МО ДАР ТАМАДДУНИ УМУМИФОРСӢ САҲМ ДОРЕМ?

Фарҳанг ва адаб 29.03.2010 13:50

Тамаддуни умумифорсӣ дар низоми фарҳангии ҷаҳон аз аршад тамаддунҳоест, ки башарият онро эҳтироми хоса кардаасту мекунад. Аммо саҳми тоҷикион ва сокинони имрӯзи Осиёии Марказӣ ва Тоҷикистони географӣ дар офариниши ин тамаддун дар доираҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон камтар эътироф мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тоҷикон аз аслитарин ва асоситарин офарандагони ва меросбарони ин тамаддунанд. Худи Наврӯзи ниёиро ҷашни байналмилалӣ эълом карднаи ЮНЕСКО ва ташаббускори асосии ин пешниҳод будани Тоҷикистон (Президденти кишвар дар Ҷаласаи аввали порлумон зикр кард, ин иқдоми Тоҷикистон мебошад) як навъ эътирофи ҷаҳонии тоҷикон ва сифати умдатарин саҳмдорони тамаддуни умумифорсӣ мебошад.

Аз ҷониби дигар Тоҷикистон дар давоми чанд соли ахир як силсила икдомотеро амалӣ кард, ки дар эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикон беназиранд ба хидмати онҳоро барои башарият пешкаши оламиён гардонад. Аз ҷумла: ҷашнвораи "Авасто", 1100 давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 1150 солагии устод Рӯдакӣ, солрузи Румӣ (ҳамасола дар Тоҷикистон), 1310-солагии Имоми Аъзам ва 1200-солагии муҳаддиси варзидаи олам Имом Бухорӣ шинохти ҳаққӣ тарърихӣ мебошанд. Аммо ҳамоно саволҳое беҷавоб мемонанд дар ин росто. Иллат дар чӣ буд? Чаро моро дар баробари дигар меросбарони ин тамаддун камтар ба назар мегирифтанд? Ин дар ҳолест, ки сарзамини номбурда дар ташаккул ва ҳифзи тамаддуни умумифорсӣ ва нигоҳдошти он басо ҷонбозиҳо намудаву ҷонҳову абармардони зиёде дар тӯли таърихи башарӣ ба шаҳодат дода аст. Ҳамчунон ки таърих гувоҳӣ медиҳад ин миллати воло қариб таҳоҷуми тамоми кишваркушоён ва таҷовузгаронро аз сар гузаронида, бо тамоми ин ҳама турктозиҳо тавонист ҳуввияти миллии хешро нигаҳ дорад ва дар баробари ин тавонист он "ташнагони" хоку хуни ин марзу бумро ба зону шинонда мутеъу фармонбардори ин фарҳанги волову баланд гардонанд.

"Миллат" ба чанд тан аз донишмандони тоҷик бо ду суол: Сабаб чист, ки дар доираҳои илмӣ ва фарҳанги ҷаҳон саҳми тоҷикон дар тамаддуни умумифорсӣ камтар эътироф мешавад? ва ҷомеаи илмию фарҳанги мо бояд чи кореро анҷом бидиҳад?-муроҷиат кард.

Сафаров Сайфулло, муовини директори Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

