Дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни "китоби соли Ирон" Муҳаммадсалом Махшулов олими тоҷик, ки дар бахши "таҳқиқот дар соҳаи ироншиносӣ" номзад буд, пирӯзи озмун эълон гардид. Ду асари тарҷумашуда тавассути Махшулов, ки яке "Хадамоти мутақобили Ирону Ислом" ва дигарӣ "Инсонb комил дар Ислом", ки ҳар ду ба қалами Муртазои Мутаҳҳарӣ донишманди марҳуми иронӣ таъаллуқ доранд, пирӯзи озмун шуданд. Маросими эҳдо ва тақдими тӯҳфа ба барандагони озмун дар санаи 8 феврал дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд.
Анъанаи тӯҳфасупорӣ чунин аст, ки барандаи ҷоиза тӯҳфаашро аз дасти раисҷумҳури Ирон дарёфт мекунад. Чорабинии мазкур 17-умин озмуни китоби соли Ирон мебошад. Гуфта мешавад баъди устод Сотим Улуғзода Муҳаммадсалом Махшулов нахустин донишманди тоҷике ҳаст, ки дар ин озмун баранда мешавад.
Ҳамкори мо Саъдии Юсуфӣ бо Муҳаммадсалом Махшулов қабл аз сафараш ба Ирон барои дарёфти ҷоиза мусоҳибае орост, ки инак тақдим мешавад.
-Зимни ташаккур аз Шумо, ки розӣ шудед, ин мусоҳибаро бо мо доир кунед ва зимни табрику шодбошӣ барои ин пирӯзӣ дар оғоз мехостем аз Шумо бипурсем, ки чӣ гуна фикри иштирок дар озмун ба сари шумо уфтод?
-Аслан, масъалаи иштирок матраҳ набуд. Ин китобҳоро сафорати Ирон дар Русия ба унвони осори баргузида дар тарҷума барои дарёфти ҳамин ҷоизаи "Китоби сол" ба озмун пешниҳод кардааст. Ман худам бехабар будам. Баъд гуфтанд, ки чунин масъалае ҳасту чунин озмуне оё пешниҳод кунем ё не? Ман ҳам ризоият додам.
-Яъне Шумо аввал тарҷума кардеду баъд масъалаи озмун пеш омад?
-Озмун ҳамин аст, ки аввал китоб чоп мешавад ва китобҳоеро, ки як сол қабл чоп шудаанд, онҳоро пешниҳод мекунанд, аз соли 2008 то 2009. Яъне ин китобҳо ба унвони китобҳои соли 2008 пешниҳод шудаанд. Дар Русия қаблан ин ҷоизаро дафтари аввали "Маснавӣ" дарёфт карда буд, баъд як китоби бузурги гурӯҳи донишмандони Институти забонҳои Академияи илмҳои Русия, ки таҳти сарварии Эделман навишта буданд ва онҳо ҷоизаро дарёфт карда буданд.
Аз Муртазои Мутаҳҳарӣ ман чанд китобро тарҷума кардаам: "Хадамоти мутақобилаи Ирону Ислом", "Инсони комил", "Масъалаи Ҳиҷоб", "Низоми ҳуқуқии зан дар Ислом", "Ҷозибаву дофиаи Алӣ" ва дар ҳоли ҳозир рӯйи китоби "Сайре дар "Наҳҷ-ул-балоға" кор мекунам. Баъд як китоби дигар ҳам доранд ирониҳо аз Сайид Ҳусайни Соравӣ бо номи "Беҳтарин қисса", манзур ҳамон қиссаи ҳазрати Юсуф аст. Як гузорише додааст дар бораи қиссаҳои динӣ дар адабиёти динии ҷаҳонӣ ва баъд шурӯъ кардаст ба тавзеҳу тафсири қиссаи ҳазрати Юсуф аз дидгоҳи зебоишиносӣ, яъне илми эстетика, тарбиявӣ ва таърихиву аз диди панди андарз, ки инро ҳам тарҷума кардаам. Китоби дигаре ҳаст аз маҷмӯъи донишмандони Ирон бо номи "Мардумсолории динӣ". Ин китоби бузурге ҳаст дар ҳаҷми 700-800 сафҳа, яъне ман талоши нафс дорам ба гуфти Иқбол:
Талоши нафс аз он доданд моро,
Ки бошад пар кушуданро баҳона.
Ин асту чизи дигаре матраҳ нест.
- Шумо аз кай бо Мутаҳҳарӣ ва осори ӯ ошно шудед?
