Гузориш аз қабулгоҳи ҷамъиятии
ҳафтаномаи "Миллат" дар шаҳри Хуҷанд
Ҷои қабулгоҳро дӯкони марказии рӯзномафурӯшии хиёбони Ленин қарор додем. Зеро дар инҷо самбӯсахонаву ошхонаҳо бештаранд. Мардум барои ғизои шикам омада, ягон- ягон рӯзнома ҳам мехаранд. Хушбахтона, хонандагону муштариёни "Миллат" имрӯз зиёданд. Дар инҷо пурсиши андешаҳо роҷеъ ба ҳафтанома шурӯъ мешавад.
Карим Абдулов-профессор:
- Сараввал эҷодкорони "Миллат"-ро бо роҳи чорсола самимона табрик мегӯям. Ин ҳафтанома аз дигар рӯзномаю маҷаллаҳо бо ошкрогӯӣ ва амиқназарӣ фарқ мекунад. Аз ҳама пеш манфиати миллиро дар мадди аввал мегузорад. Дар шумораи охирин мақолаи "Барқи тоҷик" ё барқи узбак таҳлилу пешниҳодҳои хуб дорад. Сиёсати рӯзро фаҳмо, саривақтӣ инъикос мекунад. Саҳифаи ҳаҷв беҳтарин моли рӯз аст. Мардум, ки аз "Хорпуштак" ва"Мушфиқӣ" маҳрум шудаанд, муштоқи ҳазлу мутоиба ҳастанд. Пешниҳод дорам, ки мақолаҳои аз расонаҳои хориҷӣ пешниҳодшударо бо услуби забони тоҷикӣ таҳрир кунанд. Дар нашрияҳо калимаи "Омбудсмен" дучор мешавад, ки таллафузи ин калима мушкил буда, на ҳама маънояшро мефаҳманд. Магар "ваколатдори ҳуқуқи инсон" хубтар ва гуворотар нест?!
Дар чор сол "Миллат" ҳамзамон ба он ноил шуд, ки ба сиёсатбозии шахсони аз мансабрафтаю шӯҳратталаб ҳамроҳ нашуд. Ҳамзамон тафсирҳои сиёсии "Миллат" низ бозёфти хуб аст. Бори дигар ба миллатдӯстони "Миллат" тавфиқи эҷодӣ мехоҳам.
Асомиддин Ҷамолиддинов - муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия:
- Чанд шумораи "Миллат" тасодуфан ба дастам афтод. Ба қавли файласуф Ленс; "дандони тез низ озодии забонро маҳдуд мекунад" - ҳафтанома аз дандони тези кӯҳнапарастон наметарсад. Озод мегӯяд. Ва домани мавзӯи мақолаҳо фарох аст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамаи матбуоти озод дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ менависанд, аммо мушкилоти муҳоҷиронро танҳо аз рӯи нақл, сомонаҳо ва шунидаҳо тасвир кардан сатҳӣ мебошад. Агар имкон бошад, ин нашрияҳои озод фаротар гом бигузоранд ва дар Русия тадқиқотҳои журналистиро сар кунанд.
Афзалшо Амирбеков - иқтисодшинос:
- Дар чор сол аз чордевори маҳдудиятҳои зиндагӣ ва ҷомеа ворастан осон нест. Мутаассифона, саросар ҷомеаи имрӯзро сиёҳ нишон додану роҳи халосиро бо муаммоҳо гуфтан ба манфиати рушд нест. Зиндагии баду мушкилро ончунон неш зад, ки ба қавли Кайсин Клиев; "агар теппаро таъриф кунед, кӯшиш намоед, ки кӯҳро паст назанед", мувофиқ ояд. Рӯзномаи "Миллат" дар ин ҷода хеле муваффақ аст. Ва боз хубтар мешуд, агар минбаъд аз тасвири мушкилоти маишӣ - иҷтимоӣ ба таҳлили сиёсӣ - иқтисодии ҷомеа, истеҳсолот гузашт. Танҳо як далел меорам; пахтакорӣ заминро хор кард, деҳқон муфлис шуд. Пас чи тавр аз замин фоида гирифт?! Имрӯз 59 фисади аҳолии саёра мубталои тамокукашӣ аст. Ҳамзамон аз растании тамоку даҳ маводи дигари доруӣ истеҳсол мешавад. Дар даҳ соли тамокукории даврони Шӯравӣ хоҷагиҳои Бадахшону Зарафшон аз қарз баромаданд. Ё худ дар солҳои 80-ум дар Бадахшон як растании шифобахш бо номи Календула кишт шуд. Аз ҳар гектари кишти ин зироат то 600 доллари амрикоӣ фоида ба даст меояд. Хулас, роҳҳои зиёд мавҷуданд, ки бояд "Миллат" барин минбарҳои озод ба он даст зананд. Аз матолиби иқтисодӣ ва тафирҳои "Миллат" аён аст, ки ин мавзӯъро то ҳадди ҳал бурда мерасонад. Пирӯзиҳои бештар таманно дорам.
