САЙДИ ШОҲИНИ ИЛҲОМ

Фарҳанг ва адаб 15.09.2009 18:23

Замоне ба шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ шоҳини қимматбаҳои шикорӣ оварданд. Ва гуфтанд, ки ин парандаи шикорӣ дар ҳазор чақрим дурӣ низ сайдро дастгир мекунад. Аммо дар як рӯз ду сар гӯсфанд мехӯрад. Маҳмуди Ғазнавӣ ханда кард ва гуфт: - Сар диҳед, бигузор худаш ҳар рӯз ду гӯсфанд барои худаш шикор кунад! …Ду сол пеш вақте ки ҳайати эҷодии ҳафтаномаи "Суғд" пароканда шуд, сардабир ба усули Маҳмудӣ моро озод карда гуфт, ризқатонро пайдо кунед. Вале ман барои шикори маош он қадар ҳавсала надоштам. Ҳамзамон ҳафтаномаҳои хусусӣ бо усули рӯзноманигории нав кор мекунанд.

Ҳар як далелу арқом омӯзиш, санҷиши ҷиддӣ талаб мекунад. Мо насли журналистони Шӯравӣ бо усули латифаи Вернер одат кардаем:

Дар таҳхонаи пулиси фошистӣ устухони қадимро пайдо мекунанд. Мутахассисон Штирлитсро даъват мекунанду солашро мепурсанд.

- Дусад сол - мегӯяд Штирлитс.

- Чӣ тавр муайян кардед?

- Бо усули иттилоот барои андеша!

- Аз Мюллер мепурсанд.

- Тахминан 199 сол - ҷавоб медиҳад Мюллер.

- Чӣ тавр фаҳмидед?

- Ман дар ҳамаи қарнҳо ҷосус дорам!

Ва ниҳоят устухонро ба журналист нишон дода фарзия мепурсанд.

- 199 солу 6 моҳу 45 рӯз.

- Чӣ тавр ин қадар дақиқ фаҳмидед?

- Худи устухон дар мусоҳиба гуфт!

…Ҳамчунин журналистикаи нави озод ҷанҷолу моҷароҳои зиёде дорад. Ба ин хотир муддате бекор мондам.

Рӯзе Хуршеди Атоулло ба Хуҷанд омад. Ва андешаамро дар мавриди "Фараж" пурсид.

- Дӯстам, ман сурудхонӣ, намозхонӣ ва газетахониро кайҳо бас кардаам! Аммо медонам, ки ҳафтаномаи хуб доред. Зеро дар чанд дӯкон парпечи мол шуданашро дида будам.

Ҳамин лутф саҳифаи ҳаҷвии "Партизан"-ро ба вуҷуд овард. Воқеан якумр аз Хуршеди Атоулло миннатдорам, ки маро аз нав ба ҳаҷв баргардонд.

Мутаассифона Устод Тоҳири Абдуҷаббор бемор шуда, ба Хуҷанд омаданд. Ҳар субҳ ба аёдат мерафтам. Ҳамзамон ҳар ҳафта ҳамаи рӯзномаҳои озодро барояш дастрас мекардам. "Миллат"-ро аз ҳама бештар мехонд, вале баъдан ман рӯзномаро саропо барояш мехондам.

- Фикри тоза доранд. Барои ҷомеа дилашон месӯзад. Мақолаҳои таҳлилиаш низ бадардбихӯр аст.

Аввал ният кардам, ки барои ин рӯзнома тафсирҳои сиёсӣ тайёр кунам. Вале ҳангоми мулоқот бо Раҳматкарими Давлат бо ҳидояти Устод Тоҳир ва илтимоси Зинатуллоҳи Исмоил бахши ҳаҷву мутоиба таъсис додем. Ва иттифоқо ҳамон шабу рӯз ман дар мавриди зиндагиномаи ҳаҷвнигорони маъруф Усто ва Масто мавод тайёр мекардам. Ва саҳифа бо номи онҳо ба хонанда расид.

Боз як далели муҳим маро ба ин ҳафтанома сидқан ҷазб кард. Ман охирин маротиба моҳи маи соли 1991 ҳаққи қалам гирифта будам. Ин ҳафтанома "одатҳои бои-феодалӣ"-и Шӯравӣ - додани ҳаққи қаламро низ риоя мекардааст.

Имрӯз ман аз ин ҳамкорӣ мамнунам. Зеро қариб ҳаррӯз аз хонандагон дашному миннатдорӣ мегирам.

Ҳамкорон ва хонандагони "Миллат"-ро самимона табрик мегӯям!


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97