ЮСУФРО ГУРГ НАХӮРДА БУД

Фарҳанг ва адаб 17.02.2009 13:05

Юсуф писари Яъқуб паёмбари Худо зеботарин ва дӯстдоштатарин фарзанди ӯст. Дувоздаҳумин сураи Қуръони карим "Юсуф" ном дорад ва иборат аз 111 оят мебошад. Дар ин сура Худованд қиссаи Юсуф (а)-ро ба паёмбараш Муҳаммад (с) ваҳй фиристода, онро "Аҳсанулқасас", яъне "қиссаи беҳтарин" гуфтааст. "Ай паёмбар! Мо бо фиристодани ин ваҳй (ки Қуръон аст) бароят беҳтарин қиссаро мехонем, агарчӣ то ҳол аз он хабар надоштӣ " - чунин аст маънои ояти савуми сураи "Юсуф".

Модом, ки ин қиссаро Худованд "Аҳсанулқасас" хондааст, ҷойи шубҳа дар беҳтарин будани он намемонад. Дар 111-умин ё худ охирин ояти сураи мазкур омадааст: "Ҳаройина дар қиссаи паёмбарон пандест соҳибхирадонро! Қуръон сухане нест, ки ба дурӯғ барбофта шавад, валокин бовардорандаи чизҳои пеш аз он ва баёнкунандаи ҳар чизу раҳнамоиву бахшоиш барои аҳли имон (ва боварӣ ба Худо) ҳаст!"

Аз ин оят ҳувайдост, ки мақсуд аз ёд намудани қиссаҳои паёмбарон дар Қуръон чист. Дар Каломуллоҳ достонҳои дигар паёмбарон низ омадааст, аммо достони Юсуф (а) унвони "беҳтарин достон"-ро соҳиб гаштааст. Оре, беҳтарин достон ҳаст ва беҳтарин будани он барои ҳар хонандаи рӯшанзамири Қуръон дар аввалин нигоҳи оқилона маълум мегардад. Ин достон ё худ қиссаи муборак ёдномаест аз паёмбарон, фариштагон, одамиён, чорпоён, дарандагон, бартарии донишмандон, андӯҳу шодӣ, тӯҳмату безорӣ, дороиву нодорӣ, амириву асирӣ ва монанди инҳо, ки нуктасанҷон онро "қиссае бо зикри 40 ибрат" гуфтаанд.

Мухтасари қисса ин аст, ки Юсуф яке аз писарони паёмбар Яъқуб мебошад ва меҳри беғаши падар ба писари зебояш ҳасади дигар бародаронро барошуфта, хашму кина ақлҳои эшонро хира месозад ва бародари ҳамхуни худ Юсуфи зебосурату накӯсиратро ба чоҳ меандозанд ва падари хешро мефиребанд, ки Юсуфро гург хӯрд. Хулоса Юсуфро яке аз аҳли корвоне, ки аз наздики чоҳ мегузашт, пайдо намуда ӯро дар Миср мефурӯшанд. Юсуфи паёмбарзода акнун фурӯхта мешаваду ҳамсари Азизи Миср талош мекунад, ки аз Юсуф ком биҷӯяд ва бо тӯҳмат ӯро равонаи зиндон мекунанд. Чун Юсуф бегуноҳ буду Худованд барои ӯ илми таъбири хобро осон гардонда, бо гуфтани таъбири як хоби дидаи Азизи Миср аз зиндон раҳо ёфт ва ба мақоми баланд дар давлат расид. Дар як соли қаҳтӣ бародаронаш ба ниёзи гандум наздики ӯ омаданд. Билохира Юсуф онҳоро дарак медиҳад, ки бародарашон ҳаст. Дигар падару модарашро низ меоранду дар ҳоле, ки ҳама аҳли хонаводааш атрофи ҳам мешаванд ва хоби Юсуф - дидани 11 кавкаб ва офтобу моҳтоб, ки ӯро саҷда мекарданд - рост мебарояд ва бо ҳамин қисса интиҳо меёбад.

Имрӯзҳо ба фазлу инояти Худованди пок ба хатти сирилик қиссаи Юсуф (а) барои хонандагон дастрас ҳаст ва ахиран ҳам мусалсали "Юсуф паёмбар", ки бо коргадонии Фараҳуллоҳ Силаҳшӯр синамогари муосири иронӣ ба наҳве ҷолиб филмбардорӣ шудааст ва ҳар бинандае аз дидани он лаззат мебарад, ошноӣ бо ҳаёти Юсуф паёмбар барои ҳар хонандаву бинанда дар воқеъ осон гардидааст.

Дар ин навишта мехоҳам ҷое аҷибу маҳзун аз достони Юсуфро ёдовар шавам. Ҷое, ки ҳасади бародарон Юсуфро дар чоҳ мепартояду пеши падарашон мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрд. Бародарон бо баҳонаи ҳамроҳи худ ба "чизҳои болаззат хӯрдану бозӣ кардан" Юсуфро мебаранд то ӯро бикушанд ва яке аз онҳо мегӯяд, ки "Юсуфро накушед ва ӯро дар чоҳи торик биафганед то ӯро мусофире бигирад … (Юсуф: ояти 10)". Онҷо, ки Қуръон мегӯяд: "Шабонгоҳ гирён-гирён пеши падари худ омаданд(16). Гуфтанд: ай падари мо! Ҳаройина мо мусобиқа кардем ва Юсуфро назди рахти хеш гузоштем ва гург ӯро бихӯрд. Ту моро бовар намекунӣ, агарчи ростгӯён ҳастем(17)". Ба ҳамин минвол дили Яъқуб саршори ғам мегардад ва пероҳани Юсуфро ба хуни дурӯғине олуда карда меоваранд, то бо он дурӯғи хешро тасдиқ кунанд. Аммо Яъқуб ин амалашонро "тадбири нафсҳояшон" мегӯяд: "Болои пироҳани ӯ (Юсуф) хуни дурӯғ оварданд. Яъқуб гуфт: нафсҳои шумо пеши шумо тадбиреро оростааст. Пас (кори ман) сабри нек аст. Ва Худо мададгор аст аз ончи шумо баён мекунед". (сураи Юсуф, ояти 18)

