ЗАБОН ДАР АСОРАТИ ВОҚЕЪИЯТИ КОЗИБ…

Фарҳанг ва адаб 26.02.2009 14:31

Соли забон гузашт, наздик аст, ки ин овораи ноошно, ки худиҳои ноқадршинос аз ӯ ҳарос доранд, по ба марзи падруд бигзорад. Дар васфи забон суханҳои фаровон гуфтанд, вале воқеъияти аслии забони ноби Тоҷикиро (форсӣ, дарӣ), ки дар ниҳодаш қудрати эҷод нуҳуфта аст ва замоне забони тамадунсози давлатҳои пурқудрат буд, касе равшан накард ва нагуфтанд, ки чаро забон имрӯз дар ин ҷомеъаи бегонапарасти хешгурез дар зиндони суханҳои беҳуда,…

…қасамҳои олӣ ва одӣ, эҷодҳои дурӯғин, ваъдаҳои сатҳи "олӣ" ва кӯча, ҳақоратҳо, дашномҳо дар ҳама қишрҳои ҷомеъа ва ҳувиятҳои дурӯғин ва дигар ҷилваҳои воқеъияти козиб асир аст. Чун ҳам метавонанд равшан кардан ва гуфтан, ки асорати забон ин худ асири соҳибзабон аст ва вақт зарур аст, ки "марде аз хеш бурун ояду коре бикунад" (Ҳофиз)...

ЗАБОН ДАР АСОРАТ

Ин ҷо бо истинод бар пажӯҳишҳои муқоисавӣ, байни таҷриба ва дониши ғарбиён, ки аз мақоми забон огоҳӣ пайдо карданд ва донистанд, ки "забон оинаи воқеият аст" (Витгенштейн) ва озодии забон озодии онҳост ва тоҷикон, ки ҳарчанд аз мақоми забон ва аз ин, ки "сухан сояи ҳақиқат аст" (Румӣ) огоҳӣ доштанд, вале имрӯз забонашонро (худиро) дар асорати суханҳои беҳуда нигоҳ медоранд, сухан хоҳад рафт. Худ ин ду мафҳум "воқеъият" ва "ҳақиқат" ки ин ду мутафаккир истифода мебаранд дар хусуси комилӣ, пурагии тафаккури исломӣ шаҳодат медиҳад. Агар "воқеъият" дар бораи як раванди ҳаёт ҳарф занад, "ҳақиқат" ҳастии инсонро ба таври комилтар фаро гирифта дунё ва инчунин охирати ӯро ҳам дар бар мегирад ва агар воқеъият тавонад, ки амалишавии як чизи ботил ҳам бошад - ҳақиқат ин танҳо амалишавии чизест одилона ва ростин (яъне ҳақ). Ва инсонҳое, ки аз зинаи ҳақиқат ба ашё ба рӯйдодҳо ва масъалаҳо кор мегиранд метавонанд дигаргунии сифатан инсониро дар ҳаёт ба вуҷуд овардан...

ЗАБОН ТАНҲО "СУФИКСУ ПРЕФИКС" НЕСТ!

Хонандаи гиромӣ бояд бидонад, ки вақте дар бораи забон ҳарф мезанам, ҳастии забонӣ (linguistic being) ва ё шабакаи рамзии (symbolical system) маданият ва ҷомеаи тоҷиконро дар назар дорам, ки ҷони ин раванди зиндаро олами тағирёбандаи маъниҳои ошкоро ва ниҳон ташкил медиҳад. Имрӯз, мардуми мо забон гуфта, танҳо "мубтадо ва хабар", "суфикс ва префикс" ва ё бандаки изофии "и"-ро мефаҳманд ва аз ҳикмати забон ва назарияи маъниҳо, ки гузаштагони онҳо инкишоф дода буданд, кам хабар доранд. Дар таърихи тафаккури ғарбиёни қарни ХХ, забон ва забоншиносӣ нуқтаи қирони ҳама илмҳое гардид, ки ба омӯхтани инсон, ҷамъият ва фарҳанг машғуланд. Дар Ғарб, қиссаи инкишоф ва шинохти забон, ин қиссаи инкишоф ва шинохти воқеият, худӣ, эҷод, қудрат ва роҳбарият гардид ва ҳаст. Дар таърихи тамадуни мо - тоҷикон, забон яке аз унсурҳои аслии инкишофи маданият, ташаккулёбии давлатҳо ва инчунин, шоҳиди шикастҳои сиёсии соҳибзабонҳо буд. Ҳарчанд соҳибзабонҳо қудрати сиёсиро аз даст дода буданд, лекин забонашон то ибтидои қарни ХХ ҳамчун забони илм, адабиёт, коргузорӣ ва гуфтугӯи байни халқҳо (lingua franca) ба ҳисоб мерафт. Аввалин бор, кӯшиши ин забонро пурра аз мавқеи қудрат ва тамадунофариниаш ба зер овардан дар даврони ҳукмронии коммунистон дар ин сарзамин карда шуд. Давлати Советӣ аз давлатҳои пуриқтидори мустамликадори пешин бо он фарқ мекард, ки нест кардани маънавиёт, дин ва роҳҳои суннатии худсозии халқҳои тобеашро ҳадафи худ қарор дода буд ва то ҳадде муваффақ ҳам гашта буд, чун мардумро муддати ҳафтод сол, ба бозичаи дасти хеш (манқурт) табдил дода, онҳоро аз ҳастӣ ва воқеияти аслиашон дур карда буд. Метавон гуфт, ки забон, ки дар фарқият бо забони идеологӣ, инсонҳоро ба асли ҳаёт мепайваст, ба фазли Худо, ҳувияти тоҷиконро аз пурра нест шудан ва аз гудохта шудан дар кӯраи маданияти бегонагони бегонафарҳанг наҷот дод...

ИНҚИЛОБИ ЗАБОНШИНОСӢ?