УСТОД АЙНӢ КАМТАР ИШТИБОҲ КАРДА БУДАНД

1. Аввалан, бояд бигӯям, ки пештар давлате бо номи Тоҷикистон вуҷуд надошт, балки давлатҳое буданд, ки аз тоҷикон буданд ё тоҷикон дар ҳайати онҳо. Аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза қисмаш дар Бухорои шарқӣ ва қисме дар губернияи Туркистони империяи Русия дохил буд. Бадахшон низ ба Русия дохил карда шуда сарҳадашро сарҳадбонони рус ҳифз мекарданд. Яъне, соли 1924 аввалин бор кишваре бо номи Тоҷикистон рӯи харита омад. Аз ин рӯ, то ин вақт зери мафҳуми форс забони тамоми миллатҳои Ирони имрӯза ва тоҷиконро дар назар доштанд. Забон аз он ҷиҳат форсӣ ном гирифта буд, ки ба ин забон шаҳрвандони чунин як давлати дар дунё машҳур сӯҳбат мекарданд. Худи тоҷик аз ҷиҳати этникӣ хело қадимӣ аст ва асоси этникии тамоми халқҳои форсизабонро ки бо лаҳҷаҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форси иронӣ суҳбат мекарданд, ташкил медиҳад, ба истиснои курду пуштуву дигар қавм¬ҳои иронинажод. Сарзамини тоҷикон агар аз рӯи забон ҳукм ронем хеле болотар аз Хуҷанд сар карда то Шероз, аз Қошғар то Деҳлӣ ва Самарқанду Бухорову Хоразм ҳар касе бо ин забон гап мезад ӯ тоҷик буд. Аз баски давлати миллӣ набуд ҳамин ном дар сарчашмаҳои таърихӣ кам сабт шудааст. Бештар ин ном дар сатҳи олимону бузургону шоирон шинохта мешуду халос. Масалан, дар шеърҳои Саъдии Шерозӣ ва Деҳлавӣ ин вожа омадааст. Аз ин рӯ, устод Айнӣ инро ба асос гирифта дар пайдоиши калимаи тоҷикро ба асри сенздаҳ мансуб медонад. Ин аз дидгоҳи донишмандони имрӯза ғалат мебошад. Олимони мо ҳар вақт аз "Наврӯзнома"-и Умари Хайём сӯҳбат мекунанд. Яъне аз будани "Наврӯзнома"-ҳои пештар навишта шуда бехабаранд. Солҳои ҳаштодум дар шаҳри Маскав, китобе бо номи "Наврӯзнома" дар таҳияи Содиқ Қиё (олими эронӣ) ба дастам афтод ва ман онро ба аспирант¬ҳои он вақтаи тоҷик фиристодам ва Мирбобои Мирраҳим мақолаеро дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" тахминан бо номи "Дар ҳошияи як асари устод Айнӣ" низ ба табъ расонида буд. Дар ҳамон ҷо мо ин ақидаро рад намуда будем ва исбот намудем, ки ин калима дар асри IV милодӣ низ вуҷуд дошт. Дар луғатномаи ин китоб Тоҷиконшоҳ ном шахс омада аст, ки зери он ман хат кашида нусхаи онро ба Душанбе фиристода будам.. Ин корро М. Мирраҳим анҷом дод ва писарашро низ Тоҷиконшоҳ ном ниҳод. Аҷаб не ҳоло он кас 30 сола шуда бошанд. Инчунин дар сарчашмаҳои таърихии чиниҳо низ ин ном бо вожаи "тае ҷи" борҳо омадааст. Тамоми фарҳанги умумифорсӣ ба этноси тоҷикӣ тааллуқ дорад, аммо аз баски он замон танҳо кишваре бо номи Форс мавҷуд буд ва қариб то асри бистум Ирони имрӯза бо ин ном дар ҷаҳон шинохта мешуд, вожаи форс бештар машҳур гашт ва номи миллате, ки бо ин ном зиндагӣ мекард, паси парда монд. Қисме аз мардуми шимоли Эрон, ки бо арманиҳо қаробати хешу таборӣ дорад низ тоҷик ном доранд ва