АҶИБТАРИН ДЕВОР ДАР СОЛИ 2009

Фарҳанг ва адаб 14.01.2010 13:00

Соли 2009 бо ҳама хубу зишту неку бад паси сар шуд. То онҷо, ки фурсат даст дод, хонандагони азизи саҳифаи "Миллат ва Ислом"-ро ҳар ҳафта ё бо каме таъхир аз муҳимтарин таҳаввулоти олами исломӣ ва аҳволи мусулмонони дунё бохабар кардем. Дар баробари мақолаҳо бо мӯҳтавои исломӣ, ахбору иттилоот оид ба зиёдшавии теъдоди мусулмонон ва сохтани масҷидҳову нашри китобу нашароти исломӣ мақолоте дар бораи иҳонати мусулмонон ва ҳатто кушта шудану таҳдиди мусулмонҳо аз ҷониби нажодпарастон ба чоп расид.

Аммо дар дохили кишвар ба баракати Соли бузургдошти Имоми Аъзам тадобири муҳимми диние сурат гирифт, ки тавассути дигар васоити ахбори умум ҳам нашру ба мардум намоиш дода шуд ва инҷо ҳоҷат ба баёни он нест. Ба ҳар сурат, соли 2009 барои Тоҷикистони азиз ва мардуми мусулмони он дар воқеъ соли пурбаракату хотирмон ва ба ибораи дӯсту бародарам Саъдии Юсуфӣ динитарини сол дар Тоҷикистон буд. Худованд ингуна солҳоро барои миллати мо боз ҳам бештару мусалсал бигардонад.

ДЕВОРИ ПӮЛОДИН ДАР БАЙНИ МУСУЛМОНҲО

Агарчанде соли 2009 барои аксари мусулмонони ҷаҳон хушиҳои зиёд дошт, барои мардуми ҳамдини онон бо номи фаластиниҳо идомаи нохушиҳои пешин буд ва мутаассифона ба иллати сиёсатҳои ғажди дунёхоҳон миллати торихии Фаластин зери бори ғаму дарду ранҷу ситам боқӣ монд. Аз ҳама дардовар барои онҳо пас аз сохтани девори ҷудокунандаи онҳо аз Исроил, кишвари ҳамсоя ва ҳамдину ҳамкеши онҳо - бузургтарин кишвари арабӣ Ҷумҳурии Мисри араб низ роҳи онҳоро баст ва тасмим гирифт, ки девори амниятие миёни Мисру минтақаи Ғаззаҳи Фаластин бисозад. Дар ин бора сухангӯи Вазорати умури хориҷии Миср Ҳусом Закӣ дар як нишасти матбуотӣ дар ҳафтаи савуми моҳи декабр иттилоъ дода, гуфт ки девор ҷиҳати пешгирӣ аз қочоқ бунёд мешавад. Аммо ӯ дар бораи ҷузъиёти он чизе нагуфт. Бархе аз рӯзномаҳо эҳтимоли сохта шудани девори барқдорро ҳадс мезананд. Ёдовар мешавем, ки девори миёни Исроилу Ғаззаҳ давлати яҳудиёнро аз мусулмонони фаластинӣ ҷудо мекунад ва Исроил сабаби сохтани онро манъи вуруди "мусулмонони террорист" ба шаҳрҳояш медонад. Вале девори байни Мисру Ғаззаҳ ҷудокунандаи ду миллати ҳамзабону ҳамдин мебошад, ки аслан нисбат ба ҳақиқат ба афсона наздиктар метобад. Тасаввур кунед, ки миёни Панҷакенту Самарқанд девори пӯлодин "қомат афрохтааст"!

Албатта ин тасмими давлати Миср қобили қабули ҳама мардуми мусулмон нест, аммо мақомоти расмии Қоҳира сохтани онро ба хотири амнияти ватанашон муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар зер оид ба ин қазияи доғтарин барои мусулмонон дар соли 2009 ва вокунишҳо дар ростои он сухан меравад.

ҒАЗЗАҲ ДАР КУҶОСТ?

