ИСЛОМ ДАР ДОМАНИ БАҲСҲОИ СИЁСӢ ВА АҚИДАТӢ (эҳдо ба ҷашнвораи Имоми Аъзам)

Фарҳанг ва адаб 11.07.2009 14:20

Дӣ яке дар масҷид бар сари дигаре дод мезад: "Чаро "омин"-ро ҷория гӯӣ? Чаро фарзро хондаву суннатро нахонда аз масҷид бадар шавӣ? Чаро пушти дарат хори сангпуштро ба ҳоли ширк гузоштӣ? Чаро наъли аспро дар дарвозаат аз мақоми ширк бипайвастӣ? Чаро…? Чаро…? Чаро…? Аз фитаи сабти амри маъруфи яке мешунавам, ки мегӯяд: "Эй малъун…, рут сиёҳ…, мур ба ин ҳолат…" ва ҳоказо. Ман бар Шумо мегӯям, эй "бандаҳои содиқ" ва эй "бандаҳои вафодор" ва эй "бандаҳои доно" ва эй "бандаҳои ба Ҳақ расида"!

Агар мепиндоред, ки бародарон каҷ фаҳмидаанд, чаро аз роҳи муҳаббат ва нармӣ ва гармӣ дар дили эшон роҳ намеҷӯед, то хатокардагон дарёбанд, ки хато кардаанд. Оё имкон надорад, ки шумо хато мегуфта бошед? Ва оё шумо бе ин хатокардагон наметавонед ба Биҳишт равед ва онҳоро насиб он бошад, ки натиҷа бар амал ҳамон аст? Оё шумо бо ин ҳама доноӣ дарнаёфтаед, ки тундравӣ хилофи ислом ва кулли адён аст? Оё шумо аз мухолифат бар қавонини адён бим надоред?

Оре, оре шумо муваззафед бар амри маъруф ва наҳи мункар. Аммо аз куҷо дарёфтед, ки ба тундравӣ, ба таҳқир, ба беиззатии эътиқоди касе ҳаққу муваззафӣ доред?

Бадғаразона касб кардани минбари "амри маъруф ва наҳи мункар" ва ба ин васила мардумро тақсим кардану рӯз бурдан амали савоб нест. Дар "Тафсири кашшоф" ин маънии саропо ҳикмат омада, ки: "Тиҷорат кунед ва муомила намоед, зеро шумо дар замоне сар мебаред, ки агар яке аз шумо ниёзманд гардед, аввалин чизе ки мехӯред, дини худатон хоҳад буд".

Пешвоёну тахтнишинони дин боре ба ҳоли Расуле, ки умматаш буданд нанигаристанд, ки аз куштани мусалмон бо дасти мусалмон рӯҳи он Расул бар чӣ ҳоле тавонад будан? Магар ин амалҳо дифоъи ақидатӣ буд? Кӣ тавонад гуфтан, ки кадоме аз ақидаи фақеҳӣ пеши Худо ва Расули ӯ дуруст буда? Натавонистанд гуфтан ва касе натвонад гуфт, то он ҷо, ки соати "рӯ ба рӯ" нарасад. Вале амирони замон, ки бо ном таҳти ҳимояти дин зери рикобашон буд Ибни Собитро ба ҳамгуни имомони заҳрхӯрда карданд.

Ҷаҳолату нодонӣ, рашку ҳасадҳои дунёӣ аз мазҳабҳое, ки дар зот ҳеҷ ихтилофи ҷоншикан надоранд, онҳоро ба душманони ҷонӣ табдил дод. Боре агар аз тариқи адл ба рӯзгори сарнавиштӣ ва ақидатии пешвоёни мазҳаб чун назар кунем, дармеёбем, ки дар байни азизони худошинос ва соҳибмаърифати ду мазҳаби ислом ҳеҷ асоси тиракунандаи сарнавишт ва маърифатӣ вуҷуд надорад. Ин андешаро ду паҳлӯи масъала, ки моҳиятист, тасдиқ мекунад, ки он яке масъалаи алоқамандии шахсии байни пешвоёни асили ислом дар ҳарду мазҳаб ва дигар маҷмӯи масъалаҳои фурӯъии исломӣ мебошад. Дар боби усул, ки аслан ихтилофи ҷиддие дар кори дин байни ҳарду мазҳаб мавҷуд нест, ҳоҷат ба андеша нест.

