Сайре дар шеъри Бозор ва қаламрави хаёл

Фарҳанг ва адаб 29.10.2010 09:08

boz-or-2147

Бархе аз хонандагон дар сӯҳбати телефонӣ ба мо эрод гирифтаанд, ки «Миллат» дар бораи устод Бозор Собир матлаби зиёд ба чоп мерасонад, шояд ин гуфтаи эшон то ҷое дуруст бошад, вале мо чӣ бикунем, ки ҳар ҳафта аз номи хонандаи хеш дар бораи ин абармарди шеъри тоҷик ба идораи нашрия мақолаҳо мерасанд ва муаллифони гиромӣ навиштаҳои хешро меоваранду хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба чоп расонем.

 

Устод Ҷамолиддин Сайидзода, донишманди пуркор ва муҳаққиқи нозукбин ҳамин чанд рӯз қабл матлаберо ба ихтиёри мо гузошт, ки дар он нақши санъатҳои бадеъиро дар ашъори Бозор Собир ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Таҳқиқоти устод Сайидзода фикр мекунем як матлаби хубу хонданӣ ва як кори муҳим аст, ки аз ҷониби ин донишманди тоҷик анҷом шудааст, аз ин рӯ бо камоли майл тасмим шуд, ки онро ба чоп расонем.

 

НАҚШИ ХАЁЛ ДАР ШЕЪР ВА ХАЁЛПАРДОЗОНИ АДАБИЁТ

Хаёлу хотирам дар кӯи танҳоӣ

Ба рӯи пуштаҳо оҳиста мелағжад.

Бозор Собир

Хаёл унсури муҳим ва асосии шеър маҳсуб меёбад. Ба ин нукта шеършиносони пешин ва муосир ишораҳои фаровон кардаанд, зеро шоир танҳо дар партави хаёл ҳар гуна маъниро ба таври шоирона ба намоиш мегузорад. Шеъри бидуни хаёл ва ба гунаи ахбори мантиқиву расмиву оддии рӯзмарра наметавонад дар хонанда асаргузор бошад ва эҳсоси ӯро барангезад, аммо маҳз унсури хаёл метавонад ҳар гуна ахбори расмӣ, одӣ ва ғайришоиронаро шоирона ба ҷилва орад ва шеър халқ бинмояд. Ба ҳарфи дигар, шоир бо тасарруфи зеҳн бар табиат, ашё, ҳаводис, нақлу ҳикоёту ривоёт ба эҷоди робита даст меёбад ва бо ёрии хаёл шеърашро мухайял месозад ва назмро ба шеър мубаддал менамояд. Албатта, дар хаёлбандӣ шоирони сабки "ҳиндӣ" яди байзо доранд. Урфӣ, Назирӣ, Зуҳурӣ, Толиб, Носиралӣ, Калим, Соиб, Шавкат, Ҷалоли Асир, Бедил ва дигарон доди хаёлро додаанд, аммо бо ин тафовут, ки бархеҳо дар ин қаламрав ифроту тафрит кардаанд ва бархе ҳам дар ҳадди эътидол роҳ паймудаанд. Воқеан, Мирзо Ҷалоли Асир бонӣ ва пешвои хаёлбандони ифротӣ шинохта шудааст. Шеърхони Лудӣ гӯяд: "Бонии бунёди хаёлбандӣ аст ва хаёлбандони замони ҳолро ба пайравии ӯ сари ифтихор баланд аст. Агарчи тарзи хаёл ба нудрат аз қадим аст, чунончи дар девони Рӯдакӣ ва Кисоӣ ёфт мешаванд, вале Мирзо Ҷалоли Асир асоси суханварӣ бар ҳамин тарз ниҳод ва ин қонуни шигарф ба дасти ояндаҳои қавофили вуҷуд дод".

