АГАР БА КОМИССИЯИ ТАТБИҚИ ЗАБОН УМЕД БАНДЕМ
Дар мавриди забони тоҷикӣ навиштаанду боз менависанд. Мақсад аз навиштани муаллифон ин аст, ки забони ин миллату ин Ватан-тоҷикӣ мақому нуфузашро бештару беҳтар пайдо кунад. Вагарна, қаламбадастони мо дигар мавзӯе намеёбанд?... Ва ба ростӣ, ҳамин навиштанҳост, ки хиёбони Рӯдакӣ ба қадре тоҷикӣ шуд…
Дар бисёр идораву вазоратҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ-тоҷикӣ роҳандозӣ гардид. Агар танҳо ба умеди Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ шавем, аниқ дар ин даҳсолаи наздик ҳам забони мо ба курсии давлат нахоҳад нишаст. Дар ҳақиқат, хурдтарин иқдоме, ки дар мавриди болоравии нуфузи забонамон рӯи кор меояд, моро хурсанд мекунад. Вале оё ин ҳама иқдомоти ҷузъӣ дар замон ҷаҳонишавӣ ва мухолифатҳои тезутунди абарқудратҳо барои нуфуз пайдо кардан дар олам ин ҳама тадобир дар самти боло бурдани ҷойгоҳ ва нуфузи забонамон басанда аст?...
АҶАБ КОРЕ КАРД УЗБАКИСТОН
ВА ҶАМОҲИРИ НАЗДИ БАЛТИК
Бубинед, дар дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Назди Балтик, ки замоне дар он ҷойҳо низ забони муоширати байни миллатҳо-русӣ ҳукмрон буд, барои мустаҳкам намудан ва нуфузи забонашонро болотар бурдан, ба чӣ иқдомҳои назаррасе даст задааанд. Ва хеле хуб ҳам кардаанд. Зеро агар чунин иқдомоти ҷиддиро рӯи даст нагиранд, забони русӣ бегумон чун наҳанге онҳоро фурӯ хоҳад кашид ва билохира аз онҳо ном мемонаду нишон не! Дар Узбакистон ҳатто як чойхоначии бесаводаш ҳам дар даврони шӯравӣ аз меҳмон ё сайёҳи хориҷӣ донистани забони узбакиро талаб мекард. Агар намедонистӣ, ба ту хизмат намерасонд. Агар чунин намекарданд, забони тоҷикӣ ва русӣ забони узбакиро "мехӯрданд". Ана ҳамин сахтгириҳо ва забондӯстии онҳо буд, ки забони узбакӣ сари ҳар ду ин забонро "хӯрд".
ВАЗИРИ ҶАСУР ВА ДЕПУТАТҲОИ
МИЛЛАТДӮСТИ ЛАТВИЯ
Тавассути барномаи хабарии "Вести"-и шабакаи телевизионии РТР "Планета" (18.12. 08) - Русия ахборе пахш шуд, ки вакилони Сейми Латвия бо ташаббуси вазири адлияи ин кишвар ба қонуни асосиашон иловае ворид карданд, ки мувофиқи он "ҳар сокини кишвар, ки забони латиширо намедонад, ба кор қабул намешавад ва ё аз кор хориҷ мегардад". Аллакай ин қонун дар қироати аввал аз ҷониби аксарият дастгирӣ ёфт ва ба қавли шореҳи ин шабака дар қироати дуюм айён аст, ки он қабул хоҳад шуд. Ва тибқи нишондоди он қонун дар Латвия қабл аз он, ки касеро ба кор бигиранд, аввалтар аз ҳама донистани забони латиширо аз ӯ талаб мекунанд ва бояд корманд ё корҷӯй шаҳодатномаи махсусеро бо худ дошта бошад, ки дар он навиштаи "забони латиширо медонад" дарҷ ёфтааст. Ва дар ин илова боз қайд гардидааст, ки ҳар кӣ бо латишӣ сӯҳбат кардан наметавонад ба маблағи аз 50 то 100 доллар ҷарима месупорад, хоҳ ӯ пешхизмат аст, ё вазир. Ана мардуми бедор чи гуна забонашонро ҳифз мекунанд!
