ТАСВИРИ БУЗУРГИИ МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ (Шарҳе бар ғазали Суруш)

Фарҳанг ва адаб 01.05.2010 15:14

Ба муносибати милоди шарифи набавӣ дар моҳи мавлуди имсола, ки аз рӯйи солшумории ҳиҷрӣ бо авохири моҳи феврал ва қисмати зиёди моҳи март рост омад матлабе навишта будам, ки ба далели мусофиратҳоям ба хориҷ аз Тоҷикистон нотамом монд. Мунтазир мондани хонанда ва нимкола гузоштани матлаб бароям озордиҳанда буд. Моҳи мавлуд сипарӣ шуд ва аз чопи бахши аввали мақола низ муддатҳо гузашт. Дар оғоз ба ин фикр худро таскин додам, ки матлабро пурра намояму ҳадди ақал дар сомонаи рӯзномаи "Миллат" дастраси хонандаҳо кунам, вале баъдтар яке аз дӯстон нуктаи ҷолиберо ёдовар шуд, ки баҳонаи хубе барои такмили матлаби нотамом шуд.

Ӯ гуфт мо аз рӯйи солшумории милодӣ дар пеш милоди набавӣ дорем пас ҷо дорад ба ин муносибат ва бо умеди муфид қарор гирифтан чизе бинависем. Ин дар воқеъ, гушоде дар кори ман буд ва акнун мехоҳам идомаи матлаби нотамомро навишта худро аз озорҳои нотамомии кор бираҳонам.

Дар бахши оғозини матлаб дар шумораи 11-уми "Миллат" (аз 18-03-2010) гуфта будам, ки Суруш бо таваҷҷуҳ ба шаби меъроҷи Пайғамбари худо нукоти зарифу ҷолиберо ошиқона баён мекунад. Дар идомаи ғазалвораи поёнии девони набувват шоир ба баёни азамати мартабаи Пайғамбар дар муқоиса ба малоик мепардозад. Инҷо ду нуктаи ҷолиб аст, ки дӯст медорам ба ҳардуи он ишора намоям:

1.Аввал ин ки шаби меъроҷи Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам баъди ранҷу дардҳо заҳмату шиканҷаҳое буд, ки он бузургвор дар роҳи пахшу нашри дин ва хондани мардум ба сӯйи худои якто кашида буд. Ин замоне буд, ки ӯро аз Тоиф барои даъвати мардум ба дини Ҳақ бо сангсор ронда буданд ва аз захми санг сараш хуншор шуда буд. Ин замоне буд, ки Пайғамбар пешниҳоди Ҷабраилро рад намуда буд. Баъди чунин рафтори бади аҳли Тоиф бо Пайғамбар ва замоне, ки вуҷудаш аз захми сангҳои ба сӯяш партоб шуда, дард мекард, Ҷабраил ба ӯ зоҳир шуд ва гуфт: "Агар бихоҳӣ ман кӯҳро болои тоифиён чаппа кунам". Пайғамбар саллоҳу алайҳи ва саллам ин пешниҳодро рад намуд ва гуфт: "Не шояд худованд аз сулби онҳо, аз насли онҳо одамони солеҳе биофаринад. Барои ман муҳим ин аст, ки Худо аз ман розӣ бошад".

2.Шаби меъроҷ бо дарназардошти ин нуктаи боло дар воқеъ, тӯҳфаи раббоние барои он ҳазрат буд. Ва он ҳам чӣ тӯҳфае. Шумо тасаввур кунед, ки агар ба шумо пул дода шавад, ки ба фалон нуқтаи ҷумҳурӣ сафари хидматӣ намоед. Албатта шод мешавед. Агар ба шумо имтиёзи сафари хидматӣ бо ҳавопаймо ба хориҷи ҷумҳурӣ дода шавад чӣ? Ин боз авҷи баландтари шодиву фараҳ аст. Дар умум корҳое, ки сафари хидматӣ бисёр доранд шавқу рағбат ба сӯи онҳо низ бисёртар аст. Акнун бо ин ташбеҳ тасаввур кунед тӯҳфаи илоҳӣ ба Паёмбарро. Ҷабраил бо маркабе бо номи Буроқ дар нимашаб ба назди он ҳазрат меояд. Буроқ маркабе ҳаст, ки қадамашро дар нуктаи ниҳоии дид а мегузорад. Масалан шумо аз Душанбе чашматон дуртарин ҷойеро, ки метавонад бибинад қуллаи барфпӯши кӯҳи атрофи пойтахт аст. Агар савори Буроқ бошеду дар ҳаракат пас қадами аввали ин маркаб болои қуллаи ҳамин кӯҳ аст. Қадами дигараш болои қуллаи баъдӣ, ки чашм мебинад ва ҳамингуна. Хуб ин ончӣ ҳаст, ки дар ривоёт дорем. Ҷолиб дар ин сафари набавӣ ин аст, ки Буроқро ҳазрати Ҷабраил меёрад то Пайғамбар савори он шавад ва ҳазрати Ҷабарил бар-бари он меравад. Суруш ба ин нуктаи зариф таваҷҷуҳ намуда мегӯяд:

Пой пуробила Ҷибрилу ту чолоксаворӣ.

