ФАРҲАНГИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

Фарҳанг ва адаб 15.08.2009 16:23

Ҳар ҳафта ба идораи нашрия номаҳои зиёде мерасад, ки мардум дарди дилашонро аз нобасомониҳои рӯзгор ва камбудиҳои ҷомеа бо мо дар миён мегузоранд. Ҳамчунин хеле аз ин муаллифон дар ислоҳи камбудҳо ва вазъият пешниҳодҳои муфиде мекунанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз ин ҳафта сафҳаи наверо барои хонандаи гиромӣ ва соҳибандешаи "Миллат" ихтисос бидиҳем, то ҳарфи онҳо гуфта ва шунида бишавад. Меҳмони сафҳаи нахустини "Минбари андеша" як дӯсти гиромӣ ва хонандаи ҳамешагии нашрияи дӯстдоштании "Миллат" Мирзоалӣ СОДИҚОВ, сокини шаҳри Душанбе аст, ки андешаҳояшро бо шумо дар миён мегузорем ва шуморо низ ба меҳмонии ин сафҳа мехонем.

ФАРҲАНГИ ДУРӮҒГӮӢ

Ба назар чунин мерасад, ки ба ҷуз як қисми кӯчак, аксари мардуми тоҷик масъулиятшинос нестанд. Аз хонандаи мактаб сар карда, то донишҷӯю устоди Донишгоҳу вазир, сағиру кабир барои вазифаи ба дӯшамон гузошта масъулият эҳсос намекунем. Агар вазифаамонро иҷро ҳам кунем, пурра ба итмом намерасонем. Дурӯғ мегӯем, фиреб мекунем.

Президенти кишвар дар суханрониҳояш ба масъулин ҳушдор медиҳад, ки ба Ҳукумат маълумотҳои омории бардурӯғ ирсол нанамоянд. Чаро чунин аст? Маълумотҳои омории бардурӯғ ба чӣ хотир? Магар ин масъулиятшиносист?! Магар ин фиреб кардани давлату миллату Меҳан нест?!

ФАРҲАНГИ БЕМАСЪУЛИЯТӢ

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки феълан аксари соҳибмансабони мо манфиати шахсиро аз манфиати ҷамъиятӣ боло медонанд. Масъулияти вазифаи хидматиашонро ба дӯш намегиранд. Охир, вақте ки вазифаро ба дӯш гирифтӣ, бояд масъулияташро ҳам ба зима бигирӣ.

Қариб ҳар рӯз аз тариқи ВАО дар бораи дуздӣ, ғоратгарӣ, талаву тороҷи моликияти давлатӣ ахбор пахш мешавад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар бораи боздошти соҳибмансабоне, ки ба порагириву талаву тороҷи моликияти ҷамъиятӣ муттаҳам дониста шудаанд, маълумот медиҳад.

Мутаассифона, ин танҳо марбут ба афроди соҳибмансаб нест. Масъулиятношиносӣ дар тамоми кору пайкори мо ҷой дорад. Ба ин навиштаи ҳафтавори "Миллат" таваҷҷӯҳ фармоед: "Барои рӯшанӣ андохтан ба хонандагони гиромӣ ёдовар мешавем, ки муаллифи китоби "Хайр мактаб" Акбар Мухторов, ки пешгуфтори онро ба забони русӣ (шояд худи ӯ забони тоҷикиро чандон намедонад - муаллиф) навишта, китобро барои синфҳои ибтидоии макотиби таҳсилоти умумӣ ихтисос дода ва дар он "шеърҳои" Л. Мухторова, З.Мухторова ва чанд шеъри шоири дигарро аз қабили шодравон Лоиқ, Бақо Раҳимзода (шояд Боқӣ Раҳимзода бошад?), Р. Назрӣ, Барноҷон Убайдуллоева, Нӯъмон Розиқ ҷой додааст. Шеъри "Хайр мактаб" (унвони китоби мазкур! - муаллиф) ном дорад.

Пар-пар-пар эй, кабутар

Аз синфи мо бупар

Саҳна ба саҳна бубар

НАҚАРОТ

Эй, мактаб хайр, бо ту

Эй, мактаб хайр, бо ту.

ххх

Занг ба занг шуд-шуд

Баҳои ҳар хел буд-набуд

Вақти мо чакра-чакра

Дар мактаб баста шуд.

ШЕЪРИ "МАКТАБ"

Занги мактаб

Баланду форам

Садои метали ту

Як ҷаҳонам.

НАҚАРОТ

Салом-ассалом

Ба мактаби мо

Ҷаҳони донишат ҳаст дунёи мо

Салом мактаб салом сад салом

Қадам монд якумчаҳо

Зи илму дониш

Хурсанд ба синф ҳар пагоҳ

Ба занг меоянд…

Хуллас, ин китоби номниҳоди пур аз сафсатаҳои бемаънии З.Мухтороваю Л.Мухторова аст, ки дар ягон қолаби шеър ҷой нашуда, ҷавобгӯи ҳатто вазну қофияи оддии ҳиҷоӣ ҳам нестанд… (Ниг.: "Миллат", 7.02.2008, Муҳаммадориф Шарифзода).

