ЧАНД ҲИЛОЛИ ЯК ОСМОН

Фарҳанг ва адаб 26.08.2009 13:45

Яке аз вижагиҳои дини мубини Ислом ин дини фитрати инсон буданаш ҳаст. Одамӣ аз рӯйи фитрат ҳар чизеро, ки биписандад ва наку бишморад дар дини Мубин он амр низ таъкид шудаасту роҷеъ ба он таълимоти зиёде ҳам вуҷуд дорад. Озодагӣ, зебоӣ, илму маърифат, донишу хирад, адлу инсоф ва ... умури бешумори дигаре, ки ҳар инсон табиатан онҳоро меписандад ва Ислом низ бар он таъкидҳои фаровоне дорад. Барои ҳамин ҳам хитоби Қуръон дар аксари маворид "Ё айюҳаннос....-Эй мардум......" аст. Яке аз масоили фитрӣ дар одамӣ ҳамин гуногунписандиаш ҳаст. Бо дарназардошти ин вижагии табиати одам вақте мо ба ибодоти исломӣ менигарем, дармеёбем, ки дини Ислом ин вижагии табиати одамиро хуб ба назар гирифтааст.

Агар ба ибодоти дар Ислом мавҷудбуда биандешем, мебинем, ки онҳо якрангу хастакунандаву якнаво нестанд. Дар онҳо гуногунрангии аҷибе, ки бо табиату фитрати одамӣ ҳамхониву ҳамгомӣ дорад, ба назар мерасад.

Биёед ба аркони Ислом биандешем: 1) Калимаи шаҳодат. Ибодате, ки бо ба забон овардану ба дил тасдиқ намудан ба ҷо оварда мешавад. 2) Намоз. Ибодате, ки бо обдасту таҳорат, ҷову ҷомаро пок доштан ва нишасту бархост дар баробари зоти Кирдигор намудан, сураву дуъову розу ниёз гуфтан адо карда мешавад. 3) Рӯза. Ибодатест бо тағйири низоми хӯрокхӯрӣ ва кӯшидан дар ибодоту зикру хондани Қуръон ба ҷо оварда мешавад. 4) Ҳаҷ. Ибодатест, ки дар он сафар бояд кард, аз байни кишварҳову миллатҳову забонҳову расму ойинҳову хунҳову рангҳову пустҳо бояд гузашт то ба Каъбатуллоҳ расид. 5) Закот. Ибодатест, ки бо пулу сарвату дороӣ сару кор мегирад ва аз ончӣ бар инсон азиз аст бояд бигираду ба нодору фақиру ятиму дигар муҳтоҷон тақдим намояд. Ҳамонгуна, ки мулоҳиза мешавад, дар ҳамаи ин ибодот гуногунрангӣ вуҷуд дорад.

Моҳи мубораки Рамазон бо ҳама файзу баракоти осмонияш меояд то дар ҳаёти мо мусулмонҳо тағйироте эҷод намояд. Ба ҳадде таъсири маънавии ин моҳи муборак зиёд ҳаст, ки ҳатто фазоро ҳам пур аз рӯҳоният мекунад. Мусулмонони мухлису ҳақиқӣ фарорасии ин моҳро мисли васли ёр мунтазиранд. Дар ривоятҳо дорем, ки барои саҳобагони Расули акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам фарорасии ин моҳ ҳамчун ид буд ва дуъояшон ин буд, ки:

Эй Худованди замину осмон,

То ба Рӯзаи дигар моро расон.

На танҳо Рамазон, балки эълони фарорасии ин моҳи муборак дар миёни мусулмонон нуктаи қобили таваҷҷуҳе ҳаст. Асрҳои аср мусулмонони ҷаҳон дар як рӯзи муайян рӯза намедоштанд.

Фарорасӣ ва эълони оғози ин моҳ ҳамеша тафовутҳои як ду рӯзае дошту дорад. Дар гузаштаҳои дур ба ин иллат, ки тамосу васоили пешрафтаи астрологӣ ва ситорашиносӣ ҳанӯз кашф нашуда буд ва хабарҳо дар олам дер паҳн мешуд ва дар замони ҳозир ба иллатҳои гуногуне, ки дар мавридҳои муайян метавонанд сиёсӣ бошанд.

ҲИЛОЛ ВА ТАҚВИМҲОИ СИЁСӢ

Чанд сол муқаддам донишманди маъруфи яманӣ Абдулмаҷид Зиндонӣ, ки дар Ҷаҳони Ислом бо таҳқиқоти ҷанбаҳои илмии Қуръон ва аҳодиси набавӣ машҳур аст, ба суоли яке аз донишҷӯён, ки чаро дар масъалаи руъяти ҳилоли Рамазон байни мусулмонон ихтилофҳо мушоҳида мешавад, гуфта буд: "Руъяти ҳилоли Рамазон дар Ҷаҳони Ислом бештар ба як масъалаи сиёсӣ табдил ёфтааст. Замоне, ки Яману Арабистони Саъудӣ равобити дипломатии хуб дошта бошанд, ҳарду дар як рӯзу соат моҳи навро мебинанду якҷо рӯза медоранду якҷо ид мекунанд, аммо вақте равобиташон хуб набошад, дар оғози моҳу иди Рӯза бо ҳам ихтилоф доранд".

