ИСЛОМ, ДЕМОКРАТИЯ ВА ИНТИХОБОТ

Фарҳанг ва адаб 03.02.2010 13:42

Яке аз масъалаҳои муҳимму калидӣ дар ҳаёти ҷомеаҳову давлатҳои ҷаҳон, ки маъмулан ва дар бисёр маврид сабаби падид омадани таҳаввулот, сиёсатҳо, равишҳо ва токтикҳои муҳимму тоза дар фазои сиёсии кишварҳову минтақаҳо ва ҳатто дар ҷаҳон мешавад, ҳамин масъалаи интихобот аст. Интихобот чӣ парлумонӣ бошаду чӣ президентӣ ва ё чӣ навъи дига, мутобиқи обрӯву ҳайсият ва нақшу аҳаммияту мавқеи ҳар кишвар дар ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарафи атбои ҳамон кишвар ва мамлакатҳои дигар ва расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва байналалмилалӣ пайгирӣ мешавад.

Дар ҷаҳони имрӯз, интихобот ҳамчун як ченак ва як абзори таъйини дараҷаи демократя ва бедории як миллат дар як кишвар шудааст. Ба ин маъно, ки ҳар қадар мардуми он давлат шавқу алоқа ва рағбату ирода дар раванди интихобот дошта бошанду фаъолона дар он иштирок варзанд, ҳамон қадар он кишвару миллат пешрафта ҳасту миллаташ бедор ва мардуми он мамлакат дар таъйини сарнавишти худ фаъоланд ва мехоҳанд тақдири худро ба дасти хеш бинависанд ва ба тақдирсозони дигару тасодуфӣ во нагузоранд. Аз суйи дигар, дар ҳар кишваре, ки интихобот дар фазои рақобати солим одилона ва шаффоф баргузор мешаванд, ҳамон қадар он кишвар демократӣ ва пешрафта маҳсуб мешавад.

Мо мардуми Тоҷикистон дар рӯбарӯйи як интихоботи басо муҳимму тақдирсоз қарор дорем. Чун системаи давлатдории мо демократӣ ҳаст ва аз тарафи дигар аксарияти мутлақи мардуми мо мусулмон ҳастанд, ба маврид аст ба ин масъалаи тақдиран ва дар сарнавиштсозӣ муҳим, яъне интихобот аз ду дидгоҳ назар андозем ва онро ба баррасӣ ва таҳлил бикашем.

Ба назари ман ба интихобот чӣ аз манзури демократӣ ва чӣ аз дидгоҳи дини муқаддаси Ислом назар андозем, боз ҳам он як масъалаи муҳимме ҳаст, яъне ҳам дар демократия ва ҳам дар Ислом масъалаи интихобот масъалаи дорои аҳаммият ҳасту қобили таваҷҷуҳ.

Аз лиҳози луғавӣ "интихобот" лафзи асосан арабист. Шакли танҳо ё муфради он "интихоб" ва ҷамъи арабии он "интихобот" аст. Муодили тоҷикии асили он "гузиниш" ё "баргузидан" аст, ки дар забони англисӣ онро "election" ва русӣ "выборы" мегӯянд. Мо ҳангоми истифода ин лафзи асосан ҷамъро боз як бори дигар ҷамъ мекунем "интихоб + от + ҳо". Ҷамъи дурусташ инаст, ки ё бигӯем "интихобот" ё "интихобҳо". Истифодаи "интихоботҳо" ғалат аст.

Дар истилоҳи сиёсӣ "интихобот" ба равише гуфта мешавад, ки бо тарзи додани раъй ва ба даст овардани аксари оро як шахс ба як вазифа ва ё мансаб интихоб мешавад ва ё масъалае, ё қонуне ба тасвиб мерасад. Шаклҳои гуногуне дорад: овоздиҳии пинҳонӣ ва ошкоро ё бо истифодаи баргаҳои интихоботӣ ва дар бархе маврид бо бардоштани дастҳо ва дар кишварҳои мутараққӣ шакли электронии интихоб намудан маъмултар аст.

