Аз санг нола хезад, рӯзи видоъи ёрон

Фарҳанг ва адаб 06.11.2010 09:21

zafar-nozim_1

Ҳар гаҳ, ки дар бораи бузургмардони миллат дар китоби хотиротам ҳарфе зам карданӣ мешавам, пеш аз ҳама манзалату қиммати онҳоро дар миёни мардум санҷида мегирам, ки чи андоза қадрдонӣ мешаванд ва ҳунаре, ки доранд чи маърифатеро ба бор овардааст.

Ва ҳунар, ки доди Худовандист, аз соҳибҳунар ҷоннисориро тақозо мекунад, то онро сайқал бахшад ва аз диле то диле расонад, зеро дар асл вақте ки ҳунари асил вуҷуд дорад, восил гардидани он, инсонро ва бахусус ҳунармандро, дар ҷомеъа маҳбуб мегардонад.

Ҳоло меҳри диламро, ки батамом баён кардан мехоҳам, чеҳраи фазилатбор ва ҳунари нотакрору завқи баланди устод Зафар Нозимро пеши рӯ дорам ва дар ин дурӣ бо дили хеш мегӯям: "Худовандаш биёмурзад ва ҷояш ҷаннатулмаъво бошад!"

Зафар Нозим, бо тамоми камолоти маънавиаш дар қаламрави каломи форсӣ аз зумраи ҳунармандоне буд, ки мактаби ҳунарии хешро соҳиб буд ва як силсила сарояндагони бомаҳорату маҳбуби дили халқро тарбия намуда, саҳифаи рангини санъати тоҷикро оро бахшидаву хазинаи бебаҳои онро ғановатбор намудааст.

Ӯ аз зумраи он ҳунармандони бемисоле буд, ки дар саросари кишвар ҳаводорону мухлисони бешумор дошт ва балки ҳама ҳаводорону шефтагони овози марғубаш буданд. "Манам он уқоби кӯҳӣ…" дар зери садои марғуладораш танинандоз мегашт ва ҳамоно сувари уқоби кӯҳистон манзари фазову чашмҳоро бо ин хаёли парвоз мусаввар мекард. Чи дар Бадахшону Вахшу Зарафшон, Рашту Ҳисору Хатлон, Самарқанду Бухорову Фарғона ва дар Ирону Афғонистон ҳаводорони бешуморе дошт, ки садояшро бо ҷон мепазируфтанд.

Зафар Нозим сурудашро аслан бо оҳангу садои худ мехонд ва ҳаргиз ба касе тақлид намекард, балки монанди устодони соҳибмактаби дигар Акашариф Ҷӯраев, Абдуллоҳи Назриву Одинаи Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов ва Ҳусейн Насриддинов, тамоми ҳаводоронашро тақлидгари худ намуда буд. Чизи дигаре, ки ӯро маҳбуби халқ гардонда буд, пеш аз ҳама эҳтиром ва эътиқод ба мардум ва сарзамини аҷдодиаш буд, ки дар ҳеҷ ҳолат муҳаббати онро аз дил нарондааст ва барои ин мардум софдилона хидмат кардааст. Ҳатто дар сангинтарин рӯзгори мардум, дар паҳлӯи халқаш меистод ва якрӯиву ҷавонмардиашро ҳамеша мактаби омӯзиш қарор дода буд.

Аз ҷавонмардиву саховатмандии ин марди наҷиб қиссаҳои фаровоне шунидаем, аммо ба дурустӣ ҳар кас, ки ӯро аз наздик дида ва агар боре ҳам ҳамсӯҳбаташ гашта буд, ҳеҷ гоҳ аз хотир бурда наметавонист. Ӯ дар оғози солҳои 60-уми асри гузашта ҳамчун ҳунарманди овозхони шинохта аз маъракаҳои умум ва чортании мардуми тоҷик болои саҳна омада буд. Дар он замоне, ки телевизор набуд, вале як радиои батарейдори "Родина" доштем ва бояд гуфт, ки онро низ на ҳама дошт, аксаран ҳамсояҳо барои шунидани барномаҳои "гуфтор ва консерт барои коркунони хоҷагии қишлоқ" ва ё консерти ҳаваскорони санъат "мувофиқи талаб" ҷамъ мешуданд. Дар ҳамон овон буд, ки аввалин бор овози ӯро шунида будам ва бародари бузургам Абдурашид ба ҳозирин гуфтанд: "Номи ин ҳаваскор Зафар асту булбули ояндаи мо мешавад". Ва дурустии ин гуфтаҳоро акаи Зафар дар кӯтоҳтарин муддат исбот намуд ва обрӯву эътибори шӯҳратафзояш ҳамчун ҳофизи писандидаи мардум дар қалбҳои мо маскан гирифт.

