ИНТИХОБОТИ МУЧАЛИ СОЛИ 2010

Фарҳанг ва адаб 06.01.2010 14:01

САҲМИЯ

- Инак давоми барномаи телевизионии "Навиди рӯз". Сокинони деҳаи Гулобод низ ба ташаббусҳои наҷиб пайравӣ мекунанд. Дар ин ҷо 60 нафар бо маблағи даҳ ҳазор сомонӣ саҳмияи НБО-и Роғун хариданд. Даҳмардаи асил Бачабек дар мусоҳибааш ба мухбирамон чунин арз кард: - Оилаи мо низ ташаббуси ҳамдеҳагонамонро тарафдорӣ мекунанд. Ман аз пасандози худ бо ду ҳазор сомонӣ се сар гусола харида, дар бозори "Баракат" фурӯхта, бо пулаш аз шаҳри Хуҷанд як "Опел" харида, дар ноҳия таксиронӣ мекунам. Ва аз пули фоидаи он саҳмия мехарам…

ҶОНИШИН

- Раис имрӯз Шуморо ба маҷлиси ноҳия даъват карданд - гуфт ҷонишин.

- Ба ҷои ман худатон равед!

- Ато Ризоевич! Имрӯз маъракаи тантанавии ҳашари пул (мост) аст. Шумо ба он ҷо даъват шудед.

- Ба ҳама аз номи ман арзи сипос кунед. Муовин ҳамаи супоришҳоро қайд карданӣ шуд, ки Раис ӯро садо кард:

- Ба хона меҳмон меояд. Ҳамроҳи келин рафта харид кунед. Дар маҳалла фотеҳа аст. Аз номам таъзия баён кунед. Нисфрӯзӣ маҷлиси падару модарон дар мактаб аст. Он ҷо даромада кумаки маро ба мактаб расонед. Соати се дар мурофиаи судии Акбар шоҳид ҳастам. Худат рафта ҳисобашро ёб.

Ҷонишин нав аз утоқ баромаданӣ буд, ки Раис илова кард:

- Берун расо хунук, ба ҷои ман ташноб дароед.

- Мӯҳтарам Раис, бо ҷону дил. Вале ин ташноби сабилмонда як қоида дорад, ки ҳар кас бояд худаш равад. - Равед... То худам нахезам кор буд намешавад!

АФВИ БАДТАР АЗ ГУНОҲ

- Маҳкумшуда Асадбек, Шумо тибқи қонуни афв озод шудед. Ба таври таъҷилӣ маҳбасхонаро тарк кунед.

- Мӯҳтарам командир, лоақал як соли дигар маро дар инҷо нигоҳ доред. Ман дигар ягон ҷиноят содир намекунам.

- Шумо афв шудед, боз чӣ мехоҳед?!

- Маро Қонун афв кард, вале занам маро афв намекунад. Агар аз ин ҷо бароям маро занам мекушад.

- Ба Шумо дигар занатон таҳдид карда наметавонад. Зеро занатон аллакай дар маҳбаси ҳамсоя бандӣ аст.

Асадбек тирвор аз маҳбасхона бадар рафт…

ИНТИХОБОТИ МУЧАЛИ СОЛИ 2010

Дар маҷлиси интихоботӣ Фил хеле орому бовиқор менишаст. Чанд бор кӯшиши баромад кардан дошту вале хомӯширо авлотар донист. Модоме ки Моҳии бедаҳон аз гап сер намешавад, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Хирс тамоми маҷлис хоб рафт. Дар ҷаласаи пагоҳирӯзӣ ҳангоми муҳокимаи масъалаи реҷаи иҷлосия ба Хирс сухан дода буданд. Аммо Хирсро ҳеҷ кас бедор карда натавонист. Баҳмут ва Каркадан ҳам бо вуҷуди бузургиашон имрӯз фақат даст мебардоштанду халос. Ба маҷлиси имсола вакилони қариб ҳамаи қитъаҳо омада буданд. Кенгуруи австралиягӣ, Гурбаи африқоӣ бори нахуст дар ҷаласа иштирок кунанд ҳам, худро чун мизбон ҳис мекарданд. Танҳо Заррофаи бечора худро ноҳинҷор ҳис мекард. Дар бисёр лаҳза ҳатто қарори маҷлисро мехонданду Заррофа баъд овоз медод.

Дар танаффус Хирс ба ҳоли Заррофа хандида:

- Аз омаданаш чӣ суд? Номзадиаш дар ягон ҷо нагузашт.