Ба ин маънӣ, яке масъалаи алоқамандии шахсист. Ҳар ҷо, ки аз сарнавишти 12 имоми мазҳабӣ 12 имомаи шиъа, ки он ҷавҳари шиъа аст ва болотару возеҳтар ва мӯътамадтар аз ин равия (12 имома) дар шиъа ба назари мо нарасида, мавриди шинохт қарор дода мешавад, ин 12 имом шахсиятҳое мебошанд, ки бидуни исми онҳо ривоҷу шавкати исломро наметавон мушоҳида намуд. Ва андар андешаву сухан, боргузориву борсозии ин азизони Худо ҷое сухани зиште, қабеҳе ба унвони аҳли суннат пайдо нашуд. Ҷое дарёфт нашуд, ки эшон ба парокандагии дин ҳидоят кардаву ба рахнаи он кӯшише аз худ бадар карда бошанд. Агар масъала сари муқовимати ин имомон алайҳи қудратҳои сиёсӣ аст, нашояд онро бар сари мазҳаби суннату ҷамоат зад, ки муқовимати ин пешвоён бар асари зулм, истисмор, бидъат ва бадгомии сиёсии ин қудратҳо буд. Таърих гувоҳ аст, ки ибтидои бар сари қудрат омадани хонадони Аббосӣ аҳли шиъа ба он созгор буданд ва нигаронӣ доштанд, ки ин хонадон аз тафриқагароиҳо ҷилавгирӣ мекунанд ва адолати ҷомеаро таъмин. Аммо, таассуф, ки чунин нашуд ва ин хонадон низ чеҳраҳои ҳамидаи аҳли шиаро бар асари хушунат ба нобуд кардан ҳангома доданд, иттиҳоди сиёсати дунёӣ ба сиёсати дин боз ҳам пош хӯрд.

Дар қиёс ба имомони аҳли шиъа бебаҳс аст, ки бо вуҷуди бо ном дар сари қудрат нигоҳ доштани ақоиди исломи аҳли суннат аҳли рикоби Уммавиву Аббосӣ бар пешравони ин мазҳаб дар баробар бо имомони шиъа ситамгарӣ кардаанд. Сарнавишти талхи Абӯҳанифа, шалоқҳои ҷонситони Шофеъӣ, зиндонгириҳои бебаркаши Ҳанбалу Молики Анас далели ин гуфтор аст.

Имомони аҳли суннат (имомони чаҳоргона) бо хонадони Расули акрам, ки хулосаи он дар чеҳраи 12 имом нисбат шудааст, басо эътиқодиву эҳтиромӣ сурат гирифта, ки барои намуна чанд рӯзгореро ёд мекунем:

Имом Абӯҳанифа шӯриши Зайд ибни Алӣ Зайналобиддинро ба ҳангоми мубориза алайҳи халифаи умавӣ Ҳумом бини Абдумалик дастгирӣ ва кӯмак кард. Имом Ҷаъфари Содиқ ба Абӯҳанифа таҳсин кардаву гуфт: "Худо Абӯҳанифаро раҳмат кунад, ки ба василаи кӯмак карданаш ба Зубайд ибни Алӣ Зайналобиддин ба дӯстии мо таҳаққуқ бахшид".