- Аз хеле солҳо, аз ҳамон айёме, ки баъзе бародарон мерафтанд Ирону Афғонистону баъзе китобҳояшро меоварданд, ин охири даҳаи ҳафтоду оғози даҳаи ҳаштод буд. "Хадамоти мутақобили Ирону Ислом" ва "Инсони комил"-ашро меоварданд. Баъд аз ҳамон вақт шурӯъ кардем. Вале асосан ва бештар ман бо Зарринкӯб ошноӣ доштам. "Дар кӯчаи риндон" як пажӯҳиши аҷибе ҳаст аз Зарринкӯб дар бораи Ҳофиз, баъд "Чандин сабӯи шикаста". Умуман, Зарринкӯб пажӯҳишҳои бисёр ҳам ҷиддӣ дар Ҳофиз ва мавлавишиносӣ дорад. Баъд ҳамин "Корномаи Ислом", ки ба русӣ тарҷума шуд, бо номи "Исламская цивилизация", яъне пеш аз ин корҳо. Яъне шурӯъ кардан баҳонааш ҳамин буд ва аз сафорати Ирон дар Русия супориш карданд, ки ҳамин китобҳоро баргардон бикун, ман ҳам анҷом додам. Медонед, дар Русия русҳо ба тарҷумаи ҳар чиз даст намезананд. Ман ба ин натиҷа расидам, ки барои дарки ирфони ирониву исломӣ, албатта, ирфон дар Ислом бештар ҷанбаи ирониву хуросонӣ дорад, ки барои дарки ин бояд дар ҳамин муҳит бузург шуд. Махсусан, шеъри ирфонӣ. Ҳатто одитарин шеъри форсӣ ҳам. Намедонам қаблан ховаршиносони рус чӣ гуна буданд, вале имрӯз ховаршиносоне пайдо намешаванд, ки битавонанд мазомини ирфониро ва зарофати шеъри форсиро дарк кунанд. Ҳатто дар сатҳи мутавассит.
- Яъне гуфтаниед, ки таваҷҷуҳеро, ки наслҳои аввали ховаршиносони рус доштанд, имрузиҳояшон надоранд?
- Бале.
- Сабабашро Шумо дар чӣ мебинед? Чаро дар оғоз бисёр таваҷҷуҳ карданду имрӯз диққат намедиҳанд?
- Бубинед, ироншиносӣ дар оғоз ҷанбаи суфоришӣ дошт. Донишмандон тавҷеҳ мешуданд, барои он ки сотсиализми ҷаҳонӣ мехост дар кишварҳои форсизабон ва дар қаламравӣ форсӣ нуфуз пайдо кунад. Вале ҳоло ин ғараз дар миён нест. Ин омил аз миён рафтааст. Қудратҳои пурнуфуз ва тасаллутхоҳ ба мақсадашон расиданд. Шумо ҳам бубинед, ки моро таҳқир мекунанд, ки дар Осиёи марказӣ ақли таҳлилгар набошад. Ин масалан, ҳамин намоишномаи чукчаи "Равшан ва Ҷумшуд". Инҳо амдан анҷом мешаванд ва хеле ҷиддӣ гирифта шудаанд.
- Биёед дар бораи андешаҳои Мутаҳҳарӣ каме сӯҳбат кунем. Вале қабл аз он, ин чанд муддат замон бурд, ки шумо ин ҳар ду китобро тарҷума кунед?
- "Хадамоти мутақобили Ислому Ирон" ин як тарҷумаи таҳтуллафз нест. Аз матолиби мухталиф истифода шудааст. Чун устод Мутаҳҳарӣ ин асаршро барои як иронии омода навиштааст, ҳатто барои як тоҷик ҳам не. Барои дар сатҳи Афғонистон ҳам не. Барои як иронии таҳсилдида. Пас, барои дарки осони ин асар бештар тавзеҳ лозим. Ва пеш аз ҳама тавзеҳоте, ки ба мазомини калидии ирфону тасаввуфу фаласафаи исломӣ марбутанд. Масалан, вожаи ирфонро ба русӣ тарҷума мекунанд "мистицизм", ки ман фикр мекунам, ин ба гуфти худи русҳо "это издевателство над ирфаном". Яъне гӯё нигоҳи таҳқирӣ ба ирфон аст. Дар ин китоб мо пешниҳоде додем, ки донишмандони Русия махсусан профессор Тавфиқ Иброҳим, ки аз диди ман бузургтарину ҷиддитарин ва омодатарин ирфоншиноси русӣ ҳаст, он ҳам розист ба ҳамин таърифе, ки мо дар мавриди ирфон додем, ки ба ҳамин русӣ "Ирфон это совокупность знании полученных или накопленних интуитивном путем а не путем дискуссионное мышления, вот это Ирфан. Ирфан гностик, гносис но вовсе не мистицизм. Это знание гносис знания сокровенно полученный интуитивным путем а не путем дискуссионного мышления".