Рӯзи сеюми ҷаласа баҳсу ҷадал хеле авҷ гирифт.

- Ҷанобон, ҳайвонот ва парандаҳо! Хоҳиш мекунам як бори дигар аз қайд гузаред. Ҳоло ба муҳокимаи масъалаи муҳимтарини рӯзнома мегузарем. Дар муҳокимаи чунин масъалаи мушкил ҷанобон, одамон солҳо боз баҳс мекунанд. Вале мо бояд қарори дахлдор қабул намоем. Бояд имрӯз тақвими мучали навро қабул намоем. Раис нутқи муқаддимавиро ҳанӯз анҷом надод, ки Гург ба минбар баромад:

- Раиси мӯҳтарам! Ҳайвоноту парандаҳо! Чаро Хари бечора ин қадар заҳмат мекашаду ба мучал интихоб намешудааст? Гӯшҳояш дароз бошанд ҳам, толеаш хеле кӯтоҳ будааст. Ман аз номи ҳизби ҳайвоноти боркаш Харро пешниҳод мекунам.

- Бале,-овоз баровард Қутос аз толор. -Ба ҷои Бақар Хар интихоб шавад беҳтар. Ба ақидаам, ҷанобон, одамон аз ин пешниҳоди мо хеле хурсанд мешаванд. Зеро имрӯз дар шароити бӯҳрони шадиди сӯзишворӣ Хар аз мошин боқадртар аст.

Борони маломат, сарзанишу танқид сари Муш рехт. Ҳатто Наҳанги гунг ҳам, ки Мушро тамоман намешинохт, ним соат ӯро мурданивор кӯфт.

- Барои ин ман аз блоки газандаҳо ба ҷои Муш Юрмонро пешбарӣ менамоям,-гуфт аз толор Каждум.

- Ақраби азиз! Шумо маҳалгароӣ накунед. Масалан, дар Шарқи Дур Юрмон нест, - эътироз намуд Каргас.

Бо 67 фоизи овозҳо Юрмон ба рӯихати мучали нав интихоб шуд.

- Руфақо, солҳо боз табақаи ҳашарот аз ҳама ҳуқуқҳо маҳруманд. Дар интихоботи гузашта 1000 сол пеш аз блоки мо Харгӯш интихоб шуда буд. Аммо ӯ боварии моро зери по намуд. Ба ҷояш бояд Пашша пешбарӣ шавад. Ман боварӣ дорам, соли Пашша соли бахайр хоҳад шуд, - гуфт Кайк.

- Ҳайвоноти азиз! Лутфан, муборизаи сиёсиро фақат дар бахши сиёсат истифода баред. Ҳазор сол боз, маҳз рақобати байни Сагу Гурба аз интихобот сар зада буд. Ба фикрам, ҳоло интихоби Гурба айни муддаост, - арз кард Паланг.

- Бас аст қабилагароӣ! - бо ғазаб аз ҷой ҷаст Саг.-Майлаш, модоме ки ба ман боварӣ нест ва маро чун ҷосуси одамон айбдор карданд, дар ин сурат ман ҳуқуқамро истифода бурда, ба ҷои Гурба Чуғзро пешбарӣ менамоям. Дар замин шумораи вайронаҳо, харобаҳо рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Ва бояд соли ҷуғз соли зарбдор эълон шавад,-аккос зад Саг.

Бо аксарияти овозҳо чуғз ба тақвими мучал дохил гардид. (Кафкӯбиҳои бардавом). Дар толор ғавғо хест. Раис- Шер толорро хомӯш карда:

-Марҳамат, микрофони сеюм.

Сухан ба Уқоб дода мешавад. Уқоб парида, сари минбар нишаст.

-Азизонам, ман аз ҳамаи шумо собиқаи зиёди зиндагӣ дорам. Сесад соли карахтиро аз сар гузарондам. Бисёр ҳайвонот ба мучал тасодуфӣ дохил шуданд. Масалан, ҷаноби Хук бо кадом хидматҳояш ба ин мақом мушарраф гардид? Ҳамчунин порсол Хук зуком шуда инсонҳоро нобуд кард. Аз ин рӯ, ҷоиз мешуморам, ки ба ҷояш Баҳмут (бегемот) ба мучал дохил гардад. Ман бобои Баҳмутро мешинохтам. Дар баҳру уқёнусҳо обрӯ ва эътибори бузург дошт.

Раис пои Бегемотро тантанавор фишурд. Шиҳаи Асп баланд шуд.