Ҳақиқат чунин аст, ки инсон аз дигар мавҷудоти зинда бо он фарқ мекунад, ки дар як воқеияти муайяни фарқунанда, ки файласуфи маданият ва забон Эрнест Кассирер онро системаи рамзӣ ("symbolical system" (Cassirer, 1945:23) номида буд, зиндагӣ мекунад. Ва асоситарин хусусиятҳои фарқкунанда, ки муносибати инсонҳоро аз дигар мавҷудот фарқ мегузорад, ин аст, ки инсон қобилият дорад, ки аломатҳои дидаашро ба рамзҳо табдил диҳад ва аз ин рӯ, инсон на танҳо дар дунёи табиӣ, балки дар дунёи рамзҳо - маданият - зист дорад. Метавон гуфт, ки тамаддуни инсонӣ, аз забон, дин, устура (миф), санъат ва дигар ҷонибҳои фаъолияти ақлии инсон таквин меёбад ва забон яке аз муҳимтарин унсурҳост, ки инсон ба воситаи он, шабакаҳои рамзии худро месозад ва ҳастии забони хешро меофаринад. Чунон ки дар боло қайд кардем, аз авохири қарни XIX ва ибтидои қарни XX, вақте дар Ғарб мақоми забон муайян гашт, он сабаби як дигаргунии инқилобӣ, дар улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ гардид, то ин, ки мактабҳои навини фикрии фалсафа, равонковӣ, антропология, таърих ва забоншиносӣ (linguistics) ва мутафаккирони алоҳида мекӯшиданд, мушкилоти илмии хешро бо омӯзиши таркиби ҳастии забонӣ ҳал намоянд. Ва бисёре аз мактабҳои фикрӣ дар ин роҳ муваффақ ҳам шуданд. Шинохти дунёи забон ба ғарбиён имкон дод, ки ба худии хеш, ба таркиби афкори хеш ва маъниҳо, ки ҷомеаи онҳоро шакл медиҳанд, амиқтар ва бештар шинос шаванд. Ба гуфти антропологи машҳур Клавдио Леви Стросс кашфи забоншиносии таркибӣ дар улуми иҷтимоӣ он инқилоберо амали кард ки физикаи атомӣ дар илми физика ба вуҷуд овард.

Шояд, нахустин файласуфи Ғарб, ки ба таври рӯшан, дар масъалаи муносибати забон ба воқеиятро матраҳ кард, Фридрих Ницше буд, гарчанд, ки то ӯ, дигар файласуфони немис фикрҳои хубе дар бораи нақши забон пешниҳод карда буданд. Ба вижа, дар яке аз китобҳояш "Дар бораи пайдоиши ахлоқ" ("On the Genealogy of Morality"), ин усулро истифода карда, чигунагии ғолиб омадани ахлоқи масеҳиро бар ҳамагуна идеяҳои ашрофӣ шарҳ медиҳад, "over all nobler ideas "(Nietzsche, 1992: 471). Ҳаминро бояд қайд кард, ки хидмати Ницше ва дигар мутафаккирони ғарбӣ, дар аввали қарни ХХ аз он иборат буд, ки мардумро ба огоҳӣ хонданд, ки эй мардум, бо воқеияти худ рӯ биоваред, чаро, ки масалан, системаи фалсафии Ҳегел, ё идеалҳои умумибашарӣ, бо воқеияте, ки шуморо рӯ ба рӯ шудааст коре надоранд, балки воқеияти худро мебояд таҷриба кард. Умуман, авохири қарни XIX давраи тағйироти муҳиме дар афкори ғарбиён буд, масалан, пайдоиши илмҳои нав аз ҷумла ҷомеашиносӣ (sociology), равонковӣ ва ғайра ба ин давра рост меоянд ва дар бунёди ин афкор ва назариёти нав мутафаккироне мисли Маркс, Ницше, Фрейд, Вебер, Дуркҳейм ва дигарон меистоданд, вале таҳқиқоте, ки дар соҳаи забоншиносӣ анҷом пазируфт, имкони бештар дод, ки муҳаққиқон бештар ва амиқтар аз таркиби сохтмони забон, тафаккур ва рӯйдодҳои маданият ва ҷамъият огоҳӣ пайдо кунанд.

