УСТОД АЙНӢ ГУНОҲЕ НАДОРАД, КИ РУСӢ ҶОЙИ ТОҶИКИРО ГИРИФТ

Фарҳанг ва адаб 07.09.2009 14:21

(Аз хотироти шоҳид)

Мо ҳоло ба алифбое, ки кириллӣ ном дорад, менависем. Аммо давроне буд, ки мо эҳсосот ва андешаҳои худро дар шакли калима бо алифбои форсӣ ва баъдан лотинӣ ифода мекардем. Аз соли 1937 то имрӯз забони тоҷикӣ русӣ шуд. Мо, ки бунёди шеърӣ бо тасвирҳои зиёд, тахайюлоти бадеӣ дорем, баъзан забони тоҷикиро дар қолабҳои заминии алифбои кириллӣ ғунҷондан хоста, онро берӯҳу бемағз сохта менависем ва ҳатто тоқат мекунем. Ҳар касе ба ин гуфтаҳо шубҳа дошта бошад, як озмоиш гузаронад, дилхоҳ шеърро ба алифбои форсӣ нависед, ноҷӯрии қофияҳо ва оҳанги шеър зуд рӯ мезанад.

Аммо мо имрӯз дар дигар мавзӯъ мехоҳем. Дар табдили алифбои форсӣ ба кириллӣ нависандаи бузурги тоҷик Садриддин Айниро маъмулан гунаҳкор медонанд. Имрӯз мо имкон дорем, ки ин тӯҳматро аз болои номи эшон бардорем, зеро ин амал ҳеҷ гоҳ ба ӯ иртибот надошт. Гузашта аз ин, баъди ин ки мо юғи истеъморро партофтем, дар ин кор аҳамияти зиёд харҷ кардан ҳам лозим нест. Кофист, ки мо китоби "Технологияи ҳукумат"-и Абдураҳмон Авторхановро ба даст бигирем ва боби "Лабораторияи тарғиботии Комитети марказии ҳизб"-ро бихонем.

Дар оғози болшевиксозии сарзаминҳои ишғолшуда (бо забони сиёсии худи онҳо ҷумҳуриҳои миллӣ) зоҳиран матбуот ба ду забон фаъолият дошт; ба русӣ ва забони мардуми бумӣ. Роҳнамоӣ ва назорати матбуоти русӣ осон буд. Аммо аз он қисми ками мардум, асосан рӯшанфикрон истифода мекарданд. Беш аз 90% мардуми бумӣ забони русиро намедонист. Беш аз 60% дигар бо забони худ низ дониши казоӣ надоштанд. Бинобар ин, тарғибот тавассути матбуот, дар Шарқ асосан тавассути маҳви бесаводӣ сурат мегирифт.

Чунон ки муаллифи асари мазкур менависад, маҳви бесаводӣ дар заминаи омӯзиши "асарҳои классикони марксизм" сурат мегирифт. "Дар ибтидо алифбоҳо чоп мешуданд, -зикр мекунад А. Авторханов, баъдан тарҷумаи классикони марксизм-Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин ба нашр мерасиданд. Маблағҳои ҳангуфте барои коре масраф мегардиданд, ки ягон самар намедод. Дар забонҳои зиёди мардумони бумӣ истилоҳоти сиёсӣ ва фалсафӣ аслан вуҷуд надошт. Сабаб ин буд, ки онҳо то инқилоб ҳатто хат надоштанд. Барои ҳамин халқҳо классикони марксизмро тарҷума мекарданд. Аммо ин шавлаеро мемонд, ки хӯрданаш аслан имкон надошт. Вале Комитети марказӣ тарҷумаи асарҳоро идома медод".

