«ИДИ ВАЛЕНТИН» ҶОИЗ НЕСТ!!!

Фарҳанг ва адаб 14.02.2009 22:19

Паёмбар (с) дар баъзе ҳадисҳои муборакаш ба мо хабар додааст, ки нафароне аз умматаш одату тақолиди дигаронро пайравӣ хоҳанд кард. Дар ривояти Абӯсаид ал-Худрӣ (р) аз Паёмбар (с) омадааст: "Шумо одату тақолиди касонеро, ки пеш аз шумо буданд, ваҷаб ба ваҷаб, зироъ ба зироъ (аз ангушт то оринҷ) пайравӣ мекунед, ҳатто агар онҳо ба хонаи келаск дароянд, шумо ҳам аз пасашон медароед".

Аз ӯ пурсиданд: "Яҳудону насрониёнро"? Ҷавоб гуфт: "Пас киро?" Ҳақиқати ин суханонро имрӯз мо дар кишварҳои мусулмоннишин аз ҷумла, дар Тоҷикистони азизамон мебинем. Хусусан дар солҳои охир, дар ҷомеаи мо идҳое монанди "Рӯзи Валентин" ё "Иди муҳаббат" пайдо шудааст, ки дар байни мо 16-17 сол пеш, ҳатто номаш набуд. Мутаассифона бархе аз ҷавонони мо ин идро пазируфта, ҷашни онро аз ҷавонони кишварҳои ғарбӣ ҳам пуршукӯҳтар таҷлил мекунанд.

ТОРИХЧАИ ИДИ ВАЛЕНТИН

Дар бораи пайдоиши ин ид якчанд қиссаҳо вуҷуд доранд, ки машҳуртарини онҳоро зикр мекунем. Дар ибтидо, ин идро румиёни қадим ҳангоме, ки бутпараст буданд, ҷашн мегирифтанд. Ба эътиқоди онҳо, муассиси шаҳри Рум Ромалёсро гурге шир дода, ба ӯ қуввату ақли расо бахшида буд. Ин ҳодисаро румиён ҳар сол дар нимаи моҳи феврал ҷашн мегирифтанд.

Дар рӯзи 14 феврал онҳо як саг ва як бузро кушта, хуни онро бар тани як писар ва як духтари соҳибҷамол молида, сипас хунро бо шир мешустанд. Ин ду ҷавон бо ҷавонони дигар ба кӯчаҳои шаҳр баромада, ҳар шахсе, ки аз пешашон мебаромад, онро бо қамчин мезаданд.

Ба эътиқоди онҳо зарбаи қамчин онҳоро аз бефарзандӣ шифо мебахшид.

Аммо иртиботи "Валентин" бо ин ид дар он аст, ки ӯ яке аз даъватгарон ба дини насронӣ, дини муҳаббату дӯстӣ буда, ба дасти сарлашкар Клавдиюс кушта шуд. Ҳангоме, ки румиён дини насрониро қабул карданд, нахостанд ин идро аз байн бибаранд.

Ҳамингуна "иди Валентин" аз бутпарастӣ, ба дини насронӣ гузашт. Ин идро "Иди ошиқон" низ меноманд ва ба гумони масеҳиён Валентин сарпарасту шафоаткунандаи ошиқон аст. Вақте ин ид дар дини насронӣ ривоҷу равнақ ёфт, тарсоён рӯзи Валентинро чунин ҷашн мегирифтанд. Номҳои духтароне, ки ба синни балоғат расида буданд, дар варақчаҳо навишта, бар болои миз мегузоштанд. Сипас ҷа¬во¬ноне, ки рағбати издивоҷ доштанд, омада варақча мегирифтанд ва он номи духтаре, ки дар варақча мебаромад, писар бо он духтар муддати як сол ҳамдигарро санҷида, баъд аз он издивоҷ мекарданд ва агар писанди ҳамдигар намешуданд, ин қуръакаширо бори дигар мегузаронданд. Руҳониёни дини насронӣ ин ҳамаро боиси вайроншавии ахлоқу рафтори ҷавонон дониста, ин идро дар Рум аз байн бурданд. Вале асрҳои 18-19 дар Аврупо иди мазкур аз нав эҳё шуд.

