ШОҲИНБОД ВА МОДАГОВИ МАРЗШИКАН

Фарҳанг ва адаб 30.03.2010 15:39

МУСОҲИБА БО АЛОШАҚШАҚА

"6 феврвли соли 2010 дар марзи вилояти Ҷиззах модагови Ҷумҳурии Тоҷикистон дағалона марзшиканӣ карда, ба марзи Узбакистон гузашт" (Аз гузориши расмӣ)

Алошақшақа 3 сол боз алафи воридотии хориҷӣ мехӯрад. Ҳар субҳ ба тарафи ҳудуди Узбекистон рафта чаро мекард. Азбаски модагов ба сиёсат аз хурдсолӣ таваҷҷӯҳ надошт, ба марз эътибор намедод. Аз куҷо медонист, ки байни ду давлат баҳсҳои обию марзӣ вуҷуд доранд. Ҳамон рӯз Алошақшақа чун одати ҳаррӯза ба он тарафи марзи Узбекистон гузашт. Ногаҳон сарҳадбонони ҳамсоя ӯро боздошта бурданд…

Пас аз чанд мулоқот сарҳадбонони ҳамсояи Узбакистон Алошақшақаро ҷавоб доданд.

Мухбири ЁУМ дар марз бо Алошақшақа вохӯрда суҳбат намуд. Таасуроти Алошақшақро манзури хонандагон мегардонем.

-Бааа…алаф дар он ҷо хеле қиммат аст.Ширу қаймоқу ҳасибро аз Тоҷикистон мебаранд. Ҳамаи мардум бо вуҷуди зимистони хунук сарпӯш ва кулоҳ надоранд. Чунки аз даҳшати овозаи бардурӯғи фалокати Роғун мӯи сарашон доимо рост меистад. Дар мавриди хушксолӣ ва беобӣ сад фоиз дурӯғ мегӯянд. Об фаровон аст. Мақсади маъракаи зидди Роғун тарс аз мустақилияти комили энержии Тоҷикистон дар минтиқа аст. Дар ояндаи наздик Руссия ҳам барои суст шудани таъсираш дар Точикистон ва умуман минтиқа ба баҳонаҷӯӣ сар мекунад. Ман бо барзаговҳои Ҷиззах сӯҳбат кардам. Онҳо чунин ақида доранд. Дар мавриди озодии сухан низ нисбати ҳамсояҳо тӯҳмат аст. Дар он ҷо озодона Президенту савазири… Украинаро танқид мекунанд. Интихобот дар ҳамсоя мисли қаҳва хеле шаффоф гузашт. Мардум шаффоф- шаффоф нагуфта яку якбора шафтолу интихоб карданд.

Олимони Узбакистон собит карданд, ки ош, шашлик ва ордро якумин онҳо офариданд. Чанде пеш муаррихони Тошкент бо далелҳои мӯътамад исбот карданд, ки нахустин бор роҳравиро узбекҳо ихтироъ карда, дигар халқҳо аз онҳо роҳгардиро ёд гирифтанд.

Дар Узбакистон дар мавриди шоир Салими Зарафшонӣ овозаҳои зиёд паҳн мешаванд. Ба наздикӣ хабар доданд, ки шоир Салими Зарафшонӣ Тоҷикистонро тарк карда, ба Узбакистон мекӯчад. Шоир то ҳол дар Тоҷикистон хона надорад. Порсол як гурӯҳи калони зиёиёни маъруф бо нома илтиҷо карданд, ки ба шоир хона диҳанд. Муроҷиатнома зуд таъсир кард. Салимро иҷорадеҳ аз хонаи иҷора пеш кард.

-Алошақшақа Булошақшақаевна! Назари ҳамсояҳо нисбати мурофиаи судии нашрияҳои озоди Тоҷикистон чи гуна аст?

-Тамоми мардуми Узбакистон натиҷаи мурофиаи судии "Азия плюс", "Фараж", "Озодагон", "Миллат"-ро якдилона дастгирӣ намуданд. Тибқи ин қарор ин нашрияҳо 5 миллион сомонӣ ҷарима супурданд. Дар натиҷа ин нашрияҳо муфлис шуда, аз фаъолият боз монданд. Ҳамзамон 35 ҳазор хонандагони ин нашрияҳо даъво пешниҳод карданд, ки барои маҳрум шудан аз мутолиа 35 миллион сомонӣ зарари маънавӣ аз судяҳо ситонда шуда, барои наҷоти баҳри Арал истифода шавад. Роҷеъ ба ҷилави об мардум бархӯрди Тоҷикистонро Оқилона мешуморанд. Чанде пеш вазири оби Тоҷикистон ба Вазири оби Ҷумҳурии Узбакситон қаиқи бузрги "Катер" тақдим кард. Вазири ҳамсоя қаиқро истифода карда натавонист. Зеро қаиқ чанбарак (рул) надошт. Бо тааҷуб аз Вазири Тоҷикистон пурсид.