як олими озорбойҷонӣ дар соли 1980 ба ман як зарбулмасалеро гуфта буд дар ҳеҷ сарчашмаи дигар во нахӯрдаам. "Сеет Хачик (армян), забирает тачик (тоҷик)". Яъне "Арманӣ мекораду тоҷик медаравад (ё мегирад)". Таърихшиносони моро мебояд сари ин масъалаҳо бештар диққат намоянд ва кӯшиш кунанд, то маънои васеи этноси тоҷикро аз сари нав зинда намоянд. Дар таърихи халқи тоҷик барои чӣ бошад, ки ҳеҷ касе ба қисми шарқтар аз Тоҷикистон, яъне таърихи тоҷикон дар Чин маш¬ғул нашудаанд. Агар кашфиёти олимаи пуркор, профессор Гузел Майдиноваро доир ба империяи то Деҳлӣ расидаи тоҷикон - Кирпанд ва тадқиқоти ватандӯстонаи таърихшиноси воқеъбин Ҳасан Шарифовро доир ба Ёқуббек, ки дар Қашқари Чин ҳоким шуда буд ба ҳисоб нагирем ин тарафи масъала то ҳоло ноомӯхта аст. Агар мо томияти таърихи худамонро исбот карда натавонем, пас қадру қиммати мо чӣ мешавад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба бисёре аз чунин масъалаҳо дар чор китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то сомониён" равшанӣ андохта онҳоро хеле ҷиддӣ ва ватандӯстона таҳқиқ кардаанд. Вале ин баҳр бекарон аст ва қувваҳои нав, диди нав ва методологияи навро тақозо дорад. Ва яке аз масъалаҳои заруртарини имрӯза он аст, ки чун миллати фарҳангӣ хеле зиёд будани шумораи тоҷиконро исбот намоем. Таъсири фарҳанги хешро ба дигар фарҳангҳо муайян кунем. Ин сухани ман низ ба назарам нав нест ва номи тоҷик то ҳанӯз дар байни кишварҳои ҳамзабони мо машҳур аст. Масалан, худи Шерозиҳо хешро тоҷик меноманд ва ному фамилияҳои бо калимаи "тоҷик" сохташуда дар ин Ирон ва ҳатто дар атрофии Теҳрон хеле зиёд ба назар мерасад. Ба замми ин, агар ба ашъори бузургон назар афканем бисёр ибора ва суханонеро метавон пайдо намуд, ки то ҳанӯз дар байни мардуми мо маъмуланд. Ба таври мисол ҳангоми мутолиъаи ашъори Румӣ ва Боботоҳир ва дигарон бисёр ибора калимаҳое мавҷуданд, ки дар мардуми ҷанубӣ кишварамон то навоҳии Ванҷу Дарвоз то имрӯз хеле дар истифодаанд. Боз як далели дигари гаҳвораи тамаддун будани кишвар ва миллати мо ин аст, ки асосгузори шеъри тоҷикию форсӣ Рудакӣ аз ин сарзаминбуда, Абуалӣ ибни Сино-асосгузори тамоми мафҳумҳои илмии тоҷикию форсӣ аз Бухоро мебошад, "Осор ул боқия"-и Берунӣ низ ба лаҳҷаи хоси мо навишта шудааст. Баъдтар низ забони устодони бузурги адабиёти Ирон, ғазалсароёни радаи аввали адабиёти мо чун Ҳофиз ва Саъдии Шерозӣ ва ғайра низ аз забони мо фарқе надорад. "Шоҳнома"-и устод Абулқосим Фирдавсӣ низ инъикоси забони мо дар он давра буд ва ба намунаи аслии забони адабии имрӯзаи мо мебошад. Забони Ҷалолидини Балхӣ гарчанде дар Кунияи Туркия мезист, Низомии Ганҷавӣ, ки дар Қафқоз умр ба сар бурдааст, на танҳо барои мо намунаанд, балки як лабораторияи бузургу беинтиҳои такмили забони адабии мо мебошанд. Вазифаи мо фаъол гардонидани ин хазинаҳои фарҳангӣ мебошад.

