Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ШАКЛИ ЗОҲИРИИ ИМОМИ АЪЗАМ

Фарҳанг ва адаб 21.02.2009 14:23

Абӯ Юсуф шогирди машҳури имом мегӯяд: Абӯ Ҳанифа миёнақад ва зеботарини мардумон буд. Дар нутқ ва баён расотарин ва балиғтарин ва дар оҳанги садо хушовозтарин буд. Ҳаммод писари имом мегӯяд: Падарам болобаланд, гандумгун, зеборухсор, хушманзар, хушсимо ва соҳиби ҳайбат буд. Танҳо дар ҷавоби суол сухан мегуфт. Суханони беҳуда намегуфт. Абдуллоҳ ибни Муборак мегӯяд: Имом хушқиёфа ва хушлибос буд.

Ӯ пӯшидани либоси зеборо дӯст медошт ва мегуфт: Худо дӯст медорад, ки асари неъматашро дар бандагонаш бубинад. Имом ҷома, дастор ва кафши зебое мепӯшид, ки ҳуснашро дучанд менамуд. Атр ва хушбӯиро хеле бисёр истифода мекард. Ҷисмаш аз тарси Худо то андозае лоғар буд, ки дар баданаш гӯшти зиёда дида намешуд.

ЛИБОСИ ЗЕБО ВА ТАРКИ ДУНЁ

Ин одати ҳазрати Имоми Аъзам мутобиқи суннати Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам мебошад. Расули Аллоҳ (с) қабл аз вохӯрӣ бо саҳобагонаш ҳамеша худро ҳамин тавр зиннат мебахшид.

Ислом пайравони худ, махсусан онҳоеро, ки ба кори даъват ба ислом банданд, водор месозад, ки дар байни одамон мисли холи зебо (-и рухсора), ки диққатҷалбкунанда мебошад, пайдо шуда муомила кунанд, на бо шамоили худ ҳазару нафрати дигаронро барангезанд. Ахлоқи одаме, ки ба зоҳири худ хеле кам эътибор медиҳад, намудҳои нафратангез ба худ мегирад. Ин чиз одатан ба нишони тарки дунё кардан ба фурӯтанӣ анҷом дода мешавад, ки бо ислом ҳеч умумияте надорад. Масалан, Расули Аллоҳ (с), ки худ сарвари тарки дунёкардагон ва фурӯтанон буд, либоси хуб мепӯшид ва худро асҳобаш ва азваҷаш озода мекард, зеро ӯ чунин меҳисобид, ки инсон ҳамин тавр амал карда, дар айни замон ба дигарон нишон медиҳад, ки Аллоҳ ба ӯ илтифоти Худро ато фармудааст.

(Ҳар оина, Аллоҳ дӯст медорад, вақте дар бандаи Худ асари неъматашро бинад). Дар "Саҳеҳ" - и Муслим ҳадисе аз забони Масъуд (р), оварда шудааст, боре расули Аллоҳ (с) гуфт: "(Ба биҳишт оне дохил намешавад, ки дар дили ӯ ҳатто ба андозаи вазии як донаи арзан такаббур бошад)".

Саҳобагони муборак инро маҳз чунин мефаҳмиданд ва ононе, ки онҳоро бо дилҳои соф пайравӣ менамуданд, маҳз ҳаминҳоро риъоя менамуданд. Маҳз аз ин сабаб имом Абӯ Ҳанифа (р), бо намуди зоҳири хубаш фарқ мекард, либоси зебо ба бар менамуд, хушбӯиҳо мепошид ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, то дар либос пӯшидан ба пурхарҷиву дабдаба роҳ надиҳад.

