ТАМАННИЁТИ РӮҲОНИЁНИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Фарҳанг ва адаб 22.08.2009 15:21

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонӣ, имомхатиби масҷиди Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб: Таманниёти мо дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки дар байни ҳамаи моҳҳо, беҳтарини моҳ аст ва ҳатто подошашро низ Парвардигор баён кардааст, ки ба ҷуз зоти ман касе наметавонад бидиҳад ва ӯ худ тақсим мекунад. Аз ҳама болотарин таманниёт ҳамин аст, ки Худованд ҳоли ҳамаи мусулмонҳоро хуб гардонаду ҳама мушкилоте, ки мусулмонҳо доранд, Худованд он мушкилотҳои онҳоро дур гардонад.

Худои меҳрубон дар ҳамин Ҷумҳурии мо ҳам осоиштагиву, якдигарфаҳмиву, қадрдонии якдигару ҳаминҳора Худои меҳрубон насиб гардонад ва Ҷумҳурии мо ва дигар давлатҳои исломиро Худованд ҳамеша нигаҳ дорад.

Домулло Зубайдулло, раиси Шурои уламои ҲНИТ: Пеш аз ҳама тамоми мардуми мусалмони кишварро ва дар шахси мардуми мусулмон тамоми мусулмонҳои дунёро, ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи ибодат, моҳи тақво моҳи ҳосилшавии тақво, моҳи шабзиндадориҳо ҳаст, табрику муборакбод мегӯем ва аз Худованди мутаъол орзу менамоем, талаб мекунем, ки ибодати мардуми мусулмони моро қабул кунад, бипазирад ва он ҳадафи аслии рӯза: ҳосилшавии тақво барои якояки мусалмонҳои мо муяссартар бигардонад ва бо баракати тақвову ибодати мардум, худошиносиву худотарсии мардум, сарзамини мора тинҷу ором нигаҳ дорад ва Парвардигор фаровониву ризқу рузии фаровона таъмин кунад.

Мулло ҳайдар, руҳонӣ, имом хатиби масҷиди Имоми Аъзами шаҳри Кулоб: Аз Худованд хоҳиш мекунем, ки миллати тоҷик обод бошанд, иттифоқ бошанд, худотарс бошанд ва моҳи шарифи Рамазона иншоаллоҳ ба он тарзе, ки Худованд орзуи илоҳӣ дора ва инчунин хушнудии Ҷаноби Расули Акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам дар он аст, ҳама рузадор бошанду ба баракти руза бо ин соли дар пеш истодаро Худо бобаракот кунаду тарақкиёту маънавиёту дӯстиву самимият бо баракати ин моҳ Худои мутаол пойдор бигардонаду боз зиёда бигардонад Худованд ин кинаву адовату васвасаҳои шайтониро аз вуҷуди бани одам дур кунаду Тоҷикистони азизи мо боз рӯз ба рӯз инкишофу тараққиёту маънавиётша Худо боз зиёда бигардонад дар ин моҳи муқаддас.

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази Исломӣ: Аввалан, тамоми мардуми мусулмони Ҷумҳурии худамонро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику таҳнияти зиёд мегӯем ва орзуи онро дорем, ки бо қудуми ин моҳи муборак Худованд дар хонадони ҳар як фард ҳар як тоҷикистонӣ файзу баракатро Худованд ато фармояд.Ва ваъдаи Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам аст, ки бо фаро расидани моҳи муборак тамоми дарҳои ҷаннат кушода мешаванд ва дарҳои дӯзах баста мешаванд, тамоми шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд. Худованд ба сабаби фаро расии ин моҳ аз файзу баракат ва чизҳои фоидаовар мардуми мора ато фармояд ва буғзу кинаву душманиву дигар корҳое, ки мардумро бо якдигар зид мекунанд, Худованд онро аз байни мардуми мо бардошта гардонад ва муҳаббатро дар дили мардуми мо пойдору устувор бигардонад.


Таҳияи С.ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97