Ашӯрбой Имомов: "Рӯшанфикрон дар банди шикаманд"

Фарҳанг ва адаб 26.09.2010 11:45
0011Рӯшанфикр барои ҳар ҷомеъа дар ташаккули афкори мардум, дорои маҳорати омӯзиш, тадқиқу таҳлил ва хулосабарорӣ буда, сарфи назар аз манофеъи шахсӣ дар ибрози сухани ҳақ ва таҳкимбахши рушди кишвар бояд пешоҳанг бошад. Рӯшанфикрон аз нерӯҳои қавии зеҳнии миллат, маърифатафрӯзон, мутафаккирон, донишмандон, соҳибназарон, орифон, фарзонагон, нобиғаҳо ва дигар афроди бофарҳангу соҳибилм мебошанд. Рӯшанфикрӣ на аз рӯи таҳсилоти расмӣ доштан ё надоштан, на аз мансаб, на аз рӯи баромади иҷтимоӣ, ё суханпардозӣ, балки аз мавқеи соҳибназарӣ, лаёқат ба дарки моҳияти масъала, таҳлилу тадқиқ ва хулосабарорӣ, андеша ва дар мавқеъ воқеъбинона устувор будан эътироф карда мешавад. Дар ҳаёт ва фаъолияти рӯшанфикр заҳмати ақлонӣ нақши асосӣ дорад. Рӯшанфикр ҳамеша дар омӯзиш ва сайқал додани дониши ақлонӣ ва амалии худ мебошад. Дар андешаю гуфтор ва амали ӯ манфиатҷӯйӣ дар ҳадди охир меистад. Дар гуфтору кирдор ҷасур ва ифодаи андешаҳо принсипнок мебошад. Аз ин рӯ, аксаран рӯшанфикр ношинохта аст ва дар пайи ҷустуҷӯ ва тадқиқи андешаи ақлонии худ банд аст.

 

Ҷомеаи бе рӯшанфикр вуҷуд надорад ва аз нури ақлу дониши онҳо ҷомеа дар нумӯъ аст. Дар ҷомеаи мутамаддин рӯшанфикрон қадру қиммати баландро соҳиб буда, обрӯманд мебошанд. Қалами онҳо нишонрас, овозашон шунаво ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеъа андеша ва мулоҳизаҳои худро дорад. Ва ҳар як фикру мулоҳиза ва пешниҳоди судманди ӯ боиси таваҷҷӯҳ буда, қадр мешавад. Хулоса ва пешниҳоди мутахассис ва коршиноси варзида дар иқдоми ба роҳ андохтани ҳар гуна ташаббуси илмӣ, фарҳангӣ, соҳибкорӣ, истеҳсолӣ, кашфиёт, ихтироот ва навоварӣ дар ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ омили кафолати пешравӣ ба ҳисоб меравад.

Рӯшанфикрон дар ҳар як марҳаллаи таърихии инкишофи ҷомеа нақши муайян ва созанда доранд. Хусусан, дар марҳалаи соҳибдавлат гаштани миллат нақши онҳо дар ташаккули худшиносӣ, эҳёи одату анъанаҳои миллӣ, ноил гаштан ба таъмини ваҳдати саросарӣ, ҳидояти миллат барои ояндасозӣ ва татбиқи ғояҳои наҷиби миллӣ меафзояд. Давлат дар муайян кардан ва татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ бояд афкори бунёдкоронаи рӯшанфикронро сармашқи фаъолияти хеш намояд. Афкори рӯшанфикрон бояд дар фазои озод ва гуногунандешии воқеӣ ифода ёфта, аз тарафи марказҳои илмию таҳлилӣ омӯхта шаванд ва дар хулосаю пешниҳоди онҳо ба худ ҷой ёбанд. Рӯшанфикр бояд барои ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва пешниҳодҳои судманди худ аз ҷониби давлат ҳавасманд ва қадрдонӣ шавад.