Дар ҳақиқат, Ҷалоли Асир, Шавкат, Қосими Машҳадӣ дар сабки ҳиндӣ аз гӯяндагони ифротии хаёлбоф маҳсуб мешаванд. Шиблии Нӯъмонӣ гӯяд: "Хаёлбофӣ ва мазмунсозӣ дар тамоми мутааххирин вуҷуд дорад, лекин намоёнкунандаи ин тарзи хос Ҷалоли Асир аст. Шавкати Бухороӣ, Қосими Девона шиноварони ин гирдобанд".

АЙЛОҚӢ - САРОМАДИ ХАЁЛБОФОНИ ШЕЪРИ ДАРӢ

Аммо тавре гуфтем, ин сабк гӯяндагони хаёлбофи нисбатан мӯътадил низ дорад. Толиби Омулӣ яке аз онҳост. Ӯ дар бораи ҳунари хаёлбофии худ чунин мегӯяд:

Хаёлбофӣ аз он шева сохтем, Толиб,

К- ихтирои суханҳои хушқумош кунам.

Ин намунаҳо аз хаёлбофиҳои нисбатан мӯътадили шоир ба ҳисоб меравад:

Пироҳане аз тори вафо дӯхта будем,

Чун тоби ҷафои ту наёвард, кафан шуд.

***

Толиб, нигаҳам азми лабе дошт, ки ногоҳ,

Пойи мижа лағжид, ба чоҳи зақан афтод.

Албатта, хаёлбофиҳои шоирони ин сабк хеле мӯъҷазу хулосавианд ва асосан, дар як байт баён мешаванд, яъне ба гунаи такбайт мебошанд. Шоир маънии бисёрро дар лафзи андак меғунҷонад. Аз ин рӯ, фаҳмидани онҳо хеле мушкил аст:

Айши ин боғ ба андозаи як тангдил аст,

Кош, гул ғунча шавад, то дили мо бикшояд.

Қудсӣ

Аммо хаёлбофиҳои устод Бозор бештар тафсилианд. Лиҳозо, нисбат ба ашъори сабки ҳиндӣ осонфаҳмтар мебошанд:

Ба ту ошиқ шудам ҳамон рӯзе,

Ки дилам гарми орзуҳо буд.

Чашми ман ҳамчу чашмаҳои зулол

Хотирам пок мисли дарё буд.

 

Ман хаёлан ситора мебастам

Ранги марҷон ба гарданат шабҳо.

Куртаи хоб пора мекардам

Ба қадат аз ҳарири партави моҳ.

Зимнан бояд гуфт, ки хаёлбофиҳо танҳо аз вижагиҳои шеъри имрӯз ва сабки ҳиндӣ нест, балки дар шеъри мо суннати дерина дорад. Он аз осори Рӯдакию Кисоиву Фирдавсӣ ва Хоқониву Низомию Мавлавӣ ва дигарон шурӯъ мешавад ва дар сабки ҳиндию шеъри нав ба авҷи аълои худ мерасад, аммо хаёлбофӣ дар шеъри сабки хуросонӣ хеле шакли сода дорад. Муҳаққиқон ин шеъри Турккешии Айлоқиро намунаи аввалини шеъри хаёлбофона ба қа¬лам додаанд, ки дар он "гӯшаҳое аз зиндагии инсон ва ҳаёту авотифу рӯҳиёти ӯ бо гӯшаҳои аз ҳастӣ, аз табиат, аз замон, ки мафҳумест муҷаррад, дар қолаби "фардо" пайванд ёфта ва ин пайванд пайвандест зеҳнӣ, пайвандест, ки ба зоҳир вуҷуд надошта, аммо зеҳни шоир он пайвандро ба вуҷуд овардааст ва мо бо хондани шеъри ӯ тасвири фардоро дар чеҳраи зане, ки гарданбанде аз умед овехта, мебинем":

Имрӯз агар муроди ту барн-ояд,

Фардо расӣ ба давлати обо-бар.

Чандин ҳазор умеди бани одам

Тавқе шуда ба гардани фардо-бар.