Ин қисмати қисса аз мавзӯъ ва ҳодисаҳои муҳимме ҳаст, ки дар адабиёти форсӣ, бахусус дар шеъри классикони мо ҷилва ёфтааст. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар достони "Юсуф ва Зулайхо" ин лаҳазоти аламборро чунин ба тасвир кашидааст:

Фиғон з-ин чархи дӯлобӣ, ки ҳар рӯз,

Ба чоҳе афканад моҳе дилафрӯз.

Ғизоле дар риёзи ҷон чаранда,

Ниҳад дар панҷаи гурги даранда.

Чу Юсуфро ба он гургон супурданд,

Фалак гуфто ки: "Гургон барра бурданд!"

Ба чашмони падар то менамуданд,

Зи якдигар ба меҳраш мерабуданд.

Гаҳе он бар сари дӯшаш гирифтӣ,

Гаҳ ин танг дар оғӯшаш гирифтӣ,

Чу по бар домани саҳро ниҳоданд,

Бар ӯ дасти ҷафокорӣ кушоданд.

Зи дӯши марҳамат бораш фиканданд,

Миёни хораву хораш фиканданд.

Бараҳнапо қадам бар хор мезад,

Ба гул аз хору хас мисмор мезад.

Дар Қуръон омадааст, пеш аз партофта шудани Юсуф дар чоҳ Яъқуб аз он метарсад, ки мабодо Юсуфро гург бихӯрад. "(Яъқуб) гуфт ӯро (яъне Юсуфро) бурдани шумо маро андӯҳгин мекунад ва метарсам, ки шумо ғофил мемонеду ӯро гург мехӯрад".(Юсуф:12-13) .

Дар шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гурге, ки Яъқуб аз он бим дорад, ҳайвони дарандае ба номи гург нест ва ҳеч гоҳ ба шакли ҳайвони даранда тасвир намешавад:

Дев гург асту ту ҳамчун Юсуфӣ,

Домани Яъқуб магзор эй сафӣ!

Дар дигар ҷо Мавлавӣ мегӯяд:

Барра пеши гург менаҳӣ,

Гургу Юсуфро мафармо ҳамраҳӣ.

Ҷоҳил ар бо ту намояд ҳамдилӣ,

Оқибат захмат занад аз ҷоҳилӣ.

Ба назари Мавлоно ҳеҷ офате бадтар аз ношинохт нест. Ҳар касе, ки дидаи бино надорад дар бари ёр асту ишқбозӣ наметавонад. Шоири ширинсухан дар ҷое дигар мефармояд:

Офате набвад батар аз ношинохт,

Ту бари ёру надонӣ ишқ бохт.

Хун ҳамегӯяд ман обам ҳин марез,

Юсуфам, гург аз туам, эй пурситез!

Мавлоно ақлро сутуда онро офарин мегӯяд. Ақл роҳнамост ва рӯҳи инсонҳоро аз чоҳи нодониҳо мераҳонад то шоистаи рӯи Юсуф шаванд. Дар ҳоле ки ҳамаи дарҳо ба рӯи гургсифатони ноогоҳ баста мегардад.

Нолаи кофир чу зишт асту шаҳиқ,

З-он намегардад иҷобатро рафиқ.

Дон, ки бо Юсуф ту гургӣ кардаӣ,

Ё зи хуни бегуноҳе хӯрдаӣ.

Тавба кун в-аз хӯрда истифроғ кун,

В-ар ҷароҳат куҳна шуд, рав доғ кун.

Хулоса, Юсуфро гург нахӯрда буд ва бародаронаш ба хотири пӯшондани айби худ ҳам дурӯғ бофтанду ҳам бар гург туҳмат бастанду ҳам дурӯғро гуфтан натавонистанд. Онҳо танҳо болои пероҳанро хунолуд карданд ва хун ба даруни он нарасида. Сари ҳамон вақт Яъқуб донист, ки бародарони Юсуф дурӯғ мегӯянд вале онҳоро дурӯғгӯ ҳам нагуфт, балки эшонро хитоб кард, ки "нафсҳои шумо пеши шумо тадбиреро оростааст".

Дар "Аҳсанулқисас" Худованд ҳикматҳоеро барои бандагон ба таъкид мерасонад, ки якояки онҳо ибратбахшанд. Меҳрубонии падар ба фарзандон, носипосии фарзандон дар баробари падар, ишқбозиву найранги хонуми сармоядор, ба нархи ночиз фурӯхтани инсон, беадолатии иҷтимоӣ, тантанаи адолат пас аз норостиҳо ва монанди инҳо дар ҳамагӣ 111 ояти сураи "Юсуф" инъикос ёфтааст ва барои хонандагони азиз тавсияи мо чунин аст: "Беҳтарин достон"-ро аз беҳтарин китоби мавҷуд дар ҷаҳон ҳаддиақалл боре бихонед то беҳтарин достон будани онро бо боварӣ бовар кунед.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97