Дар асоси ин андешаҳо оё мо гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистон нақши рӯшанфикрон дар кадом сатҳ аст ва муносибати ҷомеа ва давлат ба онҳо чӣ гуна аст. Рӯшанфикрӣ дар Тоҷикистон ҳамчун қишри мутташакил ва ё баркамоли ҷомеа ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Ва номуташаккилии рӯшанфикрони мо ифодаи муташаккил набудани миллати тоҷик мебошад. Тоҷикон ҳанӯз аз ҳадди миллати камолёфта дуранд ва рӯшанфикрон дар кулл ифодагари манофеъи миллӣ намебошанд. Барои аксари онҳо манфиати маҳал, хешу авлод, қавму ошно, тамаъҷӯӣ ва сархамӣ дар назди мансабдорон аз манфиати миллӣ болотар аст.

Дар ҳадди муайян ҳокимияти сиёсии кишвар, дастгоҳи давлат, сиёсати дарёфт, интихоб ва тарбияи кадрҳо дар заминаи ҷудоиандозӣ қарор гирифтааст. Барои ҷалби кадрҳо ба дастгоҳи давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, хусусан ба мансабҳои ба истилоҳ рӯғанӣ ё роҳбарӣ сатҳи дониш, тайёрии касбӣ, таҳсилот, истеъдоду кордонӣ ва ғайра чандон аҳамият надорад, муҳим он аст, ки кадр аз кадом маҳал ё минтақа аст ва ё бо кӣ хешию пайвандӣ дорад ва ришваситонию ришвахорӣ ин омилро боз вазнинтар месозад. Дар миқёси давлати хурд бо чунин усулҳо ба роҳ мондани идораи давлат ба ташаккули ғояи миллӣ ва пайдоиши ҳаракати рӯшанфикрон мусоидат нахоҳад кард, зеро рӯшанфикри ҳар маҳал хоҳу нохоҳ ба айнияти худ бо рӯшанфикри дигар маҳал шубҳа мекунад. Яке худро ватандор ва ватандӯст эълон медораду дигареро аз ин сифатҳо бегона медонад, вале сатҳи ватандории воқеӣ дар асл аз ин шиорҳо хеле дур аст.

Рӯшанфикри тоҷик ҳоло бештар дар пайи зиндагии моддӣ андармон буда, ҳар гуна пешравии илмӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва умуман зеҳнии худро ба дарёфт ва соҳиб гаштан ба молу мулк равона кардааст. Дар ин роҳ бо кадом усулу равиш ва тарзу восита ноил гаштан ба ҳадаф чандон аҳамият надорад. Азбаски аз ҳама роҳи бо эътимод дар ин ҷода ишғоли мансаб аст, аксари афроди тамаъҷӯйи таҳсилдида дар орзуи мансабдор шудан мебошанд. Ва ҳатто олими ба сатҳи муайяни камолот расида низ дар ин орзу рӯз мебарад, барои расидан ба он ба ҳар шарту қоида розӣ аст. Вагарна вакилони мардумӣ баъди дар раванди интихобот ғолибият ба даст овардан, ба осонӣ мандати порлумониро ба ягон вазифаи маъмурӣ иваз намекарданд. Ва воқеан мӯҳлати ночизи мансабдорӣ кифоя аст, ки мансабдор аз доираи фаъолияти пешини хеш ҷудо шуда, ба собиқ ҳамкасбони худ бо виқор назар андозад ва ба онҳо роҳу равиши зиндагиро ташвиқ намояд. Аз ҳама муҳим мансабдор сарчашмаи ғун кардани молу сарватро бо зудӣ дарёб карда, осон соҳиби қасру бӯстонсарою истироҳатгоҳҳо мегардад. Барои мансабдори молу дороӣ ғункарда соҳиби унвону дараҷаҳои илмӣ гаштан душворӣ надорад.Ҳамаи ин тағйирот дар вазъи мансабдор дар мӯҳлати кӯтоҳ ва дар зери назари мардуми нодор ба вуқуъ мепайвандад. Қатъияти мансабдор дар ин ҷабҳа маҳдудият надорад, чунки ҳамаи онҳо дар расидан ба як мақсад, ҳарчи зудтар ғун кардани сарват мебошанд.

Рӯшанфикри тоҷик аксаран дар ташвиши зиндагӣ аз мунтазам сайқал додани дониши худ дур аст. Камтар олим, устоди донишгоҳ, муаллими мактаби ҳамагонӣ ё касбӣ, ҳунарпеша, табибро мебинӣ, ки дар мутолиаи рӯзномаю ҳафтанома ва маҷалла саргарм бошад. Шумораи шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, ҳунарпешагон, олимони унвондор беист меафзояд. Ҳама дар доираи касбу ихтисоси худ дармондаанд ва аз иштирок дар муҳокимаи масоили доғи рӯз худро канор мегиранд. Агар касе чунин ҷасорат пайдо кунад, ӯро барои берун шудан аз чаҳорчӯби  касбу кори худ айбдор месозанд, яъне канораҷӯӣ аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили ҳаёти ҷамъиятӣ имрӯз сифати рӯшанфикр аст.