Қабл аз пардохтан ба баррасии интихобот аз дидгоҳи исломӣ ва ё пардохтан ба ҷойгоҳи он дар демократя инҷо зарур аст ба як нуқтаи муҳим ишора шавад. Ва он нуқтаи муҳим ин аст, ки Ислом як дин, кеш ва мазҳаб аст ва демократия як тарзу усули ҳукуматдорӣ. Ин маънии нозук баррасии ҳар масъаларо аз ду дидгоҳ дар як вақт, душвор мекунаду доманадор. Зеро Ислом дине ҳаст басо фароху фарбеҳ ва димократия амрест маҳдуду мушаххас.

Аз суйи дигар бархе диндорон ҳампаҳлӯву ҳамрадиф қарор додани исломро бо димократия навъе саҳлангорӣ ба дин ва бузург ҷилва додани демократия меҳисобанд. Дар ҳоле, ки дин дин асту аз Худову имону қиёмат мегӯяд ва демократия тарзи ҳукуматдорӣ ҳасту ба боварҳои мардум дахл надорад.

ДЕМОКРАТИЯ ВА ИНТИХОБОТ

Демократия дар машҳуртарин таърифаш ҳукумати мардум бар мардум тавассути мардум аст. Низоми ҳукуматдории демократия дар ҷаҳони мудерн беҳтарин низом будани худро исбот намудааст ва ба андешаи Фетҳуллаҳ Гулен мутафаккири туркӣ "демократия роҳи бебозгашт аст". Торихан, демократия дар Ғарб падид омадааст ва хостгоҳаш мутобиқи осори ба мо расида кишвари Юнон аст - маҳди тамаддуни ғарбӣ.

Ба назари ман, падид омадани демократия дар маҳди як тамаддун ва дар оғӯши як фазои илмӣ ва фикрӣ амри зиёд қобили таъаҷҷубе нест. Зеро, аслан аз як маркази илмӣ ва пойтахти андеша мантиқан ин интизор меравад, ки чунин бозёфтҳое дошта бошаду барои башарият пешниҳод намояд.

Бо камоли эҳтиром банда бо он андешамандони имрӯзини тоҷик, ки дар соли гузашта исбот намуданд, ки гӯё демократияро Имоми Аъзам ихтироъ намуда бошад, розӣ нестам. Абуҳанифа бо ҳама азамату бузургӣ ихтироъкори демократия нест. Яке аз муҳимтарин вижагии Абуҳанифа ин буд, ки аз табори ориёӣ буду андешаи жарфе дошту барои арзишҳое мисли ҳуқуқ, озодӣ ва адолат нуқтаназарҳои муҳим.

Дарсҳое дар илми калом омӯхта буду вориди баҳсу мунозираҳои мантиқиву каломӣ мешуд. Инҳо буд, ки ӯ андешаҳои бисёр ҳам пешрафта ва мутараққӣ дошт. Ҳатто имрӯз ҳам бисёре аз мусулмонон, ки пайравони ӯ нестанд дар дифоъ аз Ислом ва дар муқобили бӯҳтонҳову тохтутозҳои фикрии ғарбиёну ғайри мусулмонон аз андешаҳои Имоми Аъзам истифода мекунанд, вале боз ҳам Имоми Аъзам ихтироъкори демократия нест.

Ҳамонгуна, ки гуфтем яке аз мавзӯоти бисёр ҳам муҳим дар низомҳои демократия ин ҳамин интихобот ва раъйдиҳиву раъйпурсиҳо ҳаст. Аз лиҳози назария хеле гапи зебое ҳаст, зеро касе, ки мехоҳад ба арши қудрат такя бизанад бояд аз тарафи аксарияти мардум интихоб шавад ва ризояти онҳоро барои масъулияту вазифаи худ ба даст биёрад. Дар кишварҳое, ки демократияи пешрафта доранд, инро бармало мушоҳида мекунем. Маъракаи интихоботи Борак Обама дар воқеъ як маъракаи бузурге буд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда буд, гӯё дар сар то сари ҷаҳон интихобот асту Обама ба президентии ҷаҳон интихоб мешавад.

Мулоқотҳои бисёре бо мардумони иёлоти гуногуни кишвараш дошт дар дебатҳои телевизионӣ оид ба барномаҳои президентии худ дар заминаҳои мухталиф иштироки фаъоле дошт. Бо саволҳои гуногуну мухталиф ва бо чолишҳое рӯ ба рӯ мешуд.

