дошта мондам.

Имтиёз

Духтари таннози ҷавоне дар назди бинои комиссариати низомӣ гиря мекард.

- Чи шуд духтарам, номзади туро ба хидмати аскарӣ даъват карданд - пурсид марди дилсӯзе.

- Бале, ҳамаи 4 нафарро бурданд - гиряолуд гуфт духтар.

-Ҳиммм…барои якто имтиёз буд - гуфт мард…

Картошкаи чинӣ

Чиниҳо бозори моро пурра забт карданд. Акнун тухм, картошка низ аз Чин оварда мешавад. Ху Ван Ли дар бозори мо картошкафурӯш аст. Пештар ӯ аз Хитой тасбеҳ меовард.

- Ҷаноби Ху чаро картошкаи Шумо ин қадар арзон аст - пурсид Асадбек.

- Тамоми моддаҳои ғизоӣ дорад. Бе нуриҳои нитратӣ, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр рӯёнда шудааст. Заминаш ҳам 20 сол кишт нашуда буд. Барои ҳамин ягон кирм надорад.

- Офарин Ху, дар ҳақиқат моли аълосифат, даҳон мазза кард - гуфт Асадбек.

- Албатта роҳкиро аз Хитой то ин ҷо қиммат будагист - боз пурсид Асадбек.

- Не,1 сомонӣ - бепарвоёна гуфт Ху.

- Нафаҳмидам, чи хел 1 сомонӣ?

- Дӯстам, ман ин картошкаро дар замини ҳавлигии ту парвариш карда, ба бозор мебарорам - гуфт Ху.

Тоҷики нав

Тоҷики нав (Мафҳуми "Тоҷики нав" ба мафҳуми русӣ баробар намеояд. Дар мо "Тоҷики нав" гуфта, муҳоҷири меҳнатиеро, ки аз Русия сиҳату саломат баргаштааст, меноманд. Шарҳи "ЁУМ".) бо пули се солааш мошини "Запоржетс"-и кӯҳна харид. Баъди як сол Тоҷики афвшуда (Бойҳои Тоҷикистон, ки молу мулкашон ва худашон афв шудаанд, - "Тоҷикафвшуда" меноманд. Шарҳи "ЁУМ") аз мошини "Мерседес"-и нав фуромада ба ҳамсояааш - соҳиби "Запорожетс" гуфт:

- Додар, ман ба мошинам, системаи қимматбаҳои огоҳкунии хатар - "Комбат" мондам, барои он, ки мошини маро надузданд. Лекин ба худат ҳайрон ҳастам, ба мошини шалақат сигнализатсияи қимматбаҳои "Захват" мондӣ?

- Бародари азиз, пеши шишаро нигоҳ кунед, чӣ навишта шудааст?

Тоҷики афвшуда ба назди мошин омада, дар пеши шиша "Ташноб дар самти чапи кӯча - 50 метр дуртар воқеъ гардидааст"-ро хонд.

- Фаҳмо, мошинро эҳтиёт кунед…

САТҲИ ЗИНДАГӢ

Вазири савдои Узбакистон пас аз болоравии нарх, баъди ислоҳоти сентябрӣ барои фаҳмидани афкори мардум ба бозор баромад. Бо марди ношинос ҳолпурсӣ карда, гӯшакӣ пурсид:

- Домуллоако, агар нархро 50 фоиз қиммат кунем, чӣ мешавад?

- Хеле хуб, кайҳо кардан даркор!

- Агар 50 фоиз бардорем?

- Олиҷаноб мешавад, мардум таги курпачаҳо қабат - қабат пул доранд.

- Дар сурати бардоштани нарх ба ҳадди 100 фоиз чӣ кор мекунед?

- Хеле хуб. Ман боз ду ҳавлӣ ва як "Некси"-и нав мехарам…

- Касбатон чӣ?

- Ман гӯрков!!!

Саргузашти Абу ва Даду

Бародарони дугоник Абу ва Дадуро баъзан худи волидон аз ҳамдигар фарқ намекарданд. Ҳар ду мактаби миёнаро бо медоли тилло тамом карда, подабон шуданд. Дар чарогоҳи кӯҳӣ қариб чор фасли сол зиндагӣ мекарданд. Абу зан гирифт. Даду сагча калон кард. Фалокат рух дод. Зани Абу ва саги Дадуро сел бурд. Фариштамоҳ, ки чанд сол боз қаду қомати даҳмарда Абуро фаромуш намекард, барои таслият ба чарогоҳ давид. Мехост Абуро дилбардорӣ карда, фурсат даст диҳад, дилашро ба дилаш бор кунад. Охир, тамоми мардҳои деҳа ба Русия кӯчидаанд.

Аммо Фариштамоҳро Даду пешвоз гирифт.

- Ман аз фалокат хабар ёфта, давида омадам. Ин талафоти калон барои ту ҳаст!

- Не, ин қадар талафоти калон не!

- Наход оббозӣ карда натавонист?

- Бечора, чорпоя дасту по мезад. Аммо сангҳои калон бурданд… Ду рӯз пеш занҷири нав харидам - бо ҳасрат гуфт Даду.

-Афсус, занҷир ҳоло қиммат аст. Пробааш чанд?

- Пробаашро намедонаму семетра буд.

"Ана муҳаббат, барои дӯстдоштааш се метр занҷири тиллоӣ харидааст" - аз дил гузаронд Фариштамоҳ.

- Дар деҳа шунидам, ки дуҷон буданд?

- Ҳа, порсол 12 то зоид. Имсол аз рӯи шикамаш 15-то шуданашро тахмин карда будам. Хеле хушрӯй буд.

- Падару модари ӯ аз фоҷиа хабар доранд?

- Падарашро намедонам. Вале модарашро порсол гург хӯрда буд… Мисли модараш гӯшҳояшро бурида будам…

Фариштамоҳ бо даҳони воз ва тарсону ларзон аз назди Даду гурехт.

Дар поёни дара бо Абу вохӯд. Барои эҳтиром ба сабаби аз даст додани саги дӯстдоштааш дилбардорӣ кард:

- Ғам нахӯред. Ин фалокат не! Ман аз ҳамсояамон се тоашро ба шумо гирифта медиҳам. Ҳар сеяш мода…

Иқтибосҳо

Телефони мобилии "Нокиа": Кафолат се сол - фалокат ҳар рӯз.

Дар фестивали "Чакомаи гесу" ба хотир овардани мақоли "Мӯйдарозӣ нишони камақлӣ" мувақатан манъ карда мешавад.

Дар хонаи камбағал яхи даруни яхдон низ ғизо аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97