Рӯшанфикрони ҳар давру замон сифати хос доранд. Масалан, рӯшанфикрони шӯравӣ дар рӯҳияи содиқ будан ба ғояҳои коммунизм ва хидмат ба Ватани сотсиалистӣ ба камол мерасиданд. Касе, ки бештар садоқати худро нишон медод, аз комёбиҳои ин сохтор бархӯрдор мегашт ва нафари иззати нафси худро нигоҳ доштаю аз тамаллуқ рӯй тофта маҳкум ва сазовори таъқибу ҷазо мегашт. Бо вуҷуди ҳамаи ин санҷишҳо, хорию зорӣ ва маҳдудиятҳо як зумра рӯшанфикрони он замон тавонистанд дар ҳадди муайян шарафи худро нигоҳ доранд ва ҳисси миллии мардумро бедор ва миллатро аз кӯйи гумномӣ то ҷое ҳифз намоянд.

Даврони соҳибистиқлолӣ ҳанӯз рӯшанфикрони хоси худро ба камол нарасонидааст, чунки самти инкишофи ҷомеъа, дурнамои он, арзишҳои он чандон рӯшан нестанд. Рӯшанфикри имрӯз ҳанӯз ҳам ё дар фироқи ғояҳои дирӯзии синфию атеистӣ ё дар васфу ситоиши соҳибистиқлолию ваҳдат банд буда, ҳанӯз дур аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили мураккаби ҷомеъа мебошад. Ҳамин омил нақши созанда доштани рӯшанфикронро ноаён сохтааст.

Дар партави нури рӯшанфикрони умрдида, насли нав худро фориғ аз ташвиши ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои пешравии ҷомеа карда, вале рӯшанфикрони калонсоли бо вуҷуди ҳама гуна маҳдудияту қолабҳо манфиати миллиро аз манфиати хеш болотар дониста, хеле кам мондаанд. Аммо чӣ дар зиндагӣ ва чӣ баъди он нури барафрохтаи онҳо роҳнамои рӯшанфикрони давраи нав мебошад.

Афроди рӯшанфикри имрӯз бештар дар андешаи ҳарчи зудтар соҳибунвону соҳибмансаб гаштан буда, пайи васфу ситоиши хоҷагони худ андармонанд. Онҳо дар ғами аз дастурхони хоҷагон ба худ ҷой ёфтан ва зиёфатхӯрӣ мебошанд. Бохабар ё бехабар аз масали «Зиёфатхӯр хушомадгӯй бошад» ин касбро пеша кардаанд. Албатта чунин афрод рӯшанфикрӣ воқеӣ намебошанд ва мавқеи хоси созанда ҳам надоранд.

Дар ҷомеаи насронӣ, яҳудӣ ва дигар шубҳае нест, ки афроди шуғли зеҳнӣ дошта ва рӯшанфикр эътироф шуда, ҳам аз илми дунявӣ ва ҳам динӣ бархурдор буда, эътиқодмандии худро пинҳон намедорад. Маҳз чунин мавқеи рӯшанфикри муқаррарӣ боиси эътироф ва эҳтиром мебошад. Дар ҷомеаи тоҷик афроди рӯшанфикр бештар аз Ислом дур, беэътиқод ва ҳатто то дараҷае даҳрӣ мебошанд, аз одатҳои христианӣ-русии худ то кунун халос шуда наметавонанд. Афроди рӯшанфикр  ба худ қолаби дунявиро касб карда, арзишҳои мусулмониро эътироф ва расму оинҳои исломиро риоя намекунанд. Дар назари онҳо рӯҳонии донишманду таҳсилдида рӯшанфикр нест. Чунин ҳолати духӯраи рӯшанфикри тоҷик монеаи ҷиддии муташаккил гаштани онҳо буда, барои дарёфти ғояи миллӣ ва ваҳдати комил монеъаи ҷиддӣ мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97