Муҳаммад Рауфи Таваккулӣ дар китобаш "Чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат" нигоштааст: "Вай (Абӯҳанифа-М.Д.) ҳарчанд дар даврони Бани Умая ва Бани Аббосӣ мезист, аз Алавиён ҳаводорӣ мекард ва нохушнудии худро аз фармонравоии Умавиён пинҳон намедошт. Ҳарчанд худаш амалан алайҳи Умавиён вориди мубориза нашуда буд, лекин нофармонӣ алайҳи онҳоро ҷоиз медонист. Шӯриши Зайд ибни Алӣ Зайналобиддинро дар соли 129 ҳиҷрӣ алайҳи Ҳишом ибни Абдумалик амали шаръӣ маҳсуб дошта, онро қобили таваҷҷуҳ мепиндошт. Ҳамчунон, ки Абӯҳанифа ба Ҷаъфари Содиқу Муҳаммади Боқир ва дигар алавиён алоқа дошт, Зайд ибни Алӣ ҳам эҳтироми зиёде барои Абӯҳанифа қоил буд".

Имом Молик ибни Анасро маҷозан ҳаводорони Алавӣ суол кардаанд, ки: "Оё ҷангидан ба муқобили мухолифони хулафо ҷоиз аст"? Ӯ ҷавоб додааст: "Агар мухолифи халифае чун Умар ибни Абдулазиз бошанд, ҷоиз нест". Муроди Молик дар ин ҷавоб аз халифаи одил будан аст. Суолкунанда ба хотири дарёфти назари Молик суолро ҳамчунон идома дод: "Агар чун Умар ибни Абдулазиз набошанд"? Молик гуфтааст: "Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред. Худованд ба василаи золим аз золим интиқом мегирад ва сипас аз ҳардуи онҳо интиқом хоҳад гирифт". Аз ин ҷавоби Молик пурра дарк мешавад, ки ӯ халифаҳои беадл, ситамкор ва худбину ҷоҳилро эҳтиром надошт ва қоил набуд.

Вале чӣ ҷои таъна бар муқовимати имомони шиъа аст, ки Худованд дар "Қуръон" мефармояд: Агар қавме барои тағйири ҳоли худ кӯшиш накунад, мо ҳоли онҳоро тағйир нахоҳем дод.

Ҷои қоил аст, ки ҳам дар сафи аҳли шиа ва ҳам дар сафи аҳли суннат садҳо бо ном аҳли рикоб дар ҷомаи шайхону фақеҳон ва имомоне буданд, ки бо ғаммозиву маддоҳии худ бар решаи ҳокимони ситамкор об медоданд, вале азизони ду ҷониб дар мавриди хавф ба ҷо буданд ва ҷони худро дар муқобили ситами аҳли кибр мегузоштанд, то тозагии ахлоқи инсонӣ ва исломӣ ҳифз бошад.

Боре Молик ибни Анас дар ҳузури ҳоким буд ва маддоҳе санои ҳокимро гуфт. Молик ба ҳоким нигарист ва гуфт: "Огоҳ бош, ки чунин ашхосе бо саногӯӣ туро мағрур менамоянд, агар касе туро ба сифати хубӣ ситоиш кунад ва он сифат дар ту вуҷуд надошта бошад, ба хотири худат аз Худо битарсу хештанро аз сифоти разила пок кун ва розӣ машав, ки касе туро ҳузуран сано гӯяд, зеро худат беҳтар аз ҳар кас худатро мешиносӣ. Шунидаам, ки марде дар ҳузури паёмбар касеро мадҳ намуд. Паёмбар фармуд: Бо ин мадҳ пушт ё гардани ӯро шикастӣ, ҳар гоҳ онро бишнавад, раҳоӣ нахоҳад ёфт. Паёмбар, ҳамчунин, мефармояд: Бар рӯи ситоишгарон хок бипошед".