Таъкид мекунем, ки барои тарғиботу ташвиқот дар ҷумҳуриҳои миллӣ маблағҳои зиёд ҷудо мешуд. Муаллиф механикаи ин равандро ба хубӣ нишон медиҳад. Маълум мешавад, ки ба ғайр аз "классикони марксизм" тамоми адабиёти ҷории Маскав, ки хислати роҳбарикунанда доштанд ( суханрониҳо, қарорҳо) фавран ба забонҳои миллӣ тарҷума мешуданд. Тарҷумонҳои махсус барои ин кор таълим дода мешуданд. Барои аз байн бурдани хараҷу мараҷ дар соҳаи истилоҳот фарҳангҳои махсуси истилоҳот таҳия карданд, ки онҳо аз ҷониби комитетҳои маҳалли ҳизбӣ тасдиқ мегардиданд. Аз болои тарҷумаҳо назорати қатъӣ ба роҳ монда шуда буд. Барои сифати тарҷума ва муҳимтар аз ҳама худдории сиёсӣ худи тарҷумоне, ки аз тарафи комитети ҳизбӣ таъин мешуд, масъул буд. Баъдан мурири адабӣ таъин мегардид, ки ӯ барои дурустии тарҷума ҷавобгар мешуд. Пас аз ин, директори нашриёт онро ба муқарризи сиёсӣ, аъзои ҳизб, ки аз ҷониби комитети вилоятӣ ва ё ҷумҳуриявӣ таъин мегардид, мефиристод.

Муқарриз вазифадор буд, ки жар бораи сифати сиёсии тарҷума тақризи муфассал бидиҳад. Эродҳову дастурҳои ҳамроҳи тарҷума ба нашриёт баргардонда мешуданд. Акнун нашриёт ревизияи дуюмро гузаронда, эродҳои муқарризро ба тарҷума дохил мекард. Баъди анҷоми ин ҳама, комитети ҳизбӣ котиби масъулро таъин мекард (ягон коммунисти мансабдорро). Котиби масъул ин астнависро, ки варианти охирини тарҷума буд, Хонда дар поёнаш имзо мегузошт(ӯ ҳар ислоҳеро, ки мехост, ворид мекард). Дастнавит ба Лито (сензура) фиристода мешуд, сензура аз нуқтаи назари талаботи худ онро мехонд ва агар дастнавис аз санҷиш мегузашт, сардори сензура имзои худро гузошта, менавишт: "баорои Чоп иҷозат дода мешавад". Ва рақами нашри сензура қайд мегардид. Дастнавис баъдан ба Чоп ирсол мегардид. Китоб хҳуруфчинӣ, ғалатгирӣ ва ҳатто Чоп мешуд, аммо паҳн намегардид, агар бахши масъули НКВД дар нусхаи аввалини чопии китоб имзои охиринро гузошта, наменавишт: "Барои паҳн кардан иҷозат дода мешавад".

Авторханов корҳои аз ин ҳам аҷибро ифшо мекунад. Бо нашри китоб кор тамом намешуд. Онро барои содир нашудани ягон иштибоҳоти сиёсӣ аз нав меомӯхтанд (вазъият дар кишвар қариб ҳар рӯз тағйир меёфт). Ва дар китобҳое, паҳн шудаанд, хатоҳои сиёсӣ ёфт мегардиданд. Кӣ барои онҳо ҷавобгар аст? Авторханов зикр мекунад, ки барои аз даст додани ҳушёрии сиёсӣ ҳама масъул буд, ба ғайр аз НКВД. "Чунин тартиби кори интишорот ҳам ба забони асл, яъне русӣ ва ҳам асраҳои тарҷумашуда баъди чопи номаи Сталин ба рӯзномаи "Пролетарская революция" оғоз ёфт. Авторханов менависд, ки "чунин тартиби кор дар назари ҷаҳони озод ваҳшоният аст, аммо дар кишвари Шӯроҳо он барои сохти давлатӣ як бартарӣ дорад. Вай то ҳадди имкон Давлатро аз сақати гароннархи эҳтимолӣ ҳимоя мекунад, ҳарчанд ки корро зиёдтар мегардонад. Бисёр иттифоқ меафтод, ки ягон нашриёти туркманӣ бо теъдоди зиёд "асари бузурги классикони марксизмро чоп мекарду дар он ду-се истилоҳоти духӯра пайдо мегардид. Чунин асар ҳамроҳи масъулонаш фавран бардошта мешуд. Одамонро ба зиндонҳои НКВД мепартофтанду китобҳоро ба оташдонҳо".