Масъулияти ин ҳама "шеърҳо"-ро, ки ба шеър гуфтанашон забони кас намегардад, кӣ ба дӯш мегирад?

Муаллифон? Муҳаррирон? Ноширон??? Кӣ?

Оё муаллифони "мӯҳтарам" медонанд, ки бо ин амали "хайрашон" зеҳни як насли кӯдакони тоҷикро кунд карда, онҳоро бо роҳи каҷу килеб ҳидоят мекунанд?..

Хулоса, он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Аз ин рӯ, пургӯйӣ накарда, ба муаллифони китоби мазкур як маслиҳати дӯстона медиҳам. Минбаъд пеш аз он ки қалам ба даст бигиранд, сараввал шоҳбайти зеринро гаштаю баргашта мутолиа намуда, масъулияти бузурги суханро ба дӯш гирифта, сипас коғазро сиёҳ кунанд.

"Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,

Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст".

Бозор Собир

Хулоса, қариб ҳамагон масъу¬лиятшинос нестем. Фарҳанги масъулиятшиносиамон ҳанӯз ташаккул наёфта. Омилҳои баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ кадомҳоянд? Омилҳо зиёданд. Аммо омили асосӣ яктост, ки онро режим ном аст. Режими давлатдорӣ, режиме, ки дар ҷомеа ҳукмрон аст. Рӯдакӣ фармуда:

"Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор".

ФАРҲАНГИ РЕЖИМДОРӢ

"Гузашти рӯзгор"-и Рӯдакӣ танҳо сабақи таърих нест. Балки инчунин режими замон ҳам аст.

Пажӯҳишҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз режими мавҷуд дар ҷомеа дар ташаккули фарҳанги масъулиятшиносии инсонҳо саҳми муассир доштааст.

Мисолҳо:

1. Боре Саид Абдуллоҳи Нурӣ зимни мусоҳибаи матбуотиаш гуфта буд, ки дар Олмон агар як сент ҳам монад, онро баргардонида медиҳанд. Яъне ки мардуми Олмон ҳалолкор, бовиҷдон ва масъулиятшинос мебошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Олмон яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё мебошад. Олмониҳо аз кӯдакӣ дар муҳити солим ба камол расида, омӯзишу парвариш меёбанд.

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро олмониҳои бою бодавлат як сенташонро ҳам талаб мекунанд? Ҷони гап ҳам дар ҳамин аст. Гап дар сари як сент намеравад, гап дар масъулияти як сент меравад, бале, як сент ҳам масъулият дорад!

Масъулиятшиносӣ аз як сент сар мешавад. Аниқтараш талаб накардани як сент пайомади ногувор дорад. Як сентро талаб накардан, маънояш ҳалолу покиза кор накардан, масъулиятро ба дӯш нагирифтан ва ниҳоят режими солимро рӯйи кор наовардан аст.

2. (Аз Ислом).

Ба ҳамагон маълум аст, ки рибохӯрӣ дар Ислом ҳаром ҳисобида мешавад.

"Эй касоне, ки имон овардаед, - омадааст дар "Қуръон", - битарсед аз Аллоҳ ва тарк кунед он чиро аз рибо боқӣ мондааст".

Тибқи шариати Ислом бояд бандаи мӯъмин пулашро бе судситонӣ (бе просент) ба қарз диҳад. Ин амали бисёр наҷиб буда, ҳадафаш танҳо як чиз аст: Рӯйи кор омадани режими солим. Ин чанд ҷанба дорад:

а) бе судситонӣ (бе просент) қарз додан ба камбизоатону эҳтиёҷмандон дӯстии байни дороён (қарздиҳандагон) ва эҳтиёҷмандонро (қарзгирандагонро) мустаҳкам мекунад. Эътимоди қарзгирандагон (қишри нодор) ба қарздиҳандагон (қишри доро) бештару бештар мешавад;

б) дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмию якдилӣ дар байни қишрҳои ҷомеа ба вуҷуд омада, боиси устувории суботи сиёсӣ мегардад;

в) қарздиҳии бе судситонӣ (бе просент) сабаби паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва тадриҷан баробар шудани қишрҳои ҷомеа гашта, боиси падид омадани режими солим дар ҷомеа мегардад.

3. "Доктори М.Миршоҳӣ - раиси Анҷумани Рӯдакӣ (Порис) боре дар як маҷлиси илмии Душанбе ҳикоят кард, ки ӯ чун дар мақолаи илмии худ як истилоҳи навро, ки мақомоти дахлдор ҳанӯз тасдиқ накарда буданд, ба кор бурд, аз идораи расмии илмӣ нома гирифта, ки бо хости худ ба кор бурдани калимаеро ноҷоиз дониста ва сарзаниш карда, таъкид намудаанд, ки ин кор дигар такрор нашавад." (иқтибос аз Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ).

Таваҷҷӯҳ кунед! Сарзаниш танҳо барои як калима. Пас, чаро дар чунин муҳиту дар чунин режим забон рушду нумӯъ накунад?! Ана, инро масъулиятшиносӣ мегӯянд!

