ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 23.11.2009 15:09

Мо барои чӣ рӯи ин нукта таъкид кардем, зеро баъзе аз муҳаққиқин, азҷумла Сафиуллоҳи Субот, шоир ва оҳангсоз, ки дӯст ва ҳамсинфи Аҳмад Зоҳир будааст ва чанд шеъру оҳанг низ барояш навиштааст, дар як филмномаи худ таҳти унвони «Созҳо ва розҳои Аҳмад Зоҳир» исрор меварзад, ки дар илм ва ҳунари мусиқӣ Аҳмад Зоҳир устод надоштааст. Вале чи тавре, ки мебинем, оқои Сипос, ки худ пажӯҳишгари маъруфи адабиёти классикӣ ва ҳунари мусиқӣ дар Афғонистон ба шумор рафта, солҳои дар қайди ҳаёт будани марҳум Аҳмад Зоҳир бо доираи ҳунармандони мусиқии ин мамлакат равобити зич доштааст, дар ин бора нуқтаи назари дигареро иброз менамояд.

Боз чизи дигари муҳимеро, ки ба фикри мо, оқои Сипос дар китобаш ёдовар шудааст, ин он аст, ки овозхони маъруфи эронӣ хонум Гугуш ба ҳунари Аҳмад Зоҳир эҳтироми бузурге қоил будааст, ки ҳатто дар борааш дар яке аз рӯзномаҳои Эрони ҳамон вақт мақолае низ навиштааст: «Зиндаёд Аҳмад Зоҳир истеъдоди бисёр олӣ дар интихоби шеър дошта, ки ҳатто Гугуш - ҳунарманди бузурги эронӣ роҷеъ ба ҳунари Аҳмад Зоҳир як саҳифаи рӯзномаи ҳамон вақтро ихтисос дода буд. Аз интихоби ашъораш бисёр тавсиф ва тамҷид ба амал оварда гуфта буд, ки «дар насли ҷавон мушкил ки ба садҳо сол Аҳмад Зоҳир пайдо шавад» ва ҳамчунин Пури Баноӣ ҳунарманди иронӣ гуфта буд, ки «овоз намешунавам, агар шунавам овози Аҳмад Зоҳир хоҳад буд». Барои хонандагони арҷманде, ки намедонанд хонум Пури Баноӣ кӣ буд, ҳаминро мегӯем, ки ӯ яке аз ҳунарпешаҳои машҳури синамои даврони шоҳи Эрон ба шумор мерафт ва Аҳмад Зоҳирро шахсан мешинохт.

Дар омади гап бояд бигӯем, ки Муҳаммад Зоҳири Сипос дар як ҷои дигари китобаш менависад, ки Аҳмад Зоҳир чанд суруди хонум Гугуш, азҷумла таронаҳои «Бо он ҳама қавлу қарору паймон», «Ҳаргиз, ҳаргиз бе ту намехандам», «Дунёи зиндонӣ девор аст» (Вақте, ки дил танг аст, фойдаш чист озодӣ? С. Ҳ.), таронаҳои хонум Маҳастӣ «Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам», «Пас аз ин зорӣ макун», «Султони қалбам ту ҳастӣ, ту ҳастӣ» (Як дил мега буру, буру, як дил мега нару, нару» С.Ҳ.) ва таронаи овозхони туркӣ хонум Умал Син «Гули сангам, гули сангам»-ро сурудааст.

ТАҚСИМБАНДИИ ТАРОНАҲО

ТИБҚИ СИПОС

Муҳаммад Зоҳири Сипос муддаъӣ аст, ки китоби ӯ комилтарин маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба ҳисоб меравад. Ӯ дар ин маҷмӯа тибқи ҳисоби худ 395 таронаи ба забони дарӣ хондаи Аҳмад Зоҳирро ҷойгир кардааст. Тақсимбандии таронаҳо тибқи навиштаи ӯ аз рӯйи дар кадом студия сабт шудани онҳо сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ мувофиқи навиштаи мӯҳтарам оқои Сипос аз 395 таронаи дарӣ дар маҷмӯъ 75-тои он дар студияи радиои Кобул, 171 суруду тарона дар студияи «Афғон Музик», 63 суруд дар студияи «Музик Сантр», 23 суруд дар студияи «Ориёно Музик», 63 суруд ҳангоми базмҳои маҳфилӣ сабт шудаанд.