ДАЪВАТИ ИМОМИ АЪЗАМ БА ЗЕБОПӮШӢ

Дар айни замон кӯшиши ӯ барои зиннат додан ва намуди зоҳирии худ он қадар пурқувват буд, ки ӯ дигаронро ба ин чиз водор месохт ва гоҳо дар ин кор зиёд истодагарӣ менамуд. Масалан, вай чун дид, ки яке аз мусоҳибонаш либоси кӯҳна (ё дарида) ба бар кардааст, ӯро бо худ дар хилват бурд ва ҳазор дирам пешниҳод намуд, то бо мабдағ ӯ худро ба тартиб оварад. Ин шахс ба ӯ гуфт: "Дар ҳақиқат ба ин пулҳо ниёз надорам"! Он гоҳ Абӯ Ҳанифа ӯро сарзаниш карда гуфт: "Оё туро ҳадисе маълум нест, ки дар он гуфта шудааст: "Ҳар оина Аллоҳ дӯст медорад, вақте дар бандаи худ асари неъматашро бинад?!". Маҳз аз ин сабаб туро лозим аст, ки намуди зоҳирии худро тағйир диҳӣ, то дӯсти ту аз барои ту ғамгин нагардад!".

ЧАРО АБӮ ҲАНИФАРО ТОБЕЪӢ МЕГӮЯНД?

Ибни Халдун аҳлисалафро саҳобагон (ҳамсӯҳбатони)-и Муҳаммад номидааст. Касоне, ки бо саҳобагон ҳамсӯҳбат шуда, илми эшонро фаро гирифтаанд, тобеин номида шудаанд. Абӯ Ҳанифа бо 7 нафар аз асҳоби Муҳаммад вохӯрӣ доштааст:

1. Анас. 2. Восилаҳ. 3. Маъкал. 4. Ҷобир. 5 Абдуллоҳ валади Ҳорис. 6. Абдуллоҳ валади Абиафво. 7. Оиша духтари Аҷул.

Абӯ Ҳанифа баъзе ҳадисҳои аз ин саҳобагон шунидаашро нақл намудааст.

1. Анас валади Молик мегӯяд, ки Расул (а) гуфт: Талаб кардани илм фарз аст барои ҳар мард ва зани мусулмон.

2. Анас валади Молик айзан мегӯяд, ки Расул (а) гуфт: Далолаткунандаи кори хайр, монанди кунандаи кори хайр аст. Ба дурустӣ Аллоҳ дӯст медорад, ки бандагони дар ғам гирифторшударо кӯмак ва мадад карда шавад.

3. Абдуллоҳ валади Ҳорис аз Расул (а) гуфт: Касе, ки фақеҳи дини Худо шавад, Аллоҳ Таоло ғамҳояшро дур карда, ризқашро аз тарафе мерасонад, ки дар гумонаш пайдо шудани ризқ аз он тариқ набуд.

4. Восилаҳ аз Расул (а) нақл кардааст. Аз мусибате, ки ба сари бародари мусулмонат расидааст, шодӣ макун, ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дода, туро ба он мусибат гирифтор мекунад ва ғайра.

ЧАРО АБӮ ҲАНИФА ФАҚИҲ

ШУД НА ТАБИБ?

Аз Абӯ Ҳанифа суол кардаанд, ки чӣ маънӣ аст, ки ҳама умри худро дар илми фиқҳ сарф кардӣ ва дар омӯхтан ва истихроҷи масоили он муболағат кардаӣ ва дар илмҳои дигар не? Гуфт: Расул алайҳис-салом фиқҳро дӯст доштӣ ва ман бад-он сабаб дар илмҳои дигар шуғл накардам. Дигар он, ки дар ҳама илмҳое, ки шурӯъ кардам, чун тааммул кардам, дар ҳар яке офате дидам.

Аввал, дар илми тиб шурӯъ кардам, ки дар вай таносоӣ ва манфиати дунёст.

Дуввум, аз касби дунё (ба муомилаи абрешим) машғул шудам, зеро касб кардан суннати анбиё алайҳимус-салом аст.