Ҳатто Саид Нафисӣ ва чандин олимони дигари иронӣ, дар асарҳояшон гаҳвораи асосии тамаддуни ориёиро манотиқи имрӯзаи тоҷикнишини Осиёи Миёна медонад. Хулласи калом, метавонам бигӯям, ки дар тамоми ҷабҳаҳои фарҳангиву илмиву сиёсии Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна саҳми тоҷикон босазо ва арзанда мебошад.

2. Дар баробари суоли дигари шумо метавонам бигӯям, ки барои вусъати фарҳ¬ангамон худи раиси ҷумҳурамон бо асарҳои хеш ва корҳои амалияш тӯли ин солҳо ташаббус нишон додааст. Яъне сиёсат имрӯз барои ин кор тамоми шароитро дар ихтиёри фарҳангиён ва олимони мо фароҳам овардааст. Аллакай қисме аз олимони тоҷик хело ҳам хидматҳои арзандаеро дар ташаккули ин фарҳанг ва пешкаши он ба оламиён, ан¬ҷом додаанд. Мо ҳам дар ин роҳ кӯшишҳо намуда истодаем. Аммо дар маҷмӯъ, метавонам инро қайд намоям, ки уламои мо нисбат ба солҳои пурталотуми рушди худшиносии солиёни пеш, имрӯз камҳаракатанд. Феълан ин раванд аз ҷониби ҳукумат ва раиси ҷумҳури мо бисёр дастгирӣ ёфта истодааст, ки дар он замон ин гуна набуд. Баракс одамони худшиносу худогоҳ таъқиб мешуданд. Донишмандон он вақт зиёд буданд, вале онҳо саволи "Барои чӣ" намегузоштанд. Дар доираи идеологияи он вақта кор мекарданд. Зиёиёни моро мебояд, ки дар тамоми соҳаҳои илмиву фарҳангӣ барои рушду такомул ва баррасии он дар олам кӯшишҳо ва ғайрати дучанд нишон диҳанд, то дар саҳифаи таърих барои ояндагон инро чун як давраи "тиллоӣ" нишон диҳанд ва умед аст инчунин хоҳад буд. Ман ҳамчун муаррих ин фикрро дорам. Барои ҳамин алъон рӯзи Растахез аст. Растахез ба маънои аслияш, ба маънои худшиносии миллӣ. худогоҳии миллӣ, худсозии миллӣ. Ва мо бояд ин имконияти (шонси) таърихиямонро аз даст надиҳем ва истифода намоем. Ҳамакнун Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин корро анҷом дода истодааст. Агар файласуфона ба ин масъала назар андозем, мо чунин як тамаддуни тоҷикиро, ки доранда ва барандаи он этноси тоҷик мебошад дар сарзаминҳои номбар кардаам дорем, доштем ва хоҳем дошт. Барои он ки ин доштаи худамонро ҳифз намоем, аввал бояд онро нигоҳ дорем, дувум рушд диҳем, саввум ин бойгарии миллии хешро созем, яъне худамон низ биофарем! Истиқлоли фикрӣ дошта бошем. Маҳз офаранда ва соҳибтафаккур будан моро чӣ хеле, ки мардуми мо мегӯянд аз балоҳои охирзамон наҷот хоҳанд дод.

Комил Бекзода, файласуф ва ходими пешбари илм дар пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ ҶТ

НИСБАТИ ҚАВМИ МО ЗУЛМИ ФАРҲАНГӢ ҶОЙ ДОРАД!

1. Якум назари Аврупо ва Ғарб барои мо далелу ҳуҷҷат нест, Аврупо не пайғамбар ҳасту не Худо дар шакли классикӣ ва не пешбари илм. Баъди террори 11-уми сентиябр дар Амрико метавон гуфт, ки ҷомеаи ғарбӣ тамом гашт. Аз он фармоишоте, ки ба Шарқ мекард халос гардид, акнун роҳи муросоро гирифтааст, ки ин муросо низ холисона нест ва ин аз назари биниши сиёсист.