Минтақаи Ғаззаҳ бо яку ним миллион аҳолӣ як ҷузъи Фаластини таърихӣ мебошад. Шаҳри Ғаззаҳ бо 400 000 аҳолӣ пас аз Қудс дувумин шаҳри бузурги фаластиниҳо ба шумор меравад. Ин минтақа дар ҷануби Исроил ва шимоли Миср дар масоҳати 360 километри мураббаъ ҷой гирифта, тӯли он 41 километр ва арзаш 12.6 километр ҳаст. Дар байни Ғаззаҳ ва Миср шаш гузаргоҳ вуҷуд дорад, ки панҷтои онҳо дар тасарруфи Исроил ва яке - Рафаҳ дар ихтиёри фаластиниҳост. Ин минтақа аз замони қиёми давлати Исроил дар соли 1948 майдони гирудори яҳу¬диёну фаластиниҳо шуда, аз соли 1993 тибқи шартномаи Осло худмухтор эълон гардид. 14-уми июни соли 2007 дар паёмади кашмакаши дохилӣ ба тасарруфи гурӯҳи ҳаракати муқовимати исломӣ - Ҳамос даромад. Дар рӯзҳои охири соли 2008 ва авоили соли 2009 артиши Исроил дар пайи як ҳамлаи густарда аз роҳи замину ҳаво Ғаззаҳро мавриди ҳуҷум қарор дод ва муҳосараи он шиддат гирифт. Маҳз дар солгарди ҳодисаи шуми бамбборони Ғаззаҳ 29-и декабри ҳамин сол нахуствазири Исроил Бинёмин Натаняҳу дар Қоҳира меҳмони раисҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак шуд.

АЛ-ҚАРЗОВӢ: "СОХТАНИ ДЕВОРИ ПӮЛОДИНИ МИСР

ДАР МАРЗ БО ҒАЗЗАҲ ТИБҚИ ШАРИАТ ҲАРОМ АСТ!"

Сарвари "Иттиҳоди ҷаҳонии донишмандони мусулмон" Юсуф ал-Қарзовӣ аз идораи ҳукумати Миср хостааст, ки сохтани девори пӯлодӣ дар марзаш бо Ғаззаҳро бас кунад. Ӯ сохтани ин деворро мутобиқи шариати исломӣ мамнӯъву ҳаром донистааст. Дар ҳамовозӣ бо Шайх ал-Қарзовӣ дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон - Ҳасан Насруллоҳ давлати Мисрро ба хотима бахшидани сохтмони девор ва кушодани муҳосираи Навори Ғаззаҳ фаро хондааст.

Ал-Қарзовӣ дар баёнияе, ки як нусхаи он ба идораи телевизиони арабизабони "ал-Ҷазира" расидааст, таъкид менамояд: Мақсад аз сохтани девори мазкур бастани ҳамаи равзанаҳо ба Ғаззаҳ, шиддат бахшидан ба муҳосира, гурусна нигоҳ доштан, хорузор кардан ва фишор овардан ба фаластиниҳо мебошад, то онҳо сар хам кунанду ба хостаҳои Исроил таслим шаванд.

Шахсияти рақами 1 дар миёни аъзои Иттиҳодияи донишмандони мусулмони ҷаҳон аллома ал-Қарзовӣ илова мекунад: Дуруст аст, ки Миср озод мебошад ва ҳаққи ҳукмронӣ бар сарзамини худро дорад, вале Миср дар ёриву кӯмак барои қатли ҳаммиллатону бародарону ҳамсоягони фаластинияш озод нест! Шайх ал-Қарзовӣ барои исботи гуфтаҳояш мегӯяд: Ин барои Миср аз дидгоҳи миллият, ки кишвари арабист, ҷоиз нест; ба муқтазои бародарии исломӣ аз рӯйи ислом раво нест; ба сабаби бародарии башарӣ аз лиҳози инсоният норавост!

Шайх ал-Қарзовӣ дар идома ба таъкид мерасонад, ки девори пӯлодии ҷудокунандаи Ғаззаҳ аз Миср "ба истиснои девори ҷудокунандаи Исроил" беназиру бемонанд аст. "Исроил девореро барои хафа кардани фаластиниҳо бапо мекунад ва Миср деворе дигар месозад, ки мунтаҳо ба манфиати Исроил мебошад", - мегӯяд сарвари Иттиҳодияи донишмандони мусулмони ҷаҳон.

Аллома ал-Қарзовӣ ба ҳайси сарвари бузургтарин иттиҳодияи донишмандони мусулмон дар ҷаҳон аз Миср хостааст, ки гузаргоҳи Рафаҳро барои аҳолии Ғаззаҳ бикшояд, на ин ки аҳли Ғаззаҳро хафаву гулӯгир кунаду дар қатли онҳо шарик шавад. Кушодани гузаргоҳи Рафаҳ воҷиби шаръӣ ва қонунӣ мебошад, зеро он ба манзалаи шушест, ки фаластиниҳо бо он нафас мекашанд. Фаластиниҳо ночор аз роҳҳои зеризаминӣ истифода мекунанд то онҳо ҷойгузини гузаргоҳи баста бошанд. Бештари рӯзҳо ҳатто роҳи корвонҳои имдоди башарӣ баста мешавад. Чун Миср монеъи истифодаи фаластиниҳо аз роҳҳои зеризаминӣ мешавад, маънояш ин аст, ки ба онҳо мегӯяд: Марг бар шумо ва зинда бод Исроил!