Таҳлили феҳристи тартибдодаи оқои Сипос нишон медиҳад, (ин таҳлил аз сӯйи мо сурат гирифтааст. С.Ҳ.) ки муаллифи «Китоби ишқ» ҳамон як сурудеро, ки мукарраран дар чанд студия ё маҳфилҳо сабт шудааст, ба сифати як суруди алоҳида ҳисоб кардааст. Масалан, бино ба навиштаи ӯ суруди «Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ» дар студияи радиои Кобул, студияи «Афғон Музик» ва боз дар ду базми маҳфилӣ сабт шудааст. Яъне ба қавле чор вариант дорад. Вале оқои Сипос ҳар яки ин сабтро варианти як суруд не, балки як суруди нав, як суруди алоҳида ҳисоб кардааст. Ё худ суруди «Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, дилима кардӣ вайрон» низ назар ба пешниҳоди оқои Сипос чор навори ҳархела доштааст. Аҳмад Зоҳир як бор ин сурудро дар студияи радиои Кобул сабт кардааст. Дафъаи дигар бо дигар созҳои мусиқӣ, бо каме тағйирот дар студияи «Музик Сантр» онро ба навори аудиоӣ гирифтааст. Бори дигар якҷо бо овозхони маъруфи афғон шодравон хонум Жило дар студияи «Афғон Музик» дар шакли дуэт онро ба ёдгор гузоштааст. Боз навори маҳфилии ин тарона низ маҳфуз аст, ки онро Аҳмад Зоҳир дар Пешовари Покистон хондааст.

Хулоса, аз 395 таронаи ба забони дарӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир, ки оқои Сипос дар «Китоби ишқ» овардааст, се суруд дар чор вариант, 13 суруд дар се варианти мухталиф ва 59 суруд дар ду варианти гуногун омадааст. Яъне 75 суруд аз ин рӯйхат дуборӣ, себорӣ ва чорборӣ такрор шудааст. Азбаски ин сурудҳо дар студияҳои гуногун дар вақтҳои мухталиф сабт шудаанд, такрор мекунам, муаллиф ҳар яки онро як суруди алоҳида ҳисобида ба феҳристи худ дохил кардааст. Ҳамин тариқ 75 суруде, ки чор, се, дувариантӣ доранд, дар ҷамъбаст, 163 сурудро ташкил медиҳанд. Агар мо аз рақами 395 адади 163-ро тарҳ кунем, 232 боқӣ мемонад. Яъне, назар ба пешниҳоди оқои Сипос 232 таронаи Аҳмад Зоҳир яквариантӣ, ё худ як борӣ сабт шудаанд. 232 суруди яквариантӣ ҷамъи 75 суруди бисёрварианта ин мешавад 307 суруд. Яъне, агар мо вариантҳои 75 таронаи мазкурро суруди алоҳида ҳисоб накунем, пас тибқи феҳристи оғои Сипос, Аҳмад Зоҳир 307 суруди дарӣ хондааст. Агар вариантҳои як сурудро ҳар кадомашро суруди алоҳида ҳисоб кунем, пас тибқи омори оғои Сипос теъдоди сурудҳои ба забони дарӣ хондаи Аҳмад Зоҳир 395-то мешавад.

ҲИСОБИ СИПОС ДУРУСТ АСТ?

Мо барои чӣ ин қадар муфассал дар бораи теъдоди таронаҳои дарии Аҳмад Зоҳир, ки оқои Сипос пешниҳод кардааст, сухан гуфтем? Ин корро мо ба он хотир кардем, ки нависандаи ин сатрҳо дар китоби хеш «Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо» омори дигархелтареро пешкаш кардааст ва барои нодурустфаҳмӣ нашавад, мехоҳем дар ин бора андаке бештар шарҳу эзоҳ бидиҳем. Дар китоби мо теъдоди тамоми сурудҳои Аҳмад Зоҳир: дарӣ, пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ 351 нишон дода шудааст, ки аз ин миқдор 328 адад таронаи он дарӣ мебошад. Вале усули баҳисобгирии мо дар он китоб дигархелтар буд. Мо ҳар як таронаро новобаста ба он, ки он кай, дар куҷо, чанд бор сабт шуда буд, ҳамчун як тарона як бор ҳисоб кардем. Вариантҳои ҳамон як таронаро ҳамчун як суруди алоҳида ба ҳисоб нагирифтем. Вариантнокии таронаҳоро танҳо ҳини таҳлилу баррасии мавзӯъҳои мухталифи эҷодиёт ва зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир ба инобат мегирифтем.