Чунин инқилобро дар тафаккури нави ғарбиён асосгузори назарияи нави забоншиносӣ Фердинанд де Сошио (Ferdinand de Saussure) бо китоби худ "Курс дар бораи забоншиносии умумӣ" "Course in General Linguistics"(1915) оғоз бахшид. Дар ин рисолаи худ, Де Сошио байни забон ҳамчун система (la langue) ва воқеияти амалӣ шудани он дар гуфтугӯ ва дар навиштан (a parole), фарқияти рӯшане гузошт. Ҳадафи илми нав, аломатшиносӣ (semiology), ки ӯ бунёд гузошт аз равшан кардани табиати махсуси забон ва фаҳмидани ҳаёти аломатҳо (signs) ва нишон додани он, ки чи чизе аломатҳоро месозад ва аломатҳо дар ҷомеъа аз рӯи кадом қонун амал мекунанд, буд (Saussure, 1974:160). Муҳимтарин фикр дар таҳқиқоти Де Сошио ин буд , ки ӯ исбот кард, ки дар таркиби забон, дар раванди сохтмони рамзҳои инсонӣ, муносибати муайянкунанда (signifier) ва муайяншаванда (signified) ба таври бадеҳӣ (arbitrary) мегузарад ва инсон наметавонад, онро идора кунад, чуноне ки пеш аз ин мепиндоштанд (Saussure, 1974; 67). Ин фикр, фаҳмиши Арастуро дар бораи забон зери шубҳа гузошт, ки гӯё калимаҳо барои он вуҷуд доранд, ки мо онҳоро ҳамчун як воситае, як олате барои номгузории ашё истифода барем. Ӯ исбот намуд, ки забон бе хоҳиши инсон қобилияти офаридани маъниро дошта, дар таркиби худ, аз қудрат бархурдор аст. Аз тарафи дигар, ин афкори Де Сошио, монанди ибтикори Ницше ва Киркегаард дар фалсафа, мардумро ҳушдор медод, ки идеяҳои универсалӣ, чунон ки пеш боварӣ доштанд, ки дар воқеияти онҳо нақше мебозанд, дар ҳаёти онҳо он қадар нақш намебозанд, ки воқеияти амалӣ мебозад. Таркиби бунёдии забон, дигар на аз рӯи этимология (бахши забонишиносӣ, ки бо решаҳои вожа ва дигаргунии онҳо сару кор дорад) ва филология, балки аз рӯи он ки забон чӣ гуна тағйиротро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад ва аз рӯи алоқааш ба ҳастӣ ва ба воқеият муайян карда мешуд. Ин қариб ҳамин вазъиятест, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмрон аст ва мардумро ба идеяҳо ва идеалҳои бегона ва коғазӣ сахт овора кардаанд, ки дигар наметавонанд, бо воқеияти аслии хеш рӯ биоваранд, то ки матнеро (context), ки дар он зиндагӣ доранд, бишиносанд ва дигаргун созанд. Мақсуд ин аст, ки ҳама вақт аз худии худ, аз ҳувияти худ, аз воқеияти худ мебояд сохтмонро оғоз кард, ки ин ҳама дар оғӯши забон шакл мегиранд ва матни махсус ва мустақили худро доранд. Ва ҳар як матн забони худро дорад ва ин мутафакири франсавӣ М. Фуко буд, ки бо такя ба илми забоншиносӣ ва таркибшиносӣ (structuralism) назарияи дискурс (discourse)-ро пешниҳод кард, ки имрӯз ҳам дар доираҳои илмӣ аҳамияти хосе дорад. Бо фикри Фуко, воқеият на аз рӯи тассавурот ва хоҳишҳои мо ва ё фикрҳои беруна сохта шуда аст, балки ҳар як воқеият дискурси (мақол) муайяни худро дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон забонҳо дар бораи як чиз зиёд ҳарф мезананд, вале дилҳо ба дигар чиз машғуланд ва амалҳо дигаранд... ва пайдост, ки чунин матн чи гуна дискурсе (мақол) дар пай дорад.

НАЗАРИЯИ МАЪНИҲО

... Албатта, ба ғайр аз механизме, ки Де Сошио нишон дода аст, дигар унсурҳо ҳам ҳастанд, ки дар шакл гирифтани рамзҳои маданияти инсонӣ нақши муҳим мебозанд. Ва олами маъниҳо ё назарияи маъниҳо яке аз онҳост. Назарияи маъниҳо ( theory of meanings) яке аз назарияҳои асосии илми забоншиносии имрӯза (linguistics) аст, ки ба улуми дигар ҳам таъсири корӣ расонида аст. Дар ин назария, авалан, масъалаи усул ва роҳҳои таҳқиқ матраҳ мешаванд ва сониян, масъалаи чӣ қадар ба ҳақиқат мувофиқ омадани тасаввурҳо, фикрҳо ва донишҳои моро дар бораи воқеияти мо иҳота карда, шарҳи худро меёбанд. Бо гуфти мутафаккири шинохтаи қарни XX Валтер Бенҷамин, "ин чуқурии бетагест, ки ҳама назарияҳои забоншиносӣ бими дар он афтоданро доранд" (Benjamin, 1986:315). Дар Ғарб, ба ин назария дар қарни ХХ ба таври илмӣ- амалӣ руй оварда, дар бораи буҳрони тасавуротҳо оиди воқеият (crisis of representations) ҳарф задаанд. Дар ҷаҳони Ислом, ва хусусан, мутаффакирони форсизабон дар ин бора беҳтарин осор ва афкор боқӣ гузоштаанд, ки бояд мавриди назари илмӣ-танқидӣ қарор гирифта бо риштаи илми академикии имрӯза пайванд карда шаванд. Дар таърихи тафаккури мусулмонон (тоҷикон) ин масъалаи назарияи маъниҳо аз гуфтаҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбари акрам (с.) илҳом ва раҳнамоӣ мегирифтанд. Ин пеш аз ҳама боз ҳамон масъалаи донистани номи ашё ва рӯйдодҳо аз тарафи инсон аст, ки дар Қуръон зикр ёфтааст, ки ба воситаи номи ашёро гуфтан инсон маъниии ниҳони онҳоро ошкор мекунад. Ҳаёти имрӯза пур аз маъниҳои ошкоро ва ниҳон аст ва инҷо мағзҳои обутобёфта дар улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ мебояд то тавонанд дидан. Мавлоно ин маъниро бисёр зебо тасвир кардааст; "Пас гӯйи, сифоти ту ошиқони ҳақанд латиф; эшонро натавон дидан, илло ба воситаи ҷомаи забон. Чун бараҳна мешаванд, аз латифӣ дар назар наменамоянд"

Ё ки яке аз муноҷотҳоро ки ба ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мансуб дода шудааст :

"Худоё, ашёро ончунон ки ҳастанд ба ман бинамой!" яке аз зербиноҳои ин назарияи маъниҳо дар таърихи тафаккури исломӣ (тоҷикӣ) метавон ҳисоб кард.