- Яъне ба роҳи илҳом ба даст омада...
- Аз тариқи кашфу шуҳуд. Илҳому кашфу шуҳуд. Илҳом восита ҳаст ва кашфу шуҳуд васила. Аз тариқи кашфу шуҳуд ба даст меояд на аз тариқи истидлол. Истидлоли ақлӣ, ана инро ирфон мегӯянд. Таърифи русиашро додему баъдан аз ҳамин вожаи ирфон истифода кардем. Ин ба унвони мисол буд. Ингуна ҳарфҳо зиёданд. Яъне ҳар чизе ки вижагии ирониву исломӣ дораду барои хонандаи русзабон ноошност, онро тавзеҳ додаем. Дар китоб як севумаш тавзеҳот аст.
- Яъне шумо қабл аз асли гап хонандаи русро тайёр намудаед.
- Ба шакле китобро додем, ки барои хонанда дастрас бошад. Дарки он осонтар бошад. Як нафар русе, ки ба ин масоил таваҷҷуҳ дорад, метавонад бе муроҷиа ба дастурҳои мухталиф, ба фарҳангу луғатҳои мухталифу доиратулмаориф инро дарк кунад. Аз ин чизҳои одӣ, ки Фирдавсиву Саъдиву Ҳофиз киҳоянд, шурӯъ намудаем. Аз ин шурӯъ намудаем ва ба ҳар матлабе, ки меояд, мисли "муътазила" чӣ назарияе доранду аз куҷо маншаъ мегиранд ва дар бораи фалсафаи "ишроқ". "Ишроқ" ва аҳдофи фалсафаи "Ишроқ" чӣ асту оё дар ҳақиқат ҳаким Суҳравардиро, ки қатл карданд ба ин хотир буд, ки таваҷҷуҳе ба Зардуштия дошт? Ё ин ишроқе, ки ин мефаҳмад, дигар чиз аст. Инҳо ҳамааш тавзеҳоташ ҳаст.
- Барои хонандаи тоҷик ин тарҷумаи шумо чӣ метавонад бидиҳад?
- Хуб, барои хонандаи тоҷик медонед, ки асли ин китоб ба забони форсист ва онҳое, ки форсӣ мехонанд асли китоби Мутаҳҳарриро мехонанд ва онҳое, ки форсӣ намехонанд, метавонанд китобҳои ба кириллӣ баргардондашудаи Мутаҳҳариро бихонанд. Магар барои он тоифа аз хонандаҳои тоҷике, ки русӣ хондан барояшон осонтар аст, метавонад ин китоб муфид бошад. Яъне он донишмандони тоҷике, ки тибқи суннати 80 сола бештар барояшон адабиёти русӣ муътабар аст, метавонанд аз ин китоб истифода бубаранд.
- Рӯ ба рӯ шудан бо андешаҳои жарфу амиқи Мутаҳҳарӣ барои Шумо душвор набуд?
- Фикр мекунам, Мутаҳҳарӣ истидлоли хуб дорад. Беҳтарин вежагии Мутаҳҳарӣ ба унвони муаллиф ҳамин истидлолаш ҳаст. Ҳангоме дар бораи Зардуштия андеша меронад, аз фикру ақоиди бузургтарин донандаҳои донишмандони урупоӣ истифода мекунаду иқрор мешавад, ки ман дар ин соҳа донишманд нестам. Бузургтарин донишмандон инро мегӯянд ва ба ин далил ин аст. Албатта, Мутаҳҳарӣ бисёр ақоиде дорад, ки намешавад ба он розӣ шуд.
-Масалан, кадом ақида?