Мусоҳиб Н. (Аз зикри номаш худдорӣ кард!):
- Ягон газетаи ҷумҳурии мо ҳақиқатро наменависад. Ҳамаи матбуоти озод ва хусусӣ ба "мафия"-ҳои ҷудогона хизмат мекунанд. Матбуоти озод бо усули "кӣ пул медиҳад, ҳамон кас мусиқии дилхоҳро гӯш мекунад", амал мекунад. Лекин садои оҳанги мотами зиндагии мо хомӯш аст. Як нашрия дар чанд шумора сӯиқасд ба ҷони як мансабдорро чоп кард. Ин воқеаро дар як хабари кутоҳ гунҷонидан мумкин буд. Агар касе ҷасорат дошта бошад, дар бораи разолати полиси муҳоҷирати Русия, гумруки Қазоқистон ва скинхедҳои Маскав аз ҷои воқеа нависад. Дар хориҷи кишвар сафоратҳои Тоҷикистон, ки аз як оила таркиб ёфтаанд, ба тиҷорат машғуланду халос. Пӯшида нест, ки ба таври пинҳонӣ иттиҳодияҳои навтаъсиси муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ фақат барои тиҷорату манфиати худ кор мекунанд.
Шарифҷон Хайриддин - унвонҷӯ - Ҳазрати Иқбол хуб фармуданд:
Фитрати аздодхез, лаззати пайкор дод,
Хоҷаву муздурро омиру маъмурро…
Аздод ё ихтилофи назар гарави инкишоф аст. Таззодҳо набардҳо, даргириҳо моро ба имрӯзи андаки муътадил расонданд. Аммо боз ҳам зарур аст, ки миёни сиёҳу сафед, рӯшанию торикӣ, росту дурӯғ фосилае пайдо кард, ки нафси ҳақиқати моро қонеъ кард. Мардум ҳар қадар қашшоқ бошад, хамон кадар ташнаи иттиллот аст. Зеро чашми умед ба таҳаввулот дорад. Ман иқрор мекунам, ки мо дар ин марҳила каме пирӯз шудем. Ҳамдигарро кӯфтаю кушта, даст ба ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ додем. Рости ин ягона дастоварди 20 солаи мо аст. Лекин таззодро танҳо дар ҳукумату омма ҷӯстан хато аст. Ихтилофу таззод, набард ва рақобатро дар паҳлӯи нав ҷӯст. То аз таззодҳо ба нумӯъ қадам гузорем.
Сулҳия Раҳимӣ - донишҷӯ:
- Ба "Миллат" барои навиштаҳои Зоҳири Давлат, Ҷамолиддини Сайфиддин ва саҳифаи "ЁУМ" дилбастагӣ пайдо кардам. Сараввал орзуи рӯзноманигор шудан доштам. Ҳоло орзу дорам, ки мисли навиштаҳои ин нашрияи хонданӣ эҷод кунам. Ҷашни чорсолагӣ ҳисобу таҳлили роҳи чорсола аст. Шумо "Миллат" - чиён ба ҳадаф хеле наздик шудед. Бигузор, илҳоми саршор ва қалами тези Шумо миллати моро сарафроз гардонад.
Абдулмаҷиди Бобоҷониён - сардабири ҳафтаномаи "Суғдиён":
- Тифли чорсола гӯё, ҷасур ва қавиқадам аст. На ҳама медонад, ки дар ҷумҳурии мо, ки сад андар сад фисад маводи полиграфӣ аз хориҷ ворид мешавад, нашри рӯзнома мушкил аст. Боз мушкилтар он аст, ки хонанда ё харидор ҳамсангари мо нест. Масолеҳи чоп ва сухани озодро пайдо кардан осонтар нисбат ба хонанда аст. Аммо хушбахтона "Миллат" хонандаи худро пайдо кардааст. Дар роҳи ҷасорат ба аҳли эҷоди "Миллат" тавфиқ мехоҳам.