Ҳамчунин аз Мавлоно, ба вижа, китоби "Фиҳи мо фиҳи"-аш беҳтарин намунаи таҳқиқи классикии ҷаҳонӣ дар бораи забон ва назарияи маъниҳо мебошад, то Абулмаъонӣ Бедил дар ин хусус фикрҳои амиқ ба мерос гузоштаанд. Ва барои ин ки имрӯз Тоҷикон системаи рамзиеро, ки худӣ ва воқеъияти онҳоро шакл медиҳад фаҳмидан ва тафсир кардан тавонанд бояд ба улуми иҷтимоӣ ва инсонии имрӯза дастрасӣ ва инчунин шароит ва имконияти амалӣ кардани фикру гуфтаҳои худро дошта бошанд. Агар чунин имконияту шароитҳо набошанд эҷод мемирад, фикри инсонҳо кунд мешавад ва онҳо дигар қобилияти фаҳмидани маъниҳои навро аз даст медиҳанд. Аз тарафи дигар чунон ки дар ҳама давру замонҳо ҳаст онҳое, ки дар сари қудратанд, намегузоранд, ки мардум имконияти шинохтани маъниҳои мавҷударо дошта бошанд, ё худ баъзан, дар гуфтаҳои хеш ишора мекунанд, ки барои халқи хеш "озодии пура" мехоҳанд, вале афсӯс, онҳо қобилият ва имконияти ташкили шароитро барои ин озодӣ надоранд. Ин озодӣ, яъне фаҳмидан ва ё шинохти воқеъият ва инчунин ҳақиқати мавҷуда худ дар ҳастии забони реша давонида сабз хоҳад шуд.

ШАХСИЯТҲОИ ОЛӢ ВА РАМЗҲОИ ХОЛӢ

Яке аз унсурҳои асосӣ, ки дар ҳастии забон ҷойгир аст ва намоёнгари раванди амалишавии забон дар сатҳҳои муносибатҳои инсонӣ - дар ҳама гуна намудҳои эҷод, дар сиёсат мебошад, қудрат аст. Ин нуктаро шояд роҳбарон ва ҳунармандони асили ҳар як қавму миллат аз дигарон беҳтар ҳис кардан метавонанд. Яке аз фазилатҳои забон он аст, ки дар оғӯши он, дар низоми маъниҳо, дар низоми аломатҳо ва рамзҳои он, дар хаёлот ва тасаввурҳои он худии инсон шакл мепазирад, шахсият ба мартабаҳои камол мерасад. Қудрат дар ин раванд дар кор аст ва дар ин сатҳ инсонҳо бо ҳақ ва ҳақиқат шинос мешаванд ва ин ҷо роҳбарони асил ва эҷодкорони асил тарбия меёбанд ва аз инҷост, ки калима дар забони сиёсатмадор, шоир ва олим қудрат пайдо мекунад, ки метавонад воқеиятро тағйир диҳад. Аз шахсиятҳои дар ҳастии забонии - идеологии пешин тарбия ёфта, наметавон ҷавҳари асл ҷуст ва аз ин рӯ, имрӯз забон дар асирии ҷаҳлу бечорагист. Ғуломгардонии забон дар жож (суханҳои беҳуда) ва дурӯғ боиси ғуломшавии фикрҳо дар як воқеияти козиб (сароб) гардида аст, ки оқибаташ ҳам боз тарбияи як насли нави дигари шахсиятҳои пуч мегардад. Имрӯз пургӯӣ дар бораи "идеологияи миллӣ", "бехатарии миллат", "ягонагӣ" ва "ваҳдати миллӣ" боиси ба як афсонаҳои дигар табдил ёфтани ин масъалаҳо гардида аст. Ин масъалаҳои воқеъан зарурӣ ба шиорҳое табдил ёфтаанд, ки он чиро, ки аслан дар ҷомеа мегузарад, чаканпӯш (пинҳон) мекунанд ва шуъури мардум ва фикри мардумро дар зиндони воқеиятҳои бофташуда банд карда, боиси аз раванди аслии ҳаёт дур мондани онҳо мегардад. Ҳол он, ки ваҳдати воқеӣ, бехатарии воқеӣ, демократияи воқеӣ он вақт мешавад, ки инкишоф, тараққӣ ва рушд дар роҳи воқеии худ бошад, яъне инсон дар Тоҷикистон имконияти хоҳишҳо, фикрҳо, орзуҳои худро амалӣ кардан дошта бошад ва ин ҳама дар сатҳи забон воқеияти забонӣ амалӣ мешаванд. Тасаввур кунед, дар чунин муҳит, чӣ гуна шахсиятҳо тарбия меёбанд? Бо дурӯғ, ҳақорат, дашном ва хиёнат, чӣ гуна ҷомеаи солим ва тараққикарда метавон сохт? Ба ҳар як хонадони тоҷик зарур аст, дар хонавода, як муҳити алтернативии забонӣ ташкил намояд, то дар он имконият ва шароити аслии тарбияи инсони солим фароҳам бошад.

Забон дар ин бозор бо қудрат наздикӣ дорад ва ононе, ки дар сари қудратанд, аз забон сахт истифода мекунанд, то ҳамин гуна равишҳо ва бинишҳо биофаринанд. Онҳо, ки дар сари қудратанд ҳарчанд, ки меъморони асосии забон набошанд ҳам, чун соҳибқудратанд, метавонанд, хидмати бузургеро барои он анҷом диҳанд ва шароити хуберо барои меъморони аслии он, шоирон, нависандагон, олимон ва умуман, барои халқи соҳибзабон муҳайё созанд. Имрӯз худи Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, шахсан, дар ҳалли ин масъалаҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад, вале мутаассифона, на ҳама сиёсатмадорон аз он чӣ мегузарад, огоҳанд. Манзурам ин нест, ки ин қабилаи сиёсатмадор, худ аз ин механизми забон, ки чунин воқеиятро меофаринад, огоҳие доранд. Онҳо огоҳӣ надоранд ва худ беихтиёр, вориди ин воқеиятанд ва аломат ва рамзҳоеро, ки боиси инкишофи фисқ ва фасод (corruption) мегарданд, чун тӯҳфае қабул мекунанд. Муҳимтар ин аст, ки дар ин воқеияти забонӣ, ё метавон гуфт маданият, забон пеш аз он ки маъниеро муайян кунад, онро барои касе (худи, шахсияте) муайян мекунад, яъне ҳар кӣ дар бораи чизе ҳарф бизанад, дар бораи худ ҳарф мезанад. Аз ин рӯ, шинохти сиёсатмадорони "гандумнамои ҷавфурӯш" барои онҳо, ки аз асли забон ва алоқаи он бо ҳастӣ ва воқеият огоҳанд, хело осон аст.

Метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон он худиҳое, ки ба ин бозии забонӣ, бозии сиёсӣ, бозии ҳақиқатҷӯӣ дар ҷомеа дохил мешаванд, қисми зиёди онҳо дар эҷод шахсиятҳои ноқобил, дар сиёсат ҳез ва дар шинохти ҳақиқати матни худ кӯр ҳастанд. Чаро ки имконияти шинохти воқеият ва зери шубҳа гузоштани арзишҳоеро надорад, ки дар ин ҷомеа ба фисқу фасод меоранд. Чунин шахсиятҳо бо истифодаи забон, ба воситаи садо ва симо, рӯзномаҳо, шабакаҳои интернетӣ дар шуури мардум, метавонанд аз як махлуқи ғӯл (monster)- фаришта, аз як Чингиз - Исои Масеҳ ва Мусии вақт бисозанд. Аз одамияти олии ин халқ истифода карда, ин қабилаи сиёсатмадор, ба мустамлика кардани фикри онҳо машғуланд. Баъди чунин психотерапия мардум ба як ҳолати худғуломсозии дарунӣ (self orientalised situation) гирифтор мешаванд ва худо ва худии худро гум мекунанд. Роҳи халосӣ аз ин махлуқи хориқулъодда (ҷаҳл дар ҷомеъа), ин дар ҷои худ гузоштани калимот ва гуфтан аст, ки ҳар як калима ва ҳар як маънӣ ҷои мувофиқу созгори худро дорад ва ин ҷо мардонагии ақлӣ ва ақли фаъол, чунон ки Қуръони Карим зиёд ёд мекунад, доштан лозим аст, то ки маъниҳо чунон ки ҳастанд, бо ҳарфҳо ва калимоти мувофиқ шарҳ дода шаванд. Ва ин руйдодро муҳаққиқи франсавӣ Боудлиард (Baudrillar, 1988:167) ҷойивазкунии воқеият (ҳақиқат) бо рамзҳои холӣ номида буд. Ва аҷибии кор ин аст, ки онҳо ки воқеияти дурӯғинро дар Тоҷикистон офаридаанд, худ ҳам ба он бовар кардаанд...

Овардаанд, ки шаҳре зери фишор ва тарси ҷонвари ваҳшии ғӯлсурате қарор гирифта буд, дар оғоз, мардуми шаҳр аз тарс коре кардан наметавонистанд, вале саранҷом, бо ин тарс одат карданд. То он вақт, ки ин ғӯл шинохта нашуда аст, дар назари мардум, ҳамин гуна ваҳмангез ва даҳшатнок хоҳад монд. Ва ҳакиме ба мардум роҳи наҷотро нишон дод ва фармуд, ки оинае бисозед ва онро дар баробари ин ҷонвар бидоред. Мардум оинае сохтанд, ва онро дар баробари ӯ гирифтанд. Чун ҷонвар сурати худро дид, заҳракаф шуд ва мардуми шаҳр аз шарри ӯ наҷот ёфтанд. Халқи мо аз қадим, пеш аз он ки Виттгенштейн гӯяд, ки "Забон оинаи воқеият аст" аз ҳикмати ин қисса - аз ҳикмати забон - огоҳӣ дошт ва медонист, ки бо ҳар чӣ шинохта нашуда бошад, коре кардан наметавон ва низ медонист, ки он ҷонвар дар вуҷуди худи онҳост ва боз медонист, ки оинаро чӣ гуна бояд сохт ва он чӣ гуна рамз аст? Ва ин оина худии ҳар яки мост ва он дар ҳастии инсон бо забон сахт якҷо бофта шуда аст. Ва ин зангору чанг, ки дар ҷомеаи мост, худ зангу чанги синаи мост, ки дар забони мост. Ин ҳама зангорро бо ҳақиқат зудудан метавон, ва бо забони хеш самимона зистанро боз оғоз кунем. Забон боз метавонад ин "зиндагии" моро зиндагӣ кардан, аз беҳудаҳо гузашта ба маъниҳои асл пайвастан, аз бечорагиҳо ба қудратҳо расонидан. Ва ин ҳикматро, ки забон қудрати эҷод, бунёд ва сохтмони воқеиятро дорад, ғарбиён аслан дар аввали қарни ХХ дарк карданд. Ин маъниро Нитсще дар қарни XIX гуфта буд: "...Ҳар кӣ соҳиби фаҳмиш ва тафсир аст, ӯ соҳибқудрат аст". Халқи мо аз қадим, таҷрибаи фаровон ва дониши хубе дошт ва инро хуб дарк карда буд, зеро аз сарчашмаҳои ноби ислом, ба вижа, Қуръони карим ин маониро бисёр хуб омӯхта буд. Дар оятҳои 30 - 33 -и сураи Бақара метавон дид, ки худованд ба инсон чӣ мақом ва манзалати баландеро ато кардааст:

«Ва (эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ёд кун) чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт, ки ман дар замин (баҳри иҷрои фармонҳои хеш) ҷойнишине гуморандаам (ва Одаму фарзандони фармонбардори ӯро ҷойнишини худ мегардонам то қарн ба қарне ва нажод ба нажоде якдигарро ҷойнишинӣ кунанд). Гуфтанд: "Оё касеро (меофаринӣ ва) дар замин (ҷойнишин) мегуморӣ, ки (аз фарзандонаш касе ба дунё ояд, ки) дар он (монанди ҷинниён ки пеш аз эшон мезистанд бо куфру маъсиятҳо) табоҳӣ кунад ва (ба ноҳаққу ситам) хуни (мардумонро) бирезад ва (агар мурод аз офаридани одамизодагон парастии ту бошад) мо ба сипоси ту туро ба покӣ ёд мекунем ва туро ба покизагӣ ситоиш менамоем (ва агар моро дар замин ҷойнишини худ қарор диҳӣ, ҳаргиз туро нофармонӣ накунем)". (Аллоҳ) гуфт: "Ҳароина, ман (аз ҳикматҳову суду манфиатҳои бандагони худ) ончиро медонам, ки шумо намедонед". {30} Ва Аллоҳ ҳама номҳо(-и офаридагон ва чизҳо)-ро (чун шутур, гӯсфанд, зоғ монанди об ва растанӣ ва ҷондорону одамиёнро) ба (падари одамиён-) Одам биёмӯхт, сипас он чизҳоро бар фариштагон пеш овард, онгоҳ (Аллоҳ) гуфт: "Маро аз номҳо (-и ин офаридагон) огоҳ созед, агар шумо (дар даъвои худ) ростгӯ ҳастед (ва мехоҳед, ки дар замин ҷойнишин бошед)." {31} (Чун фариштагон номҳои офаридагонро надонистанд, бо камоли аҷз) гуфтанд: "(Парвардигоро,) Ту (аз ҳама нуқсу костагиҳо) пок астӣ, моро донише нест, магар ончи ту ба мо омӯхтӣ. Ҳар оина, бисёр донои донишманд туӣ (, ки чизе аз ту пӯшида намонад). {32} (Онгоҳ Аллоҳ) гуфт: "Эй Одам, эшонро (, яъне фариштагонро) аз номҳои онҳо (аз номҳои офаридагон) огоҳ соз"! Чун Одам эшонро (фариштагонро) аз номҳои онҳо (аз номҳои офаридагон як ба як) огоҳ сохт (ва ҳар офаридаро бо номаш ёд кард ва ҳикматашро низ баён намуд, чунончи гуфт: "Ту Ҷибрил астӣ ва ту Исрофил ва ту Микоил то ин ки калоғро низ ном бурд"). (Аллоҳ) гуфт: "(Эй фариштагон!) Оё шуморо нагуфта будам, ки Ҳароина, ман пинҳони осмонҳову заминро медонам ва ончиро медонам, ки шумо (бо забонҳоятон) ошкор мекунед (чун гуфтед, ки касеро меофаринӣ, ки дар замин табоҳӣ кунад) ва ончиро медонам, ки шумо (онро дар дилҳоятон) пӯшида медоштед (, пас чӣ гуна даъвои ҷонишинӣ мекунед, ҳол он ки номҳои офаридагонро намедонед). {33} (Тарҷума ва шарҳи Фирдавсӣ Назарзода Нуралиён).

Дар ин ояҳо дар хусуси ҷонишинии ҳақ дар рӯи замин, масъалаи номгузорӣ, эътирофи мақоми инсон ва алоқаи забон ба қудрат сухан меравад. Ва метавон гуфт, ки ин ҷо сухан дар хусуси он чи мутаффакирони ғарб дар қарни ХХ ҷавҳари гуфтугӯҳои хеш қарор доданд, яъне забон, маънӣ, қудрат ва роҳбарият меравад. Ин ҷо маънии ном гузоштан, маънии ашёро донистан ва онро тафсир кардан баробар аст ба ин, ки инсон бо ин сифот метавонад, дар мақоми қудрат ва бо иҷрои аҳком ва фармонҳои иллоҳӣ дар мақоми ҷонишинӣ бошад. Ва чаро тоҷикон аз ин неъмати худовандии ба онҳо ато шуда ва дар Қуръон ба он ишора рафта аст, истифода намекунанд ва чаро дар мақоми қудрат, кашфиёт ва эҷод нестанд? Чаро ки ин ҷои забон ва соҳибзабон дар асорати воқеияти козибанд.

ДИКТАТУРАИ ФИКРИ ОМ

Ҳолати худғуломсозӣ (self orientalised situation) боиси қудрат пайдо кардани фикри ом мегардад ва ин фикр, завқу шавқ ва тасаввуроти инсонҳоро дар тамоми қишрҳои ҷомеа фаро мегирад. Мардоне, ки таҷриба ва дониши ҳастӣ ва воқеиятро дошта бошанд ва ҳақиқатро ҳимоя кунанд дигар кам пайдо мешаванд ва ҳама зери таъсири "диктатураи фикри ом" (Ҳайдеггер) мемонанд. Ин қабилаи сиёсатмадорони имрӯз, ки дар сари қудратанд ва онҳо ки ҳануз дар сари қудрат нестанд ҷуз як гурӯҳи омӣ беш нестанд, зеро ки забони дунёи навро ки рӯ ба рӯи онҳост, дигар намедонанд ва забони созандаи халқи худро ҳам гум кардаанд ва дигар қобилияти эҷод, роҳбарӣ ва инкишоф додани ин миллатро надоранд.

