РӮҲАТ ШОД БОД, МУҲАММАДРАҲИМИ САЙДАР

Фарҳанг ва адаб 21.01.2010 16:21

20-уми январ адиб ва рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар 58-сола мешуд. Агарчанде ӯ имрӯз дар байни мо нест, ёди ӯ барои ҳамеша дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд. Равонаш шоду фирдавси барин ҷояш бод!

…Вале гар мурдагонро ёд н-орем,

Яқин дон мурдатар аз мурдагонем.

То замоне ки мо аз гузаштагон ёд мекунем, онҳо бо моянд ва зиндаанд. Аз Муҳаммадраҳими Сайдар ёдвораву ангораҳо ҳама дардолуданд.

Боздиду хотираҳо бозгӯи ҷасорати фардӣ, адабӣ ва иҷтимоии ӯ мебошанд. Дар бораи мушк ё зарфи зарин навиштану тасвир кардан ҳоҷат нест. Вале дар ростои ёдоварӣ аз адиб ва рӯзноманигор Муҳаммадраҳими Сайдар, ки замоне ҳамнишину ҳамкори мо буд, аз маҳдудаи дидгоҳи хеш чанд сухане гуфтанием.

Ин хабари шум - марги нобаҳангоми Муҳаммадраҳими Сайдар тамоми вуҷуди моро ларзонд. Эҳсоси шадиде моро фаро гирифт ва барои навиштани ҷумлаҳои дардноке водор сохт. Вале мо ҳоло аз ин кор худдорӣ намуда, чанд нуктаи умумиеро ба истиқболи рӯзи мавлудаш 20 -уми январ, ки ҳамагӣ 58-сола мешуд, рӯи коғаз овардем.

Дар бораи Муҳаммадраҳими Сайдар барои мо, навиштан ҳам осон асту ҳам душвор. Душворӣ дар он аст, ки зиндагиномаи адиб ва рӯзноманигор тадқиқоти муфассал мехоҳад. Душвории дигар дар дарднок будани эҷоду фаъолияти ӯст. Осон будани ин кор бо он сабаб аст, ки ӯ чанд соле, ҷуз солҳои охир пеши назари мо эҷоду фаъолият дошт. Аз ин рӯ навиштаҳои мо чанде хотироту ёддоштҳои ҳамин солҳои ҳамкор буданамон ҳасту бас.

Сараввал, бояд аз рафоқат, ҷавонмардӣ ва дӯстии ӯ ёдовар шавем. Ҷасорате, ки ӯ дар солҳои хунбору хунрез дошту варо рӯи коғаз меовард ва ё аз Садо мешунавонид боиси намуна ва ифтихор аз чунин ҳамдиёр аст. Аз дигарон ба куллӣ фарқ мекард. Хеле орому ботаҳаммул менамуд. Вале агар сухан оғоз мекард, бо самимият ва ҳарорати дучанд қисса аз дарду ҳасрати миллат ва орзуву омоли ӯ ба забон меовард.

Афсӯс ки гардишҳои тунди аём ба сиҳатии фарзанди фарзонаи миллат рахна ворид карда номардиҳои ҳамзамонон варо фарохтар намуданд ва ӯ чун як нангбардори миллати мо бо ҳазорон дарду алам ҷаҳони фонии моро падруд гуфт. Сад дардо, ҳазор ҳасрато!

Хабари шуми - аз ҷаҳон реҳлат кардани дӯст ва бародари ниҳоят азизу меҳрубони мо - Муҳамадраҳими Сайдар дар вилояти Тулаи Русия моро сахт мутаасир кард. Дар нишастҳои дӯстона ва фарҳангии мо Муҳамадраҳим доимо иштирок мекард. Ягон нишасти фарҳангӣ бидуни ташрифи вай намегузашт. Ӯ дар арафаи соли нав дар вилояти Тула, ки он ҷо хона дошт, дар бемористон муолиҷа мекард. Солҳои охир аз касалии қанд азоб мекашид. Ба телефони мо занг расид, ки Муҳаммадраҳими Сайдар барои шумо кӣ мешавад? Ва ин хабари шумро аз вафоти ӯ табибе, ки Муҳамадраҳимро табобат мекард, ба мо расонид.