Азиз Муродулло - бознишаста, собиқ афсар:
- Ҳама рӯзномаҳои озод якранганд. Такрори мавзӯъҳо дилбазан аст. Мушкилоти мо танҳо Сангак Сафарову босмачии қарни гузашта нест. Матбуоти озод бояд дарди иҷтимоии ҷумҳуриро ошкоро, бо тадқиқоти журналистӣ инъикос кунад. То ҳадде "Миллат" кӯшиш мекунад, ки мушкилоти мардумро гӯшрас кунад. Ба хусус дар мақолаҳои иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров, шодравон Тоҳири Абдуҷаббор пешниҳод ва андешаҳои муҳимми раҳоӣ аз ҳар гуна бӯҳрон мавҷуд аст.
Муҳаммад Афзал - шаҳрванди Афғонистон, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони ҷумҳурӣ:
- Зиёда аз даҳ сол муқими Тоҷикистон ҳастам. Пешаи аслии худамро эло (раҳо) накардам. Усули рӯзномнигории муосирро аз "Миллат" омӯхтам. Тоҷикстони азиз низ муддате чун Афғонистон гирифтори даригириҳо буд. Ба қавли Розиқи Фонӣ даҳ сол пеш тӯфанг суханро пахш мекард:
Муддатест, кас надида, гуҳаре ба кулзуми мо,
Ки садаф ҳар он чи дорад, ба наҳанг мефурӯшад.
Зи танӯри табъи Фонӣ, ту маҷӯ суруди ором,
Маталаб гул аз дӯконе, ки тӯфанг мефурӯшанд.
Танҳо ва танҳо чунин ҷаридаҳои озод гули суханро бар тӯфанг ғолиб карданд.
Ҷӯра Юсуфӣ - шиор:
-Баҳри ин қавми асолатбохта,
Ҳамчу душман бар сари худ тохта,
Шуд давои ваҳдату хамбастагӣ
"Миллат"-е, к-онро адолат сохта.
Ин дуруди ҷашнии ман ба шарикқаламони дурандеш ва ҷасораткилк дуои рамазонӣ аст. Аз Худованди карим табрикоти 50 солагиро низ умедворам.
Абдураҳими Рӯинтан - муқаққиқ, шаҳрванди Федератсияи Русия:
- Зинда бод диктатураҳо ва монархияҳо, ки озодии суханро тавлид карданд! Имрӯз мо шукрона мекунем, ки озод гуфта метавонем, дар паҳлуи матбуоти расмӣ нашрияҳои озод ба дасти мардум мерасанд. Ва ҷуръати сиёсии нашрияҳои озод бештар аст. Ба ростӣ, чанд моҳ пеш ба "Миллат" таваҷҷуҳ надоштам. Пас аз мутолиаи мақолаи пурарзиши "Фарзанди сулолаи ғурур"-и Раҳматкарими Давлат - хабарнигори радиои "Озодӣ" хонандаи доимии нашрия шудам. Дар истиқлоли мо ва таҳкими ваҳдат дар баробари Эмомалӣ Раҳмон зиёиёни миллатпараст Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Акбари Турсон, Бозор Собир, Гулрухсор, Давлати Худоназар, Тоҳири Абдуҷаббор саҳми сазовор гузоштанд. Ба ақидаи ман, ёдрас шудани заҳмату талошҳои онҳо моҳияти сулҳи тоҷиконро афзунтар мекунад. Ҳамин мавзӯъро минбаъд низ "Миллат" идома диҳад. Вале дар таҳлили ин мавзӯъ бояд беғараз, таҳамулпазир бояд буд. Ба эҷодкорон барори кор хоҳонам!
Суннаттулло Икромов - соҳибкор:
- Ман гумон доштам, ки ҳафтаномаи "Миллат" даҳсола аст. Ин гумони ман нишони маҳбубият нисбат ба ин нашрия аст. Ман ҳар хафта рузнома мехараму дигар хамкоронам низ мутлоа мекунанд.Рости "Миллат" баъзан даст ба даст меравад.Мазхакахо ва латифахои чолиб чоп мекунад.Дар хона хониши умуми ташкил карда, ба холи зиндагиамон механдем.вале аз масхараи умуми ба танкиди аник гузаштан зарур аст.Хачви умуми ба касе таъсир намекунад.Захрпечаки зиндагги моро сахт решакан бояд кард.Умедворам дар шуморахои баъди чунин пешниход ба назар грифта мешавад.