- Ҷанобон! Маро аз мучал озод намоед, ман хеле серкор, синнам ба ҷое расидааст. Ҳоло дар асри бисту як тамоми кор ба гардани ман афтидааст. Истеъфои маро қабул намоед!

- Не, Асп монад. Якто пир байни мо бошад,-овозҳо баланд шуданд. Ва истеъфои Асп қабул нашуд.

- Ҷаноби раис,- дум хода кард Рӯбоҳ, - ҷунбиши ҳайвонии мо, маҳинпӯстҳо аз Мурғ шикоят дорад. Аслан солҳои охир Мурғ ҳатто вазифаи хидматиашро иҷро намекунад. Чӯҷаро дар мошина ҳам таваллуд мекунанд. Бозору дӯконҳоро акарочка пур кардааст. Аз номи ҷунбиши ҳайвонҳо Уштур - акаро тавсия медиҳам.

- Тақ-тақ! Сухан ба Эзорсурхак дода мешавад!

- Рӯбоҳи азиз! Ҷунбиши шумо бо ҳизби Зоғон якҷоя шуд. Барои ин намояндаи мо-Мурғ низ дар ин вазифа монад. Ва дар мучал намояндаи ин ду созмон-соли Уштур ва мурғ бо номи Уштурмурғ эълон карда шавад.

Таклифи Эзорсурхак якдилона қабул гардид.

Чанд бор Калтакалосро аз минбар фуроварданду ниҳоят навбаташ расид:

- Саҳми хазандаҳо дар табиат хеле бузург аст. Чанде қабл мо дар маҷлиси раёсати иттиҳоди хазандаҳо ҳисоботи Морро шунида будем. Кораш дулоб. Раёсат ба ҷояш Лойхӯракро пешниҳод менамояд. Лойхӯрак низ мисли мор мехазад,-гуфт Калтакалос.

- Лойхӯрак заҳр надорад-ку?-уллос кашид Гург.

- Вазифа гирад, заҳр пайдо мешавад, - фаҳмонд Калтакалос.

- Ваақ-ваақ. - Ба ман ҳам сухан диҳед, - гуфт қурбоққа. Раис ба Харчанг сухан дода бошад ҳам, минбарро Қурбоққа забт кард:

- Ман ба ягон созмону ҳизб шомил нестам. Фақат як таклиф дорам. Гӯсфандро низ бояд сабукдӯш кунем. Ба ҷояш намояндаи майдаҳайвонот мӯҳтарам Пингвин ба мучал интихоб шавад. Пингвинро бо кафкӯбиҳо табрик карданд.

- Ҳоло, ҳайвоноту ҳашарот, сухан ба меҳмони мо - сэр Кенгуру дода мешавад.

Кенгуру мухтасар аз вазъи сиёсии қитъаи Австралия ахборот дода, ба пешниҳоди мушаххас сар кард:

- Ман ба ҷаноби Маймун эрод дорам. Ин ҳайвон заҳмат кашида, ба одам табдил ёфт. Гапа гӯш накард. Ҳоло одамҳо аз рӯи ҳамин усул, яъне меҳнат накарда, ба маймунҳо табдил ёфта мегарданд. Дар рӯи замин одамони маймуншакли ришдор зиёд мешаванд. Ба ин вазифаи хеле масъул Заррофаро лоиқ мешуморам.

Пас аз баҳси зиёд ба ҷои Наҳанг ҳамчунин Тортанак ба мучал шомил гардид. Фақат як ҷой монд. Ҳеҷ кас ҷуръати танқиди Паланг намекард. Паланг хуб мефаҳмид, ки "баъзе" ё "алоҳида ҳайвонҳои бемасъул" ба ӯ дахл дорад. Вале касе рӯирост номашро зикр намекард. Ниҳоят, садри маҷлис- Шер шердил шуд:

- Паланги азиз! Бубахшед! Аммо шуморо низ сабӯкдӯш мекунем!

Баҳс дар атрофи номзадии Паланг авҷ гирифт. Ниҳоят маҷлис қарор кард, ки ба ҷои Паланг намояндаи даррандаҳо - Одам ба мучал дохил гардад. Зеро дар қарни ХХ1 Паланг ягон инсонро накуштааст. Вале Одам куштори зиёд ба амал овард. Даранда ва парандагон ба Одам сар фурӯд меоранд.

Ҳамин зайл, ба мучали нав Хар, Юрмон, Пашша, Чуғз, Баҳмут, Асп, Уштурмурғ, Лойхӯрак, Пингвин, Заррофа, Тортанак, Одам интихоб гардиданд.


Наҷмиддини ШОҲИНБОД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97