ҚИССАИ ДИГАРИ "РӮЗИ ВАЛЕНТИН"

Қиссаи дигар дар бораи пайдоиши "Рӯзи Валентин" чунин аст: Ҳангоме, ки румиён дини насрониро қабул карданд, император Клавдиюси 2, ки асри 3-и милодӣ ҳукмрони Рум буд, сарбозонашро аз издивоҷ кардан манъ намуд. Ба фикри ӯ оиладорӣ сарбозонашро аз ҷангҳое, ки байни Рум ва душманони беруна буд, машғул месохт.

Валентин зидди ин қарор баромада, пинҳонӣ ақди издивоҷи сарбозонро барпо менамуд.

Император аз ин корҳо огоҳӣ ёфта, ба ғазаб омад. Валентинро ҳабс карда, ба ӯ ҳукми қатл дод ва дар зиндон Валентин ошиқи духтари нозири ҳабсхона шуд. Дар дини насронӣ барпо намудани ин гуна алоқаҳо манъ аст. Лекин руҳониёни насронӣ ин кори Валентинро ба ӯ бахшиданд. Зеро вақте император ба Валентин ваъдаҳо дод, ки агар аз ақидаи худ баргардад ва бутҳои румиёнро парастад, ба ӯ замину моли зиёд мебахшад, ҳатто ба ӯ яке аз хешони худро ба занӣ медиҳад, лекин Валентин напазируфт ва аз эътиқодаш барнагашт. Рӯзи 14-уми феврал ӯро ба қатл расонданд. Аз ин сабаб калисо ӯро қурбонӣ дониста, ба ӯ ишқи духтари нозири ҳабсхонаро бахшид.

ИДИ ВАЛЕНТИН ИДИ БУТПАРАСТОН Ё ИДИ НАСРОНИЁН?

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ин ид дар аввал иди румиёни бутпараст буда, сипас ба иди румиёни насронӣ табдил ёфт. Пас ҳар шахсе ин идро ҷашн мегирифт, ӯ як муносибати ширкомезро гиромӣ медошт. Ҳамчунин ин ид аз назари попҳои Рум аз сабабе, ки ахлоқу ақлҳои ҷавононро вайрон месохт, қабеҳ буда, онро аз байн бурданд.

ҶАШНИ ВАЛЕНТИН БАРОИ МУСУЛМОН

Аз нигоҳи эътиқодӣ ҷашни чунин идҳо барои мусулмонон бегонааст. Идҳо дар дини мубини Ислом муайян гардидаанд, аммо ин ид аз миллати Ислом нест. Паёмбар (с) дар ин хусус гуфтааст: "Шахсе, ки бо қавме худро монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост." Ин ҳадиси шариф ба манъ аз пайравии ғайри мусулмонон дар идҳо, ойинҳо, урфу одат ва ғайра далолати равшан дорад.

Пас мусулмон бояд чунин идеро ҷашн нагирад. Касеро табрику таҳният накунад ва агар шахсе ӯро бо ин ид табрик кунад, ба ӯ ҷавоб надиҳад ва дар ҷашнгирии ин ид касеро кӯмак нарасонад.

Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки агар ин тавр бошад, дар дини Ислом муҳаббат манъ аст. Не ин тавр нест, ин фаҳми хато ва нодуруст мебошад. Дар дунё дине нест, ки пайравони худро ба муҳаббату дӯстӣ чун Ислом ташвиқу тарғиб намуда бошад. Лекин бояд ин муҳаббат дар асоси алоқаи ҳалол байни марду зан барпо гардад, ки асосаш никоҳ мебошад.

Марди мусулмон бояд зани худро нафақат дар як рӯзи муайян дӯст дорад, масалан 14-уми феврал, балки ҳар нафасу ҳар лаҳзаву ҳар рӯзи сол. Яъне муҳаббати зану шавҳар дар дини мубини Ислом дар як рӯзи муайян нест.

Дар ин бора Паёмбар (с) аҳодиси зиёд дорад. Яке аз ин ҳадисҳо ин аст: "Хубтарини шумо касест, ки барои оилааш хубтарин бошад ва ман хубтарини шумо барои оилаам ҳастам." Яъне мард бояд барои оилааш хубтарин шахс бошад ва ин амалро танҳо ба воситаи муҳаббат метавон анҷом дод.

Инчунин дар дини мубини Ислом муҳаббату дӯстӣ нафақат байни зану мард, балки муҳаббат метавонад муҳаббати Худованд, муҳаббати Паёмбар (с), муҳаббати дӯстони Худо, муҳаббати бародарон дар Ислом ва бо шаклҳои дигар низ бошад.


Рустам НОСИРОВ, устоди
Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97