Аз ин муҳимтар иштироки мардуми Амрико дар раванди раъйдиҳӣ ва иштироки фаъоли онҳо буд, ки хеле қобили таваҷҷуҳ аст. Аз тариқи расонаҳо инро бармало мушоҳида намудан мумкин буд. Мардум бо ирода бо шавқу шӯр бо як рӯҳияи хоссе пойи сандуқҳои раъй мерафтанду овоз медоданд.

Дар кишвари Ирон ҳам, ки дар миёни кишварҳои ҷаҳони сеюмӣ бо интихоботҳои шаффоф доштанаш шӯҳрат дорад демократияи пешрафта доштанаш маълум шуд. Вақте дар интихоботи моҳи июни соли гузашта оқои Аҳмадинажод пирӯзи интихобот эълом шуд ва опоненти ӯ оқои Мусавӣ иддао кард, ки барандаи воқеӣ ӯ ҳаст ва дар эъломи натиҷаи интихобот тақаллуб шудааст, ҷонибдорони ӯ ба хиёбонҳо рехтанду даст ба тазоҳурот зада талаб намуданд, ки орои онҳо ба назар гирифта шаваду пирӯзи воқеии интихобот эълон шавад.

Ҷолиб аст инҷо аз қавли Пупер (Karl Popper) файласуфи маъруфи утришӣ ёдоварӣ намоем, ки ба андешаи ӯ демократӣ будани як ҷомеа бештар вақте бармало мешавад, ки шумо касеро битавонед аз вазифа барканор кунед на ин, ки ӯро ба вазифа бинишонед.

ИСЛОМ ВА ТАВАЛЛУДИ ДУБОРАИ ДЕМОКРАТИЯ ДАР ОЛАМ

Ҳамонгуна, ки гуфтем демократия зодаи Юнон аст ва ҷойи таъаҷҷуб нест, ки дар маҳди як тамаддун ва дар як фазои пур аз илму дониш ва андешаву тафаккур чунин як андешаи волову ҷолиб эҷод шавад. Аммо ҷойи таъаҷҷуб вақте ҳаст, ки ин низоми пешрафтаи ҳукуматдорӣ дар қалби саҳрои Ҳиҷоз ва дар оғӯши қабоили бесаводу дур аз тамаддуни араб, ки Фирдавсӣ онҳоро "шири шутуру сусморхӯр" номидааст, эҳё шавад ва таваллуди дубора ёбад.

Бедаранг, ин кор ба дасти Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, амалӣ шуд. Расули Акрам аз юнониён демократия нагирифт, то онро дар байни арабҳо ҷорӣ намояд. Балки ӯ версияи исломии демократияро бидуни иқтибос аз ҷойе ва бо такя бо таълимоти илоҳӣ муаррифӣ ва дар амал татбиқ намуд.

Бисёре аз рӯшанфикрони мусулмон истилоҳи "демократияи исломӣ"-ро намеписанданд ва ба ҷойи он "низом-уш-шӯро"-ро пешниҳод менамоянд.

Инҷо ман ба шакли муфассал намехоҳам ин мавзӯъро баррасӣ бикунам ва ба абъоди мухталифи он бипардозам. Фақат мехоҳам дар ин фурсат ба ҳамин масъалаи муҳимми интихобот ишорае дошта бошам, ки дар низомҳои демократия амри муҳимме ҳаст ва мо низ дар рӯбарӯйи он қарор дорем.

ИНТИХОБОТ ВА БУЗУРГИИ ПАЙҒАМБАР (С)

Дар қарни гузашта рӯшанфикри жарфандеши мисрӣ бо номи Аббос ал-Аққод силсилакитобҳое таҳти унвони "Абқариёт" навишт, ки шӯҳрати фаромарзӣ доранд ва ба забонҳои гуногуне тарҷума шудаанд. Намедонам агар касе дар ҷумҳурии мо онҳоро ба тоҷикӣ ва ба сириллик гардонидааст ё не, вале ало кулли ҳол дар андешаи динӣ хеле китобҳои ҷолибе ҳастанд ва дар шинохти дақиқи шахсиятҳои бузурги Ислом муфид.

