Аз шоири ҳангомаҷӯй то Бозори пушаймон

Фарҳанг ва адаб 28.10.2010 11:55

bozorsobir-547

МАН ШОИРИ ФОЛКЛОРАМ

-Устод, зимни сипос аз вақтатону пазироиятон мехостем дар оғоз аз забони худи шумо хусусият ва вижагиҳои шеъратонро бишунавем.Шеъри Шумо бо кадом вижагиҳову хусусиятҳояш дар дили мардум роҳ ёфт?

-Шояд, барои он, ки шеъри ман бештар заминаи мардумӣ ва фолклорӣ дорад. Ман дар заминаи шеъри классикӣ шеър надорам. Ҳарчанд ки адабиёти классикӣ беҳтарин адабиёт аст. Ман аз адабиёти классикӣ пайдо нашудаам, ман аз фолклор омадаам. Фолклоре, ки мардуми мо дорад; рубоӣ, дубайтӣ, чистон, ана аз ҳаминҳо шеъри ман пайдо шудааст. Шеъри ман мисли шеъри классикӣ мушкил нест, мушкилбаён ё мушкилфаҳм нест, мисли ривоятҳои халқӣ, ки осон мефаҳмӣ ва роҳат мекунӣ, мисли дубайтиҳои халқӣ, бисёр мақбул аст. Инчунин бисёр фаҳмо ва содаанд. Агар шеъри ман бо адабиёти классикиву бо он ибораву луғатҳои классикӣ меомад, бисёр мушкил мешуд. Ҳам барои хонанда ва ҳам барои ман. Ман дар ҳамин фолклор тарбия ёфтаам, на дар мактаби классикӣ ва на дар мадраса хондаам ва на дар масҷид. Ман ҳар чӣ медонам аз фолклор омӯхтаам, аз мардуми кӯҳистон ва аз фолклоре, ки бисёр ғанӣ ва бой асту ҳама чизро дорад. Аз Гуруғлӣ сар карда ва дар заминаи ҳамин тарбит ёфтаам ва шеърам ҳам ҳамин аст. Ҳеҷ сирри дигар надорад. Хамирмояи шеъри ман адабиёти классикӣ нест, шеъри ман адабиёти мардумӣ аст.

Ин ҷо ба ёди Устод ин шеърашро овардем, ки:

Моро ҳаваси «Гуруғли»-и туркон аст,

«Шоҳнома» китоби мардуми Ирон аст...

Ба завқ хандиду шеъри поёнро мисол зад:

Дарахти сабз бурданд кунҷи беша,

Тарошиданд маро бо зарби теша.

Тарошиданд то қалён бисозанд,

Ки оташ дар сарам бошад ҳамеша.

Аз ин хубтар чӣ аст? Чизе ҳаст? «Кӣ оташ дар барам бошад ҳамеша». Мо ҳазорҳо рубоиву дубайтӣ ва шеърҳои халқӣ дорем, ки мақбултарин адабиёт аст.

ҶУЗ ФОЛКЛОР ИНТИХОБИ   ДИГАР НАБУД

-Устод, Шумо гуфтед, ки шеъратон заминаи мардумӣ дорад ва Шумо дар фолклор тарбият ёфтаед. Ин ба он хотир буд, ки Шумо интихоби дигар надоштед,   ё интихоб кардед, ки дар фолклор бошед?

-Вақте ки мо бо мактабу донишгоҳ сару кор доштем, адабиёти классикӣ чандон дастрас набуд, адабиёти классикӣ, бисёр сатҳӣ буд. Ҳофизу Саъдӣ ва чанд каси дигарро медонистему тамом, дигарон чандон дастрас набуданд. Ва дигар ин ки адабиёти классикӣ ба мо мафҳум ҳам набуд. Мо вақте донишгоҳро тамом кардем, баъд ба шеърҳои адабиёти классикӣ тадриҷан ошно шудем, ва фаҳмидем, ки адабиёт чунин аст ва инчунин адабиёте ҳам ҳаст. Барои ҳамин дар он шеър чандон тарбият наёфтем. Барои он, ки дастрас набуд. Адабиёти классикиро ба мо мактабҳои советӣ шинос кард, вагарна тамоман ошноӣ надоштем. Тавассути мактабҳои советӣ фаҳмидем, ки дар дунё Саъдию¬ Ҳофизу Фирдавсӣ будааст. Фирдавсиро ҳозир ҳам тоҷикон намедонанд.

ШЕЪРИ НАСИҲАТӢ ШЕЪР НЕСТ

-Устод, ба назари Шумо дар шеър чи чиз бештар аҳамият дорад? Андеша,   образу қофия ва ё тасвир?

