ГИМНАЗИЯИ «ҲОТАМ ВА П.В.» СОЛИ ИЛМ ВА ФАНОВАРИРО ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИД

Фарҳанг ва адаб 19.01.2010 14:52

Дар оғози Соли илм ва фановарӣ донишомӯзони Гимназия-Интернати Тоҷикистону Русия дар олимпиадаи байналмилалӣ миёни мактабҳои физикӣ ва риёзии ҷаҳон, ки аз 11 то 17 январ дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, парчами Тоҷикистонро бо дониши худ боло карданд ва гимназияи мазкур ба шумули 7 мактаби беҳтарини физику риёзии ҷаҳон ворид гардид.

Дар ин мусобиқа толибилмони Гимназия-Интернати Тоҷикистону Русия Афзали Беҳрӯз аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори медали тило, Олимҷони Пираҳмад аз фанни риёзӣ сазовори медали нуқра, Ҳақназаров Қобил ва Меҳрдоди Одил аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Аз Тоҷикистон ҳамчунин дастаи ҳафтнафарии мунтахаби толибилмони шаҳри Душанбе ва дастаи мунтахаби донишомӯзони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ширкат варзиданд. Аз гурӯҳи толибилмони шаҳри Душанбе Давлатов аз фанни физик ва яке аз донишомӯзони литсейи тоҷикӣ- туркӣ Ғиёсов Комрон аз риёзӣ сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Донишомӯзони Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия бо кӯмаки молии «Ориёнбонк» шарафи Тоҷикистонро дар ин Олимпиада ҳифз карданд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97