Дар ин навиштаҳо Аққоди марҳум бештар ба паҳлӯҳои муҳимми шахсиятҳои бузурги торихи Ислом ва нубуғи онҳо дар арсаҳои мухталиф аз Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам то чаҳор ёрро навишт ва афроди ғайриодӣ ва нобиға будани онҳоро бо далоили мушаххасе ба исбот расонд.

Бо ҳамон сабки аққодӣ ва бидуни дуздӣ аз ӯ фикр мекунам, яке аз бузургтарин корҳоеро, ки Пайғамбар Муҳаммад (с) барои ҷомеаи худу барои ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом дод ин буд, ки ӯ тавонист зеҳнҳои ба низоми қабоилӣ ва бо тахаллуфу кушторҳои тӯлонӣ ва бо интиқомҳои шадиду бемаъно ва бо оноршизм хӯгирифтаро тағйир диҳад ва онҳоро барои сохтани як тамаддуне бузург омода намояд, ки баъд аз сари ӯ муваффақ ба барандохтани ду абарқудрати бузурги ҷаҳонӣ шуданд ва барои садсолаҳо дар ҷаҳон нақши асосиро иҷро намуданд.

Қуръон ҳам ба ин ишорае дорад: "фаасбаҳтум биниъматиҳи ихвонан ва кунтум ъало шафо ҳуфратин минан-нори фаанқазакум минҳо - яъне: бо неъмати ӯ бо ҳам бародар шудед ва шумо дар лабаи оташ қарор доштед пас шуморо аз он наҷот дод". Дар каломи шевои Иқбол ҳам ин маъно ҳаст:

Мо зи неъматҳои ӯ ихвон шудем,

Якзабону якдилу якҷон шудем.

ИНТИХОБОТ ВА ҚУРЪОН

Дар Қуръони Карим ояте ҳаст, ки ҳамеша дар баҳси бекарону беканори Ислом ва демократия матраҳ мешавад: "Ва амруҳум шуро байнаҳум, яъне: амри онҳо машварат оростан дар байнашон ҳаст". Мавлоно ҳам бар ин таъкид дорад:

Ақлро ба ақли ёре ёр кун,

"Амруҳум шуро" бихону кор кун.

Шахсан ман ин оятро ингуна мефаҳмам, ки сомон додани умури дунёии мусулмонон ин бо машварат оростану назари дигаронро фаҳмидану бар муқтазои он амал намудан ҳаст. Машварат оростан дар мафҳуми исломиро агар ҷомаву либоси замонавӣ ба тан кунем ҳамин интихобот мешавад. Чун шумо машварат барои он меороед, ки дар тасмимгирӣ назари дигаронро бифаҳмед ва аз зеҳну орои дигарон кӯмак бигиред.

Дар ҳадисе, ки ҳадисшиносон онро заифу ал-Албонӣ онро бофта хондааст, вале маънояш дуруст аст, омадааст: " мо хоба манн истахора ва мо надима манн исташора, - навмед намешавад касе, ки истихора мекунад ва пушаймон намешавад касе, ки машварат меорояд".

Мафҳуми дигарӣ динӣ, ки инро равшантару пурратар мекунад иҷтиҳод аст. Пайғамбар ин рӯҳияро дар саҳобагон таълим дод ва ҳамин буд, ки баъди даргузашти ӯ ёрону пайравонаш дар мавзеъе бо номи Сақифа ҷамъ омаданду нахустин интихоботро баргузор намуданд.

НАХУСТИН ИНТИХОБОТ ДАР ИСЛОМ

Нахустин интихобот дар торихи Ислом дар рӯзи даргузашти ҳазрати Муҳаммад, саллалоҳу алйҳи ва салам, баргузор шуд. Тамоми қабоили бонуфузи араб, ки чанде пеш душману хасми хунии якдигар буданд бародарвор дар паҳлӯйи ҳам ҷамъ омада буданд. Аз Қурайш то Авсу Хазраҷ ва то муҳоҷирону ансориён. Вале ин навбат бо ҷаҳонбинии дигар. Бо ақлу зеҳнияти парваришёфта дар мактаби нубувват. Ҷамъ шуданду барои худ роҳбар интихоб намуданд. Дар оғоз ин масъаларо диданд, ки чӣ касе бояд баъд аз Пайғамбар (с) ҳамчун Халифаи ӯ ва амири мӯъминон интихоб шавад.