Ҳамчунин мардони солеҳ ва ҷасуру Худошинос буданд, ки ғурури бархе аз халифаҳои мағрурро мешикастанд ва онҳоро ёддошт менамуданд, ки "аз худ бадар нашаванд" ва ин қазия бештари ин хулафоро водор менамуд, ки дар кори Алавиён бисёр ситеза накунанд, илло ҷамъияти ислом пурра бар сари онҳо хурӯҷ кунад ва тахташонро ба хок биспарад. Чунончи, боре халифа Ҳорунаррашид аз Молик хост, ки барои тадриси китоби "Алмуватто", китоби фиқҳии Молик ба фарзандонаш ба хонаи Ҳорун биравад. Молик ҳукми Ҳорунро напазируфта гуфт: Бояд ба дунболи илм рафт, зеро илм ба дунболи касе намеравад. Ҳорунаррашид ҳангоми омодагӣ ба сафари ҳаҷ ҳамин гуна супориш ба Молик дод, ки ба назди Ҳорун биёяд ва "Алмуватто"-ро ба ӯ таълим кунад. Ин бор ҳам Молик гардан кашид ва гуфт: Ҳорун бояд худ биёяд ва Ҳорун ноилоҷ рафт. Инчунин ҷасорат бе самар набуд ва нест. Қоил бояд буд.

Ва низ, вақто ки дуввумин халифаи Аббосӣ Мансур байъати мардумро нигаронӣ дошт, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан аз Оли Алӣ ба муқобили Мансур шӯриш бардошт ва ҳаққи хилофатро бар худ донист. Аҳли Мадина ба машварати Молик ибни Анас рафтанд ва машварат пурсидданд, ки бар ки байъат кунанд. Молик гуфт: Чун байъат ба Мансур аз рӯи икроҳ буд, ботил аст ва ҳадиси паёмбарро мавриди истинод қарор дод, ки фармуда: Талоқ аз рӯи икроҳ дуруст нест. Сипас, аз мардум хост, ки Муҳаммадро ёрӣ кунанд. Ва таърих гувоҳ аст, ки Мансур дар ҷанг Муҳаммадро шикаст дод ва мардумро бо зарби шамшер ба байъат кашид. Имом Молик низ "ҳадя"-и худ 70 чӯбро барои пуштибонӣ аз Муҳаммад гирифт. Хуб, чи илоҷ. Касе, ки аз мардум бо шамшери хунин талаб мекунад, ки ситами ӯро адл муаррифӣ кунанд, чӣ илоҷ. Боз ҳам ба қавли Молик худо золиме барои рафъи ин золим бифиристад, ки дигар чора нест.

Муҳаммади Таваккулӣ хуб оварда, ки: "Мутаассифона шароити Шофеъӣ тавре буд, ки агар касе ҳубби аҳли байти Расули Худоро медошт, ба рофизӣ, яъне ба бадгӯӣ нисбат ба шайхайн (Абубакру Умар) муттаҳам мешуд. Агар ба шайхайн иродат меварзид, ӯро носибӣ (бадгӯӣ ба аҳли байти набӣ) ба ҳисоб меоварданд, дар сурате, ки Шофеъӣ аз ин иттиҳомот мубарро буд. Балки ӯ дар муҳаббати Алӣ ва авлодаш побарҷо буд ва ба фазилати Абубакри Сиддиқ ҳам эътироф дошт. Пас, чи беҳтар, ки ҳақиқатро аз забони худаш бихонем, ки мефармояд: Агар Алиро бартарӣ диҳем, дар назди бехирадон рофизӣ ҳастем. Ва агар Абубакрро бартар шуморем, моро носибӣ мехонанд. Ва ман ҳам рофизияму ҳам носибӣ. Ва ин маслаки ман аст, то рӯзе, ки хок болинам мегардад". Чунин аст уммати Расули Худо ва бандаи Худошинос!

Ҷои басо нигаронист, ки чи гуна меавонем Абубакр ва Алӣ, Умар ва Алиро дар муқобили ҳам бигзорем, дар он сурате, ки ин сухан аз Абубакр аст:

"Маро бо худам вогузоред ва аз ман даст бикашед, ман беҳтарини Шумо нестам, дар ҳоле ки Алӣ дар байни шумост". Ва ин сухан аз Умар аст, ки фармуда: "Мо дар замони паёмбар чунон ба Алӣ менигаристем, ки бар ситорагон нигоҳ мекунанд".