МУХБИР ҲАР ЧӢ ХОСТ МЕГӮЯД,
ВАЛЕ ОН ҶО ЛАТВИЯ АСТ
Мухбири ин шабака ба гузориши дар боло ёдшудаи худ илова намуд, ки "бӯҳрони молиявӣ ба ин ҷумҳурӣ ҳам асар кардааст, ки мақомоташ роҳи нави пулкоркуниро фикр карда бароварда ва ҷомеаро ба худиву бегона тақсим кардаанд". Аз хабарнигори ин шабакаи русӣ иловаи дигареро ҳам интизор шудан номумкин буд. Айён аст, ки ин журналист низ аз манфиатҳои миллии худ дифоъ мекунад, чуноне рӯзноманигор Сайёфи Мизроб менависад: "Оё боре андеша кардаед, ки баробари дидани русҳо оҷилан русӣ ҳарф мезанем? Не? Пас хӯи ғуломӣ аз мо бадар нашудааст, ки андеша накунем, чаро чунин аст?! … Баробари дидани як руси кӯчарӯб дар ҷаласаамон русӣ ҳарф мезанем? Намезанем? Мезанем! Миллате, ки аз гӯиши худ, шеваи модари худ, ки дар гаҳвора "суруди аллаё"-аш мехонд, ор дорад, оё сазовори номи миллату соҳиби истиқлолият буданро дорад?... (СССР, №15, 18.12).
Ба гуфтаҳои ин бародари гиромӣ чӣ ҳам метавон илова кард. Ҳеч чиз!
Воқеан ҳам ҳар як тоҷик бояд ҳамин хел бошад ва дар ҳар куҷое, ки ҳаст, аз миллату Ватанаш дифоъ кунад.
ВАЗЪИ ЗАБОН ДАР ОЗАРБОЙҶОН
Дар Озарбойҷон низ чун ҷамоҳири Назди Балтик мақому қадри забонашонро дар мадди аввал гузоштаанд. Тибқи қонун дар ин ҷумҳурӣ тамоми созишномаҳо, ҳатто санадҳои дуҷонибаи давлатӣ бо забони озарӣ таҳия мешаванд, ягон созмони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳақ надорад, ки ҷаласаҳои худро бо забони ғайр дойир намояд. Танҳо ҳангоми зарурат тарҷума истифода мешавад. Ана, инро дар роҳи расидан ба ҳадаф кори конкрет, амалӣ ва ҷасурона мегӯянд. Аз гуфтани ҳавоию коғази зиёдро дар ин маврид "сиёҳ кардан", муроде ҳосил намегардад.
ВАЗЪИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН
ВА ОФАРИН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, вазъияти забони мо ба он дараҷае нест, ки "бонги изтироб" занем. Вале чун ба умқи воқеият меравем, ҳолати забонамон ба он дараҷае нест, ки ҳар тоҷики миллатдӯст қаноатманд асту розӣ! Мо донистани забонамонро аз ҳама хурду калон (чун Латвия…) талаб надорем, вале наход дар идораҳое ҳам, ки ҳамеша пеши кормандону масъулинашон корафтодаҳои тоҷикзабон мераванд, на танҳо русзабонҳо, ҳатто баъзе тоҷикони русшуда низ на бо забони давлатӣ, балки бо забони ғайритоҷикӣ ҳарф мезананд.
Пас чаро аз ин хусус бонги изтироб назанем?! Ҳатто дар ноҳияҳое, ки аксари аҳолиро тоҷикҳо ташкил медиҳанд, ҷаласаҳо, хурдтарин вохӯриҳо на бо забони давлатӣ, балки бо забони ғайр гузаронида мешаванд, тоҷикон бошанд маҷбуранд дар Ватани худашон бо забони онҳо гап зананд. Магар ин аҳвол нигаронкунанда нест? Пас, чӣ гуна қадру қиммати ин забони давлатӣ боло равад?! Ҳатто бисёр нишастҳои матбуотӣ, ҷаласаҳои сатҳи болоию поёнӣ "ба хотири" як -ду русзабон ба забони русӣ гузаронида мешаванд. Ягона шахсият- роҳбаре, ки ҷаласаҳояшро бо забони давлатӣ баргузор мекунад ва худ низ озоду фасеҳ тоҷикӣ сӯҳбат менамояд, ин сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст. Офарин ба сарвари мо!