-Ин қаиқи шумо рул надорад,-ман чӣ хел дар об онро идора кунам?

-Шумо газ додан гиред-рулашро худамон аз ин ҷо идора мекунем,-гуфт вазири тоҷик.

Ба ман як гӯсола нақл кард, ки дар Узбакистон як гурӯҳ одамон шикоят кардаанд, ки дар Тоҷикистон одамон чуқур-чуқур нафас кашида, ҳаво ба тарафи Узбакистон хеле кам меомадааст. Онҳо аз Созмони Милали Мутаҳид хоҳиш карданд, ки экспертиза гузаронанад. Ҳамзамон экологҳо ва Вазортаи оби Ҷумҳурии Узбакистон нисбати Хоркаш Хаскашев парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Хоркаш - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди ҳавлиаш ҳавз сохтааст. Ин ҳавз иқлими вилоятҳои Узбекистонро вайрон ва миқдори боришотро кам мекунад. Мақомоти баландпояи Узбакистон аз Хоркаш талаб карданд, ки хулосаи экологии пешниҳодшударо амалӣ кунад.Дар хулоса омадааст, ки ҳавзи Хоркаш оби ба тарафи Узбакистон ҷоришударо ғун кардааст. Дар натиҷа соли оянда дар маъракаи кишт 8-пунбадона, 600 бех юнучқа нобуд мешавад. Ин фалокати ашаддиро як қатор ташкилотҳои ҷаҳонӣ низ тарафдорӣ карданд. Воқеан юнучқаро бояд наҷот дод. Охир юнучқа араби ироқӣ ва афғон не ку!!!

Анқариб ширкатҳои саёҳатии Узбакистон ба тамоми ҷаҳон муроҷиат карданд, ки дар Тоҷикистон одамон дар назди пиряхҳои Помир сигор мекашанд. Ин ба обшавии пиряхҳо мусоидат мекунад.

Гапи сиёсии бисёр - ба хар бор гуфтаанд. Нархи хар дар онҷо хеле қиммат аст. Корхонаи Роҳи оҳани Узбекистон боркашониро тавассути роҳи оҳани Бекобод-Хуҷандо-Фарғона аз ҳудуди Тоҷикистон манъ намудаст. Ҳоло бор аз тариқи ағбаи Оҳангарон бо харҳо кашонда мешавад.

-Алошақшақа Булошақшақаевна! Лутфан дар мавриди ҳалли ин муаммҳо ягон пешниҳоди мушахас нашунидед?

-Албатта, пешниҳодҳои ҷолиб мавҷуданд. Аз ҷумла як гурӯҳ тоҷикони ватанпараст таклиф карданд, ки дар ивази насохтани НБО-и Роғун Узбекистон тайёр аст, ки Бухоро ва Самарқандро ба Тоҷикистон баргардонад. Ба ақидаам ин шарти хуб аст. Агар ҳалли худро пайдо кунад, тоҷикҳо омода ҳастанд, ки ҳатто аз ҳар ду дарё як қулт обро беҳуда сарф намекунанд. Ва ширкати "Оби зулол", ки дар як сол 2 миллиард литр обро сарф мекунад, пурра мебанданд.

-Лутфан, Алошақшақа, дар он ҷо бо шумо чӣ хел муносибат карданд?

-Хеле олиҷаноб. Се вақт алаф доданд. Дар онҷо урфу одатҳои куҳнаи Шӯравӣ, ба гов додани кунҷора ва хӯрокиҳои омехта аз байн нарафтааст. Ман 5 литр шири худамро додам. Нархи шири хориҷӣ дар он ҷо қариб 5 доллар аст. Ҳамсояҳо барои ҳифзи махсулоти дохилӣ нархи боҷи давлатии моли хориҷиро баланд мебардоранд. Се сол пеш мурғҳои Марғелон ва Фарғона исён ва тухмпартоӣ карданд. Ҳоло аз хориҷ гӯшти мурғ, тухм ворид намешавад. Хурӯсҳои Узбакистон хушбахт ҳастанд.

-Алошақшақа барои сӯҳбати пурмуҳтавво арзи сипос менамоям. Бароят алафу кунҷораи фаровон орзумондам.

ЧОЙИ КАБУД

-Мӯҳтарам соҳибкор! Ман ба сифати маҳсулоти шумо кор надорам. Номи маҳсулотатонро иваз кунед. Шумо машруботи спиртии нимлитраро "Чойи кабуд" ном мондед. Чой арақ нест ку, эътироз кард нозири қайди литсензия.

