АВВАЛИН МУҲАҚҚИҚИ ШАХСИЯТИ ИМОМИ АЪЗАМ КИСТ?

Фарҳанг ва адаб 14.02.2009 21:29

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки давлат соли 2009-ро соли бузургдошти фарзанди барӯманди миллати тоҷик, фақеҳи забардаст, пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам эълон кард. Ҳадаф аз иншои ин навишта ошно сохтани хонандагон ба нахустмуҳаққиқи аҳвол ва осори Имоми Аъзам дар Тоҷикистони пасошӯравӣ ё баъди истиқлолӣ аст.

МУҲАММАД САБУРӢ БУХОРӢ ВА ИМОМИ АЪЗАМ

Як нуқтаро пешакӣ таъкид кардан аз рӯи инсоф ва адолати инсонӣ аст, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои навадум, дар он давраи истиқлолиятталабии ҷумҳуриҳои собиқ Давлати Шӯравӣ ду китоби Муҳаммадсабури Бухорӣ дар хусуси шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам дар Маркази Исломии Бухоро бо хатти сирилик бо забони тоҷикӣ аз чоп баромаданд. Дар он солҳои пуршӯр ин кор барои соҳибаш оқибатҳои фоҷиабор, таъқиботу дар ба дарӣ ва фирорӣ шуданро ба бор овард. Банда ҳодисоти рӯзгори фирории Муҳаммадсабури Бухориро аз забони шахсияте, ки дар мақола сухан дар бораи ӯ меравад Бегиҷони Рустамзода (рӯҳашон шод бод) шунида будам.

БЕГИҶОНИ РУСТАМЗОДА КИСТ?

Бегиҷони Рустамзода дӯст ва бародари ҷониям буданд. Таваллудамон соли 1963 аст. Якҷо мактаби ҳаштсола ва миёнаро хатм кардем. Ман ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ДМТ) дохил шудам ва Бегиҷон ба хизмати артиши Шӯравӣ рафт. Баъди хизмат ба ДОТ ба номи Қандил Ҷӯраев факултаи таърих дохил шуда онро бомуваффақият хатм намуд.

Аз соли 1993 то 2000 сол яъне то охири умр аввал аспирант ва баъдан корманди хурди илмии шӯъбаи таърих ва назарияи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АУ Тоҷикистон буд. Таи ин солҳо Бегиҷон се китоб: Одобнома, Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) кист? Ва Ақидаҳои фиқҳии Имоми Аъзам ва чандин мақола оиди рӯзгор, шахсият ва таълимоти Имом Аъзам ва масъалаҳои дигари дину шариати ислом чоп намуд. Ҳамчунин рисолаи нотамоми илмиаш, ки дар арафаи ҳимоя буд.

Гарчанде, ки рисолаҳои таълифнамудаи ӯ нисбати Имоми Аъзам ҳаҷман хурд бошанд, вале ин ибтидои кор ва фаъолияти илмии ӯ буд, дареғ умр вафояш накард ва дар айни камолоти эҷодӣ дар сини 37-солагӣ дунёи ҳастиро падруд гуфт. Равоншод ба бемории саратони хун гирифтор шуд, ки як солу се моҳи охири рӯзгори хешро фақат дар беморхонаҳо ва бистари беморӣ сипарӣ кард.

Бегиҷон ҷавони донишманд буд, хотираи қавӣ ва табъи худодод дошт. Донандаи улуми динӣ ва дунявӣ буд, шеър иншо мекард ва овози марғуладори наттоқӣ дошт. Бештари Қуръонро фаро гирифта буд ва илми ҳадисро хуб медонист. Аз эҷоди шоирону мутафаккирон садҳо байтро аз ёд медонист. Аз уламои машҳури дин таълиму тадрис омӯхта, худ ба сифати устоди илми қироати Қуръон ба шогирдони зиёде дарс мегуфт. Қисса кӯтоҳ шахсияти ҳаматарафа ташаккулёфта ва олими ҷавону умедбахш буд, мехост доир ба шахсияти Имоми Аъзам рисолаи илмӣ дифоъ намояд, осор ва таълимоташро ба хубӣ ва ҳаматарафа таҳқиқ ва омӯзиш намояд, вале…

РУСТАМЗОДА ВА ДИГАР МУҲАҚҚИҚОНИ ИМОМИ АЪЗАМ

Як чизро дар навишта ёдрас шудан ҳатмист, ки ба таҳқиқи Имоми Аъзам дар ин солҳо на танҳо Бегиҷон, балки дӯсти дигари ҳамсабақамон Бурҳониддини Бузургмеҳр (ҳоло устоди ДОТ ба номи устод С.Айнӣ) низ машғул буданд, ки соли 2000 китоби пурмӯҳтавову хонданӣ дар ҳаҷми 400 саҳифа бо номи Аҳвол ва осори ҳазрати Имоми Аъзам-Абӯҳанифа(р) дар нашриёти "Нодир" аз чоп бароварданд ва соли 2008 дубора онро нашр сохт.

