ҒИЗОҲОИ ДӮСТДОШТАИ МУҲАММАД (С)

Фарҳанг ва адаб 14.02.2009 18:25

Чун хонандаҳои азиз лутф намуда бо мо дар тамос шуданду роҷеъ ба матлаби "эҳтироми нон" изҳори назар намуданд ва чун дар ин шумора посух ба хонандаҳои муҳтарамро ваъда дода будем, дар бастагӣ ба мавзӯъ ковише дар интернет анҷом додам ва онро ба хонандаҳои азиз пешниҳод менамоям. Гарчанде ҳазрати Расули акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ дошт фидои дигарон мекард ва аз хонааш камтар дида мешуд, ки дуде баланд шавад, вале ривоёти исломӣ маълумотеро оид ба ғизохӯриҳои ӯ ва ғизоҳои дӯстоштааш ба мо нақл намудаанд.

Мутобиқи ҷустуҷӯи интернетӣ аксари ривоятҳо баёнгари онанд, ки Пайғамбари худо ва ёронаш хеле зиёд аз хурмо истифода менамуданд. Имом Бухорӣ аз ҳадиси Оиша разияллоҳу анҳо ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам аз хӯрданиҳо ширинӣ ва хурморо дӯст медошт.

Дар ҷилди 7, Саҳеҳ Бухорӣ дар китоби ғизо таҳти рақами 348 аз ҳазрати Анас ривоят шудааст, ки мефармояд ман дидам, ки назди Пайғамбари худо саллалоҳу алайҳи ва саллам шӯрбоеро гузоштанд, ки ҳам гӯшт дошту ҳам каду ва дидам, ки Расули худо пораҳое аз кадуро аз он шӯрбо мебардошту мехӯрд.

Дар ҳамин марҷаъи собиқ таҳти рақами 358 аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст, ки ҳазрати Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам байни саҳобагон хурмо тақсим менамуд ва барои ман панҷ хурмо расид, ки яктои он Ҳашафа (номи хурмо -С.Ю.) буд ва хӯрданаш барои дандонҳои ман сахт буд.

Боз ҳам дар марҷаъи собиқ дар ҳадиси рақами 356 аз Саъд ривоят шудааст, ки ҳазрати Расулаллоҳ (с.а.с) фармудаанд, ки; "ҳар касе ҳар субҳ ҳафтто хурмои Аҷворо бихӯрад аз сеҳру заҳр дар амон аст".

Дар шарҳи ривояте, ки мегӯяд, ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам шириниро дӯст медошт, Имом Нававӣ мегӯяд, ки ин ширинӣ ҳар ду шириниро дар бар мегирад, ҳам ширинии табиъӣ (мисли меваҳои ширин хурмо, анҷиру ангур ва ғайра-С.Ю.) ва шириниҳои тайёркардашуда (мисли ҳалво- С.Ю.).

Имом Аҳмад ва Тирмизӣ ба ривояти Анас овардаанд, ки "ҳазрати Расулаллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам хӯрдани кадуро дӯст медошт".

Инчунин Имом Аҳмад ва имом Тирмизӣ ва дигар муҳаддисон ривоят намудаанд, ки ҳазрати Рисолатпаноҳ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гӯшти дасти гӯсфандро дӯст медошт.

Ал-Осимободӣ мефармояд, ки Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам барои он хӯрдани гӯшти дасти гӯсфандро дӯст медошт, ки осонпаз, бомазза ва бо табъ аст.

Имом Хаттобӣ мегӯяд, ки "дӯст доштани он ҳазрат саллалоҳу алайҳи ва саллам дасти гӯсфандро аз он маълум нашудааст, ки ӯ дархост карда бошад ва ё гуфта бошад, вале вақте гӯсфанди пухтаро назди Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам мегузоштанд, ӯ аз дасти гӯсфанд мехӯрд ва аз ҳамин ҷо фаҳмиданд, ки ӯро ин гӯшаи дасти гӯсфанд мақбул аст".