Ва чунин суханонро аз боби муҳаббат китоб-китоб метавон пеш овард, ки: "Ба доно ишорат ва ба нодон калтак гуфтаанд".

Ва дигар масъалаи фурӯъ аст, ки домани мазҳабҳоро ба канор кашида. Аввалан, бидуни баҳс аст, ки фурӯъ на танҳо дар байни ин ду мазҳаби аъло, балки дар дохили фирқаҳои ин мазҳабхо низ тафовути зиёдеро бор оварда. Оё Имом Шофеъӣ, ки шогирди Молик ибни Анас буд ва то охир ба ӯ вафодор буд, дар китоби худ "Мухолифат бо Молик" нагуфта, ки: "Молик ҳам бандаи Худост ва аз хато орӣ нест". Ва оё Имоми бузург Ҷаъфари Содиқ даҳҳо аҳли ғулоти шиъаро ба бидъат ва куфр ҳукм накарда? Агар ин аст, пас, биёед ба мазҳабкушӣ қаноат накарда, ба фирқакушӣ низ роҳӣ шавем то аз "ҷоми хун сер бигардем".

Бубинем, ки андар боби фурӯъ низ ягонагии ақидатӣ фароҳам аст. Дар он, чаро ягонагиҳоро нодида мегирему тафриқаҳоро хуб ёддошт мекунем? Мусаллам аст, ки: Муҳаббати Худо ва Расули ӯро андар қалб заиф кардаем.

Бо инобати ин фармудаҳо, мебояд хашмҳои ақидатиро як сӯ гузорем, агар Худоро шинохтем. Яҳуду масеҳиро барои ақида наозорем. Зардушту буддоро оғуштаи хун насозем ва ҷабр нанмоем. Ҳар кӣ мегӯяд, ман "ҳақиқат"-ро дарёфтам, бигӯяд, гӯшаш хоҳем кард, аммо қабул ва ради он ҳуқуқи мост. Фақеҳону уламоро фарз гуфтан аст, на куштан. Кушанда офарандаи ҷон аст. Мо қоилем, ки дар "Қуръон" ҷоҳое омада: "Пас…он гоҳ мушриконро ҳар ҷо ёбед ба қатл расонед…" ("Тавба, ояи 5), вале чаро ҳангоми истифода аз чунин истидлол назарияи "мутлақият" ва "муқайядият"-и оятҳои "Қуръон"-ро сарфи назар мекунем ва ҳамчунин ба инобат намегирем, ки бештари оятҳои қуръонӣ вобаста ба ҳодисаи мушаххаси вақт ваҳй шудаанд ва моҳияти принсипалии "Қуръон" дар маҷмӯъ ҳосил мегардад. Бесабаб шайх Ҷалолиддини Румӣ ба иддае аз зоҳирбинони "Қуръон" ишора карда нагуфтааст, ки:

Мо назар бар мағзи ӯ андохтем,

Устухонаш бар сагон партофтем.

Аз ин ҷо, мебояд ба ҳақ ва ҳудуди Худо таҷовуз накунем.

Фарзанди яҳудӣ, масеҳӣ, зардуштӣ, буддоӣ аз волидайн ҳамчунин таълим ёфта, ки: "Ин аст роҳи Ҳақ". Волидайни ман манро чунин гуфта. Оё ман таълими волидайни худ напазирам, то он замоне, ки қудрат бар талаби илм ёфтам. Ва чӣ гуна метавонам напазирам дар айёме, ки дар муқобили таълим ва тарбияти хатои эшон (агар хато бошанд) истидлоли муқовиматие надорам? Пас, чаро яҳудибача, масеҳибача, зардуштибача таълими волидайн нагиранд? Агар уммати мусалмонем, бояд бигӯем, ки "Қуръон"-и азимушшаън моро бар рағми ҳеҷ эътиқоде аз тариқи ситам даъват накарда, балки ҳидоят ва амр намудааст, ки эътиқоди дигаронро эҳтиром намоем ва албатта фазилати исломро бо он мардум аз роҳи адаб ва ахлоқ бирасонем ва эшонро даъвт намоем, ки Ислом аз он Худоест, ки мову Шумо онро ба ҳар исме, дар ҳар баёне эътироф карда. Ва чаро имрӯз хукми ҳамчунин Худоеро, ки ҳастиашро қоилем, қабул надорем. Дар мавриди эҳтиром аз эътиқоди дигар динҳо овардани ҳамин ояти "Қуръон"-ӣ кифоят аст, ки гуфта шуда:

"Ҳар мусалмон ва яҳуд ва насоро ва ситорапараст, ки аз рӯйи ҳақиқат ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварад ва некӯкорӣ пеша кунад, албатта аз Худо подоши некӣ ёбад ва ҳеҷ гоҳ бимнок ва андӯҳгин нахоҳад буд" ("Бақарра, ояти 62).

Ва оё ҳамин ояти Шариф моро муваззаф намекунад, ки дар кори эътиқоди мардуми Худошинос масъул ва эҳтиёт бошем: "(Эй пайғомбар). Ба аҳли китоб бигӯ, ки шуморо бо мо дар мавзӯйи Худо чӣ ҷойи баҳс ва ҷадал аст, дар сурате ки ӯ парвардигори мо ва шумост ва мо масъули кори худ ва шумо масъули кори хеш ҳастед ва ӯро аз рӯйи хулус парастиш мекунем" ("Бақарра", ояти 139).

Ва ба ин мардум низ аз роҳи эҳтиром хабари мазкури Худовандиро бирасонем, ки: "Ҳамоно дини писандида назди Худо оини ислом аст ва аҳли китоб дар он роҳ мухолифат напаймуданд, магар пас аз он ки ба ҳаққонияти он огоҳ шуданд ва ин хилофро аз роҳи рашк ва ҳасад дар миён оварданд…" ("Имрон", ояти 19).

Ва масъули уламо ин ва ба ин монанд ахборро расонидан аст, агар қабул карданд, карданд, агар накарданд, ҳамон хабари давоми ояти мазкур аст, ки омада: "…ҳар касе ба оёти Худованд кофир шавад, битарсад, ки муҳосибаи Худо зуд хоҳад буд".

Ва инак, фазои талаби дониш пеши ҳамагон аст. Он ки дар асари талаби дониш, на дар талаби дунё роҳи эътиқод дигар мекунад, чун таънаш занем?

Волидайн фарзандонро таълими мазҳаб доданд ва бар муқовимати мазҳабе фиристоданд, мазҳабкушӣ шуд, инак, мо он роҳи нангинро идома медиҳем?

Таассуф, ки аз оғоз то имрӯз, бештари мардуми дар тан ҷомаи "аҳли зиё" ва "аҳли маърифат" бабаркарда аз тариқи китобҳои таълифнамудаи худ мардумро ба душманӣ кашидаанд, "ба оташ равған рехтаанд", ҷавононро дар рӯҳияи ифроти дин ва мазҳаб "таълиму тарбият" кардаанд. Ва аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳар кадом ин "хушқаламон" барои дурустии роҳи фитнаангези худ кӯшидаанд аз китобҳои Худову ҳадиси расулон истидлоле дар тасдиқи фикри худ биёранд ва дар бисёр маврид "моҳирона" "тир ба нишон расонидаанд". Зеро, албатта, на ҳама мардум тафаккури таҳлилии сухан доранд ва зоҳиргароёна ба тури суханҳои "тобдодав"-ву "тобхӯрда"-и анкабудӣ гирифтор шудаанд.

Роҳи ростро аз шунидан, андешидан, тадрису омӯхтан бояд ҷӯст. То мор қасди газидани ҷонамон накунад, сараш ба санг макӯбем, ки Худо ӯро ҷон дода ва ҳаққи ҷон пеши Худост на пеши мо. Худо доност...

Муҳаммади Даштиҷумӣ,

устоди Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон



Муҳаммади Даштиҷумӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97