Аз сӯйи дигар оқои Сипос дар китоби хеш танҳо таронаҳоеро ворид кардааст, ки сабтҳои пурраи хешро доштаанд ва сифати сабтҳо низ хуб будааст. Аз овардани сурудҳои нопурра ва ё сурудҳое, ки наворашонро надоштааст, сурудҳои наворҳояшон пастсифат худдорӣ кардааст. Мо бошем дар феҳристи хеш ҳам таронаҳои нопурраро ворид кардем, ҳам он таронаҳоеро, ки сифати сабташон хуб набуд ва ҳам ҳатто он сурудҳоеро, ки бо вуҷуди надоштани навор аз мавҷудияти онҳо иттилои дақиқе дар даст доштем.

Акнун саволе ба миён меояд, ки кадом тарзи баҳисобгирии таронаҳои Аҳмад Зоҳир дуруст аст? Тарзу усули оқои Сипос ва ё тарзу усуле, ки мо пеш гирифта будем? Ба ин савол ошкоро, бидуни истиҳола ҷавоб медиҳам, ки тарзу шеваи баҳисобгирии оқои Сипос дурусттар аст. Барои чӣ? Барои он ки сабти дубораи ҳар як суруди кӯҳна, махсусан баъди муддати зиёде бо истифода аз созҳои дигар ва ё бо тағйирот ё иловаҳое ҳам дар матну ҳам дар оҳанг, баъзан бо даровардани ислоҳ дар ноқисиҳои матну оҳанг албатта кори заҳматталаб аст. Яъне баробари эҷоди як суруди нав дар он меҳнат сарф мешавад. Аз сӯйи дигар бидуни шак онро овозхон бо табъу рӯҳияи тоза месарояд. Зеро он дар замони дигар суруда шуда ифодакунандаи ҳолати рӯҳии ҳамонлаҳзаина ва ҳамондавраинаи овозхон аст. Ҳар як суруди кӯҳнаи Аҳмад Зоҳир, ки бори дигар аз сӯйи ӯ хондаву сабт шудааст, ин ба ҳеҷ ваҷҳ такрори ҳамон суруди қаблӣ нест. Он ҳатман дар худ як сӯзи нав, андешаи нав ва дарди нав дорад. Агар суруди кӯҳнаашро дар ҳамон оҳанги кӯҳна хонда бошад ҳам, вале онро бо тобишу таровати нав хондааст.

ҲАР ЯК СУРУДИ АҲМАД ЗОҲИР

ЯК КИТОБ АСТ

Аслан ҳар як суруди Аҳмад Зоҳир мисли як китоб аст. Чуноне, ки вақте як китобро такроран мехонӣ сухани тоза аз он кашф мекунӣ, таронаҳои Аҳмад Зоҳир чунин як хусусиятро доро ҳастанд. Ҳар боре ки онҳоро мукарраран мешунавӣ чизи наверо барои худ пайдо мекунӣ. Бале, вақте, ки ӯ сурудҳои қаблиашро баъди солҳои тӯлонӣ аз сари нав бо созу асбобҳои дигар мехонад, адиберо мемонад, ки барои хонандааш, на нашри навбатии ҳамон як китоби қаблӣ, балки китоби билкул наверо эҳдо мекунад.