Дар чанд соли охир ӯ борҳо дар бемористон бистарӣ шуд. Сабабаи мубталои касали қанд шудани ӯ аввалан, ки Худо медонад ва дуввумӣ эҳтимолан дарди миллат ва оила ҳам буд. Табибон талош мекарданд, ки ӯро шифо бахшанд ва наҷот диҳанд, вале сад афсӯс, ба қавли Мавлоно:

Чун қазо ояд табиб аблаҳ шавад,

В-он даво дар нафъ ҳам гумраҳ шавад.

Чун Худо хоҳад, ки марде бифшурад,

Сардӣ аз сад пӯстин ҳам бигзарад,

З-ки ҳар як з-ин марзаҳоро давост,

Чун даво напзирад он феъли Худост.

Баъди шунидани ин хабар ба ёди мо лаҳзаи ҷон додани устод Абдулқосими Лоҳутӣ омад, ки ҳангоми ҷон додани ӯ ягон наздикону ҳамзабонони устод дар наздаш ҳозир набуданд. Аз рӯи шунид, гӯё устод Лоҳутӣ ҳангоми ҷон додан чизе ба забони модариаш гуфтааст, вале табибон дар фаҳмидани забони эшон оҷиз буданд. Аҷаб лаҳзаҳои ҳамшабеҳ… Мутаасифона ҳангоми ҷон ба Ҳақ супоридани Муҳаммадраҳим ҳам, мо - дӯстону бародарон ва аҳли оилаи ӯ дар паҳлӯяш набудем. Марг корашро кард ва ин ҳодиса рух дод. Афсӯс, ки гуфтаниҳои охирини ӯро нашунидем ва ҳамаи рози ногуфтаи худро бо худ ба ҷовидон бурд.

Бо рафтани Муҳаммадраҳими Сайдар мо рафиқ ва маслиҳатчии хеле азизамонро аз даст додем. Вай муҳаррири чандин китобҳои мо буд. Маслиҳат ва таҳрири хешро баҳри мо дареғ намедошт. Хеле сахтгир буда ҳамеша ҳақ мегуфт. Хислати муҳими дигараш ин буд, ки ғайбатро дӯст намедошт. Худшиносу худогоҳу миллатдӯстдор буд. агар нисбати касе чизе мегуфтӣ ғамгин мешуд. Чунин мардон хеле каманд…

Ҳангоми фиристодани тобуташ мо аз дил мегузаронидем, ки имрӯз мо ёру дӯстон тобути ӯро равон кардем, фардо қисмати мо чӣ тавр хоҳад шуд?

Дареғу дард аз ин одам, ки хок шуданд,

Ба теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд.

Яке аз масъалаҳое, ки Муҳаммадраҳимро қарор намегузошт муҳоҷирони меҳнатии кишвар буд. Шахсан ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав ва гирду атрофии он вомехӯрд. Аз азияту озор додани онҳо ва тамаъҷӯии коркунони вазорати дохила ва дигар кормандони идораҳои масъули муҳоҷирати Русия барои Садову Симо ва рӯзномаву маҷалаҳо барномаву мавод тайёр мекард. Бадгӯӣ нисбати миллати тоҷик, бад будани кору шароити муҳоҷирон, доимо барои ӯ дар мадди аввал меистод. Ҳар боре, ки давлати Русия нисбати муҳоҷирони кори Тоҷикистон қарори дахлдоре қабул мекард, ӯ таъҷилӣ занг мезад ва ё ба пеши мо меомад, ки чи тавр кунем, ки аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони кори кишварамон дифоъ намоем. Асаб хароб мекард, ки чаро масъулини кишвари мо, сафоратхона ва корхонаҳои дахлдори дар Маскав буда ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар мавриди поймолсозии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ва дигар ноҳияҳои Русия садо баланд намекунанд. Худи ӯ ҳамеша садо баланд мекард ва моро низ водор месохт, ки ба мақомҳои масъули кишвари Русия бо далел ва маводи арзанда даъво кунем ва аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони ватан дифоъ намоем. Охирон бор, асабонӣ шудани он нисбати қарори Федерасияи Русия бо сабаби дар соли навин нисбат ба соли гузашта ду маротиба камтар қабул кардани муҳоҷирони кории кишварҳои беруна буд. Ин хабар низ натавонист ӯро бетараф гузорад. Гузориш тайёр кард ва бо яке аз муаллифони ин мақола сӯҳбат дошт. Вақте ки мо нисбати теъдоди муҳоҷирони корӣ сухан мегуфтем ӯ боз ҳам асабонитар мешуд ва тоқат накарда гуфт: "Агар воқеият ҳамин бошад, пас солҳои наздик дар Тоҷикистон дигар ҷавонон намемонанд. Онҳое ки дар кишварҳои бегона ҳастанд, хоҳиши ба ватан баргаштан намекунан".

