ПУРСИШУ ПОСУХИ ШАРЪӢ (Посухҳо тибқи мазҳаби ҳанафӣ)

Фарҳанг ва адаб 20.02.2009 15:04

Пурсиш: Агар шахси қарздор барои фирор аз дасти соҳиби қарз шумораи телефони соҳиби қарзро дар телефони худ ба гунае танзим кунад, ки ҳар гоҳ ӯ тамос бигирад, оператори хадамоти мобилӣ "телефони мобилии муштарӣ хомӯш аст" ё "дар дастрас нест" ҷавоб диҳад, оё аз рӯйи шариат чунин коре дуруст аст? Ва ин дар ҳолате мебошад, ки на телефонаш хомӯш асту на хориҷ аз дастрас.

Посух: Таъхир дар адои қарз аслан зулм аст ва барои таъхир дар адои қарз ҳар шевае, ки ба кор бурда шавад, дуруст нест. Аз ин рӯ танзими телефон ба гунае, ки сабаби нороҳатӣ ва сардаргумии соҳиби қарз шаваду натавонад тамос бигирад, дуруст нест. Агар қарздор феълан тавони пардохт надорад ва муҳлати бештаре мехоҳад, метавонад бо барқарории иртибот аз соҳиби қарз муҳлат бихоҳад. Аз ибни Умар (р) нақл шудааст, ки паёмбар (с) гуфт: Матлул ғанӣ зулм Ба таъхир андохтан (-и ) ("Саҳеҳи Муслим" 2/18, "Муснади Аҳмад" 2/71, "Саҳеҳи Бухорӣ" 2287)

Пурсиш: Оё хондани намоз дар қатор ҳавопаймо ҷоиз аст?

Посух: Бале, ҷоиз аст! Албатта агар ба яқин медонад пеш аз он, ки вақти намоз поён ёбад, ба мақсад (яъне ҷойи дарназарбуда) мерасад, ё дар ҷойе таваққуф мекунад, беҳтар ин аст, ки намозро ба таъхир андозад. Вале агар хавфи фавти вақти намоз дорад, намозро ҳамонҷо бихонад ва он иъода (аз сар хондан) ҳам надорад. Аммо дар мавриди қибла агар ба василаи қибланамо ё пурсидан аз касе мушаххас шавад, ба ҳамон сӯй дар сурати имкон намоз бихонад. Дар ғайри ин сурат ба ҳар тарафе, ки муяссар аст намоз бихонад. ("Алфиқҳ ъалаалмазоҳиб аларбаъа" 1/206 ва "Низомулфатово" 1/69-70-71)


З. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97