Ҳамчунин баъдтар соли 2004 олими мӯътабару донишманд устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода китоби хешро бо унвони "Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа" пешкаши хонандагон намуданд.

Бародари фақеҳ ва донишвари мо Абдушарифи Бақозода бошад соли 2006 китоби "Фиқҳи исломӣ"-ии худро ки бар асоси мактаби фиқҳӣ Имоми Аъзам навишта шудааст, аз чоп баровард. Дар ин рӯзҳо бошад китоби дигари устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода "Ақидаи Имом Абӯҳанифа" аз чоп баромад, ки гувоҳи таваҷҷӯҳ ва хизмати шоёни эшон бар муаррифии аркони фиқҳи ҳанафӣ аст.

Месазад ин ҷо мақолот ва навиштаҳои олимони саршиноси исломӣ устод Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода ва Маҳмуди Тӯраҷонзода ва чанде бародарони дигарро низ ном бурд, ки баъди эъломи соли гиромидошти Имоми Аъзам чоп гардиданд ва сари ин масъала дар мақолаи оянда гуфтугӯ хоҳем кард.

РУСТАМЗОДА НАХУСТИН МУҲАҚҚИҚИ

ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хизмати ҳар яки ин устодон шоистаи таҳсин ва арҷгузорию эҳтиром аст. Вале суоли матраҳ дар ин мақола ин аст, ки ба ҳама камию костӣ аввалин муҳаққиқи Имоми Аъзам аз нигоҳи илмӣ Бегиҷони Рустамзода аст. Аз соли таълиф то ба имрӯз он ду китобчаи ӯ дар тамоми мағозаву дӯконҳо дар фурӯшу дар савдост. Суоли аламовар аз ин бандагони Худо ин аст, ки бо гузашти 8-сол аз марги Бегиҷон ба худ боре андешидаанд, ки аҳволи хонаводаи ин ҷавонмарги илм дар чӣ ҳол аст? Соҳиби ин китобҳо кист ва чӣ гуна шахсиятест. Қазоватро ба имону виҷдони онҳо ҳавола мекунем. Ин ҷо зидди фурӯш ва савдои китобҳои ӯ нестем, фақат мехостам, ки ин мардум боре барои хайру савоб низ андеша мекарданд.

Барои банда ин алам ҳеҷ зудуда намешавад, ки соли охири ҳаёти Бегиҷон бо вуҷуди дарди ҷонсӯзу ҷонгир ва бистарии тӯлонӣ аз "кормандони илм" касе ба ҷуз устод А.Шерзод ба аёдат ва ҷанозааш наомад. Касе ба таскину таслияти чор ҷигаргӯшаи хурдсоли сағир ва ҳамсари бечораву беҳолаш нарафт. Валек "Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад". Чор писари хушрӯи Бегиҷон: Шоҳрух, Некрух, Шаҳобиддин ва Фирдавс ҳеҷ гоҳ аз ғамхории пайвандону наздикон дур намонданд ва намемонанд. Ҳадаф аз ин мисолҳо нишон додани бепарвоӣ ва бешафқатии атрофиён нисбати як нафари фарҳангӣ ва толибилм аст. Охир агар Бегиҷон имрӯз зинда мебуд, олими шинохта ва зебу фахри маҳфили ҷашнвораи "Бузургдошти Имоми Аъзам" буд.

ТАЪЛИФОТИ БЕГИҶОН ДОИР БА ИМОМИ АЪЗАМ ЧУНИН НАСТ:

1. Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) кист? - Душанбе, соли 1999 иборат аз 46 саҳифа;

2. Ақидаҳои фиқҳии Абӯҳанифа (Имом Аъзам) - Душанбе, соли 1999 иборат аз 42 саҳифа.

РИСОЛАИ АВАЛИ Ӯ АЗ ДУ БОБ:

Зиндагӣ ва осори Абӯҳанифа, Абуҳанифа ва Калом иборат аст. Дар боби аввали рисола муҳаққиқ оиди ному насаби имом аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ, вилодат, ҷои таваллуд, таҳсили илм, рӯзгори фақеҳӣ, вафоти Абӯҳанифа, таҷҳиз ва тадфини Абӯҳанифа, лақаб ном ва кунияти Абӯҳанифа, Абӯҳанифа ва забони форсӣ ва густариши мазҳаби ӯ дар ОМ, асҳоби раъй ва Абӯҳанифа, Ахлоқи Абӯҳанифа, сифати Абӯ ҳанифа ва чанд ҳикматеро аз рӯзгори Абӯҳанифа дар бар мегирад.