Аз тариқи телевизион ва расонаҳои гуногун метавон мулоҳиза намуд, ки дар эълони фарорасии моҳи мубораки Рамазон кишварҳои олами Ислом ҳатто бо вуҷуди дар як минтақаи соатӣ қарор доштани баъзеи онҳо аз ҳам тафовутҳое доранд.

Шояд аз ҳама зиёдтар Ҷумҳурии Исломии Покистон аз дигар кишварҳои Олами Ислом дертар эъломи моҳи Рамазон менамояд. Чунин бармеояд, ки мақомоти бархе аз кишварҳои Ҷаҳони Ислом бо истифода аз ин фурсат мехоҳанд, изҳори вуҷуд намоянд.

Афғонистон бо дарназардошти равобити ҳасанааш бо Арабистони Саъудӣ ҳамеша бо ин кишвар дар як рӯз рӯза дошта, дар як рӯз ид мекунад.

Ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Осиёи Марказӣ низ мисли дигар кишварҳои Олами Ислом дар ин масъала бо ҳам ихтилофи назар ва тафовутҳое доранд. Масалан, соли гузашта Қазоқистон як рӯз қабл аз Тоҷикистон иди Рамазонро таҷлил карда буд.

Имсол дар кишвари мо рӯзи 22-уми моҳи август Рамазон эълом шудааст ва ба ин муносибат ва ба хотири осон намудани вақтҳои саҳархӯриву ифтор барои рӯзадорон тақвимҳое ба чоп расида, дар миёни мардум паҳн карда шуданд.

Асосан ин кор аз тарафи ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва Идораи маркази исломии Тоҷикистон ба амал омад. Гарчанде ин ду тақвим оғози моҳи Рамазонро 22-уми моҳи август зикр намудаанд, вале дар соатҳои саҳархӯрӣ байни тавқвими ҲНИТ ва тақвими Маркази исломӣ тақрибан тафовути 20 дақиқа ба мушоҳида мерасад.

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ дар сӯҳбат бо "Миллат" иброз дошт, ки онҳо бо такя ба ҳисобдонҳои варзида, тақвими худро омода намудаанд ва аз дидгоҳи онҳо тақвими ҲНИТ 20 дақиқа саҳархӯриро иштибоҳ гирифтааст. Яъне субҳ зудтар аз ончӣ дар тақвими ҲНИТ нишон дода шудааст, фаро мерасад.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси шӯрои уламои ҲНИТ дар сӯҳбат бо "Миллат" гуфт, ки онҳо низ ҳисоботи хоси худро доранд ва кори кардаашон аз назари онҳо дуруст аст.

Аз сӯҳбат бо ҳарду ҷониб банда эҳсоси дар банди сиёсат гирифтор будани ҳарду ҷонибро эҳсос намудам ва чунин ба назар мерасад, ки дар солҳои оянда низ ин тафовут боқӣ хоҳад монд, зеро тарафайн ҳисоботи хоси худро доранд ва дар якҷоягӣ амал карданӣ нестанд.

Аз ҳар ду ҷониб пурсидам, ки чаро бо ҳам машварат намекунанд то ин тафовутҳо ба вуҷуд наоянд ва як тақвими муштарак ба нашр намерасонанд? Оқои Боев гуфт: "Онҳо (яъне ҲНИТ-С.Ю.) бояд бо мо дар тамос шаванд, зеро мо Маркази расмӣ ҳастем ва онҳо (яъне ҲНИТ-С.Ю.) як ҳизб".

Дар посухи ҳамин савол домулло Розиқ гуфт: "Мо чанд соле қабл бо онҳо (яъне Маркази исломӣ -С.Ю.) дар тамос шудем, вале ба мо посухи рад доданд ва баъди он дигар муроҷиат накардем".

ОЁ ИН ИХТИЛОФУ ТАФОВУТҲО МУДҲИШАНД?

Дар умум зеҳнияти мардуми мо тавре ҳаст, ки мехоҳанд дар умури марбут ба дин андактарин тафовуту ихтилофоте набошад. Вале ҷойи даҳшату таҳлука ва ё ҳаросу нигаронӣ нест, зеро дар охир масъулияту гуноҳи иштибоҳоти тақвимҳо ва таъйиноти санаҳои мазҳабӣ ба дӯши онҳое ҳаст, ки ин тақвимҳоро мебароранд, на ба дӯши онҳое, ки тибқи он амал мекунанд.

Аз сӯйи дигар, набояд фаромӯш кард, ки на ҳама ба тақвимҳо амал мекунанд ва мутобиқи он саҳархӯриву ифтори худро анҷом медиҳанд. Дар миёни мардуми мо бисёриҳо ҳастанд, ки ченакҳои таъйини вақтро аз рӯйи мушоҳида ва фатвои дили худ муайян намуда, бо он амал мекунанд.

Умедворем, аз ин моҳи пурфайзу баракат истифодаҳои имониву ибодатии ҳарчи бештаре намуда, ҳамагон дар ислоҳи нафси худ кушо бошем. Фарорасии моҳи муборак ба ҳамагон табрик бошад!


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97