Бод бар боди малоик ба тамошои расулон,

Тоири гулшани қудсиву ту худ айни маторӣ.

Таъбири фавқулода зебое ҳаст. Ба ҷойи гуфтани ин, ки "Ҷибрил пиёда рафту ту савори Буроқ" Суруш мегуяд: "Пой пуробила Ҷибрилу ту чолоксаворӣ". Инаст шоирӣ. Инаст тафовути як истилоҳофарин аз як қаламкашу суханвари одӣ. Идомааш ҳам хеле зебост: "Бод бар боди малоик ба тамошои расулон" чӣ таъбири зебое "тамошои расулон". Дар воқеъ ин хеле тамошои зебое ҳаст ва Пайғамбар ҳам мисли парвози малоик ба суйи ин тамошо шитофт.

Ту эй Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам парандаи гулшани қудсӣ боғи қадосату волоиӣ ва ту худ "айни маторӣ". Матор дар забонӣ арабӣ ба маънои парвозгоҳ аст. Мо дар тоҷикӣ AirPort/АЭРОПОРТ-ро фурудгоҳ мегӯем, яъне ҷойе, ки дар он ҷо аз парвоз фуруд меоянд. Дар арабӣ ин баракс аст ҷойе, ки парвозгоҳ аст-МАТОР. Усулан АЭРОПОРТ ҷойе ҳаст, ки номгузорияш душвор аст. Дар Афғонистон АЭРОПОРТ-ро тарҷумаи таҳтуллафзӣ намуданд ва шудааст-майдони ҳавоӣ. Каме хандаовар аст. Чун ҳеҷ майдон дар ҳаво нест. Ва мо ҳам гуфтем фурудгоҳ-ин ҳам номи дақиқ нест, зеро ин танҳо ҷойи фуруд омадан нест аз ин ҷо парвоз ҳам мешавад. Номи арабияш ҳам шомилу комил нест, зеро инҷо танҳо ҷойи парвоз нест. Хуб аз ин баҳсҳои луғавӣ бигузарем Суруш ба Пайғамбар мегӯяд, ки ту ҳам тоири-парандаи ва ҳам "айни матор" яъне худи парвозгоҳӣ. Яъне ин набуд, ки ту фақат парвоз намуда бошӣ, балки ту худ айни парвозгоҳӣ, дигарон аз ту паридан омӯхтанд. Парвозҳои маънавӣ ва пар-пар заданҳо дар гулшани қудсӣ.

Ба таҷаммул бигузаштӣ, ба ҷалолат бинишастӣ,

Бар чунон хони каримиву чунон хейли гуморӣ,

Сафари ин дунёии ту "ба таҷаммул" буд бо зебоӣ буд ва аз инҷо гузаштӣ то ба "ҷалолат" бинишинӣ. Ин ҳам кашфи волое ҳаст аз Суруш. Ту эй Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам аз ин дори дунё ба таҷаммулу зебоӣ гузаштӣ ва барои абаду ҳамеша ба ҷалолату волоӣ нишастӣ. Ҳамеша дар чашму хотираву дилҳо эҳтирому муҳаббатат боқист. "Бар чунон хони каримӣ"- чунин ба назар мерасад, ки "хони карим" -инҷо биҳишт (ки ҳоло он бузургвор онҷост)-ро дар назар дошта бошад, вале дар бораи истилоҳи "хейли гуморӣ" чизе гуфта наметавонам.

Меҳмони ҳарами ситру ифофи малакутӣ,

Дар тамошогаҳи розиву тамошогари ёрӣ.

Ба биҳишт ба он ҷаҳон рафтани ту ин мисли ба ҳарами ситру ифофи малакутӣ ворид шудани ту аст эй Пайғамбар (с). "Ситр" аз сатру пӯшиш аст ва "ифоф" аз иффату покӣ, ки ин ҳама васф ба биҳишт рост меояд. Ва "тамошогаҳи роз" низ дар қиёмат аст, ки яке аз васфҳои дигари рузи растохез ин "тамошогаҳи роз" будани он аст. Инҷо Суруш илҳом аз ояи каримаи "явма тублассароир" мегирад. Яъне рузе, ки асрор-розҳо ошкору бепарда мешаванд. Чӣ тамошое. Дар ҳаёти инҷаҳонӣ бисёр розҳое ҳаст, ки мо намедонем ва васвасаи донистани он пайваста дар вуҷудамон ҷӯш мезанад. Ин хеле рӯзи даҳшатоваре ҳаст. Тасаввур кунед, ки гаперо, ки намехоҳед ё наметонед ба наздиктарин дӯстатон бигӯед, вақте дар назди тамоми махлуқот ошкор шавад он вақт чӣ ҳолате шуморо фаро мегирад?????? Дар ҳадисе дорем, ки "ман сатара муъминан сатараҳуллоҳу явмал қиёма-касе айби муъминеро дар ин гетӣ бипӯшонад дар рӯзи растохез худованд айбҳои ӯро хоҳад пӯшонд дар рӯзе, ки тамошогаҳи роз аст явма тублассароир аст.

