ЧАРО РАМАЗОН ДЕР МЕОЯД?

Фарҳанг ва адаб 24.08.2009 15:34

Чун анъана имсол низ мувофиқи тақвиме, ки Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳафта қабл пешкаши мусалмонони кишвар гардондааст, моҳи шарифи Рамазон барои мардуми мо бо як рӯз таъхир оғоз меёбад. Дар ҳоле ки давлат ва ҳукумат барои ҳарчи камтар шудани ихтилофот дар асоси эътиқодоти динӣ ва мазҳабӣ низ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, чунин номувофиқиҳо ҳар сол то андозае байни мусалмонони ҷумҳурӣ нофаҳмиеро ба миён меорад. Ман хуб огоҳ ҳастам, ки қисмате аз аҳолӣ як рӯз пештар ба рӯзадорӣ оғоз мекунанд ва иди Рамазонро низ пештар ҷашн мегиранд. Имрӯз зарурати он расидааст, ки ин масъала то ба охир дақиқу равшан гардида, ба он нуқта гузошта шавад.

ЧАРО АЗ ДИГАР МУСУЛМОНОН ДЕР МЕМОНЕМ?

Сабаб чӣ бошад, ки бе дарназардошти далелҳои илми ситорашиносӣ ҳар сол мо назар ба мусалмонони тамоми олами Ислом дар ин самт ақибмонии худро нишон медиҳем. Агар ба дастовардҳои илми имрӯз эътимод надорем, пас эълони ду ҳафта пеши оғози моҳи шарифи Рамазон зарурат надорад. Интизор бошем то моҳи нав дар осмон падид ояд, онгоҳ эълони оғози моҳ кунем.

ИШТИБОҲИ САНАГУЗОРӢ ДАР ЧИСТ?

Номувофиқии санагузории рӯзи оғози ин моҳро бо дигар санаву рӯзи идҳои Исломӣ метавон мушоҳида кард: Имсол оғози соли нави ҳиҷрӣ бо оғози соли нави мелодӣ қариб, ки мувофиқ омада буд, яъне 29 декабри соли 2008 - 1 муҳаррами соли 1430. Ҳанӯз чанде пеш шаби 5-6 август (14-15 Шаъбон) - шаби Бароат, шаби пок шудан аз гуноҳонро мусалмонони тақводор бо тоату ибодат ва ниёиш рӯз карда буданд. Иди Қурбон, ки ҳангоми маросими ҳаҷ таҷлил мешавад, (10 Зу-л-Ҳиҷҷа) имсол ба27 ноябр рост меояд ва мо бояд баробари ҳоҷиёни худамон, ки дар Арабистони Саъудӣ қурбонӣ мекунанд, ин ҷо дар ҳамон рӯз ид кунем.

ОҒОЗИ РӮЗ ВА МИНТАҚАҲОИ СОАТӢ

Ба ҳар як инсони дорои каме андеша маълум аст, ки рӯзи нав дар ҷаҳон аз ҷониби Шарқ оғоз гардида, вобаста ба минтақаҳои соатӣ ба сӯйи Ғарб ҳаракат мекунад. Пас, чаро мамлакатҳое, ки назар ба кишвари мо дар ғарбтари ҷаҳон қарор доранд, на як рӯз пас аз мо, балки як рӯз пештар моҳи Рамазонро истиқбол мегиранд. Инҷо барои мисол овардани номи танҳо Русия кофист. Дақиқтар гӯем шаҳрҳои Москва ва ар-Риёз дар як минтақаи соатӣ қарор доранд ва рӯзи нав 2 соат дертар аз мо ба онҳо мерасад. Чун гап дар сари ҳамин 2 соат аст, мо бояд на як рӯз пас, балки як рӯз пештар моҳи навро бинем.

ОЁ МО ХАТО МЕКУНЕМ Ё ОНҲО?

Агар ба аҳодиси паёмбари Ислом Муҳаммад (с) рӯ оварем, дар бобати оғози моҳи шарифи Рамазон ишораҳои зиёде мавҷуданд.