ХАЁЛБОФОНИ САБКИ ҲИНДӢ ВА ШЕЪРИ БОЗОР

Аммо хаёлбофӣ дар сабки ҳиндӣ ба беэътидолӣ мегарояд ва шакли ифроту тафритро мегирад. Хусусан, дар ашъори Ҳусейнии Саноӣ, Зулолии Хонсорӣ, Қосими Машҳадӣ, Ҷалоли Асир, Носиралӣ ва ба вижа Бедил. Шиблии Нӯъмонӣ дар мавриди шеъри Бедил гӯяд: "Яке аз мавоқеи беэътидоли тахайюл ҳамоно истиъорот ва ташбеҳотанд. Истиъора ва ташбеҳ то вақте ки латифу қарибулмаъхаз ва бо аслу аввалияти хеш муносибат ва созиш доранд, дар шоирӣ латофат ва зебоӣ падид меоваранд, лекин вақте ки тахайюлро мавқеи боэътидолӣ ба даст омад, ин ҷо ташбеҳу истиъороте фарзӣ ва дур аз кор ва билохира хориҷ аз мавзӯъ пайдо карда ва меравад рӯи бунёдҳои дигар қоим мекунад. Масалан, Мирзо Бедил мегӯяд:

Табассуме, ки ба хуни баҳор теғ кашид,

Ки ханда бар лаби гул нимбисмил афтода.

Асли хаёл ин буда, ки табассуми маъшуқ аз гули нимшукуфта хушнамотар аст ва маъниро шоир ин тавр баён карда, ки табассум қотилест, ки барои рехтани хуни баҳор теғ кашида ва зарбаташ бар гул афтодааст, ки мебинед хандаи гул нимбисмил боқӣ мондааст. Беэътидолие, ки дар ин тахайюл мулоҳиза мешавад, ба воситаи истиъорот аст; хуни баҳор, теғи табассум ва бисмил шудани хандаи гул тамоман аз истиъороти дур аз матлабанд".

Аммо, тавре гуфтем, хаёлбофиҳои устод Бозор аз хаёлбофиҳои шоирони сабки ҳиндӣ, бавижа шоирони ифротии он, фарқ мекунад. Дар онҳо хирадситезиву сарфу наҳвгурезӣ ва афкори ваҳмангезу тахайюлоти бесару нӯк ба мушоҳида намерасанд, балки онҳо бар хирад ва дастури забон такя менамоянд ва ба шеъри ӯ рангу бори равшани инсониву миллӣ мебахшанд:

Медамад аз лолаҳо ҳар дам фишори хуни дашт,

Ин замон ҷорист дар авзои саҳро лолахун.

Метапад аз бодҳо набзи баҳори беғубор,

Мечакад аз дастҳои лолачинҳо лолахун.

Галаҳои обшорон мезанад дар дара дум,

Аспҳои обшоронанд ёлафшону маст.

Тӯдаву тит бар мисоли сарҳуй аст ҷуд,

Барги гандум мечарад аз пуштаҳои дурдаст.

 

Медиҳанд аз пуштаи анбӯҳи дарахтон бе калом

Сӯҳбати поринаи худро сафедорон давом,

Сӯҳбате пур аз лапишҳову лапишҳо сӯҳбате,

Сӯҳбате пур аз тапишҳову тапишҳо сӯҳбате.