Мақсуд аз "тамошогари ёр" назар ба рӯи ҷамоли бори Таъолост, ки илҳом аз ояи каримаи "Вуҷуҳум ямваизин нозира илло раббика нозира" ба маънои рӯйҳое дар он хушу хуррам ва тамошогари парвардигорашон ҳастанд, мебошад.

Бо залумону ҷаҳулону мануъону ҷазуъон,

Меҳрубон бош чу бар ҳамли амонат бигуморӣ.

Дар сатрҳои боло бо чор истилоҳи қуръонӣ бармехурем: "залум-ситамгар", "ҷаҳул-нодон", "мануъ-манъкунанда" ва "ҷазуъ-тарсанда". Ҳамонгуна, ки медонем инҳо нафақат чор истилоҳи қуръониянд, балки васфҳои инсон дар Қуръони кариманд. Худованд одамиро баъди он, ки ин амонати бузурги ойини илоҳиро бар дӯши худ пазируфт, одамиро ситамгари нодон хонд- ...иннаҳу кона залуман ҷаҳула". Ва дигар аз васфҳои қуръонии одамӣ яке ин аст, ки вақте ба одам хайре бирасад онро манъ мекунаду ба дигарон намедиҳад ва аммо вақте ба ӯ шарре бирасад сахт меҳаросаду метарсад -...изо массаҳул хайру мануъа ва изо массаҳушшару ҷазуъа". Ин васфҳоро Суруш ҳамчун узр пеш меёраду аз ӯ мехоҳад бо ин васфҳо мо бар ҳамли амонати ту гумошта шудаем пас дар он рузи сахти растохез бо мо меҳрубон бош,-яъне шафоатамон кун эй Расули акрам.

Ту ба аркони шариат назадӣ сақфи маишат,

Серчашмӣ ту, рисолат зи тиҷорат нашуморӣ.

Эй Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам вақте ту дар ин дунё зиндагӣ кардӣ ба аркони шариат сақфи маишат назадӣ. Инҷо Суруш, рӯшанфикрона ва бо сӯзу дард бо Пайғамбар рози дил мекунаду мегӯяд, ки ту мисли хелеҳо аз намояндагони дини имрӯзӣ нестӣ, ки ба таъбири Фирдавсӣ:

Зиёни касони аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранду пеш.

Динфурӯшоне, ки бо номи дин бар мардум мечаранд. Оре, ту эй Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам одами серчашме будӣ, рисолатат барои ту дар воқеъ, расонидани паёми ҳақ буд на тиҷорат. Ту аз ҳисоби рисолат тиҷорат накардӣ ва барои худ қасру кушки шоҳӣ насохтӣ. Инҷо гапи Шариатии марҳум ба ёдам меояд, ки дар ниёишҳояш ба даргоҳи Худо мегуяд: "Худоё маро аз онҳое бигардон, ки пули дунёро мегиранд то хидмати дин кунанд на аз онҳое, ки пули динро мегиранд то хидмати дунё кунанд".

Ба худойе ки туро шоҳиди савганди қалам кард,

Ки ҳарифони қаламро ба фақиҳон насупорӣ.

Дар охири ғазали зебояш Суруш аз руҳи Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам мадад меҷӯяд ва ӯро ба Худойе, ки ӯро шоҳиди савганди қалам кардааст мехоҳад, ки ҳарифони қалам яъне худаш ва худашбаринҳоро ба фақиҳон инҷо фақиҳон рӯҳонияти ҳоким дар Ирони имрӯзиро дар назар дорад. Мегӯяд моро ба онҳо насупор. Савганди қалам ҳам возеҳ аст, ки ишора ба ояти қуръонии "Нун валқалами ва мо ястурун - Нун. Савганд ба қалам ва ончӣ бо он сатр мекунанду менависанд" аст. Инҷо як нуктаи дигаре ҳаст, ки мехостам онро зикр намоям. Дар назди аҳли ирфон ва дар ақидаи аҳли ташайуъ мадад хостан аз арвоҳи бузургон ишколе надорад. Аз дидгоҳи мазҳабҳои эътиқодии ғайриирфонӣ ва ғайри аҳли ташаййуъ ин амри ноҷоиз буда, хатар дар ақидаву бидъату ширк аст. Ба ҳар ҳол ман вориди ин баҳс шуданӣ нестам, фақат инро зикр намуданиям, ки Суруш ба далели шиа будану аз аҳли ирфон будан дар ин амри ишколе намебинад.


С.ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97