Бовар дорам, ки мардуми мо таронаҳои "Эй санам" ва "Нарӯ! Нарӯ! Нарӯ!" - ро агар ба ёд орад, нахуст симои хонандаи он ва баъдан чеҳраи зебову ҷавонмардонаи Зафари ҷавонро, ки дар пушти лабаш мӯйлаби ба худ хосе дошт, пеши рӯ меорад. Мухлисону шогирдонаш натанҳо ба тарзи либоспӯшиву рафтору гуфтору шишту хезу сурудхонӣ, балки ба тарзи мӯйлабгузориаш низ тақлид мекарданд. Мафҳумҳои "Ку… як Зафарӣ бигир!", "…наъраи Зафарӣ бизан!" ё "мӯйлаби Зафарӣ" аз ҳамон тақлидҳои ҳаводорони ашшадиаш сар задаанд…

Дар хазинаи маънавӣ ва пурмӯҳтавои эҷодии Зафар Нозим сурудаҳое аз эҷодиёти шифоҳии мардум ва аз осори рангини адабиёти классикиамон, монанди "Рафтанд ҷумла ёрон...", "Имшаб ба қиссаи дили ман...", "Эй сорбон...", "Бигзор, то бигирям...", "Рафтам ба ҷустуҷӯят...", "Эй чеҳраи зебои ту...", "Зулайхо...", "Оҳ! Модарам...", "Модари Ҳоит…", "То боздид, эй офтоб!" ва ғайра, дар тӯли панҷоҳ сол пайваста садо додаанд ва то дергоҳ дар дили мардуми Тоҷикистон ва умуман форсизабонони олам тантанаи шодкомиро тараннум хоҳанд кард. Ҳамин шеваи мумтоз буд, ки мардум ӯро лоиқи тамоми унвонҳои сарояндагӣ ва ҳунармандӣ медонистанд. Унвоне, ки ородиҳандаи ҳама маъракаҳои сурурбахши мардумаш гардонда буданд.

Зафар Нозим қалби чун дарё хурӯшону пуртуғён дошт ва дар интихоби мавзӯъ ва мазмун соҳибназару адофаҳме буд, ки пайваста аз ашъори пурмаънои адабиёти пешиниёнамон матнҳо ҷудо мекард ва чунин тарзи корро ба шогирдонаш низ талқин менамуд. Лаҳни шевояш гувоҳи огоҳиаш аз мантиқу мазмун ва моҳияти бадеии матни интихобнамудааш ба шумор мерафт. Дар кори интихоби мавзӯъ бештар завқи устодон Абдуллоҳи Назрӣ, Маъруфхоҷаи Баҳодур, Одинаи Ҳошим ва Барно Исҳоқоваро бо назари нозукбин ва адофаҳмона истиқбол мекард ва худ низ дар ин шева устоди моҳир гашта буд.

Вақте ба таронаҳои ӯ гӯш медиҳем, ҳамоно рӯҳи барозандааш пеши назар ба ҷилва меояд ва нағмаи ҳазоровояш хаёли моро ба гузаштаи дуродурамон, ба ҷавлонгоҳи таърихии адабу ҳунарамон раҳнамун месозад ва бо ҳарфу ҳиҷои дилписандаш моро аз танҳоии хеш ба ҷамъи бузургони миллатамон пайванд медиҳад.

Мардуми баландовозаи мо дар шӯҳрату ному симои Зафар ҳастии хешро дидаанд ва дар садои ӯ бо тапиданҳое эҳсоси ҳастӣ кардаанд, ки мисолашро ҳангоми ба ёд овардани номи ин ҳунарманди мумтоз метавонем пайгирӣ кард.

Нобасомониҳои кишвару мардуми азиятдидаи мо зарбаҳои ҷонсӯзе буданд, ки дили ӯро хаставу рӯҳашро бармаҳал нотавон карданд ва ӯ ҳар як маргу шикасту бечорагии мардумро, ҳамчун мусибати худ бо ранҷ мегирифт ва бо ғам месуруд ин ғамномаро, монанди ин таронаи ғамангезаш, ки:

Бармоли Қизилқалъа, ҳама сурху кабуд,

Сурхаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд…

ва дили ранҷури мардуми гирифтори балоро, ҳангоми мотамдориву азодорӣ, тасалло медод.

Таронаи Зафар бо он намояҳои ғамбораш моҳияти рӯҳ¬афтодагиву дилшикастагӣ надоштанд, балки ҳарфи тавонмандиву ҳидоят ба сӯи зафарҳо буд. Мардуми мо дар ҳоли навмедияш бо овози танинандози Зафар бар ғамҳои дили шайдову ранҷураш зафар меовард ва худро дар рӯёрӯи шикастҳо бешикаст меёфт.