Дигар ин, ки дар ин муҳит, ки диктатураи фикри ом ҳукмрон аст, олимону донишмандон ва руҳониён, ки меъморҳои асосии забон ҳастанд, як ҷузъи ин ҷомеаи ҷодушуда мегарданд. Онҳо дигар бо воқеияти худ рӯ ба рӯ намешаванд ва ба ҷои эҷоди асили илмӣ, бештар ба танқиду сиёҳ кардани якдигар мепардозанд, ё аз якдигар душмани халқ метарошанд. Хусусан, дар Тоҷикистон сиёсатмадорони мавҷуда ба ин ҳолат мусоидат мекунанд, чаро ки ин падидаҳо, ба мантиқи забони сиёсии рӯз, "давлати демократии ҳуқуқбунёд", "давлат дар хатар аст" ва "вахдат" ва дигар шиорҳои ба афсона табдил ёфта сахт мувофиқ меоянд. Ин масъаларо Мавлоно дар "Фиҳи мо фиҳи" бисёр зарифона баён мекунад: " ...Муҳандисе хонае дар дил бар андоз кард ва хаёл баст, ки арзаш чандин бошаду тӯлаш чандин бошаду суффааш чандин ва саҳнаш чандин. Инро хаёл нагуянд, ки он ҳақиқат аз ин хаёл мезояду фаръи ин хаёл аст. Оре, агар ғайри муҳандис дар дил чунин сурат ба хаёл оварад ва тасаввур кунад, онро хаёл гӯянд ва урфан, мардум чунин касро, ки бино нест ва илми он надорад, гӯяндаш, ки туро хаёл аст". (Фиҳи мо фиҳи, саҳ. 85). Ба фикри Мавлоно, онҳо ки дар бораи чизе ҳарф мезананд, бояд салоҳияти гуфтани он чизро дошта бошанд ва аз таҷриба ва дониш низ бархӯрдор бошанд. Дар Тоҷикистон чӣ гуна дар бораи демократия метавон ҳарф зад, ки имрӯз он давлатҳо, ки ватани аслии ин назария буданд дар амали хеш исбот карданд, ки демократия ҷуз он хаёл, ки Мавлоно мегуяд, чизи дигаре нест. Онҳо, ки соҳиби ин назария буданд, онро сахт шикаст доданд, чӣ метавон гуфт, дар бораи Тоҷикистони аз асли хеш дур афтода, ки дар бораи он ҳарф занад. Чунин хаёлҳои бенатиҷа, агарчӣ дар ин рӯзгор зиёд шудаанд, ба ҷое намебаранд ва гуфти Мавлоно: "...Ҳазор хаёл фуруд меояд, ки аҷаб фоида кунад, ё накунад ва таъсири ин хаёл ҳазор коҳилию малолат медиҳад. Он яқини хаёлсӯз - ку?"

Имрӯз дар ин ҷомеа мардум фикр намекунанд, куҷо метавон дар бораи "яқини хаёлсӯз" ҳарф зад ва ҳоло он ки барои фикр кардан, ин замона пурғизотарини замонаҳост. Ин аст, ки дунёи асл ба дунёи афсона табдил меёбад. Умуман, мо дар қарни ХХ ҳам мутафаккире надоштем, ки дар бораи дунёе ки зист доранд, дар сатҳи ҳастишиносӣ, дар сатҳи маданият, зиндагии ҳаррӯза, фикр карда бошанд. Фикри ҷиддӣ дар бораи ҳастӣ нест, таҳлили дуруст аз воқеият нест ва аз ин рӯ забон, таркиби фаҳмиши тоҷикон сахт заиф аст. Ин боиси гирифториҳо дар фикри ғайр, дар гуфтаи ғайр ва системаи рамзии ғайр мегардад. Ин аст, ки дур аз воқеияти ҳақиқӣ, дур дар бофтаҳои ғайр, дар сохтмони ғайр зист доранд... Вақте Ҳайдеггер мегӯяд, ки "...Забон ин нишемангоҳи ҳастист ва дар ин макон мо месозем..." Барои тоҷикон ин маъниро дорад, ки имрӯз онҳо дар хонаи худанд, вале "дар хонаи худ нестанд." Мо худ нестем чаро ки дар хонаи ғайрем ва ин сухан ки мамлакатҳои ҷаҳон бо мо сохтаанд, ҷуз афсонае беш нест. Ин ҳолат ки мо дорем дар ин дунё бо мо намесозанд, балки аз мо месозанд... Он макон (ҳастии забони ва маданият) ки мо дар он месозем бо унсурҳояш аз хонаи ғайр фарқ мекунад. Ин ҷо ҳар як калима қудрати дигар ва таъсири дигар дорад. Таркиби забони мо таҷриба, дониш ва хотираи наслҳои гузаштаро дар бар мегирад ва ин ҷо ба ғайр аз унсурҳои ақлӣ ( илмӣ, фалсафӣ) боз унсурҳои ваҳйи ( динӣ - номусӣ), аст ки осори гузашта, хотироти мардум аз он саршор аст ва онро дар либоси забон метавон дидан ва шинохтан. Ин яке аз мисолҳост ки дар бораи фарқияти забони мо, яъне маконе ки мо месозем, аз забони дигарон шаҳодат медиҳад вале дар Тоҷикистон ин масъалаҳоро бисёр сатҳи мебинанд. Аз ин сабаб ки бе асланд қудрат ва рӯшноӣ надоранд, чунон ки осори гузаштагон аз қудрати созанда бархурдор буданд чун муаллифони онҳо таҷриба ва дониши забони Қуръонро доштанд...