Гузаргоҳи Рафаҳ дар байни Мисру Ғаззаҳ ҷойгир буда, давлати Миср дар вақтҳои ахир бо иддаои пешгирӣ аз кӯмаки террористон ба размандагони Ғаззаҳ онро бастааст. Бархе аз коршиносони қазияи Ховари Миёна ин амали давлати Мисрро хостаи идораи Тел-Авив медонанд.

ҲАСАН НАСРУЛЛОҲ

Аз сӯйи дигар ?асан Насруллоҳ роҳбарияти давлати Мисрро ба манъи сохтани девори пӯлодӣ, ғарқи об накардани роҳҳои зеризаминии раванда ба Ғаззаҳ ва баргирифтани муҳосара фаро мехонад, то мавзеи паст задани арабу мусулмонҳо ва ҳама шарафмандону озодагони ин ҷаҳон нагардад.

Насруллоҳ дар идомаи суханронияш гуфт: "Як сол пеш мо ба Миср сухани ҳақро гуфтему дашном шунидем. Имрӯз бошад ба иловаи муҳосара дар бораи девори пӯлодӣ, об рехтан дар роҳҳои зеризаминии фаластиниҳо то пур шудан барои нобуд кардани рагҳои танге ки барои Ғаззаҳ ҳаёту орзу мебахшанд, хабарҳо мерасад". Ин суханҳоро Ҳасан Насруллоҳ тавассути экрани бузурге, ки дар гиромидошти Ошуро дар Лубнон насб шуда буд, ба таъкид расонда, ҳамчунин ёдовар шуд: "Сукути золимона дар баробари муҳосараи ҳама афроди як халқ ба ҳар далелу узроварӣ раво нест".

Раиси "Ҳизбуллоҳ" мавзеъгирии арабҳо ва мусулмонон дар ростои муҳосараи Ғаззаҳро маҳкум ва ба интиқод кашида гуфт: "Якуним миллиард мусулмон ва араб якуним миллион фаластиниро, ки солҳо боз дар шароити сахт ба сар мебаранд, тамошо мекунанд… ва ҷаҳони арабу ислом тамошо мекунанду ба ҳам муҷомала (комплимент) мекунанд".

ИНТИҚОДИ ДЕВОРИ МИСРӢ

ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛ

Аз гурӯҳҳои ҷонибдори муқовимати фаластиниҳо дар Навори Ғаззаҳу Каронаи ғарбии руди Урдун, Димишқи Сурия ва Санъои Яман то мудофеони ҳуқуқи башар дар Ландан сару садое баланд шуда, мухолифати хешро зидди сохтани девори пӯлоди мисрӣ иброз доштанд. Вале посухи идораи Қоҳира ба эътирози фаластиниён ва созмонҳои арабиву ҳуқуқи башар ин буд, ки девор пӯлодин нест ва танҳо ба хотири амнияти кишвар мебошад.

Шайх Абдулмаҷид аз-Зиндонӣ раиси "Ҷомеат-ул-имон"-и Яман сохтани чунин девори ҷудокунандаи марзҳои мусулмононро ноҷоизу ботилу ҳаром эълон намуда, мепурсад, ки "ин девор барои чист ва барои манфиати кист? Кӣ барои мусулмон раво донистааст, ки дар муҳосара кардани бародари мусулмонаш иштирок кунад?!"

Дар арсаи сиёсати байналмилалӣ, як гурӯҳ фаолони урупоӣ барои роҳандозии ибтикори хеш барои бойкот эълон кардани ҳаракати ҷаҳонгардӣ ба Миср ва муқотаъаи харидории маҳсулоти мисрӣ бо нишони эътироз ба амали давлати Миср дар сохтани девори пӯлодин дар марзи Ғаззаҳ азму нияти худро изҳор доштанд.

Ба навиштаи вебсайти "ал-Ҷазира" фаоли ҳуқуқи башар аз Бритониё Арло Сиелво дар як нишасти матбуотӣ ба қазияи девор гуфтааст: Сохтани ин девор сахттарин зарба ба сокинони муҳосарашуда ва ҷангзадаи Ғаззаҳ дар чаҳор соли ахир мебошад.

Муҳосира, гушнагӣ, нодорӣ, омодагӣ ба бамбборон аз ҳаво ва ҳамла аз роҳҳои хушкӣ, баста шудани гузаргоҳҳо, сохтани девори пӯлодин ё барқӣ дар ягона роҳи умеди наҷот - ин аст аҳволи яку ним миллион мусулмон…


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97