Дар ҳадиси 1900 бо ривояти имом Бухорӣ чунин мехонем: "Ҳар гоҳ онро (яъне ҳилоли Рамазонро) бубинед, рӯза доред ва ҳар гоҳ онро (яъне ҳилоли Шавволро) бубинед, ифтор кунед. Ва агар (бубинед, ки) абр бошад, худ шумор намуда, онро муайян кунед".

Ҳадиси 1097: "Моҳ бисту нӯҳ шаб аст ва шумо то онро набинед, рӯза надоред; ва агар (бубинед, ки) абр бошад, пас шуморро то сӣ мукаммал гардонед". (Саҳеҳи ал-Бухорӣ). Мувофиқи ин ҳадис агар фарз кунем, ки моҳи пешин бисту нӯҳ рӯз буд, бояд як рӯз пештар ба рӯзадорӣ оғоз кунем.

Ҳамчунин дар китоби рӯза, боби 12, андар он, ки ду моҳи ид ноқис нашавад, чунин омада: Абӯабдуллоҳ (ал-Бухорӣ) гуфт: "Агарчи (ҳар як аз ин ду) ноқис бошад ҳам, (дар аҷру савоб) мукаммал аст".

Ва Муҳаммад (ал-Бухорӣ) гуфт: "(Ҳаргиз чунин нашавад, ки дар соле) ҳар ду ноқис ба ҳам ҷамъ оянд" (Саҳеҳ-ул-Бухорӣ)

Ҳадиси 1912: "Ду моҳ ноқис нашавад: ду моҳи ид - Рамазон ва Зулҳиҷҷа". (Саҳеҳ-ул-Бухорӣ).

Мувофиқи ҳадиси набавӣ бевосита ду рӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон гирифтани рӯза мумкин нест, магар барои касе, ки доштани рӯзаи нафл дар ин рӯзҳо барояш одат шуда бошад, иҷозат аст, ки амалашро иҷро кунад, ё пас аз анҷоми Рамазон он ду рӯзашро бо гирифтани рӯза мукаммал гардонад.

Ҳадиси 1914: "Касе аз шумо бо гирифтани як ё ду рӯз рӯза(-и эҳтиётӣ моҳи) Рамазонро пеш наорад, магар он шахс (одати ҳамчун нафл) ҳамон рӯзро рӯза гирифтан дошта бошад, пас, бигузор ҳамон рӯз, рӯза бигирад". (Саҳеҳи ал-Бухорӣ)

Ҳадиси 1983 низ дар тақвияти ҳадиси боло омадааст.

РӮҲОНИЁНИ РАСМИИ ТОҶИК ҲИСОБРО НАМЕДОНАНД

Амали рӯҳониёни расмии мо бештар ба ҳадиси зерини набавӣ шабоҳат дорад, ки гувоҳи ҳисобро надонистани онҳо мебошад, ё сабаби дигаре дошта бошад?:

(13) Боб. Андар суханони Паёмбар, саллалоҳу алайҳи ва саллам:

"Навиштан ва ҳисоб кардан натавонем".

1913. ... шунидааст аз паёмбар, саллалоҳу алайҳи ва саллам, ки гуфт: "Ба дурустӣ, ки мо уммати бесаводем - навиштану ҳисоб кардан натавонем, моҳ чунину чунин аст". Яъне боре бисту нӯҳ ва боре сӣ (рӯз) аст. (Саҳеҳ-ул-Бухорӣ)

Албатта, чунин вазъият дар ибтидои даъват ба Ислом барои аҳолии ҷомеаи ҷоҳилияи арабӣ хос буд ва дар баробари ин ҳадис аҳодиси зиёди дигаре мавҷуданд, ки даъват ба донишандӯзиву таҳсили илм мекунанд. Бесаводиву надонистани ҳисоб моро натанҳо дар ҳаёти дунявӣ, балки барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ гумроҳ месозад. Мо бояд маҳз ҳамин нуктаҳо аз Қуръону ҳадисро сармашқи зиндагии худ намоем ва мавқеъи сазовори худро дар байни миллатҳо ба даст орем.

Пас, оё ҳанӯз замоне фаро нарасидааст, ки мо ҳамқадами замона бошем?

Виркан Музаффарпур,

Мутахассиси пешбари Маркази Исломшиносии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97