Бояд як роҳе пайдо мегардид, аммо на аз ҷониби ҳокимони давр. Барои онҳо зиндонӣ кардан ва паррондани тамоми силсилаи ноширон аслан ҳеҷ мушкилие надошт. Ва инро дар амал борҳо нишон доданд. Вале ахиран роҳ пайдо шуд. А. Авторханов қайд мекунад, ки "одамон дигар хеле эҳтиёткор шуда буданд ва тибқи одат онҳо беҳтарин роҳро дар ин росто пайдо карданд. Агар истилоҳ дар забони тарҷума духӯра садо медод, дар матн худи калимаро ба забони русӣ бидуни тарҷума истифода мекарданд. Дар натиҷа забони русӣ бо шеваи маҳаллӣ пайдо мегардид. Ин раванди русикунонӣ аз ҷониби камтар бор карда мешуд. Ин натиҷаи худдифоъии маҳаллиҳо буд.

Дар ҳақиқат "комитети алифбои нав" дар КИМи Иттиҳоди шӯравӣ мекӯшид, барои сӯистеъмол намудани калимаҳои русӣ аз ҷониби ақаллиятҳои миллӣ мубориза барад. Комитет дар нашрияҳои худ ва маърӯзаҳои Комитети марказӣ мисолҳои зиёдро меовард, ки чӣ гуна нашриётҳои миллӣ барои ҳимояи худ "ба забони русӣ ва алифбои лотинӣ менависанд". Ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки истилоҳоти мувофиқ дар худи ин забонҳо вуҷуд дошт, алахсусус дар забонҳои туркӣ.

"Адибони мо комилан дуруст рафтор мекунанд, ки ба забони бузурги русӣ - забони Ленин-Сталин (?) нисбат ба забони мутаассибони асримиёнагии арабӣ бартарият медиҳанд. Маъмулан комитетҳои ҳизбии маҳаллӣ ҳамин хел худро ҳимоя мекарданд".

Аммо ҳукумат аз ин эҳтиёткорони маҳаллӣ дида, ҳиллагартар баромад. Тобистони соли 1937 масъалаи истилоҳот хеле осон ва кулан масъалаи истилоҳоти миллиро ҳал кард. Ин ҳам шоҳидии А. Авторханов, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, мебошад. Ӯ менависад: "Мудири шӯъбаи илми КМ Бауман дар назди КМ ҷаласаи махсуси намояндагони ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои мусулмонро доир кард. Масъалаи рӯзнома "ворид кардани алифбои русӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи миёна, Қазоқистон, Тотористон, Бошқирдистон, Озарбойҷон ва Кавкази шимолӣ буд. Ба лоиҳа қарорҳои комитетҳои марказии ҷумҳуриҳо ва дархости онҳо доир ба иваз кардани алифбои лотинӣ ба русӣ замима карда шуда буд".

Дар идома А. Авторханов меафзояд, ки ҳама як далел пеш меоварданд, ки алифбои русӣ алифбои Ленин-Сталин аст. Ба ширкаткунандагон имкон дода шуд, ки доир ба лоиҳа андешаҳояшонро иброз доранд. Аммо касе сухан гуфтан нахост. Хомӯшии том ҳукмфармо гашт, ки онро мешавад бо зарбулмасали русӣ чунин ифода кард: "Дар хонаи ба доркашидашуда дар бораи арғамчин гап намезананд". Ё "агар каларо канданд, барои мӯи сар гиря намекунанд". Ленин як бор алифбои лотиниро "инқилоб дар Шарқ" номида буд. Акнун дар Лубянка (зиндони ЧК ) каллаҳои пешвоёни инқилоби Октябрро мегирифтанд, чӣ расад ба баҳси алифбои лотинӣ?".

Ба қавли А. Авторханов Бауман талаб мекард, ки мубоҳиса доир гардад. "Мо ҳама хомӯширо ихтиёр карда будем. Дар миёни ҳозирин шояд ҳатто се нафар бо ин лоиҳа мувофиқ набуданд, аммо ихтиёриёнро дар миёни онҳо барои ҷой гирифтан дар Лубянка пайдо карда намешуд. Тамғаи "миллатгарои буржуазӣ" дар рӯзномаи "Правда" кайҳо боз ҳама гуна истифода мегардид" - гувоҳӣ медиҳад муаллиф ва муҳити ҷаласаро махсусан қайд карда, менависад; далели асосии лоиҳаи қарори КМ ин буд, ки "алифбои русӣ алифбои Ленинва Сталин буда, дар ин шароит осебпазир нест". Гузашта аз ин ҳар гуна эътироз ва норизогӣ ягон фоида надошт. Масъала кайҳо ҳал шудааст".