-Масалан, ин ҳарфаш, ки мегӯяд, Зардуштия дар торихи тамаддуни башар ҳеҷ саҳме надошт. Ин хеле беинсофона ҳаст. Зардуштия аз тариқи монавия дар Урупо хеле таъсиргузор буд. Митропараст шудани румиён ҳам қабл аз шикасти Рум ҳамин таъсири Зардуштия буд. Фирқаҳои мухталифи масеҳӣ буданд, ки ба таври ҷиддӣ зери таъсири Монавия буданд. Монавия ҳам зери таъсири Зардуштия буд. Урупоиҳо ба таври шадид зери таъсири Монавия қарор доштанд. Ҳатто фирқаҳои "братство", "ордены" фирқаҳо, "фаворис-рицары", ки буданд, зери таъсири "футувват" ва "ҷавонмардӣ" буданд. "Футувват"-е, ки дар Урупо бо номи "Рыцарство" ҳаст, то ҳадди зиёде зодаи андешаи зардуштӣ ҳаст, ки ҳатто дар андешаи исломӣ ҳам роҳ ёфтааст.
- Баъди ин қадар пажӯҳиш мешавад дар чанд нуқта вежагиҳои андешаи Мутаҳҳариро барои хонандаҳои рӯзнома баён намоед?
- Дар чанд нукта намешавад баён кард, вале вижагии асосияш ин аст, ки истидлолаш хеле қаввист ва таҳлилаш хеле мунсифона аст, ба ҷуз аз баъзе нуқтаназарҳояш, ки гуфтем, мисли назараш ба Зардуштия ва масхусан, дар китоби "Инсони комил" аз тамоми назарияҳо, равияҳо ва фарзияҳои мухталифе, ки дар ҷаҳон мавҷуданд, дар мавриди инсони комил аз дидгоҳи Ислом мавриди интиқод қарор медиҳад. Ҳатто ҳамин орифони худамонро ҳам интиқод мекунад. Ӯ мегӯяд, ки орифони мо инсонро, ки бузургтарин офаридаи Худо ҳаст, таҳқир мекунанд. "Ҳар ки моро хор кард, Эзид мар ӯро ёр бод". Набояд гузошт, ки туро хор кунанд. Зеро ба унвони инсон ту шарифтарин, асоситарин ва муқаддастарин мавҷудаи офаридаи Худованд ҳастӣ. Ту ҳақ надорӣ, ки бигузорӣ шарифтарин офаридаи Худо, ки мақсуд аз офариниш ҳам ҳамӯст бигузорӣ, ки дар шахси худат таҳқир шавад. Ӯ мегуяд, ки ҳамон вожаи "ман"-и худро боло гузоштан хуб нест, вале набояд зери бори таҳқир равӣ, ҳамон гароиш ба "Маломатия". Гароиш дар сутӯҳи мухталиф. Ин гароиш тақрибан дар тамоми равияҳои ирфонӣ ҳаст. Яъне хор кардани инсон, яъне ҷисмро хор кардан ва таъаллуқоти дунё, яъне ҷисм ҳам аз таъаллуқоти дунё ҳаст. Ба хотири расидан ба Худо. Ин нодуруст аст. Ва ин гуна андешаҳои бисёр ҷолиб дорад.
- Хуб, мешавад дар ду се ҷумла "инсони комил"-и Мутаҳҳариро хулоса намоед?
- Инсони комил инсоне ҳаст, ки тибқи Қуръон фаъолият мекунад. Тибқи омӯзаҳои қуръонӣ ва суннати ҳазрати Расул саллалоҳу алайҳи ва саллам. Инро дар ду ҷумла тавзеҳ дода намешавад. Инсонеро, ки Қуръон матраҳ мекунад инсони идеал аст. Ба ин инсони комил расидан дар тавони ҳар кас нест. Барои саъйу талош ва расидан ба ин ҳадаф вобаста ба натоиҷе, ки ба даст меорӣ, муайян мекунад, ки чӣ қадар ту инсони комил ҳастӣ, яъне меъёр нест. Дар инҷо натиҷа муҳим аст, ки то чӣ ҳад ту дастёб шуда барои вуруд ба чорчӯбе, ки Қуръон ба унвони инсони комил матраҳ мекунад.
- Ба андешаи худи Шумо инсони комил кист?
- Ба андешаи ман инсони комил касе ҳаст, ки мутобиқи фармудаи ҳамон намедонам, Абусаъиди Абулхайр ҳаст ё Умари Хайём, ки мегӯяд; "дар моли касеву чизи касе қасд накун, дар ӯҳдаи он ҷаҳон манам бода биёр".
- Яъне ба ақидаи Шумо инсони комил касе ҳаст, ки "аз дасту забонаш ба касе озоре намерасад"?
- На, ин ҳам нест. Инро ҳам Мутаҳҳарӣ зиёд матраҳ мекунад дар "Инсони комил". Шайх Саъдӣ мегӯяд, ки:
Ман аз бозуи худ дорам басо шукр,
Кӣ зури мардумозорӣ надорам.
