Сайре дар шеъри Бозор ва қаламрави хаёл

Фарҳанг ва адаб 02.11.2010 08:48

Қисмати дуввум

bozor-sobir111

Хаёл намаки шеър аст

Ташхис аз пуркорбурдтарин унсури хаёл дар шеъри устод Бозор аст. Ӯ бо тасарруфи зеҳни худ бар ашё ва аносири беҷони табиат ҷон ато менамояд ва тавассути нерӯи хаёл ба онҳо ҳаёту ҳаракат мебахшад.

Ҳа¬мин сифати инсонӣ бахшидан ба ашё ва аносири беҷони табиат аз тарафи шоир пеши чашми мо ҳама чизи оламро саршор аз ҳаёту ҳаракат месозад ва дар ҳамин ҳол аст, ки истеъдоди гӯянда зоҳир мешавад, зеро дар ин маврид мо танҳо ба васфи одӣ ва муқаррарии табиат, ки бисёре аз шоирон мекунанд, рӯ ба рӯ нестем, балки ба васфе вомехӯрем, ки онҳо бо ҳаракату зиндагӣ ҳамроҳанд. Ба ҳарфи дигар, ин шоири ҳунарманд табиатро, ки дар зоти худ орому гунгу беҳаракату ҳис аст, ба ҷунбишу ҳаракату ҳису пӯёиву гӯёӣ вомедорад ва бад-ин тартиб тасвир ва зебоӣ меофаринад. Тавре, ки мо онро дар шеъри зебои "Борон" мебинем:

 

Зангӯлазанон гузашт борон,

Чобуку ҷавон гузашт борон.

Бо чилчилаҳо гузашт борон,

Бо шилшилаҳо гузашт борон,

Бо силсилаҳо гузашт борон.

 

Гесӯи занона дошт борон,

Луълӯи занона дошт борон,

Аз тирукамони ранг-ранга

Абрӯи занона дошт борон…

Истиъора, ки ба маънии орият гирифтан дар луғат меояд, дар каломи бадеъ як навъи маҷоз, яъне корбурди як вожа ба ҷои вожаи дигар буда, яке аз муҳимтарин унсури хаёл ба шумор меравад. Ба сухани дигар, истиъора худи шеър аст. Аз ин рӯ, Толиби Омулӣ, ки аз шоирони истиъорагарои сабки ҳиндист, истиъораро "намаки шеър" мехонад ва шеъри беистиъораро, умуман, шеър намедонад, балки як сухани одиву муқаррарӣ мешуморад:

Сухан, ки нест дар ӯ истиъора, нест малоҳат,

Намак надорад, шеъре, ки истиъора надорад.

Як сифати барҷастаи устод Бозор низ корбурди густардаи истиъора мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар шеъри ӯ дар ин замина барои мо мавод медиҳад. Дарвоқеъ, вақте ки мо шеърҳои ӯро мутолиа менамоем, мебинем, ки шоир то чӣ ҳад дар ин замина қудратнамоӣ кардааст, бинобар ин, бисёре аз шеърҳояш саропо истиъориву киноиву маҷозиянд ва аз шоҳкорҳои адаби асри гузашта ва имрӯзи тоҷик ба шумор меоянд. Ба каломи возеҳтар, забон ва баёни устод Бозор билкул истиъориву киноиву маҷозӣ, ки аз фаъолтарин аносири шеърианд, мебошад. Бад-ин маънӣ, тору пуди шеъраш аз матои истиъора танида шудааст. Лиҳозо, каломаш ҳамеша шоирона ба ҷилва меояд ва ӯро аз шоирони ҳамасраш мумтоз месозад. Умуман, дар шеъри асри гузашта ва муосири мо касе ба дараҷаи устод Бозор истиъорагароӣ накардааст. Дар маҷмӯаҳои мунташиршудаи ӯ қариб шеъре нест, ки истиъора надошта бошад. Чунончи, шеъри "Ширбаҳо", ки бо истиъораву кинояву маҷоз тазйин ёфта, саршор аз лутфу зебоиву ғаробату эъҷоби шоирона мебошад ва барои касоне, ки шеъри турфаву ноб металабанд, на назм, беҳтарин армуғони шоирона ба ҳисоб меравад:

Шоир гар ҳама мӯй шуд азмӯйшикофӣ,

Мӯи ту гувоҳ аст, ки ман дар сари мӯям.

Дар дори баланди қаду дар риштаи мӯят,

Чун шоири мӯи ту авезон зи гулӯям…

Дар зулфи ту аз рӯзи азал мавсими бод аст,

Дар чашми ту аз рӯзи азал мавсими об аст.