Чанд соле пайи ҳам аз Наврӯзи 1999 сар карда Муҳаммадраҳими Сайдар нашрияеро бо номи "Паём" барои тоҷикони бурунмарзӣ ба табъ мерасонид ва шиори ин ҳафтавор чунин буд:

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди ватан беватан аст.

Яке аз муаллифони ин мақола Шамсияи Дарё дар ҳафтавор ҳамкори Муҳаммадраҳими Сайдар буд ва ӯ боз ҳам зиёдтар медонист, ки нависанда ва рӯзноманигор Муҳаммадраҳими Сайдар то кадом андоза нисбати ҳафтавор ва масоили мубрами бурунмарзиён ҷиддӣ рафтор мекунад. Нашрияи "Паём" пеш аз ҳама бо масъулияти хоси Муҳаммадраҳими Сайдар ва кӯмакҳои кӯчаки сафири онвақтаи сафорати Тоҷикситон Р. Мирзоев ва яке аз муаллифони ин мақола арзи ҳастӣ менамуд. Маводи ба табъ расида дар ҳафтавор тоҷикӣ, баъзе русӣ чоп мешуд, ки хеле хонданбоб ва ҳамчунин ба бурунмарзиёни Эрону Афғонистон низ маъқул афтода буд. Пеш аз ҳама маводҳо оиди равобитҳои фарҳангии Эрону Афғонистон Тоҷикистону Русия, Акбар Турсуну Бозор Собир, Меҳди Саноиву Темур Зулфиқору Дорои Дӯст ва ҳамчунин даҳҳо нафарони арзандаи дигари миллату ҳамзабонони мо.

Муҳаммадраҳими Сайдар дар асл ҳам, яке аз бофарҳангатрин ва бомасъулияттарин зиёии тоҷик буд. Ӯ доимо дониста ҳарф мезад ва албатта бо далелу исбот. Ин буд ки нафароне чун Лоиқ Шералӣ, Темур Зулфиқор, Бозор Собир ва дигарон ӯро дӯст медоштанд. Аслан мардуми бофарҳанг Муҳаммадраҳими Сайдарро хуб медонанд. Ботаҳаммулу хоксор будани вай як ҷаҳон маънӣ дошт. Вале агар ӯ лаб во мекард, "дар мегирифт", пас кас мехост бо тамоми ҳастии хеш бо чашму ҳуш ӯро гӯш кунад. Ӯ аз бузургони хеш аз Мавлавиву Иқбол, Ҳофизу Бедил, Ҷомиву Саъдӣ садҳо намунаҳоро истифода карда дар ҷояш мегузошт ва сӯҳбати хешро бо дурдонаҳои онон зеб медод.

Зиндагӣ аз ман рабуда ҳамдили деринаро,

Мехарошад ёдҳояш дарду доғи синаро.

Бале зиндагӣ аз мо беҳтарин шахс, ҷавонмарди дақиқ, дӯстори меҳану миллат, ошиқи обшорони кӯҳсори ватани азизро рабуд.

Муҳаммадраҳими Сайдар ҳамеша дар ҷустуҷӯи бобарории миллат корҳои шоиста мекард. Ягон тоҷик дар бораи ҳимояи кори илмии касе, дар бораи чизе навиштаи арзандаи касе, аз кори хубу шоистае дигар фарде чунин хурсанд намешуд, ки ӯ.