Мутаҳҳарӣ мегӯяд, ки ту чӣ гуна инсон ҳастӣ, ки зӯр надорӣ? Ва дар ин замина як рӯбоии Бобо Тоҳирро низ меорад. Дар эътироз ба Саъдӣ мегӯяд, ки бояд ӯ мегуфт:
Ман аз бозуи худ дорам басо шукр,
Ки зӯрам ҳасту озоре надорам.
Инҷо метавон аз як дидгоҳ, аз дидгоҳи қувва гуфт, ки ту инсони комил ҳастӣ. Яъне инсони комил буъдҳои мухталиф дорад. Аз буъд доштани неру ва истифодаи оқилонаи он ту инсони комил ҳастӣ, вале буъдҳои дигаре ҳастанд.
Ба Боботоҳир ҳам, ки мегӯяд:
Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Ҳар ончи дида бинад, дил кунад ёд.
Бисозам ханҷаре нӯгаш зи фӯлод,
Занам бар дида, то дил гардад озод.
Назари интиқодӣ дорад. Мегӯяд, ки дидае агар надошта бошӣ ва дар дилат васвосе пайдо нашавад, ту ҳеч чи ҳастӣ. Инҷо қавли Бедил ҳаст, ки "зи ҳар чи дил мекашадат, аз он гурезон бош". Яъне ин аст муҳим. Ту мешунавӣ садои як зани зебоеро, пас, аз рӯйи гуфтаи Бобо Тоҳир магар бояд гӯшатро бигирӣ кар кунӣ? Ё ахта шавӣ, ки осуда аз дасти шаҳват бинишинӣ?
Ё ба қавли Саъдӣ, ки дар кӯҳсоре бузургеро дар ғоре мебинаду аз дунё гурехта ва ӯро мегӯяд, ки чаро ба шаҳр намеоӣ? Мегӯяд:
Онҷо парирӯёни нағзанд,
Чу гил бисёр шуд пилон билағжанд.
Мегӯяд, ту бояд ба шаҳр, ки парирӯёни нағз дорад, рафта зиндагӣ кунӣ ва азме дошта бошӣ, ки битавонӣ худатро аз гуноҳ нигоҳ дорӣ.
- Ҷаноби Махшулов, инҷо як чиз аз зеҳнам гузашт. Бубинед, инҷо мо бояд байни лирика ва фалсафа фарқ бигузорем. Оё ба назар намерасад, ки Мутаҳҳарӣ бо фалсафа омадаасту лирикаро ба боди интиқод кашидааст?
- Дар мавриди "Инсони комил" бояд гуфт, ки ин мавзӯъе ҳаст, ки бояд аз буъдҳои мухталиф матраҳ шавад. Агар аз як буъд матраҳ шуд, наметавон онро инсони комил номид. Барои қазовати инсони комил дар ҳама абъод бояд инсони комил буд, мо ки аз ин мавзӯи фарсахҳо дурем, наметавонем қазоват кунем. Инсони комил ҳамон инсони идеал аст, ки дар Қуръон матраҳ асту дар суннати ҳазрати Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Мутаҳҳарӣ инсони комилро дар шахсияти ҳазрати Алӣ (р.а.) мебинад. Аз "Наҳҷ-ул-балоға" мисол меорад, ки бубин аз он идеалҳои қуръонӣ ба Алӣ дода шудааст ё худашро ба он идеалҳо расонидааст. Яъне ҳам аз он фазилатҳо, ки ба ӯ дода шудааст ва ҳам ба саъйу кӯшиши худаш ба инсони комил расидааст.
- Бо дар назардошти вазъияти имрӯза ва уфти шадиди ахлоқу коҳиши маънавиёт таъсири шабакаву моҳвораҳои пур аз фасод оё ҳанӯз ҳам мешавад мардумро ба дунёи идеалии "инсони комил" даъват кард?
- Бале. Муҳиммаш ин аст, ки дар баъзе кишварҳо ҳанӯз ҳам истифода аз манбаъҳои гуногуни иттилооти мухталиф мамнӯъву маҳрум нигоҳ медоранд. Иттилооте, ки аз ҷониби кишварҳои мухталиф, бахусус, аз Ғарб ба Шарқ сарозер мешавад. Набояд аз мавҷи чунин иттилооту фасод тарсид.