Дар сомонаи www.repeenews.com, ки зоҳиран ба сӯфиҳои Покистон марбут аст, 12 ғизоҳои маҳбуби Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салламро бе зикри ривояту манбаъ ном бурдааст, ки инҳо мебошанд: 1) ҷав, 2) хурмо, 3)анҷир, 4) ангур, 5) асал, 6) тарбуз, 7) шир, 8) занбурӯғ, 9) равғани зайтун, 10) анор 11) сирка, 12) об.

Ва дар сомонаи дигари интернетӣ бо суроғаи http://www. ajmalbeig.addr.com/isl_foods.htm ин хӯрданиҳои дар боло зикр гардидаро бо аксҳояшон оварда, фоидаи тиббии ҳар кадоми онро дар паҳлӯяш бо забони англисӣ зикр намудааст.

Ба ҳар ҳол ин ковиш нишон дод, ки аксари ғизоҳое, ки ҳазрати Расули акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам тановул менамуд ва ё ба ӯ мақбул буданд, хеле ҳам ғизоҳои солим ва барои саломатӣ фоидаовар буданд.

Роҳу равиши Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам дар хӯрдан ингуна буд, ки будагиро мехӯрд ва нобударо талаб намекард. Ҳар чӣ ба ӯ маъқул буд, мехӯрд ва ҳар чӣ ба ӯ писанд намеомад аз пешаш дуртар мегузошт ва дар борааш чизе намегуфт. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам ҳаргиз аз хӯрданӣ ва ғизое шикоят намекард.

Суннатҳои Пайғамбар (с.а.с) оид ба хӯрдан:

Ҳар ду дастатро қабл аз хӯрдан бишӯй.

Пеш аз тановули хӯрок аввал фаршеро рӯйи замин паҳн намо.

Кафшҳои худро қабл аз хӯрдан барор.

Нишаста бихӯр.

Бо садои баланд бигӯ "Бисмиллоҳи ва ъало баракатиллоҳ".

Бо дасти ростат бихӯр.

Агар тавонӣ бо се ангуштат бихӯр.

Аз хӯрдани таоми бисёр, гарм(ҷӯш) парҳез намо ва ғизоро пуф накун.

Аз пеши худ бихӯр.

Агар порае аз хӯрок афтад, онро бардошта пок намуда бихӯр.

Ҳангоми хӯрдан нағел.

Дар таом айбҷӯи накун.

Ё чорзону дар замин бинишин ё рӯйи як зону нишаста зонуи дигарро бардор, ё ҳангоми хӯрдан ҳар ду зонуҳоятро бардор.

Бояд баъди хӯрдан ангуштҳоро лесид.

Баъди хӯрдан дуъо хонед.

Аввал ғизоро бардоред, баъд худатон бархезед.

Зарфҳои хӯрокхӯриро пас аз хӯрдан бишӯед.

Бо анҷоми ин амал зарфҳо барои мағфирати шумо дуъо хоҳанд намуд.

Баъди ғизо ҳар ду дастатро бишӯй ва даҳонатро обгардон намо.

Ҳангоми хӯрдан бояд хомӯш набошед.

Суннатҳои нӯшидан:

Мусулмон бояд бо дасти рост бинӯшад (албатта нӯшиданҳои ғайри спиртӣ) зеро Шайтон бо дасти чап менӯшад.

Нишаста бинӯшед.

Пеш аз нӯшидан "бисмиллоҳ" бигӯед ва баъди нӯшидан "Алҳамдулиллоҳ".

Дар се нафас бинӯшед ва зарфи обро баъди ҳар нафас аз лабонатон дур кунед.

Аз зарфи обгирӣ ё обдор мустақим нанӯшед, бояд обро дар зарфи шишагине, агар бошад, бирезед ва обро нигоҳ намуда баъд бинӯшед.

Манбаъ: http://hubpages.com/hub/Islami


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97