-Дар адабиёти классикӣ бештар панду насиҳату андарз аст. Аз худи Рӯдакӣ шурӯъ карда, бештар панду андарзу насиҳат дар шеърашон ҳувайдост. Як қисми бисёр бузурги адабиёти классикӣ панду насиҳат аст. Ин шеър нест!!! Ин андарз аст, адабиёт аст, вале шеър нест. Чун адабиёт аз решаи адаб аст, яъне ахлоқ, пас вақте ахлоқ аст, андарз аст, ин адабиёт аст, вале шеър нест. Ҳар ҷо, ки тасвир аст, образ аст, ана ҳамон шеър аст. Ман қаблан ҳам гуфта будам, Саъдие, ки гуфтааст:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Ин шеър нест. Вале он Саъдие, ки гуфтааст:

Ҳар песе гумон мабар, ки холест,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Ана ин шеър аст. Аввалинаш образ надорад, дувумӣ дорад.

-Вале боз ҳам устод, вақте ки одам шеъри Шуморо мехонад, на ин ки фақат ба образу тасвирҳо, балки бо фикр ва андеша ҳам рӯ ба рӯ мешавад ва дар як марҳилаи муайян, мардуми мо аз шеъри Шумо андеша омӯхтанд ва чизи гумшудаи худро дар шеъри Шумо дарёфтанд ва ин илҳомбахши онҳо шуд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Ин шеър аст, вале андеша ҳам дорад. Дар «Шоҳнома» порчаҳое, ки образу тасвир доранд, кам аст, аммо сар то сари ”Шоҳнома” шеър аст, вале панду насиҳат нест, таърих аст, (таърихе, ки ба шеър даровардааст) таърихи манзум. Ин ҳам шеър аст. Ин ки маҳз шеър гуфта бошад бисёр кам аст. Танҳо дар ҳамон қисматҳо ё порчаҳое, ки Рудобаву Золу Рустам, Исфандиёр, Бежан ва Манижа ҳастанд, ана ҳамин порчаҳо шеър дорад. Он қисматҳое, ки аз ишқи паҳлавон сухан меравад, ҳамааш шеър аст ва қисме, ки аз таърих сухан меравад, ҳамон моли таърих ва моли қаҳрамонианд. Шеър фақат дар ишқ нест, дар қаҳрамонӣ ҳам шеър ҳаст, агар гуфтан тавонӣ.

БА ИФРОТГАРОҲО ПАЙВАСТЕМ

-Устод, дар як марҳилаи муайян шеъри Шумо илҳомбахши мардуми одии тоҷик буд. Масалан, бисёре аз пахтачинон шеъри Шуморо хонда, на танҳо илҳом, балки як рӯҳияи сиёсӣ гирифтанд. Шеъри Шумо як рӯҳияи тағийрталабиро дар мардум эҷод кард, як худшиносӣ ва як рӯҳияи ислоҳотҷӯӣ, вале ҳамзамон равандҳои сиёсие буданд, ки онҳоро ба ҳам дар омехтанд. Шумо ба коми ин таҳаввулот рафтед ё онро ба коми худ кашидед?

-Шояд камубеш таъсир дошта бошад. Шеъри ислоҳотҷӯиву шеъри худшиносӣ, албатта дар ин мардум таъсир кард, вале мо муҳитро дигар накардем, худи муҳит дигар шуд. Мо як ҳамовозӣ кардем бо ҳамон мардумоне, ки худшинос буданд. Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ доданд, ба мардуми деҳқон ҷабр бисёр буд, илоҷи онро ёфтан даркор буд. Ҳамин хел чанд мавзӯи дигаре буд, ки мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифтанд, вале сохтор ҳам иваз нашуд. Мо ба баъзе аз ифротчиҳо ҳамроҳ шудем. Ифротчиҳое, ки дар Маскав буданд. Масалан, Солженитсин, Собчак, Елсин, Горбачев ва мо бо онҳо ҳамроҳ шудем.

БЕХАБАР АЗ ОҚИБАТИ КОР

-Ин коратон аз рӯйи шинохту огоҳӣ буд ё ноогоҳ ба онҳо ҳамроҳ шудед?

-Мо комилан аз оқибати кор хабар надоштем. Ҳар чӣ онҳо мегуфтанд, мо кафкӯбӣ мекардем. Онҳо манфиатҳои худро ба назар мегирифтанду мо фикри дигар доштем, аммо баъд то фаҳмидем, ки ҳама аз даст рафт. Баъд аз он фаҳмидем, ки СССР аз даст рафт ва мо фирефта шудем. Мо сатҳӣ медонистем, ки ҳаминҳо чизе мехоҳанд, аммо аслан чӣ мехоҳанд, онро мо намедонистем.

БОЗОРИ ҲАНГОМАҶӮЙ ВА БОЗОРИ ПУШАЙМОН

-Агар устод хоҳем, ки аз Шумо як шинохти дақиқ дошта бошем, пас Шумо ба он андешае, ки дар шеъратон ҳаст, пеш аз СССР як Бозор ҳастед, аммо баъди пошхӯрии СССР то ҳол як Бозор Собири дигар…

-Он замон Бозори ҳангомаҷӯй ва ҳоло бошад Бозор Собири пур аз пушаймонӣ...

 

(идома дорад)

Мусоҳибон: Саъдии Юсуфӣ, Адолати Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97