Ёд дорем чӣ гуна барои бори аввал ба табъ расидани нашрияи нав дар шаҳри Маскав ҳаракати бисёр мекард. Барои ҳафтавор номи муносиб кофта маводи аъло ҷамъоварӣ менамуд. Ҳар кас ҳар хел мегуфт, ӯ хомӯш гӯш андохта дар охир гуфт: "Бигузор номи рӯзнома "Паём" бошад. Хабарҳо кам бошанд, вале паёме аз ватани маҳбуб барои муҳоҷирони бурунмарзии тоҷик дар давлати Рӯсия ва берун аз он ва баръакс аз муҳоҷирон ба ватан бошад". Муҳаммадраҳими Сайдар садоқат ба миллат ва ватанро аз ҳама чиз муқаддастар меҳисобид. Тараннуми муҳаббат ба миллат ва ватан дар ҳар як сатри навиштаҳои ӯ ба чашм мерасид ва аз Садо дар гӯшҳо садо медод.

Рӯзи аз тарафи Кумитаи матбуоти Федератсияи Руссия ба нашри рӯзнома иҷозат гирифтан дар ёдамон ҳаст. Ин ҳолати хурсанди Муҳаммадраҳимро дидан даркор буд, ки ба тасвир карданаш кас оҷизӣ мекунад. Ба мисли кӯдаки ноолуда шодиҳояш ҳадду канор надошт, ҷои шишташро намеёфт.

Сад афсӯс, ҷавонмарди ҳарбу зарби зиндагӣ, дар айни гул-гул шукуфоии хеш аз олами мавҷуд ба роҳи охират, бо мо падруд гуфт. Ҳеҷ ба андеша ҷой намегирад, ки ин гуна шахсе - ошиқи зиндагӣ, ситораи субҳ, абрҳои саргардон, рӯзҳои боронӣ бо оснои бо ин дунёи дуррӯза падруд бигӯяд.

Ба ёд меояд чӣ гуна вақте ба ороиши навбатии нашрияе, ки бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз буд, бо як хурсандӣ гуфт: бигузор саҳифаи аввал бо ранги сабз оро дода шавад, ки мардум ҳис бикунанд, Наврӯз аст. "Ранги сабзи суманака, муждаи Наврӯзи нозанинро ба саҳифаи аввал ҷой диҳед!" Мехост мақолаеро бо номи "Наврӯз дар яхистонҳо" нашр бикунад…

Ҳар пагоҳ чун ба идораи рӯзнома меомад, аз чеҳрааш мефаҳмидед, ки ӯ имрӯз хурсанд аст, хабари хуше шунидааст ё хондааст ва ё баръакс. Ҳар пагоҳ бо дастовезе ба идора меомад, рӯзномае дар даст дошт ё китобе. Аз сӯҳбатҳои шируну бомаъниаш серӣ надоштем.

Зиёд дар бораи устод Сотим Улуғзода сухан мекард. Таъҷилан таъзияномаи рӯзноманигори шинохта Отахон Латифиро дастрас намуда дар ҳафтавораи "Паём" нашр карданд. Дили бузургу меҳрубоне дошт ва ҳамаи ғамҳои миллатро чун ғами худ ба дил наздик мегирифт.

Хабари марги Искандари Хатлониро шунида хеле ғамгин шуда буд. Сатрҳои зерини Искандари Хатлониро ба мо қироат карда гуфта буд:

Худоё, беватан мемирам охир,

Ва бегӯру кафан мемирам охир.

Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,

Парешонҷону тан мемирам охир.

Гӯё медонист ки дар замини бегона мемирад?! Ва афсӯс, ки ӯ ҳам чанде ин тақдирро бо Искандар қисмат кард…

Муҳаммадраҳим чун устод Нодири Нодирпур ва Сиёвуши Касроӣ ҳамеша ташнаи ватан ва дидори дӯстону наздикону миллаташ буд, вале мутаасифона мисли онҳо ин орзӯи худро ба хок бурд. Орзу дошт, ки баъди тадовии охирин дар бемористон, ба нафақа мебарояд ва ба ватан бармегардад ва навиштаҳояшро рӯи китоб меорад. Ҳамеша шеърҳои Ҳофизро мехонад, китоби Хоҷа китоби сардастии эшон буд.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯи набаранд.