Қисмати дуюми савол, ки мо чаро саҳм надорем ин аст, ки мо то ба имрӯз ба қавли овозхони машҳури иронӣ, оқои Шаҷараёни "Ҷазирае кӯчаке будем, дар уқёнуси туркӣ", ки ба олами ориёиҳо робитаҳоямон басо кунд буданд, ҳамеша имкони кам доштем, то бо Ирони бузургу Хуросони бузург робитаи танготанг дошта бошем. Ин шароитҳо дар таърих басо кам буданд. Чизи ҷолиб ва нав ин аст, ки Тоҷикистони имрӯзро мебояд барои густариши фарҳангамон кӯшиш намояд. Зеро дунё тамом нагашта аст, онҳое ин гуна савол медиҳанд, хаёл мекунанд, ки дунё ба охир расидааст. Онҳое, ки ин фикро доранд, ки аввалаш Юнон буду васаташ хуҷумҳои салибиву охираш салтанати Амрико сахт хато мекунанд! На, дунё акнун шурӯъ мешавад! Барои ҳамин дар ин росто мақоми фарҳангиёни мо бояд чашмгир бошад, чаро ки решаи фарҳанги ориёӣ аз ҳамин диёри мо реша мегирад. Зодгоҳи Зардуштро мегӯянд дар канори рӯдхонаи Сир ҷойгир мебошад, ки дар Хуҷанди мо қарор дорад. Қабри Зардуштро, ки низ то ҳанӯз нопайдост тибқи тадқиқотхои нави яке аз донишмандони муосир - Фарҳангмеҳр (дар китоби хеш "Фалсафаи Зардушт") ҳамон қабри ҳазрати Алӣ, ки дар Бадахшони Афғонистон мавҷуд аст, қабри Зардушт мебошад. Мардуми фарҳангии он замон барои он ки аз байн наравад ӯро номи нав гузошта аз нобудӣ нигаҳ доштаанд. Чунон ки худ медонем дар замони турктозиҳои қабоили бегона ба ин кишвар мардуми рӯшанфикри он замон бо ҳамин роҳ тавонистанд, фарҳанги бостонии хешро хаспӯш намуда, аз фаношавӣ нигаҳ доранд ё мазори дигари кишвари мо бо номи Бурх асту ӯро бузургдошт мекунем, низ ёдгори таърихии гузаштагони мо аст ва аз таърих хуб медонем, ки Бурх дар замони Мусо (а) зиндагӣ карда буду бо қавми худаш ба Миср рафт ва ҳеҷ робитае ба фарҳанги бостонии мо надорад. Чунин ҷойҳо зиёданд ва метавон аз бисёр ҷойҳои кишварамон мисол овард. Лекин аз сабаби камогоҳии мо нисбати кашфиётҳои нави дақиқи илмии муосир, ки дар Ирон Афғонистон, Хива аз соли 41-то ин дам анҷом ёфт, чизҳое ёфтаанд, ки ҷаҳонбинии моро бакулл дигар кард. Масалан, пештар мегуфтанд Зардушт ду ҳазору шашсад сол пеш арзи вуҷуд дошт, лекин худи бостоншиноси Узбакистон Аскаров маконеро пайдо намуд, ки 15-аср пеш аз милод вуҷуд доштааст ва дар он ҷо расмҳо ва олоти хоси ин мардумро, аз қабили асои сараш моршакл ва олоте, ки гиёҳи хешро мекӯфтанд пайдо намуд. Ҳатто ибодатгоҳи