ҚОНУНИ ЗАБОН (Ба истиқболи тарҳи нави "Қонуни забони тоҷикӣ")

Фарҳанг ва адаб 07.10.2009 13:56

1

Рост гуфтан.

Рост парвардан.

Ростиро аввалин меъёр кардан.

Вожаро аз банду зиндони дурӯғу ҳарзагӯӣ вораҳонидан.

Ҳурмати гуфторро

Пайкор кардан.

Кор кардан.

2

Ин забони офаринбунён

Забони фаҳшу нафрин нест.

Порсӣ, яъне

Забони қудсиёни арши покӣ, порсоист.

Қимматӣ дурри дарӣ

Гавҳари дарёи ирфон аст.

Вожаҳои аҳриманхӯро ҳамебояд

Аз аҳуроӣ ҳарими ҳурмати он тард кардан,

Чеҳраи маъсуми онро пок аз ин гард кардан.

3

Ин забони чоплусӣ,

Пойбӯсӣ нест.1

Нардбони осмон аст.

Паллаҳои ояталкурсист.

Мояи рушду таолист.

Шаҳпари андешаи олист.

Хуни озодӣ биҷӯшад дар раги ҳар вожаи нобаш.

Ҷовидон аз оби озодӣ бибояд дошт шодобаш.

4

Нест оби рӯдҳои мо фаромарзӣ,

Лек дарёи забони мо фаромарзист.

Пои онро бояд аз садди хати сунъӣ раҳо кардан,

Чашмаҳои саргаҳашро

Боз бо шаҳрӯдҳои ҳамравонӣ ошно кардан,

Чун наҳангони қадими хеш

Сӯи уқёнуси афкори башар озод,

босалобат

Ошино кардан.

5

Бояд ин бовар ба дилҳо устувор ояд,

К-ин забони мо забони сулҳу ҳам ҷанг аст.

Сулҳ бо аҳли башар - бешарр

Ҷанг бо аҳремани найранг.

Ҳам забони дину ҳам фарҳанг,

Ҳам забони шеър, ҳам оҳанг,

Ҳам забони шишаву ҳам санг,

Ҳам забони илму ҳам фан,

Ҳам забони сурб ҳам оҳан.

Пайкаре ҳаргиз набуда низ ин гардуни гардонро,

То қабои тоҷикӣ кӯтоҳ ояд қомати онро.

6

Шоири мо аз фарози қуллаи андеша гарчанде ҳамефармуд:

"Эй басо маъно, ки аз номаҳрамиҳои забон,

Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаҳои роз монд".2

Аз замони Рӯдакӣ то аҳди Халлоқулмаонӣ, низ то имрӯз

Тоҷикӣ мифтоҳи заррини ҳазорон роз гардидаст,

Аз садои пои ҳар ҳарфаш дари дижи муаммо боз гардидаст.

Бояд ин мифтоҳи заррин даркушои ҷовидон бошад,

Аз муаммогунаандешиву аз печидабофӣ дар амон бошад.

7

Тоҷикӣ ё форсӣ ё ки дарӣ ё…

Гар дусад номи дигар бар ин забон бинҳанд,

Бояд онро як забон донист,

"Оби Рукнобод"-ро шохоби "Ҷӯи Мӯлиён" донист,

Камтар аз инро

Зиён донист.

8

Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё

Шаҳрванди Тоҷикистонанд.

Бояд аз аҳволи онон бохабар буд,

То ба зиндони фаромӯшӣ наяфтанд,

То амон бошанд аз табъизу аз таҳриф.

Бояд онҳоро сафири ошноӣ кард,

Зеҳнҳоро рӯшноӣ кард:

Шарҳ бояд дод, ки "қочоқ" аз мо нест,

Ҳамчуноне истилоҳи шуми "террорист".

Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё,

Қосиди фарҳангу дониш,

Пайки эъморанду ободӣ

Бо фурӯғи ҳуши Синоӣ,

Бо сиришти поки Фарҳодӣ.

9

Рӯи ҳар бому даре, ки парчами мо насб мегардад,

Зери он бом,

Пушти он дар

Кадхудоӣ бо забони тоҷикӣ бошад.

Парчами мо бо забони мо яке бошад.

10

Ҳар касе дар паҳнаи гетӣ

Бо забони модарии мо сухан гӯяд,

Ҳамдилу ҳаммиллату ҳамсарнавишту ҳамравони мост,

Остонаш остони мо,

Осмонаш осмони мост,

Баски фарзанди азизи Тоҷикистон аст,

Шаҳрванди ифтихории Хуросон аст.3

1 Дар таъриз ба ин байти машҳур:

Нӯҳ курсии фалак ниҳад андеша зери пой,

То бӯса бар рикоби Қизил Арслон диҳад.

2 Байти халлоқулмаонӣ Бедил.

3 Манзур Хуросони куҳанбунёд – тамоми қаламрави фарҳанг ва забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ.


Рустами ВАҲҲОБ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97