МУЛЛОҲО ҲАМ РОҒУН МЕСОЗАНД

Фарҳанг ва адаб 27.01.2010 13:57

Ҳоҷӣ Акбар ТУРАҶОНЗОДА - узви Маҷлиси Миллӣ: Ба қадри имконият аз рӯзҳои аввал кӯмак ҳам кардем, харидорӣ ҳам кардем. Аввалаш кӯмак додем. Вақте, ки Президент дар Хуҷанд дар бораи кӯмак ба мардум муроҷиат кард, кӯмак додем. Баъдан вақте, масъалаи саҳмияҳо баромад, шахсан ҳам аз номи худам харидам, ҳам аз номи корхонаам, ҳам аз номи масҷид. Ин саҳмия чанд чизҳои мусбат дорад. Аввалаш ин ободии диёр аст, дувумаш ин ки дар оянда мо аз ин фоида мегирем, сеюмаш савоб мегирем. Роғун, ки имрӯз сад дар сад моли Тоҷикистон шуд аз ҳама муҳим аст.

Аз соли 2000-ум ман барои моли Тоҷикистон шудани Роғун мубориза мебурдам. Вақте худам дар ҳукумат кор мекардам, барои ин кӯшиш ҳам мекардам. Муқобили ташкил кардани ҳаргуна консорсиум ва шарикӣ дар Роғун будам.

Барои пайдо кардани сармояи дохилии Тоҷикистон ҳатто як давра ман пешниҳод кардам, ки садҳазор гектар замини обиамон танҳо бо ҳадафҳои кишоварзӣ дар атрофи шаҳрҳо ва ноҳияҳо фурӯхта шавад ва ба ивази маблағаш ҳам Роғун сохта шавад, ҳам заминҳо соҳиб пайдо кунанду ҳосили беҳтар диҳанд. Ҳатто гуфта будем баъзе корхонаҳоямонро фурӯшему Роғунро бисозем. Зеро Роғун моро аз бунбасти бебарқӣ минбаъд мебарорад ва ҳам даромади доимӣ барои буҷа меорад. Ба ин хотир ман пешниҳод карда будам, ки заводи алюминро бифурӯшем, ки ин болои сарамон душворӣ овард.

Хулоса ман хурсандам, ки Роғунро месозем ва сад дар сад моли мардум ва ҳукумати Тоҷикистон мешавад. Гарчанде пешниҳодҳои дигари мо нагузашт. Ҳамин ки ин моли Тоҷикистон ҳисоб мешавад маро қаноатманд кардааст, хурсанд ҳам ҳастам. Ба ҳамин хотир ин пешниҳодро дастгирӣ кардем, кӯмак ҳам кардем, саҳмия низ харидем, дӯстҳоро ҳам таблиғ кардем. Аз масҷиди мо ҳам бародарҳоямон таблиғ карданд мардумро, ки ширкат кунанд дар харидани саҳмияи Роғун. Зеро ин ба ҳеҷ ваҷҳ нодурусту рибо нест, ин шарикӣ аст, шарик шудан ба идораи ҳамин корхона ҳисоб мешавад. Бино бар ин фоидае, ки аз вай мегиред ҳалол аст, ҳеҷ шубҳа надорад. Фоидае, ки аз ин саҳмияҳо меояд ҳукми риборо намегирад, ин ҳукми фоидаро мегирад ва фоида дар шариат ҳалол аст. Ҳар ҷо ки мешинем мо инро ба мардум мефаҳмонем.

Имрӯз то қадри имконе, ки доштем, саҳмия харидем. Иншоллоҳ дар оянда низ, агар корамон барор гираду тиҷоратмон ривоҷ ёбад, саҳмия мехарем.

Ҳоҷӣ Мирзо - воизи маъруфи кишвар:

Бале, харидорӣ кардем. Ба он мақсад, ки имрӯз ҳам аз ҷиҳати имондориву ҳам ҷиҳати шараф баланд шудани қадри миллати тоҷик аст. Ҳозира бо 5600 сомонӣ саҳмия харидаму 3000 сомонии дигар аз ҳисоби масҷид ёрдам кардем.

Ман ки иштирокчии садамаи Чернобил ҳастам, ҳар сол ба маблағи се ҳазор сомонӣ ёрдам мегирем ва ҳамонро низ якҷоя нияти саҳмия харидан дорам. Боз тасмим гирифтам, ки аз ҳисоби масҷид панҷ ҳазор сомонии дигар саҳмия харем. Ба хотире, ки ҳисоби ширкат мегӯем ва ин ниругоҳро Худои меҳрубон агар насиб кунаду дар кор дарояд, ҳисоби музораба мешавад.

Дурустии харидани саҳмияҳо албатта, ки ягон ҷои шакку шубҳа нест. Касе мегӯяд нодуруст асту харидорӣ накунед, ман гумон мекунам, ки ингуна инсон ақл, фаросат, маърифат ва андеша надорад. Се чор ҷумъа мешавад, ки дар баромадҳои хутба ки вақти қабули дуо ҳаст, дуо мекунем ва мардумро ҳамеша тарғибу ташвиқ мекунем, ки ин корро аз ҳама муҳим донанд, ҳатто аз сохтани масҷиду хона. Ҳоло тарғиботу ташвиқоти мо ҳамин аст, ки муҳим сохтани ниругоҳи Роғун аст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97