Дар Сибир бо ёди Бозор Собир

Фарҳанг ва адаб 19.10.2010 09:32

Ба ақидаи устод Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ба арсаи адабиёт ҳамчун як шоири баркамол ворид шуд.

Бо вуҷуди ин ҳукм, дар он айём шеъри ӯ аз ҳамсолонаш -Баҳром Фирӯз, Мастон Шералӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон қариб тафовуте надошт. Мисоли равшан ба ин даъво шеъри “Мо хомзодаем’’ аст, ки ба он устод Қутбӣ Киром нақизае навишта буд. Бозор мегӯяд:

Мо хомзодаем,

Моро занони бекасу бечора зодаанд.

Беобу нону бистару бедоя зодаанд.

Нақизаи Қутбӣ чунин аст:

Мо хомзодаем,

Моро на модарони мо,

Моро занони кишвари ҳамсоя зодаанд.

Хуршед то ба рӯи мо камтар асар кунад,

Дар соя зодаанд.

Ба ақидаи банда шеъри Бозор Собир баъди иншои “Забони модарӣ”, ки як назари амиқу дақиқ ба таърих аст, тобиши тоза ва мазмуни дигар касб кард. Ба ин маънӣ устод Лоиқ низ ишора намуда буд: ”Бозор Собир кам, аммо шеърҳои пухта ва расида ва варзида гуфтааст. Хусусан дар мавзӯи таърих, аз қабили “Муҷассамаи Айнӣ», «Теғи Сино», «Шаҳри осӣ», «Бухоро», «Аҳ¬мади Дониш». Аз таърих истифода кардани Бозор барои шиносонидани ди¬рӯз ба имрӯзиён ва парваридани эҳсосоти ифтихор ва номусу нанги миллист”.

Шеъри “Забони модарӣ” нахустин бор сентябри соли 1977 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” ба табъ расида , аз даст ба даст мегашт. Ҳамин гуна дард¬ҳоро, ки он ҷо ифода ёфтаанд, рӯшанфикрони тоҷик бех¬гӯшӣ мегуфтанд. Вале то устод Бозор Собир касе ҷуръат намекард, ки дар ин мавзӯъ ошкоро изҳори ақида намояд. Шеъри “Забони модарӣ” ҳаҷман бузург буда, аз 67 мисраъ иборат аст. Азбаски посухгӯи ниёзҳои қалбии инҷониб буд, онро бо як нишаст, бе душворӣ аз ёд кардам. Баъдтар бо чунин мазмун ба устод номае навиштам, ки имрӯз, хушбахтона, шеъри «Забони модарӣ»-ро ҳамаи ташнагони каломи мавзун-духтур, муаллим, иқтисодчӣ, коргар мехонанд. Хуллас, зиёиёни тоҷик ин сарводаро гимни худ қарор доданд. 20-январи соли 1978 аз номи Бозор Собир чунин нома гирифтам: “Дӯсти азиз, Малик! Номаатонро гирифтам, бисёр ташаккур, узр мепурсам, ки хеле дер ҷавоб гардондам, вале тавре мегӯянд, беҳтар аст, дер ояду шер ояд, ё шеър ояд. Бо хоҳиши Шумо дар ин рӯзҳо чанд шеър гуфтам, ки яке аз онҳоро мефиристам.

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

Бо салом ва эҳтироми бисёр: Бозор Собир.20.01.78». Ҳамчунин дар шикани номаи мазкур як пора акси шоир бо навиштаҷоти “Барои хотира ба дӯстам Малик” вуҷуд дошт. Ва шеъри ирсолшуда “Барф” ном дошт, ки хонандагон дар мавриди он беиттилоъ нестанд. Ба ин далел овардани онро зимни фишурдаи мазкур муносиб намебинам. Фақат ҳа¬минро бояд таъкид кард, ки дар ин шеъри ошиқона ҳунари тасвиргарии Бозор Собир возеҳан ба ҷилва омада, аз пасманзари тасвири барфи чиллаи зимистон ба дили хонанда баҳор меорад.

Баъдтар ба унвони Бозор Собир чунин табрикнома роҳи карда будам:

“Шеърро мақсуд агар одамгарист,

Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист”

Тар шуда аз ашки ту “Мижгони шаб”

То кушоӣ пардаи асрори зист.

Шеъри ту ё наҳваи Таҳмина буд?

Баҳри миллат ҳамчу модар мегирист.

Шоирӣ гар пешаи осон будӣ,

Андак-андак қад хамидан баҳри чист?

Соли Нав ҳам душборат саҳл не,

Ҳар ду ҷилди сабзи фарҳанги дарист”

Дар охирин дидор бо Бозор Собир китоби “Мижгони шаб”-ро бо худ доштам ва хостам аз ӯ соядаст бигирам. Пешаамро пурсон шуд. «Муҳосиб»-гуфта, посух додам. «Бишин!»-гуфт ва сигорашро даргиронд. Ва бе диранг ба навиштан шурӯъ кард:

Абдумалик андар ҳисоб,

Дорад ҳунарҳо беҳисоб.

Дар сарҳисоби шеър ҳам,

Беҳ аз мани соҳибкитоб.

Бо истифода аз ин фурсати нодир аз ӯ боз чунин суол кардам:

-Чаро дар ду маҷмӯаи шеърҳоятон, ки паси ҳам рӯи чопро дидаанд, андешаҳоятон оид ба зодгоҳи Раҳим Ҳошим гуногунанд? Зимнан шеъри “Раҳим Ҳошим”-ро дар назар доштам, ки дар он чунин мазмунҳои мутаззод ба назар мерасиданд:

1.Бигзарад пирона сархам,

Аз миёни раҳгузарҳо.

Аз сари пасташ шиносанд,

К-ӯст аз аҳли Бухоро.

2.Бигзарад пирона сархам,

Не сарозоду на дар банд.

Аз сари пасташ шиносанд,

К-ӯст аз аҳли Самарқанд.

Аввал қоҳ-қоҳ хандид. Сипас иброз дошт, ки ман ӯро аз Бухоро гумон мекардам. Баъд кадоме гуфт, ки гӯё самарқандист. Вале ӯ аслан озарӣ будааст.

Дар поёни сухан бо порае аз шеъри “Чаро намеоӣ”-и Бозор Собир ба худи ӯ муроҷиат мекунам:

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ?

Парандаҳои мусофир ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳчаҳа сар шуд, чаро намеоӣ?

Бояд арз шавад, ки дуним соли охирро дар Сибир ба сар бурдам ва боре дафтари хотиротамро саҳфагардонӣ кардам ва дар саҳифае мехонам.

Биё Собир,

Биё эй фарди бономус,

Биё эй шоири боор,

Биё ки Тоҷикистон интизори туст,

Биё ҳар як гулу хори биёбон интизори туст!

Биё эй булбули дур аз чаманмонда,

Биё эй шоири шӯридаи дур аз Ватан монда,

Биё эй сар то по дил-дили хуншор,

Сар омад ранҷи ғурбат,дарди маҳҷурӣ.

Биё бо шавқ бингар ҳайкали зебои Сомонӣ,

Биё дасти ту бифшорад кунун Исмоили сонӣ.

Биё Бозор!

Биё Бозор!

 

Абдумалик Зуҳурӣ, ноҳияи Мастчоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97