ЧАРО ОЛЕГ СОБОЛЕВ ТОҶИКИРО НАМЕДОНАД?
Дар АМИТ "Ховар", ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон аст, рӯзноманигорони русзабон, ки касбашон низ донистани забонҳоро тақозо дорад, забони тоҷикиро намедонанд ва ё донистан намехоҳанд. Ин аҳвол на танҳо дар ин идора, дар аксар расонаҳои хабарии "тоҷикиву русӣ" ба назар мерасад. Шояд бародарони латиш ҳамин гуна ҳолатҳоро дидаанд, ки ба ин иқдом даст заданд, ки ин ягона роҳи ба мақсад расидан аст. Ман бовар дорам, ки агар масъулони мо ҳадди ҷаримаро 200 доллар не, ақаллан 50 доллар муайян кунанд, ҳама тоҷикони забонгумкарда ва касоне, ки ин забонро намедонанд ва табаъаи ин кишварро гирифтаву дар ин марзу бум ба сар мебаранд, зуд ҳама тоҷикидон ва тоҷикихон мешаванд. Вагарна чун Олег Соболев, рӯзноманигори қариб навадсолаи АМИТ "Ховар", ки умре дар Тоҷикистон зиставу як ҷумла бо забони тоҷикӣ намедонад, ҳеч гоҳ забони давлатиро ёд намегиранд ва ин кӯшишро низ нахоҳанд кард. Ва шояд русзабонҳо гумон мекунанд, ки худи соҳибони забон- тоҷикон агар ин хоҳишро надошта бошанд, ки ғайритоҷикҳо тоҷикидон шаванд ё онҳоро ҳаваси бо забони русӣ гап задан бошад, пас айби мо чӣ?
ИН АЙБИ КИСТ, КИ МО РУСӢ ГАП МЕЗАНЕМ?
Ҳатто бо чиниҳо ва туркони дар Душанбе буда, худи мо "забондонҳо" бо русӣ ҳарф мезанем, ба ҷойи ба онҳо тоҷикиро ёд додан. Худи мо тоҷиконро низ дар ин росто гуноҳамон кам нест. Ин аст, ки дар Тоҷикистон, дар Ватани Рӯдакиву Хайёму Ҳофиз меҳмонҳои мо ҳам ба ҷойи забони тоҷикӣ, забони русӣ меомӯзанд. Яъне "аз мост, ки бар мост!". Бубинед, ки чиниҳо ва туркон дар ҳар куҷое, ки "хайма" мезананд, он ҷоро бо ҳарфу забони худ "оро" медиҳанд. Онҳо забонашонро дӯст медоранд. Мо чӣ? Мисоле оварда метавонед, ки тоҷике дар Алмаато, Маскав ва ё ҷойи дигар гӯшаеро агар соҳиб бошад, онро бо тоҷикӣ оро дода бошад?! Ана ғурури мо, худшиносии мо…! Ҳатто як-ду гурҷие, ки дар хиёбони Рӯдакӣ қаҳвахонаи хурдакаке доранд, бо исми "Ҷорҷия" бо забони худ ҳам навишта, байрақи давлати худро таги фуки мизоҷон овехтаанд. Ва ё, ёд доред, ки русзабони соҳибмақоме даврони шӯравӣ ва имрӯз ҳам хоҳ дар вазифаи баланд бошад ё паст, дар ҷаласае бо забони мо ҳарф зада бошад! Ҳеч гоҳ чунин набуд ва нашудааст. "Хестӣ, ки хобӣ!"…
АЗ ЛАТИШҲО БОЯД САБАҚ ОМӮХТ
Таҷрибаи латишҳо аз рӯи ҳавову ҳавас ва муғризона набуда, барои он миллату халқҳое, ки давлат доштан мехоҳанду соҳибистиқлолии комил як панди рӯшан аст. Ва агар мо низ давлати миллӣ сохтанӣ бошем, аз ин шеваҳо бояд кор бигирем, ки фардо дер хоҳад шуд. Зеро нишонаи асосии миллат забон аст ва маҳз забони ноби тоҷикӣ аст, ки тоҷикамон меноманду Тоҷикистон дорем!.
Неъматуллоҳи НУРУЛЛОҲ,
рӯзноманигор