ӯро пайдо намуданд. Аз ин бар меояд, ки таърихи ориёиҳо беш аз 7000 сол дорад. Имрӯз илмро дигар бо ривояту қоғаз баҳо додан ғайри имкон аст, имрӯз далелҳои шайъӣ заруранд. Илми муосир ҳоло бештар ба бозёфтҳо ва далелҳои материалӣ такя дорад, вагарна ҳар кас метавонад чизи дилхоҳашро нависаду пешкаш намояд. Метавон гуфт, ҷамъулҷамъ аз Ҷамшеду Зардушт то ба замони мо беш аз ҳашт ҳазор сол сипарӣ гаштааст, ки мутаасифона инҳо пештар ба назар гирифта намешуданд. Ҳатто зулми фарҳангӣ нисбати қавми мо вуҷуд дорад, бузургони Аврупо исбот намудаанд, ки Зардушт 6000 сол пеш аз Афлотун умр ба сар бурдааст. Беш аз чиҳилу як мутафаккири Юнонӣ ин гуфтаҳои бандаро дар асарҳои хеш овардаанд. Лекин олимони имрӯзаи онҳо инро нодида гирифта, доимо дар мероси худашон нисбати ин гап сукутро ихтиёр менамоянд. Акнун ҳоло кашфиётҳои бостоншиносӣ ҳамаи инро исбот намуданд. Бадбахтии дигар ин аст, ки аҳли мутолиаи мо имрӯзҳо нисбати ин кашфиётҳои аз соли 1941 то ба ҳол кам таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бештар аз рӯи афсонаҳои хурофотии асримиёнагӣ, фарҳанги моро баҳодиҳӣ менамоянд. Яъне ҷуръате надоранд то ин кашфиётҳои аз ҷониби бостоншиносони дохиливу хориҷӣ ба даст омадаро истифода намоянду афсонабофиро тарк намоянд. Бузургтарин олимони мо Берунӣ ва Масъудӣ тамоми он чизҳоеро дар китобҳояшон овардааннд танҳо аз забони ин ё он ашхос ва ривоятҳои таҳрифшуда гирифта ва бе ягон таҳқиқ дар китобҳои хеш овардаанд, ки як зулме дар баробари фарҳанги гузаштагони мо мебошад. Ин ба он мемонад, ки Хитоие биёяду аз як муллои бесавод дар бораи ислом бипурсад ва он гуфтаи ӯро бурда, бе ягон таҳқиқу мутолиа паҳн намояд, ки ислом чунин аст. Беруниву Масъудӣ низ дар баробари фарҳанги ниёгонамон чунин рафтор намудаанд. Сабабаш ҳамон шикасти сиёсии мо буд аз замони Хушёршоҳ-давомдиҳандаи кори Куруш, ки нахустин бор аз дасти Юнониҳо шикаст хӯрд аз ин баъд шикаст андар шикаст то ба имрӯз омада расидем. Ҳамин шикастҳо буд, ки фарҳанги волои мо зери хок монд. Ҳамакнун, ки дунёи глобалӣ асту каме озодиҳои нисбӣ мавҷуд аст, фарҳангиёни мо вазифадоранд то он хоку чангҳоро бартараф намуда, осори ниёконамонро пешкаши оламиён гардонд. Ин рисолати аслии фарҳангиёни имрузаи мост, агар мо инро анҷом надиҳем хиёнати бузурге хоҳем кард дар муқобили миллату фарҳанги хеш!