Ҳоҷӣ Абдураф Мирзо:
- Шукри Худованд имрӯз мардум аз матбуоти озод баҳраманд аст. Дар тарғиби покии ахлоқ, маърифати Ислом ҳафтаномаи "Миллат" кӯшиши муфид ба харҷ медиҳад. Дар мавриди таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, фалсафаи Ислом матлабҳои нав ва ҷолиб чоп мекунад. Воқеан барои омма, ки ҳанӯз аз ташвиқоти даҳиригӣ - бехудоии шӯравӣ раҳо нест, таълимоти Ислом хеле зарур аст. Мақолаҳои "Ҷаҳони Ислом имрӯз", "Дараҷоти рӯза", "Ислом дар домани баҳсҳои сиёсӣ ва ақидатӣ", "Масоили Исломро бояд мутахассис таҳлил кунад" беҳтарин навиштаҳои ин нашрия аст. Дар моҳи Шарифи Рамазон ба эҷодкорони "Миллат" парҳезии ахлоқ ва нируи тозаи эҷоди таманно дорам.
Мақсуд Раҳимов - коршинос, корманди бонк:
- Иттилоот мол аст. Онро харида, ороиш дода, фурӯхтан вазифаи матбуот аст. Ҳар қадар мол нав, шаффоф бошад, ҳамон қадар фоидаи иқтисодӣ меорад. Аз фурӯши чунин мол Райт, Берлускони Гусинский, Березовский, Маклер сарвати бузург ҷамъ намуданд. Имрӯз вақти он расидааст, ки матбуоти хусусӣ тиҷорати ин соҳаро инкишоф диҳад. Мардумро аз қолаби иттилоотии "Плани панҷсола пур шуд", "Ба марра расиданд", "Шудгори тирамоҳӣ оғоз гардид" баровардан лозим аст. Ба чунин корнамоӣ ҳафтаномаҳои "Миллат", "Фараж" "Озодагон" қодиранд. Бозори иттилооти нави "Миллат" хубтар аст. Аммо кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳафтанома ба нашрияи расонаҳои хориҷӣ табдил наёбад.
Бобоҷони Икром - сардабири "Вароруд":
- Ҳафтаномаи "Миллат" роҳи душворро сипарӣ кард. Аслан агар нашрия мақоми худро пайдо накунад, дар як ё ду сол қатъ мешавад. "Миллат" ба даҳсолаҳои баъдӣ роҳ ёфт. Бо навҷӯӣ ва ҷасурӣ маҳбуб гардид. Мақолаҳои таҳлилии сиёсӣ - иқтисодии он беғараз ва ҳадафманд мебошанд. Самимона ҳамкасбонамро ба роҳи паймуда, дар майдони сухани озод табрик мегӯям.
Ансорӣ Шаъбонов - полковники адлия:
- Қудрат ва тавоноии сухан имрӯз низ нируи созандагиашро гум накардааст. Имрӯз кормандони Агентии назорати молия ва мубориза бо коррупсия аз силоҳи сухан фаровон истифода мебаранд. Нисбат ба ҷазоҳои маъмурӣ ва мурофиавӣ таблиғ ва пешгирии ҷиноят осонтар аст. Дар ин бахш ба мо ҳафтаномаҳои "Миллат", "Фараж", "Азия плюс" хеле муассир ҳамдастӣ мекунанд. Соли гузашта дар асоси парвандаҳои Раёсати мо чанд фелетони ҷолиб дар ҳафтаномаи "Миллат" чоп шуд. Бояд зикр кард, ки ин нашрияҳо хеле хуб одоби сухан ва паҳлуҳои ҳуқуқиро риоя мекунанд. Пешниҳод дорам, ки "Миллат" саҳифаи алоҳидаи мубориза бо фасодро нашр кунад. Ҳамкорӣ фоидаи тарафайн дорад. Аввалан мардум иттилооти ҷиноиро мехонанд, дувум ин иттилоот оммаро аз роҳи ҷиноят дур месозад.
Анҷом
Таҷрибаи нахуст нишон дод, ки бозори матбуоти озод серодам аст. Бо иллати маҳдудияти саҳифа дар рӯзи ҷашн ба пурсиш нуқта мегузорем. Ва таманниёти ҳамагонро минбаъд дар ҳафтанома чоп хоҳем кард.
Наҷмиддини Шоҳинбод, Рауф Маҳзарӣ
шаҳри Хуҷанд, хиёбони Ленин