Агар ҳамаи ана ҳамин нуктаҳоро ба назар бигирем, ба андешаи мо, баҳисобгирии теъдоди таронаҳои Аҳмад Зоҳир тибқи шеваи оқои Сипос дурусттар мебошад. Аммо мо дар тафовут аз оғои Сипос ҷонибдори он ҳастем, ки кӯчактарин эҷоди Аҳмад Зоҳир, бигузор суруди нотамом бошад, ё ҳатто навораш набошад, вале дар хусуси вуҷуд доштани он иттилои муассиқ бошад, ё бигузор дар наворҳои пастсифат ҳам бошад, он суруд ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад. Зеро доштани иттилои тоза имкон медиҳад, ки ҷодаи пажӯҳишҳо бозтар шавад, шояд дар оянда муҳаққиқони пайдо шаванд, ки бо истифода аз ин кӯчатарин маълумотҳои пешниҳод кардаи мо боз пештар бираванд ва асрори ҳунари ин бузургтарин хунёгари форсзабони қарнро ба алоқамандонаш кушода бидиҳанд.

Аз ин рӯ мо дар бойгонии хеш тибқи усули оқои Сипос аз нав ҳисобу китоб гузаронидем ва як омори хеле ҷолиберо барои худ кашф намудем, ки инак пешкаши шумо, хонандаи азиз, мекунем.

Аввалан теъдоди таронаҳо ба сабаби ҳамчун суруди алоҳида ба ҳисоб гирифтани вариантҳои ҳамон як суруд, хеле афзуд. Масалан, оқои Сипос дар феҳристи худ сабти чор суруди «Лайлӣ Лайлӣ Лайлиҷон дилима кардӣ вайрон» пешниҳод кардааст. Мо дидем, ки дар бойгонии мо шаш сабти мухталифи ҳамин суруд мавҷуд аст. Яъне ба иловаи он чи оқои Сипос пешниҳод кардааст, боз ду суруди дар маҳфилҳои дигар сабтшударо низ мо маҳфуз дорем. Ҳамин тариқ, барои мисол, мо шаш сабти мухталифи таронаи «Ҳама ёронам ба парешонӣ»-ро дорем, вале мӯҳтарам оқои Сипос чор суруди гуногуни «Ҳама ёронам ба парешонӣ»-ро ном гирифтааст. Ё худ мо шаш сабти мухталифи суруди «Ман надонистам аз аввал, ки ту бе меҳру вафоӣ»-ро дар бойгонии хеш ҳифз кардаем, оқои Сипос се сабти гуногуни ин сурудро нишон додааст. Хулоса, баъди ҳисобу китоб бо усули нав мо дар бойгонии хеш гуфта метавонем, ки беш аз 520 таронаи дарии Аҳмад Зоҳирро ба ҳисоб гирифтем. Вале ҳисобу китоб, кофтуковҳо ҳанӯз ҳам идома доранд. Бештар аз дусад фитаи сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ки тӯли солиёни дароз аз кишварҳои гуногун бо роҳҳои мухталиф гирдоварӣ шудаанд, интизори онанд, ки бори дигар бо таваҷҷӯҳи бештаре онҳо мукарраран шунида шаванд. Агарчӣ ин фитаҳо аксаран такрори ҳамдигаранд, вале миёни онҳо таронаҳое низ буда метавонанд, ки тибқи усули нави ба ҳисобгирӣ муҳиманд. Кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки хулосаи хешро оиди ин пажӯҳиши кӯчак дар мақолаҳои ҷамъбастӣ пешкаши алоқамандони ҳунари мусиқӣ намоем. Вале ҳоло андешарониамонро дар бораи китоби оқои Сипос идома медиҳем.

СИПОС ДАР ҶӮСТУҶӮИ

МУАЛЛИФОНИ АШЪОР

Як кори муҳим ва муфиди оқои Муҳаммад Зоҳири Сипос бо таълифи ин китобаш боз дар он аст, ки яке аз аввалинҳо шуда барои алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир муаллифони чандин таронаҳои ӯро масалан, аз қабили Меҳрдоди Авасто, Иқбол Раҳбари Тухӣ, Ҳамидии Мусаддиқ, Аҳмадшоҳи Азҳар, Марями Малик Иброҳимӣ, Абдулатифи Нозимии Ҳиравӣ, Ҳотифии Ҳиравӣ, Муҳаммад Хонҷони Муқбил, Мӯҳтарам Наврӯзӣ, Муҳаммадқулихони Гозрунӣ, Шоҳ Шуҷоъи Бобурӣ, Шайх Рӯзбеҳонии Шерозӣ, Шайх Баҳоӣ ва боз чандин шоири дигарро маҳз ӯ кашф кардааст.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97