Имрӯз фикр дар донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, ин пажуҳишгоҳҳо қудрат ва нуфуз надоранд. Мутафаккирони асили тоҷик, дар ҳама давру замонаҳо чун таҷриба ва дониши аслии ҳастӣ ва воқеияти худро доштанд, дорои забони соҳибқудрат буданд ва ҳастанд. Ба шарофати дониш ва таҷриба, худ соҳиби нуфуз ва қудрат мегардиданд. Имрӯз метавон дид, ки антропологҳо, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ва равоншиносони Ғарбӣ соҳиби нуфуз ва қудрат ҳастанд, зеро ки онҳо аз воқеият сахт огоҳанд ва метавонанд, ҳар матнро тафсир намоянд ва он чиро ки дар дунёи имрӯз мегузарад, бо чашми фаҳму таҳлил бинигаранду бишносанд. Онҳо шогирдони бовафои Ницше ҳастанд, мо чаро шогирдони ланги Қуръонем? Ва мутафаккирони исломӣ (тоҷик) замоне шогирдони ростини Қуръон буданд ва дар ҳамин мавқеи нуфуз ва қудрат буданд ва қудратмандони давр ба ҳарфи онҳо гӯш медоданд... Дар забони онҳо роҳи худшиносии онҳоро метавон шинохт, ки он ҳатман се унсурро дар худ дошт; а) шинохти ҳақ (худованд) ва ҳақиқат (ҳастӣ, воқеият), б) дарёфти саодат (наҷот) -и ҳар ду олам, в) иртиқои шахсият, чун ҳадафи эшон ба зинаи инсони комил расидан буд. Онҳо дар роҳи таҳқиқ буданд, на тақлид, зеро медонистанд, ки "тақлидро ба олами таҳқиқ бор нест" (Бедил) ва зарурияте надоштанд, ба боргоҳ бираванд ва ё холиеро олӣ кунанд... Имрӯз ҳакимону шоирони зиёд дорем, вале куҷоянд он мардон, ки дар нуқтаи баланди эҷоданд ва аз он сарҳад, ки маъниҳо аз ҳастии рӯҳонӣ ба ҳастии забонӣ мегузаранд, огоҳанд, яъне худ абулмаониянд, лиссонулғайбанд, то дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар забони тоҷикиро, тамадуни тоҷикӣ ва тарзи зиндагии аслии тоҷикиро эҳё кунанд. Каманд он рӯҳониёни муҳтарам, ки аз таҷрибаи динии хеш ба забони ноби тоҷикӣ рисолаҳо бинависанд ва ба мероси ғании гузашта, чизеро дар ин замона зам кунанд. Мо мутахассисони таърихи фалсафа дорем, ки метавонанд дар бораи Ибни Сино ва Ғаззолӣ соатҳо ҳарф бизананд, вале файласуфи (мутафакири) тоҷик надорем, ки таҷрибаи ҳастии худро дошта бошад, дунёи имрӯзро дуруст тафсир кардан тавонад ва китобе ба забони ноби тоҷикӣ, ки олитарин забони фалсафа ва ҳикмат аст, ба ҷавонон пешниҳод кунанд, зеро танҳо ба воситаи фикр метавон ҳастиро ва воқеиятро дар либоси забон даровард. Ва ин нукта боз ба сӯи масъалаи қудрат ва забон мекашад ва метавон гуфт, ки он сиёсатмадорон, ки дар хусуси ваҳдат, ягонагӣ, қудрат ва инкишоф ҳарф мезананд, мутмаин бошанд ки бо ин чанд муйсафеди "homo academicus" (Pierre Bourdieu) ва пажӯҳишгоҳҳои пур аз тори анкабути аз даврони Шуравӣ меросмонда ва олимони ба марзи муҳтоҷи кашида шуда боз ҳам дар бораи воқеъияти козиб қиссса мекунанд.

ОХИРСУХАН

Дар ҳар як тамаддун, забоне ва маъниҳое ҳукмрон мешаванд ва ин забон ва маъниҳо ба ин ё он халқе таъаллуқ доранд ва он халқ, ки дар сари қудрат аст, забони ӯ асл ва маъниҳои ӯ муайянкунанда ҳастанд. Дар зинаи мақомии забонҳо, дар мақоми поёнӣ будан ин маънии онро дорад, ки дар поёнбудагон дунёи сохта ва бофтаи дигаронро қабул мекунанд, ҳарчанд ки он ба завқу хоҳишҳои онҳо мувофиқ нест. Ҳатто қиссаҳои бофтаи болонишинонро дар бораи худ ҳамчун қиссаҳои саҳеҳ мепазиранд. Чунон ки тоҷикон ба ҳуввияти бофтаи донишгоҳҳои шарқшиносӣ, таърих ва мардумшиносии коммунистиро дар бораи худ боварӣ доштанд ва худро ба чашми ғайр мешинохтанд. Забони онҳо дигар қудрат ва асолат надошт ва онҳоро иҷозати дастрасӣ доштан ба рисола ва китобҳое, ки метавонист боз онҳоро ба асл бипайвандад, намедоданд. Он чиро ки ҳам нашр мекарданд, мекӯшиданд, ки мардум он нуқтаи муқаддасро, ки сарчашмаи қудрат, дониш ва маърифати онҳо буд, пайдо кардан натавонанд. Вале онҳо, ки дар марказ (Маскав ё имрӯз дар марказҳои дигар) меистоданд, ҷавҳари забониашонро ҳамон мафҳумҳои ҳазорсолаи "худӣ ва бегона", "хоҷа ва ғулом", "субъект (фаъол) ва объект (ғайрифаъол)" ва дигар мафҳумҳои ба ҳамин наздик ташкил медод.

Халқҳоро мардони донишмандони асилу содиқи ҷонфидои соҳибтаҷриба ва соҳибзабон ба мақоми қудрат ва пешвоӣ ва маданияти воло мерасонанд. Имрӯз дар ҷомеаи мо, забони тоҷикӣ дар зинаи мақомии забонҳо (иерархия), мақоми охиринро ишғол мекунад ва ин ҳолати инқирозии забони тоҷикиро наметавон фақат ба воситаи қонун дигар кард, балки дар бораи соҳибзабонҳо мебояд фикр кард, ки чӣ гуна шароитҳоро барои беҳтар кардани зиндагии онҳо муҳайё метавон кард.

Забон олате нест, ки мо ҳар гуна хоҳем истифодааш барем, балки ин як сатҳ, ё воқеиятест, ки мо бояд дар он ширкаткунандагони фаъол бошем. Ва ин ҷо пеш аз ҳама системаи маорифро тақвият мебояд бахшид, ки беҳтарин бунёд барои инкишофи забон аст. Дигар ин ки бозори меҳнатро дар ҷумҳурӣ ташкил мебояд кард то мардум имкони амали кардани орзу, хаёл, андеша ва тасавуротҳои хешро дошта бошанд., Сеюм, фикр мекунам бештар раванди ба ҳаёт наздиктар кардани донишро тезонидан даркор. Ин худ масъалаест, ки ба як баҳси дигар зарурият дорад.


Меҳмоншоҳ ШАРИФОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97