УСТОД БОЗОР ХАЁЛПАРДОЗИ РАҚАМИ АВВАЛИ АДАБИЁТ

Инро ҳам бояд гуфт, ки аз шоирони асри гузашта ва муосири минтақаи мовароуннаҳрии шеъри форсии тоҷикӣ касе ба дараҷаи устод Бозор хаёлгароиву хаёлбандӣ накардааст. Худи корбурди вожаи "хаёл", ки мукаррар дар ашъораш меояд, намоёнгари он аст, ки шоир аз ибтидо ба шоирона гуфтани матлаб кӯшида ва дар қаламрави тахайюл қаламронӣ карданро мақсади асосии хеш қарор дода будааст. Бад-ин маънӣ, дар осори ҳеҷ кадом аз шоирони ин асрҳо (ХХ ва ХХ1) ин вожа ба ин фаровонӣ ва густардагӣ наёмадаву мавриди корбурд қарор нагирифтааст. Ба гунае, ки дар маҷмӯаҳои мунташиршудаи ӯ қариб шеъре нест, ки холӣ аз вожаи хаёл бошад. Фақат дар маҷмӯаи "Гули хор" (1978) зиёда аз 16 маротиба вожаи хаёл истифода шудааст:

Хаёли деҳа бӯи деҳа дорад

Ба пиндори мани фарзанди деҳқон.

Чу ёди кишту саҳро мекунам ман,

Хаёлам мешавад абри баҳорон.

"ФАРЗАНДИ ДЕҲҚОН"

Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл

Бори дигар надидамат, эй аспи бодпо.

Ту то куҷо давидию ку савораат,

Ӯро ту дар ҷавониаш афкандӣ дар куҷо?

"АСП"

Аммо сувари хаёл иборат аст аз ташбеҳ, истиъора, маҷоз, киноя, тамсил, иғроқ, ташхис ва соири ороишоти шеърӣ, ки шеър меофаринанд. Албатта, ташбеҳ ҷони шеър аст. Ба қавли Сайид Нафисӣ, "бузургтарин маҳорати ҳар шоире дар ташбеҳот аст. Шеъри беташбеҳ чун ҳусни ноороста ва чун гули нопероста аст. Ташбеҳ ба масобаи ороишу зевар аст дар шеър; ҳар шоире, ки дар ташбеҳ забардасттар бошад, ҷаҳонгиртар аст. Вале ташбеҳро бояд, ки ихтисос ба мавзеъу асре маҳдуд надошта бошад, яъне шоири бузург он аст, ки муҳаббати худро ба чизе ташбеҳ кунад, ки дар ҳама ҷо ва ҳар замон битавон ёфт ва ҳар кас лутфу шевоии онро дарёбад. Имтиёзи дигари ташбеҳ он аст, ки муаллифини бадеъ ва муҳассаноти калом гӯянд, ки бояд мушаббаҳбиҳӣ ақво аз мушаббаҳ бошад, яъне ҳамеша чизеро ба чизе накӯтар аз он ташбеҳ бояд кард ва чизе, ки бад-он сифат маъруфтар бошад. Ва имтиёзи дигар он аст, ки ташбеҳ бадеъ бошад ва шоире пеш аз ӯ он ташбеҳро наоварда бошад". Хушбахтона, ташбеҳоти устод Бозор аз ҳама сифатҳое, ки дар боло зикр шуд, бархурдоранд ва хусусан, ба тозагии худ имтиёз доранд. Мо барои намуна шеъри машҳури "Тирамоҳ"-и устодро ба хониш мегирем ва аз қудрати тахайюли ӯ дар қаламрави тасвир ба шигифт меоем. Воқеан, устод дар оғози ин шеъри саросар тасвири на танҳо аз хаёл, ки сӯҳбати мо рӯи он аст, Сухан мегӯяд, балки аз он ба сифати ташбеҳ истифода менамоянд ва шоири хаёлбанд будани худро ба намоиш мегузорад:

Сайр дорад абри озар

Гоҳ ҷамъу гаҳ парешон,

Чун хаёли мӯсафедон…

Селаи гунҷишкҳоро

Мезанад бо тири борон.

 

Лонаҳо чун чашми гирён,

Чашми гирёни дарахтон,

Аз алафҳо мечакад об

Мисли ашк аз нӯки мижгон.

 

Баргҳоро меканад бод,

Ҳамчунон авроқи тақвим.

Баргҳоро бурда боде

Мекунад бо бод тақсим.

 

(идома дорад)

Ҷамолиддин САЙИДЗОДА, номзади илмҳои филология

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97