Мижгони дарозат ба замин соя фиканда,

Аз сурмаи тар рӯи ба рӯ хам зада хоб аст.

 

Ғайр аз ту дар ин шаҳр касе ширбадан нест,

Ғайри ту дар ин шаҳр ҳама ширфурӯшанд.

Аз худ бохабар бош, ки ин ширфурӯшон

Дар шири гуворои танат об нарезанд.

 

Он ҳалқаи гӯшат, ки маро ҳалқа намуда,

Чун ҳалқаи сифр асту вале сифри тилоист.

Дар пеши чунин сифри тилоӣ ҳама сифр аст,

Дар пеши чунин ҳалқа ҳама ҳалқаи холист.

 

Шоир ҳама пеш аз ман агар дасттиҳӣ буд,

Бо ҳурмати дастат, ки тиҳӣ нест маро даст.

Бобои туро ҷилди китобам ҳақи нон аст,

Момои туро шеъри сафедам ҳақи шир аст.

ОСОРИ БОЗОР ПУР АЗ САНОЕЪИ ШЕЪРИСТ

Албатта, шеъри устод Бозор танҳо аз ташбеҳу истиъораву ташхису кинояву маҷоз иборат нест, балки мамлӯ аз воситаҳои дигари шеърсоз, ба шумули муболиға, тамсил, таззод, ҳисомезӣ, мутаноқизнамоӣ, шумур, ҷинос ва ғайра мебошанд, ки шоир аз онҳо бо камоли маҳорат кор гирифтааст. Намунаҳои зер муште аз хирворанд:

Киноя;

Лола мечинам ман аз лабҳои ӯ,

Лола мечинад вай аз лабҳои ман.

Э ҷавонӣ, э ҷавонӣ,

Дар лаби ёрони ҷонӣ…

***

Шеъри нав гуфтаму рафтам ба сари манзили ӯ,

Лек ман даст набурдам тарафи дастаи дар.

Дар гулӯям нафаси шоирӣ якбора шикаст,

Ки мабодо дигаре ояд аз ин кулба бадар.

Ташхис;

Дар кадомин кӯча ҷӯе,

Мекунад сӯҳбат ба ҷӯе

Меравад аз кӯ ба кӯе,

Ҷӯ ба ҷӯ бо гуфтугӯе,

Хурраму осуда бод ин ҳамравонӣ,

Хурраму поянда бод ин ҳамзабонӣ

***

Бар ҳар тарафе менигарам, менигарад гарм

Аз ҳар тарафе чашми сафедори Душанбе.

Ҳисомезӣ;

Ҳеҷ хомӯшӣ васеътар аз хамӯшии ту нест,

Гуфтугӯе беҳтар аз гапҳои гӯшии ту нест.

Дар хаёлам, қатраи ҳарфат

Мечакад аз мӯи барфат.

***

Дам мекашам сафедии рӯи туро чу шир,

Ҳамчу ҳавои тоза фурӯ мебарам туро.

Гӯшу димоғу дида ба сӯят кушодаам,

Бо роҳи дидаам ба гулӯ мебарам туро.

***

Бар лаби мо шеъри ӯ дар кӯдакӣ омад ҳанӯз,

Шеъри ӯро нӯши ҷон бо шири модар кардаем.

***

Ту он касӣ, ки ҳар адои ту бамазза аст,

Ту он касӣ, ки дасту пои ту бамазза аст.

Ба ҳар куҷои ту ҳазор ҷои бӯса аст,

Ҳазор ҷои бӯсаи бамазза аст.

***

Шумур ё вобастагиҳои ададӣ:

Рӯ ба рӯям коғази абри ҳаво,

Абри чашмам мешавад ҳар дам сиёҳ.

Мекашад неши забонамро қафо,

То бирӯяд дар лабам пеш аз садо

Сурх як табхола барқи мисрае.

***

Банди мӯ як қабзаю банди миён як мушт,

Шона як оғӯшвору гарданат як газ.

Мӯйро бар қоматат сар додаӣ як қад,

Шонаро во кардаи аз парпари атлас.

***

Як шаршараи дард

Резон буду резон,

Гирён буду гирён,

Дар синаи ӯ ашки сағирону асирон

Резону чакон рафт ба ҳар гӯшаи олам,

Чун хуни чакон дар қадами аскари маҷрӯҳ…

***

ШОИРИ АЗ БУРУН ХОМӮШУ АЗ ДАРУН ПУРГУФТУГӮ

Мекашад дарёи Панҷ аз банди гесӯи найистон,

Мӯи занҳои муҳоҷир чун раҳид аз панҷаи он?