Саввум, дар илми усул (камол) саъй кардам, ки дар вай лағжидан ё лағжонидан аст. Тарсидам, ки кори саъб (вазнин) аст. Аз роҳи торик ҳазар кардан воҷиб аст.

Чаҳорум, дар илми мунозира муболиғат накардам, ки пирозорист дар вай ва хатост пиронро озурдан.

Панҷум, дар илми қироат муболағат накардам, зеро ҳарчанд саъй мекардам, қурро мехонданд маро.

Шашум, дар илми адаб саъй накардам, зеро ҳарчанд муболағат дар ин илм карда бошам, адиб хонданд манро.

Ҳафтум, сӯҳбат бо кӯдакон накардам, зеро Расул (а) фармудааст, ки чанд чиз дилро табоҳ мекунад; сӯҳбат бо кӯдакон, сӯҳбат бо занон, сӯҳбат бо тавонгарон ва сӯҳбат бо аҳмақон ва ҷавоби аҳмақон боз гуфтан. Расул (а) гуфтаанд: "Ҷавобул-аҳмақис-сукут". Яъне ҷавоби аҳмақ хомӯшӣ аст.

Пас Абӯ Ҳанифа гуфтааст: Ҳама умр дар илми фиқҳ саъй кардам, ки дар вай ҳама нафъ дидам ва зараре на. Агар як масъаларо бо иҷтиҳоди худ ҷавоб гӯям ва агар хато берун ояд, як савоб бувад ва агар дуруст берун ояд, ду савоб ва ба ривояти дигар даҳ савоб бувад. Расул (а) фармудааст. "Ликулли шай-ин имодун ва имодуддини фиқҳ". Яъне ҳар чизе сутун аст ва сутуни дин фиқҳ аст. Аз ин рӯ ағлаби умри худро ба омӯзиш ва таҳқиқи фиқҳ сарф намудам.

ФАТВОЕ, КИ АБӮ ҲАНИФА АЗ ОН ПУШАЙМОН ШУД

Овардаанд, ки рӯзе дар маҷлиси Абӯ Ҳанифа донишманде буд. Ӯ аз ҷой бархост ва гуфт: Эй имоми мусулмонон шумо ҳаргиз ҷавоби масъалаеро гуфтаед, ки баъд аз он пушаймон шуда бошед? Абӯ Ҳанифа гуфт: Бале, гуфтаам ва он чунон буд, ки вақте наздики ман, фатвое оварданд, ки зани ҳомилае вафот ёфтааст. Фарзанд дар миёни батни вай меҷунбад, чӣ кунем? Ман ҷавоби он навиштам, ки паҳлӯи чапи он бишкофед ва он фарзандро бигиред. Намедонам он фарзанд бақо ёфта ё не? Дигар ин аст, ки зарар ба он зани майита бо фатвои ман расонида шуд. Аз ҷавоби ин масъала хеле пушаймон ҳастам. Ҳамон соил гуфт: Эй имоми мусулмонон ҳаргиз дар ранҷ набошед, ки он фарзанд манам. Аз баракати лафзи мубораки шумо Худованди Азза ва Ҷалла ба ман ин мансабро сазовор донист.

Имом Абӯ Ҳанифа (р), гуфтааст: "Ҳеҷ кадоме аз донишмандон набояд омӯхтанро қатъ кунад".

Дар хабар аст, ки боре имом Абдуллоҳ ибни Муборакро пурсидаанд: "То кадом вақт ту дониш хоҳӣ ҷуст?" Дар ҷавоб ӯ гуфт: "То худи марг, зеро эҳтимол дорад ман он суханеро, ки маро манфиат мебахшад, ҳанӯз нанавиштаам!".

Вақте имом Абу Амр ибни Ъалоро мепурсанд, ки "Инсонро то кадом вақт омӯхтан муносиб аст?" вай ҷавоб дод: "То даме, ки ӯро зистан муносиб хоҳад буд".


Ҳоҷи Пирмуҳаммадшоҳи Зайд
устоди ДМТ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97