Бештар бояд арзишҳои исломиву қуръонӣ ва миллиро таблиғ карду баръакс, аз онҳо набояд тарсид. Бубинед, чанд соле қабл дар оғоз ҳамин филмҳои ҷангиву ғайриахлоқӣ таблиғ мешуд, чӣ қадар мавриди таваҷҷуҳи калон қарор мегирифт, вале алъон мардум рӯ ба маънавиёт оварданд, дар ҳамон Амрико ҳам бубинед, ки пурхонандатарин ҳамон китоби Мавлоност.
Мардум худаш хаста мешавад. Мавҷи фаҳшову таблиғи фаҳшову рафтори накӯҳида ҳар чи бештар бошад, мо арзишҳое, ки дорем, мисли Қуръону суннати набавӣ, мисли суннатҳои мардумии худамон ва мисли таълимоти Зардуштияи аввалия. Албатта, на он Зардуштияе, ки дар замони Ҳахоманиш буду дар замони Сосониён буд. Дигар арзишҳое, ки дорем, агар битавонем онҳоро бо ҳақиқатҳои замонавӣ мутобиқ бисозем, ҳеч хавфу хатаре дар миён нест. Хуб аст мардум ва ҷавонон аз расонаҳо ва аз ин иттилоот бештар истифода кунанд, аммо ба таври огоҳона. Агар огоҳ бошӣ ва омодагӣ дошта бошӣ, мушкиле нест. Иттилоот имрӯз сарват аст, иттилоот ин заминаи асосии рушд аст. Ин замоне ҳаст, ки илм худаш шайъ мешавад.
- Биёед каме дар бораи ҷоиза сӯҳбат кунем. Ин ҷоиза мегӯянд 40 сиккаи тилло ҳаст ва бояд аз дасти президенти Ирон таслим бигиред.
- Ҷоиза фикр намекунам, он қадар зиёд бошад ва зиёд муҳим ҳам нест.
- Дар расонаҳо навиштанд, ки аз донишмандони тоҷик баъди Сотим Улуғзода Шумо аввалин нафаре ҳастед, ки ин ҷоизаро мегиред.
- Не, не. Фикр мекунам, боз ҳастанд.
- Киҳо ҳастанд?
- Намедонам киҳо, вале ҳастанд.
- Худатонро чӣ гуна эҳсос мекунед баъди ин пирӯзӣ?
- Он қадар пирӯзӣ ҳам нест, ба фикри ман. Як чизи муқаррарӣ ҳаст. Агар пирӯзие ҳаст, асосан, пирӯз Муртазои Мутаҳҳарӣ ҳаст. Ман инро фақат баргардонӣ кардаам.
- Хуб, шумо шикастанафсӣ мекунед.
- Не, ба ростӣ мегӯям. Агар касе дигар ғайр аз ман муаррифӣ мекард, Мутаҳҳарӣ аз ин камтар маъруфият намедошт дар он кишварҳо.
- Баъди ин мешавад бигӯем, ки Шумо аввалин ва умдатарин муаррификунандаи Мутаҳҳарӣ дар Русия ҳастед?
- Ховаршиносони рус бо Мутаҳҳарӣ ошно ҳастанд. Ман шояд барои мардум муаррификунандаи Мутаҳҳарӣ бошам, вале донишмандони рус бо афкори Мутаҳҳарӣ ошно ҳастанд.
- Хуб, ховаршиносон аз тариқи форсӣ бо Мутаҳҳарӣ ошно ҳастанд, вале Шумо онро ба русӣ ошно кардед.
- Бале, ман онҳоро, китобҳои Мутаҳҳариро барои оммаи хонандагон муаррифӣ кардам.
- Оё хонандаҳои рус ба андешаҳои Мутаҳҳарӣ таваҷҷуҳ доранд?
- Имрӯз, ки Ислом дар Шарқу Ғарб муаррифӣ мешавад ва ҳарфҳоеро, ки дар заминаи ҷаҳонбинии динӣ мегӯянд, матраҳ аст.
- Ҷаноби Махшулов, оё кори тарҷумонӣ барои шумо сангин нест?
- Фикр мекунам, ҳар нафаре, ки ба тарҷумаи осори ирфониву исломӣ даст мезанад, аз умри худ мекоҳад. Чун хеле кори душвору сангине ҳаст. Хаставу монда мешавед, вале дар рафти тарҷума ҳар гуна донишу иттилоеро, ки ба даст меорӣ, худаш боиси хушнудӣ ҳаст.
- Хуб, ин Ҷоиза барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон муборак бошад ва барои сӯҳбат ташаккури бисёр.
- Зиндаву поянда бошед!