Аммо ҷаласа ҷаласа аст, бинобар ин, ба баҳс зарурат дорад. Қарор карданд, ки ҷаласаи маҷбуриву ихтиёриро хислати машваратӣ диҳанд. "Вақте ки тайёр нашуд бори дуввум ҳам ба баҳс бипардозад, Бауман рӯйхати ҳозиринро ба даст гирифту нахуст суханро ба Рисқулов дод. Ӯ менависад, ки Рисқулов "марди кӯтоҳқади фарбеҳи гандумранг бо чеҳари муғулӣ айнакҳои шохдор ва костюми зебои урупоӣ бештар ба профессори ҷопонӣ монанд буд, на ба нахустин инқилобчии қазоқ. То ҳол, сарфи назар аз хислати номувофиқаш, яъне бо сари худаш фикр мекард, карйераи аҷоиб карда буд. Дар замони Ленин ба ин кори ӯ чашм мепӯшиданд, бинобар ин, ӯ ҳам ҳокими Туркистон буду ҳам муовини Сталин дар Комиссариати халқҳо. Рисқулов ҳатто муовини раиси Шӯрои Комиссарони халқи Иттиҳоди шӯравӣ низ буд. Сталин ҳатто як замоне ӯро қартаи худ медонист, аммо ин боварро сазовор нагардид. Рисқуловро ба зинаҳои поён фароварданд, аммо ба гапаш ҳоло ҳам гӯш медоданд". Авторханов зикр мекунад, ки аз имконияте, ки барои Рисқулов доданд, ӯ сарфи назар накард.

-Ин ҷо рафиқ Бауман аз мо қотеъона талаб дорад, ки доир ба масъалаи табдили алифбо ва вокуниши мардуми Туркистон сухан гӯям. Ман бояд рости гапро гӯям, ки ҳеҷ гуна вокуниш намешавад! Агар ба ҷои алифбои русӣ алифбои гурҷӣ (Рисқулов ба алифбои Сталин ишора мекард) ва ё иероглифҳои чиниро ҷорӣ кунед ҳам, натиҷа боз ҳамон мешавад.

Дигарон ба гуфтаи муаллиф ҷони худро, бо ибораи маъмулии "Ман лоиҳаи КМ-ро маъқул мешуморам", халос карданд. Бауман қироат кард: "Лоиҳаи қарори КМ дар бораи ҷорӣ кардани алифбои русӣ дар ҷумҳуриҳои миллӣ аз ҷониби ширкаткунандагони машварат маъқул шуморида мешавад".

А. Авторханов дар идома менависад, ки "баъди ду моҳ ҳамаи мо ширкаткунандагони ин машварат бо роҳбарии Бауман ва Рисқулов шиштем. Ростӣ на дар як камера, балки дар камераҳои ҳамсоя дар ҳамон маҳбасхонаи Лубянка. Аммо алифбои русӣ якдилона қабул шуд ва ин алифбо то ҳол дар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Иттиҳоди шӯравӣ мавриди истифода аст. Акнун бигӯед, ки Айнии бузургвор ба ин кор чӣ иртибот дорад?!

Маълумот: Абдураҳмон Авторханов-яке аз шахсиятҳоест, ки зиндагии пурфоҷиае дошт. Баъди 5 соли ҳабс дар таҳхонаҳои НКВД (солҳои 1937-1942) ӯ ба Ғарб меафтад ва он китобҳои ӯ оид ба режими сталинӣ ба китобҳои рӯимизи сиёсатмадорони бузурги дунё мубаддал мегарданд. То ҳол асарҳои А. Авторханов дар саросари ҷаҳон хонандагони хеле зиёд дорад. Машҳуртарин асарҳояш инҳоянд: "Технологияи ҳукумат" (Мюнхен, соли 1959), "Асрори марги Сталин" (Берлини ғарбӣ, соли 1976), "пайдоиши партократия" (Франкурти лаби Майн, соли 1976) ва ғ.


Турко ДИКАЕВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97