Як найистон нолаам ман, як найистон печу тоб,

Як ҷигар дарёи хунам, як ҷигар дарёи об.

***

Мутаноқизнамо (породокс):

Шиштан масали хуршед,

Ҷастан масали хуршед.

Хуршед ҳаме шинад,

Хуршед намешинад.

***

Аз бурун хомӯшам, аммо аз дарун пургуфтугӯ,

Чунки умре ҳарфҳои хешро бурдам фурӯ.

***

Рӯят ба ману маро намехоҳӣ дид,

Гӯшат ба ману маро намехоҳӣ шунид.

Бар меҳру муҳаббати ту чашми кӣ расид?

Дар пеши ту аз алам дилам месӯзад.

***

Сар то қадам зи ғояти мадҳушӣ

Ман будаму ман набудаму ман будам.

***

Чун хори шикастае, ки монад дар тан

На беманӣ як даме, на як дам бо ман.

На аз тани ман ҷудо, на бо ман ҳамтан,

Аз беҳамии боҳам дилам месӯзад.

Ҷинос:

Ба пуштаҳо ниҳода пушт

Азизу авлиёи ту,

Бувад ягона кӯчи ман

Мазорпуштаҳои ту.

***

Он ҳалқаи гӯшат, ки маро ҳалқа намуда,

Чун ҳалқаи сифр асту вале сифри тилоист.

Дар пеши чунин сифри тилоӣ ҳама сифр аст,

Дар пеши чунин ҳалқа ҳама ҳалқаи холист.

***

Гаҳе ту қаҳрии ману гаҳе ту бо ман оштӣ,

Маро гаҳе ту зинда кардию гаҳе ту куштӣ.

Гаҳе ба бӯса дар лабам ҳазор лола киштӣ,

Гаҳе маро ту аз биҳишти ишқи худ биҳиштӣ.

***

Дина шаб дар зери борон

Раҳ ба раҳ рафтам хаёлӣ.

Кокулатро ришта-ришта,

Бо хаёлам ришта бофтам.

***

Боз ҳам ӯ рафт, ҷояш ин сафар озод монд,

Аз сафарҳои пасинаш ин сафар дар ёд монд.

Ин сафар наздик буд раҳ, то лаби Варзоб буд,

Лек чун Варзоб дар чашмони мардум об буд…

ШОИРӢ ЯК НОМИ ХОЛӢ, САНГИ МАЗОРҲО ОЛӢ

Оғӯши ту буд ҷои мадҳушии ман,

Мадҳуш будам, ки хуш будам аз будам.

***

Аз Балху Бухорою Ҳарӣ то Ҳамадон,

Зиндони занону мардҳо зиндонбон,

Инҳо, ки дар ин билод беиқболанд,

Ҳамфалсафаи Муҳаммади Иқболанд.

***

Мувозана:

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

***

Як зарра ҷудо гаштан

Дар ҳар қадаме аз худ,

Як зарра адо гаштан

Бо ҳар аламе аз худ.

***

Ҳама дурӯяанду моҳи яккарӯ туӣ,

Ҳама дугӯяанду моҳи яккагӯ туӣ,

Ҳама дуҷӯяанду моҳи яккаҷӯ туӣ,

Ту бешӣ аз ҳама,

Ту пешӣ аз ҳама.

***

Мушти ёдам мезанад бар сар,

Мушти бодам мезанад бар дар.

Муболиға:

Ҳатто ятими лучакаш афшурд мушти кӯчакаш,

Ҳатто баромад мурдааш чӯби сари гӯраш ба даст.

Бархост, яъне мардуми берахт бо шохи дарахт,

То тахтро яксон кунад, яъне кунад бар хок тахт.

Таъриз:

Бас шоирон, ки боми фалакро гузоштаанд

Дар зери пойҳои каҷи Алпи Арсалон.

Рӯям сияҳ, ки шоирӣ як номи холӣ шуд,

Сангу мазору мақбараҳо, лек олӣ шуд.

***

"Боз шире бо шакар омехтанд,

Ошиқон бо якдигар омехтанд.

Рӯзу шабро аз миён бардоштанд",

Хоби худро бо саҳар омехтанд.

Талмеҳ:

Беҷо шудан аз ҷое,

Аммо на ба вайронӣ,

Девори Бухоро буд,

Исмоили Сомонӣ.

(Идома дорад)

Ҷамолиддин САЙИДЗОДА, номзади илмҳои филология

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97