Боби дуюми рисолаи зиркшуда назари Абӯҳанифаро нисбат ба шарҳи илми калом ва мавзӯъи он, имон ба Худо, сифати Худо, сифати феълии Худо, имон ба китобҳои Худо, имон ба паёмбарон, имон ба сарнавишт (қазо ва қадар), имон ба баъс (зинда шудани баъди марг), имон ба охират, назари Абӯҳанифа оиди Қуръон, вазъи имони шахсе, ки гуноҳи кабира содир кардааст, ҳаққонияти ҷаннат ва дӯзах, ҳавзи Расул (ҳавзи Кавсар), сирот, дидани дидори Худо, меъроҷи Расул, суоли накир ва мункар, имон ва ислом, назария оиди ихтиёр ва тафсилоти мухтасаре оиди равияи мӯътазила фаро мегирад.

Рисолаи дуюми Бегиҷон "Ақидаҳои фиқҳии Абӯҳанифа" бо пеш-гуфтори номзади илмҳои фалсафа устод Ш. Абдуллозода шурӯъ шуда, дар саҳифаҳои аввали он шодравон мафҳуми фиқҳро шарҳу эзоҳ додааст.

Баъдан ақидаҳои Абӯҳанифаро нисбати бахшҳои фиқҳи исломӣ; илми ибодат, илми муомилот, илми ҳудуд дар бар мегирад.Дар қисмати илми ибодат андеша ва масъалагузории Имоми Аъзам нисбати таҳорат, фароизи вузӯъ, суннатҳои вузӯъ, шиканандаҳои вузӯъ, баёни намоз, авқоти намоз, шартҳои намоз, он чи намозро вайрон (фосид) мекунад, аҳкоми азон ва иқомат, анвоъи намоз, рӯза ва аҳкоми он, ҳаҷ ва аҳкоми он баррасӣ шудаанд.

ҚИСМАТИ ИЛМИ МУОМИЛОТ:

Аҳкоми закот, аз ҷумла, закоти гӯсфанду шутур, гов, тилло ва нуқра, аҳкоми ушр, садақаи фитр, қурбонӣ, никоҳ, маҳр, разоъ (ширхорагӣ), талоқ, вақф, мафқуд, лақит, ҷизя, моли бегонае ки инсон пайдо мекунад, муртад, ушр ва хироҷ, рибо, мусла, хунбаҳои мусулмон ва кофир, одоби нишастан, гирифта шудани нури офтоб ва моҳтоб, истиқболи меҳмонро дар бар мегирад.

БАХШИ ИЛМИ ҲУДУД БОШАД:

Аҳкоми зино, шаробнӯшӣ, оё фурӯхтани хамр ҳалол аст, ҳадди қазф (фаҳшу дашном), аҳкоми таъзиз (танбеҳ), сирқат (дуздӣ), ҷазои роҳзанонро шарҳу эзоҳ додааст.

Рисолаҳои таълифнамудаи Бегиҷон дар бораи Имоми Аъзам бо мушахассоти худ мазмуннокӣ, ҳадафнокии илмӣ шарҳу эзоҳи равшану гӯё фарқ доранд. Бо қалами ӯ чандин мақолоти илмӣ низ дар саҳфаҳои маҷаллоту ҷаридаҳо оиди мавзӯъҳои гуногун ба табъ расидааст, ки хонандагон метавонанд аз матбуоти даврии солҳои 1995-1999 дастрас намоянд.

МАРГИ БЕГИҶОН РУСТАМЗОДА

Барои ман марги Бегиҷон дӯст ва бародари азизам мусибати азим ва гарон буд ва мемонад, зеро ӯ воқеан шахсияти нотакрор, инсони поксиришт, тақводору покизарӯзгор, обиду ориф, устоди улуми қуръонӣ, ровии ширинсухан, хатоти моҳир ва соҳиби ахлоқи писандидаву накӯ буданд. Қарзи имонӣ ва виҷдонии хеш донистам, ки ин навиштаҳоро бо хотири рӯҳи ба ҳақпайвастаи ӯ эҳдо намоям ва дуояш мекунам, ки Худованд дар биҳишти анбарин ҷояш дода бошад.

Дар рӯзҳои баъди маргаш ин мисраҳои ашку ҳасратро низ ба ёди ӯ иншо карда будам:

Дар ин зулматсаро танҳоям, ай дӯст,

Ку поёни шаби ялдоям ай дӯст.

Ба ёдат шӯълавар ҷони ғарибам,

Ҳамесӯзад зи сар то поям, ай дӯст.

Дигар шодӣ ба сӯи мо наояд,

Замоне ҳам зи ғам н-осоям, ай дӯст.

Ҳамегиряд шабеҳи абри найсон,

Ҳама ҳастӣ, ҳама дунёям, ай дӯст.

Ту худ африштаи бинмой роҳам,

Ки дар андешаи фардоям ай дӯст.

Агарчӣ умри ман сад сол бошад,

Ба сӯят боз ҳам меоям ай дӯст…


Мирзоҳусайни Бадалипур
устоди факултаи фалсафаи ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97