Метавонам бигӯям, ки байни Панҷ ва Сирдарё гаҳвораи тамаддуни ориёиҳост. Зардушту Ҷамшед дар ҳамин ҷо таваллуд шудаанд ва баъд ба Афғонистону Ирону дигар кишварҳо паҳн гаштаанд. Далел чист? Дар тамоми китобҳои динии Зардуштӣ номҳои кӯҳҳо ва маконҳое омадаанд, ки ҳамаи онҳо дар ин манотиқ қарор доранд ва дар Ирон билкул вуҷуд надоранд. Ин тадқиқоти илмӣ аст охир ин натиҷаи кофтуковҳои бостонии имрӯза мебошад, зеро дар замони муосир илм дигар ба коғазу гуфтаҳои кадом як олиме, ки медонист ё не зарурат надорад, бештар ба далели шайъӣ диққат медиҳад, ҳар як далелро бо таърих муқоиса намуда он чиро ки мутобиқ аст қабул ва он чиро ки нест қабул наменамояд.

2. Инро бояд ҳар як ҷавони тоҷик аз худаш бипурсад, зеро имрӯз дониш ҷаҳонӣ гаштаасту он чиро ки мо мехонем амрикоиҳо низ онро мехонанд, ҷопониҳо ҳам. Пас чӣ бояд кард? Лофзаниву катагапиву мансабталабиро кам кардан даркор. Ғуруру номуси миллӣ доштан даркор, барои худнамоӣ не, ки доктор ё профессор шавам, балки худро дар рӯ ба рӯи ҷаҳони фарҳанг тасввур намудан ва эҳсос кардан даркор, ки масъулияте ҳазорсолае барои рушди фарҳарги ин миллат ба дӯш дорӣ. Фарҳангро ба осонӣ сохта ва бадаст овардан намешавад, фарҳанг ҷонбозиҳо ва ҷасорат мехоҳад. Фарҳанг сарнавишти ҳар миллат мебошад ва ба осонӣ ба даст намеояд. Барои эҳёи он қавму қабилаи бешумореро аз байн бурдаанд. Ҳоло каме бошад бо ҳамин демократияи қалбакияшон ин нобудиҳо камтар гаштааст, бинобар аз ин озодиҳои нисбиро бояд истифода карда дар баробари виҷдони худ тамоми инсониятро дар назар орад.

Равшан Раҳмонӣ, профессори риштаи мардумшиносӣ

ТОҶИК АЗ ЗАМОНИ ҲЕРОДОТ ТО ИН ДАМ ВУҶУД ДОРАД

1. Аввалан ин, ки то исиқлоли Тоҷикистон кишварамонро дар олам ҳамчун давлати мустаъқил намешинохтанд, дар бораи мардуми мо доираҳои адабётшиносӣ ва ғайра камтар огоҳ буданд. Дигар ин ки баъд аз истиқлол Тоҷикистон зуд аз ҷониби кишварҳои олам шинохта шуд ва дар баробари шинохтан, онҳо дарёфтанд, ки яке аз марказҳои асосии тамаддуни ориёӣ Осиёи Миёна ва зодгоҳи асосии тамддуни умумифорсӣ мебошад. Ба ҷуз ин олимони ховаршинос аз қабили Нафисӣ, Каменский мегӯянд, ки маркази асосии рушди забони форсӣ ҳаминҷост. Инчунин омили дигаре, ки моро муаррифӣ кард ин паҳну парешон гаштани зиёиёни мо бар тамоми олам аст. Пештар фарҳанги мо дар зери таъсири умумишуравӣ қарор дошт ва аз сад як донишмандони тоҷик тавоноии ба хориҷа рафтанро доштанду халос. Хушбахтона ҳоло садҳо ҷавонону олимони мо дар кишварҳои мухталифи олам эҳёгари фарҳангу тамаддуни волои моянд. Масалан худи банда тавонистам дар бештар аз панҷоҳ конфронси илмии ҷаҳонӣ бо баракати истиқлол ширкат варзам.

2. Яке аз меросбарони Наврӯз мо тоҷикон мебошем, вақте тоҷики дарӣ ё форсӣ мегӯем инҳо муродифи якдигаранд, инро бояд ҷудо накунем. Далели дигари он ки қавми тоҷик чанд сол вуҷуд дошт ин аст, ки тоҷик беш аз ҳазорсолаҳо-аз замони Ҳеродот то ин дам вуҷуд дошт, ки инро чандин олимони барҷастаи олам исбот намудаанд. Яке аз ин гуна олимон Кузнетсов дар китоби хеш "Древный Иран и Тибет" менависад, ки тоҷик ва иронӣ муродифи якдигар аст. Дар нақшаи ёфташудаи Тибет ҳудуди сарзамини ориёиҳо аз Тибет сар карда тамоми Осиёи Миёнаи имрӯзаро низ фарогир аст. Мо тоҷикон, ки меросбари ин фарҳанг мебошем бояд тамоми он ёдгориҳои пешиниёнро кӯшиш намоем то аз нав пешкши оламиён гардонем. Ман борҳо пешниҳод намудам, ки мо ба ин кор бештар тавҷҷӯҳ намоем, вагарна ин як хатои бузурге хоҳад буд нисбати фарҳанги миллии мо.


Пурсиши Аъзамшоҳи Қ.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97