Орое пешниҳод шуд ва тавофуқ бар он шуд, ки шахсе бояд зимоми умурро ба даст бигирад, ки шахсияти қаввие дошта бошаду битавонад дар идораи умур босалобат бошад. Чанд номзад пешниҳод шуд. Умар ибни Хаттоб Абубакрро пешниҳод намуд ва худи Абубакр Умару Абуубайдаро. Вале аксарият аз Абубакри Сиддиқ ҷонибдорӣ намуданд ва дар пайи он ӯ бар маснади хилофат баргузида шуд.

Ин интихобот дар замоне сурат гирифт, ки дар империяи бузурги форсҳо силсилашоҳон ва ё сулолаи Сосониён ҳукумат меронд ва баъди падар писар подшоҳ мешуд. Авзои ба ин монанд дар империяи Рум ва манотиқи атрофи нимҷазираи Араб низ ҳукмрон буд.

МУДИРИЯТИ АБУБАКР (Р)

Абубакри сиддиқ, худо аз ӯ розӣ бошад, баъди баргузида шуданаш дар назди интихобкунандаҳо баромад намуда, нутқи торихие ирод кард, ки ҳанӯз ҳам аҳаммияти худро аз даст надодааст ва ғубори куҳнагӣ бар вай нанишастааст. "Инни қад вуллийту ъалайкум ва ласту бихайрикум, яъне ман бар шумо вилоят ё ҳокимият ёфтам, вале беҳтари шумо нестам".

Дар маҷмӯъ интизоре, ки аз як масъул ё шахси вазифадор меравад, инаст, ки бар мардум мудирияти хубе дошта бошад ва бо таваҷҷуҳ ба нутқи Абубакр метавон ин маъниро аз он берун овард, ки беҳтарин мудирият ин вақте амалӣ мешавад, вақте ба даст меояд, ки шумо ба зердастону зертобеони худ ин эҳсосро бидиҳед, ки аз онҳо беҳтар нестед ва яке аз онҳоед ва мисли онҳо. Ин авҷи одӣ будан ҳаст ва боис мешавад, ки ҳеҷ кас дар ҳузури масъул наларзаду натарсаду наҳаросад, балки ба шахси соҳибвазифа ин назарро дошта бошад, ки ӯ низ яке аз онҳост.

"Ин раайтумуни ъалалҳақ фааъинуни ва ин раайтумуни ъалалботил фақовимуни-агар дидед дар роҳи дурустам маро ионату кӯмак намоед ва ҳар гоҳ дидед ба сӯйи бероҳа рафтам ба роҳи дурустам бозгардонед". Ин суханҳоро Абубакр мегӯяд, Абубакре, ки дар бузургӣ баъд аз Пайғамбар (с) аст ва фазоили бешуморе дорад. Марди ибодату порсоӣ, илму дониш, хираду ворастагӣ ва садҳо фазоили дигар. Вале боз чун тарбиятдидаи мактаби нубувват аст ба назди мардум ва мардуми одӣ мебарояду мегӯяд, ки эй мардум ман ҳам одамам ва мисли шумоям мумкин, ки дар амри вилояту ҳукуматдорӣ ғалат кунам. Вақте дидед корҳоро дуруст пеш мебарам кӯмакам намоед, вале вақте дидед, ки аз ҷоддаи ҳақ берун гом ниҳодам бозам доред.

ХУЛОСАТУЛКАЛОМ

Хулоса, интихобот амри муҳимме ҳаст ҳам дар Ислом ва ҳам дар демократия. Дар низомҳои демократии пешрафта нисбатан интихобот шаффофу одилона баргузор мешаванд ва мардум низ бо иродаву хоҳиш ва бо шавқу шӯр пойи сандуқҳои раъй рафта овоз медиҳанд. Аз нуқтаназари динӣ низ бо равиши интихобот шахсеро ба вазифа баргузидан мутобиқ бо суннатҳо ва таълимоти динӣ ҳаст.

Гузашта аз ин, вазифаи ахлоқиву динии ҳар шаҳрванд аст, ки дар масъалаи интихоб намудани номзаде ба вазифае бетараф набошад ва шахси бартару беҳтарро шиносоӣ намуда ба ӯ овоз диҳад.


Саъдӣ ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97