Бо ҳама баробар, меҳри зиёд нисбати аҳли оилааш дошт. Вақте завҷаашон Шарофатбону дифоъи рисолаи илмӣ карданд, аз хурсандӣ хеле болида ба мо хабар расонида буданд. Аз донишомӯзии духтарон низ хурсанд буд. Ҳамеша ба мо суханҳои ширини наберачаи дустрӯякашон Анушаро нақл мекарданд. Чӣ қадар Анӯшаро дӯст медорам, чи кӯдаки зираке.

Дар бораи Борбад писарашон бисёр сухан мекард. Як бозии компютерӣ буд, ки дар он ҷо писарбачае бо либоси варзишии сафед, хеле чусту чолок аз санҷишҳо мегузарад. Мо гоҳ-гоҳе дар вақти холигӣ ҳамин бозиро дар компютер мегузоштем. Муҳаммадраҳим бошад дида мегуфт: илтимос ин бозиро нагузоред, дилам фишурда мешавад, Борбадҷонам ба хотирам меояд. Хеле бачаи чолоку чаққоне шудагст?..

Писараш Борбад фахри ӯ буд. Борбад чӣ қадар орзӯҳои ҷомаи амал напушидаи ӯ буд, ва афсӯс, ки дили падар ба писару дили писар ба кӯча… Мутассифона падар аз писар ранҷид, ки донишомӯзиро дар Маскав қатъ кард. Чун аз аҳли оила сухан рафт, мо бояд бо ҷиддият бигӯем, ки пас аз дардман шудани ӯ мо борҳо кӯшиши ба ватан равон намудани ӯ шудем. Яке аз муаллифи ин сатрҳо махсус бо бародараш - Сайалӣ вохӯрд бо ӯ ҷиддӣ сухан гуфт ва ӯро илтиҷо ҳам кард, ки хешовандон аз паи ба ватан баргардонидани ӯ шаванд, вале мо дар чи хаёлему Ёри мо дар чи хаёл…

Ёди Ватан, диёр, хешу табор дар дилаш талотӯм меандохт. Дар баробари ҳар як фарди баномуси тоҷик барои парешонии миллат, обу адо мешуд. /дард мекашид ва худро танҳо медид. Чуноне Искандари Хатлонӣ гуфтааст:

Ман он дардам, ки дармоне надорад,

Ман он мардам, ки бедор асту танҳост…

Ба нашрияи "Паём" аз сидқ дил баста барои зебову пурмаънӣ баромадани он саъю кӯшиши зиёде ба кор мебурд. Бо талошу кӯшишҳои беҳисоби Муҳаммадраҳим нашрия беҳад пурмаъно ва зебо мебаромад. Вале афсӯс, ки ин нашрия аз тарафи сафоратхона ва ҷамъиятҳои парокандаи русиягӣ дастгирӣ наёфта, баста шуд. Рафиқи мо бисёр аз ин хел "ранг гирифтани" кори "Паём" андӯҳгин буд. Чанде пас ӯ ба кори нав ба радиои "Озодӣ" ба ҳайси рӯзноманигор ба кор шурӯъ кард. Ҳар як барномае, ки ӯ ё бо ҳамроҳии Муҳамадраҳим тайёр карда мешуд, хеле пурмаъно ва ба аҳли масъулон маъқул меафтод. Ӯ гоҳ-гоҳе моро хабаргирӣ меомад, ки барои мо хеле кам буд. Мо ҳеҷ гоҳ аз дидори зебову сӯҳбати дилорояш сер намешудем. Ҳамкоронаш аз садои "Озодӣ" мегуфтанд: мо аз кори ӯ розием, боре ҳам маводи тайёркардаи ӯ барнагашта, ҳамеша садо додаст. Бо ҳама эҳтироме, ба дар ӯ доштем ва ҳама муҳаббате, ки нисбати ӯ мепарастидем, ва бо ҳама андӯҳу вовайлои дардолуд ва пурафсӯс тобути ӯро ба суи Ватан ба Тоҷикистони азизу дилрабояш равон кардем. Ва гӯё фиғони дили моро Умари Хайём шунида:

Эй кош, баъд аз ду ҳазор сол аз дили хок,

Чун сабза умеди бардамидан будӣ...

Падруд Муҳаммадраҳим. Падруд дӯсти азиз!


Бӯрӣ КАРИМ, Абдулқодири АЛАВӢ, Шамсияи ДАРЁ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97