-Ном ба мол дахл надорад. Масалан, анна ҳамин котибаатон номаш Зебо, вале ба афташ нигоҳ карда намешавад. Вай, муовинатон мардаки ланг, аммо номаш Рустам,-гуфт директори корхонаи машрубот Асадбек. Баъди моҷарои тулонӣ барои Асадбек истеҳсоли арақи "Чойи кабуд"-ро иҷозат доданд. Акнун мардкҳо маст бо хона омада, бемалол қасам хӯранд, ки чойи кабуд нушидаанд. "Чойи кабуд" ҳаққонӣ дорӯи дарди сар аст….

СОБИҚАИ СОБИҚ

Шумо Раис мӣ?

-Собиқ Раис!

-Муовин?

-Собиқ муовин!

-Оиладор?

-Собиқ оиладор!

-Варзишгари номӣ будед!

-Собиқ варзишгар!

-Соҳибкор?

-Собиқ соҳибкор!

-Одам-мӣ?

-Собиқ одам!

-Шумо ба хаёлам мурда ҳастед!!

-Собиқ мурда!

-Шумо кӣ ҳастед!?

-Ман рӯҳ ҳастам!!!

ХУСУСИГАРДОНӢ

Дар натиҷаи хусусигардонии саросемавор ва ғайриқонунӣ аз мол самараи дилхоҳ ба даст намеояд, -ба хулоса омаданд коршиносон ва иқтисодшиносон.

Воқеан дар 18 соли охир Ҷумҳурии Узбакистон моликияти зеҳнии моро хусусӣ гардонда, онро дуруст исифода намебарад.

КРОССВОРД

-Коргари нави мо дар ҷои кор факат кроссворд ҳал мекунад, -шикоят кард муовин ба раис.

-Канӣ назди ман даъват кунед,-амр дод Сардор.

Ашрафбек-коргари нав давон-давон назди сардор омад.

-Дар як соат чанд кросворд мекушоед-пурсид сардор.

-Даҳ кросворд!

-Инро зуд аз кор пеш кунед! Ин ба ҷойи ман даъвогар аст!

ФОЛБИН

Холисамо дар маҳаллаи мо чун фолбини муввафақ ном баровард. Зебидамо ҳаққонӣ зеби маҳалла ба назди Холисамро омада, ба тақдири ояндааш рӯшанӣ андохтанӣ шуд:

-Холаҷон маро ду нафар дӯст медоранд. Ҳар ду доимо лоф мезананд, ки бо як ишора ҷонашонро фидои ман хоҳанд кард. Акнун гӯед кадомашон хушбахт мешавад?

Холисамоҳ сипанд дуд карда, дастони Зебидаморо тамошо карда гуфт:

-Ашрафбек хушбахт мешавад, чунки шумо ба Асадбек ба шавҳар мебароед!

УЗРИ ГЕНЕРАЛ

Қуваҳои посдори сулҳи Паймони Атлантикаи шимолӣ ба бомбаандозии шаҳр оғоз кард. Баъди чанд дақиқа ба генерал хабар доданд, ки дар шаҳр ягон толиб набуд, мардум нобуд гардид. Генерал ба ёвараш амр дод.

-Телефонро биёред узр мепурсам.

-Чаноби генерал дар шаҳр ягон кас зинда намонд, шумо аз кӣ узр мепурсед, пурсид ёвар.

-Ман ба шаҳр не! Аз Пентагон узр мепурсам, ки бомбаи зиёдатиро сарф кардам!

ШИКОР

-Аблаҳ! Шавҳарам маро дар назди дугонаҳоям шарманда кард. Маро акнун дар ҳама ҷо масхара мекунанд,-гиряолуд ҳасрат кард Холисамо.

-Худаш чӣ гап! Ин қадар ашк мерезонӣ-пурсид Мағалмо.

-Дугонаҷон ман имрӯз ба балети "Кули қувон" чипта гирифта, ба шавҳарам телефон кардам, ки ба театр биёяд. Ӯ аблаҳ милтиқ ва либоси шикорӣ пӯшида омад.

ФАРОМӮШХОТИР

-Занак доруҳоят фоида карданд. Хотираам пурра мустаҳкам шуд. Ман ягон чизро минбаъд фаромӯш намекунам, гуфт Асадбек ба занаш.

-Мебахшед! Шумо дар бинои муқобил зиндагӣ мекунед, -гуфт Мағалмо ба марди бегона.

ИНТИХОБОТИ АФҒОНИСТОН

Ахиран нерӯҳо посдори ҷанг дар Афғонистон, Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ қарор дод, ки бомбаборон кардани Афғонистонро мавқуф гузорад. Зеро барои интихоботи навбатӣ дар Афғонистон 2-ҳазор аҳолӣ боқӣ мондааст.


Наҷмиддини ШОҲИНБОД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97