Хулоса, режими солим дар ташаккули фарҳанги масъулиятшиносии ҳар як фарди ҷомеа муассир будааст.

Режими солим - ин омили асосии рушду нумӯъ ва пешрафти ҷомеа буда, дар баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии аъзои он нақши калидӣ доштааст!

Дар зимни ин андешаҳоям, бояд бигӯям, ки рӯйи кор омадани режими солим дар ҷомеа орзӯи ҳамешагии равшанфикрону озодфикрон будааст.

"Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён".

Хайём

Режим шабеҳи дарёст. Агар бихоҳӣ ҳамроҳи режими вақт бимонӣ бояст ба равиши дарё шино бикунӣ. Охир, то ба кай муқобили ҷараёни дарё шино мекунӣ? Оқибат дарёи пурталотум ё туро ба соҳил мебарорад ё худ, ба коми бетагаш фурӯ мебарад.

Ин ҷо чун сухан аз режими солим меравад, месазад ба як суоли пешгузоштаи фарде огоҳ ҷавоб гӯем, ки фармуда: "Марҳилаи нави ҷасорат кай фаро мерасад?

Ҷавоб: Баробари рӯйи кор омадани режими солим марҳилаи нави ҷасорат оғоз хоҳад шуд.

ФАРҲАНГИ ХУРОФОТӢ

Ҳанӯз то марҳилаи номбурда, роҳ дуру дароз аст. Аммо феълан дар Тоҷикистон марҳилаи хурофотпарастӣ бо суръат идома дорад. Ин марҳила тӯли чанд сол идома меёбад, пешгӯйӣ намекунам, аммо хуб медонам, ки пайомадаш манкурт шудан аст.

Хурофот андешаро мекушад. Барои пешравии ҷомеа монеа эҷод мекунад, миллатро ба садсолаҳо ақиб мекашад.

Алъон галстукдор ҳам пеши фолбин мераваду бегалстукаш ҳам. Зиёӣ ҳам назди мулло мераваду ғайризиёӣ ҳам. Зиёӣ ҳам тӯмор дораду ғайризиёӣ ҳам. Хондагӣ ҳам мушкилкушо мекунаду нохонда ҳам. Сеҳру ҷодугарӣ бо суръат ривоҷ меёбад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки баъзеҳо бо неруи сеҳру ҷоду соҳибмансаб ҳам шудаанд…

Алишер ном донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ чунин нақл кард: "Як донишҷӯйи шиносам, ки дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад се маротиба кӯшиши имтиҳон супоридан кард, аммо натавонист. Устоди Донишгоҳ ба ӯ баҳои мусбат нагузошт. Аз ин рӯ, ин донишҷӯйи бетолеъ тасмим гирифт, ки назди як муллои "зӯр" рафта, даҳони муаллимро мебандам ва осонакак баҳо мегирам".

Муаллифи ин сатрҳо зиёд одамонеро дидам, ки ба зиёрати гӯсфанде мерафатанд, ки гӯё дар танааш вожаи "Аллоҳ" навишта шудааст…

Суол ба ҳамагон: Магар ин мусулмонист? Оё ин гувоҳи ба хурофот майлу рағбат доштани одамон нест?

Феълан, нимчамуллоҳои хурофотпараст ва пайравонашон дар мавъизаҳои худ ба ҷуз тарсу воҳима, таҳдиду фишор, афсонабофию ривоятҳои беасос чизи дигаре намегӯянд. Мардумро ба "қисмати рӯзи азал", "тақдири пешонӣ", "ризқ азалист".. метарсонанд. Ин шеваи тарғибу ташвиқи хурофот андешаи мардумро кунд намуда, мурғи илҳомашонро хомӯш мекунад. Дасту дилашон аз зиндагӣ хунук мешавад. Хоса барои ҷавонон хатарзо аст!

Дар зимни ин андешаҳоям бояд бигӯям, ки ақл - бузургтарин неъмати Худовандист!

Ҷалолиддини Румӣ фармуда:

"Ва ҳар киро ақл надодӣ, чӣ додӣ?!"

Аз ин рӯ, афроде, ки аз андеша кор намегиранд, ба бузургтарин неъмати Худовандӣ - ақл хиёнат мекунанд.

Ношукрӣ ба ақл - ношукрӣ ба офаридаи Худост!

Зиёда аз 800 сол муқаддам Румӣ фармуда буд:

"Бар қазо кам неҳ баҳона, ай ҷавон!

Ҷурми худро чун ниҳӣ бар дигарон?"

Воқеан ба "қисмати рӯзи азал" баҳона ниҳодану ҷурми худро ба дигарон бор кардан ва аз андеша кор нагирифтан, одамро ба манкурт табдил медиҳад.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҳам нируи бузурги созандагӣ ва офаринандагии инсонро чунин ба риштаи назм кашидааст:

"Мункири Ҳақ назди мулло кофар аст,

Мункири Худ назди ман кофартар аст".

(идома дорад)


Мирзоалӣ СОДИҚОВ,
сокини шаҳри Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97