Симои Зафар Нозим ҷовидона аст. Мактабаш нерӯманду чун овозаш қавист. Овози марғуладору ғулғулафканаш дар дили мо пайваста орзуҳои ҷавониву меҳру муҳаббати модар, ватанро меафзояд ва пандномаи сурудааш моро ба амри савобу роҳи ростин ҳидоят мекунад. Ӯ Ватанро чун бархе аз ҳарисон, ба хотири макидан, модар намегуфт, баракс барои доимо дар хидматаш будану саҷда овардан ба хокаш мепарастид. Ватан дар суруди ӯ ҷо дошт ва ӯ дар ин суруд ҷӯшида ва ин Ватан мӯҷиби муҳаббати ӯ буд, ки камоли маънавии инсониашро бо ҳамон шӯҳрати музаффарона ба бор овард.

Устод Зафар намунаи ҳамдиливу яктанӣ ва вассофи муҳаббати халқу Ватан, ситоишгари ваҳдату якпорчагии кишвар ва тарғибгари мубаллиғи хештаншиносию ифтихори миллии мардуми тоҷик буд.

Зафар Нозим маҳбуби ҳама буд. Ӯро чи дар мақомоти давлатӣ, чи дар маҳфили дӯстон, чи дар ҳалқаи аҳли адабу ҳунар ва чи дар пеши шогирдону дигар дӯстдорони ҳунари волояш ба сифати яке аз хунёгарону овозхонони маҳбубу маъруф ва пеш аз ҳама чун мактаби эътирофгардидаи ҳунарии тоҷик истиқбол мекарданд ва менамоянд.

Аммо ин ҷо мехоҳам чанд хотираеро аз ҳаводорӣ ва муҳаббати хеш ба устод Зафар Нозим дар ин саҳфаҳо ёдовар шавам, ки ҳамон муҳаббат ману ӯро то ба охир ба ҳам овардааст ва ин пеш аз ҳама ҳунармандии нотакрори ӯ ва ҳаводории бемисоли ман буд.

Вақтҳое буд, ки дер-дер баромад мекард. Ба туйҳо кам мерафт, ё ин ки овозашро намешунидем, вале соле як бор дар консерташ, дар шаҳри Қурғонтеппа, агар бахт омад мекард, медидему мешунидем. Ба он нигоҳ накарда, ки аллакай дар вазифаи масъуле кор мекардам, рӯзе бо дӯсти ҳамхидматам Шодмонхӯҷа, ки тағоияш дар ноҳияи Қубодиён туй доштаасту Зафар Нозим хидмат мекардааст, ба он ҷо рафтем ва дар яке аз масҷидҳо (он замонҳо чойхона мегуфтанд) манро дар миёни он касу худораҳматии Анвар Қаландаров шинонданд, ки дар паҳлӯи, ин мардони бузургу наҷиб нишастан, барои бисёриҳо, аз ҷумла барои ман низ, як навъ ифтихор буд. Акаи Зафар ба ҳамон бузургӣ, боз барои ҳама одами худӣ, ё гузашта аз ин, гӯиё хешу табори наздик буд. Аз ин ҷиҳат ҳам яъне барои ҳамагон якхела меҳрубону ширинзабон будан низ ҳунари шахсияти нотакрор буд.

Ёдам меояд, ки дар мактаб-интернати № 4 - и маркази совхоз-техникуми ба номи Куйбишев (ҳоло ба номи Ф. Саидов) мехондем. Совхоз, ки овозадор буд ва толорҳои барҳаво дошт, ҳофизони беҳтарини кишварамон ҳар сари вақт ба он ҷо меомаданд, ки дар ин ҷумла устод Зафар Нозим низ буданд. Мо вақтҳои дастрас накардани билет, аниқтараш маблағ барои он, ба болои дарахтҳои атрофи кинотеатри тобистона мебаромадем ва тамошо мекардем. Боре барандаи консерт худораҳматии Мирбобо Зиёев "мувофиқи талаби дар шохҳои дарахтбудагон…" гуфта, сурудеро эълон кард ва барои хушҳолии ҳаводорон илова намуд, "…тавба, чумчуқҳои Қӯрғонтеппа чапак задаву ҳуштак ҳам мекашидаанд". Меҳри шеъру суруд ва сабкашон, чунон ба дилҳоямон ҷой шуда буд, ки ҳама чун он кас ҳофиз, шудан мехостем. Ҳатто ба музди як мавсими пахтачиниям - 13 сӯм, бояд гуфт, ки он барои талабаи синфи 7-8, он   вақтҳо маблағи калон буд, рубоб харида, зиёда аз як сол барои ёд гирифтани оҳанги "Эй ситамгар"-ашон кӯшидам, вале ба гуфти халқ "оне, ки хазанда офарида шудааст, парвоз натавонад кард", рубобро ба яке аз ҳамсинфҳои ҳунармандам - Туғай Элҷонов, тӯҳфа кардам.

(Идома дорад)

Абдулмаҷид ДОСТИЕВ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97