Дар байни номаҳое, ки ба саҳифаи "Миллат ва Ислом" расидаанд, хонандагони ҳафтанома бо ибрози ташаккур аз кормандони "Миллат" хостаанд, ки дар бораи мафҳуми "тафсир" матлабе ба нашр бирасонем. Ба хонандагони ҳамешагии "Миллат" Аъзамшоҳи Фақир, Тоҳири Муҳаммаднуриён, Шаъбони Ҳусайни Ширговадӣ ва дигарон, ки пайваста навиштаҳои моро мехонанд ва барои ҷолибтар шудани матолиби саҳифа маслиҳатҳои муфид медиҳанд, арзи сипос мекунем.
Дар зер ба дар бораи мафҳуми "тафсир" маълумоти мухтасар оварда шудааст ва дар шумораҳои оянда саъй хоҳем кард, то дар ин бора ба таври муфассал мақолаҳоро ба нашр расонем.
Дар "Луғатнома"- Деҳхудо дар моддаи тафсир оварда шудааст:
Тафсир - ҳувайдо кардан ("Тарҷумон"-и Ҷурҷонӣ, тартиби Одил ибни Алӣ), ончӣ маъниро рӯшан кунад ("Муҳаззабуласмоъ"), тарҷума (аз "Ал-Мунҷид"), пайдову ошкор кардану баён намудани маънии сухан ("Мунтаҳоулираб") . Пайдо кардану во кардани хабари пӯшида ва бо лафз кардани мустаъмал (Онандроҷ), баёну ошкор сохтани чизе ("Қурбулмаворид"), шарҳу баён ("Нозимулатиббоъ"), Гузориш ("Сиҳоҳулфурс"), гузора, гушода кардан, пайдо кардан, шарҳ кардан ғомизеро (ёддошт ба хатти марҳум Деҳхудо), дар асл ба маънои ошкор сохтану ҳувайдо кардан (аз "Таърифот"-и Ҷурҷонӣ). Калимаи "тафсир" масдари боби "тафъил" аст аз "фассара" ба маънии зуҳуру кашф. (аз "Кашшофи истилоҳотулфунун").
Дар идома Деҳхудо намунаи калимаи "тафсир"-ро, ки дар шеърҳо истифода шудааст, меорад:
Иҷозат хоҳам аз килкаш, бад-он тафсир агар бинад,
Ки таъйиди абадбунёд Иззуддини Бӯимрон. (Хоқонӣ)
ххх
Шамиро ном дорад он ҷаҳонгир,
Шамироро "маҳинбону"-ст тафсир. (Низомӣ)
ххх
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро. (Хоҷа Ҳофиз)
Шарҳ кардан каломи Худоро, кашф кардани зоҳири Қуръон, баёни маонӣ ва ҳақоиқи Қуръон, ошкор кардани ғавомизи калом ба таври куллӣ: набиштан донисту тафсири Қуръон ("Торих"-и Байҳақӣ, ч. Адиб, саҳ.149)
Дар байни мардуми мусулмон мурод аз "тафсир" - шарҳу баёни Қуръони карим аст. Албатта, тафсирнависӣ ва таъриху ташаккули он мавзӯест, ки як мақола наметавонад фарогири он бошад ва дар ин бора, иншоаллоҳ, дар шумораҳои оянда навиштаҳоеро ихтисос хоҳем дод. Бештари китобҳои тафсири Қуръон бо забони арабӣ навишта шудаанд ва бо забони форсӣ низ тафсирҳои зиёди классикӣ вуҷуд доранд, ки машҳуртарини онҳо "Тарҷумаи тафсири Табарӣ" ва "Тафсир"- Ҳусайнӣ (муаллифаш Ҳусайн Воизи Кошифӣ) мебошанд. Дар доираҳои уламои рӯҳонии кишвар "Тафсири Ҷалолайн" бештар шӯҳрат дорад, ки яке аз ду муаллифи ин китоб, ки Ҷалолуддин ном доштаанд, Имом Ҷалолуддин ас-Суютӣ - аз донишмандони саршинос ва муаллифони сертаълифи исломӣ мебошад.
ТАФСИР ВА ТАЪВИЛ
Дар баробари тафсир калимаи "таъвил" истифода мешавад. Деҳхудо менависад:
"Тафсир ва таъвил :- Соҳиби "Нафоисулфунун" орад: Тафсирро баъзе ин тавр маънӣ кардаанд, ки тафсир кашфи зоҳири Қуръон аст ва таъвил кашфи ботин ва баъзе дигар гуфтанд: Тафсир он аст, ки ба ривоят тааллуқ дошта бошад ва таъвил онки ба дироят. Ва баъзе гуфтанд: тафсир муҳкамотро бошад ва таъвил мушобаҳотро. Ва баъзе дигар гуфтанд: Ҳар чиро идроки башар дар маонӣ ва ҳақоиқи он бирасад, тафсир аст ва ҳарчӣ нарасад, таъвил хонанд. Ва ба ҳамин ҷиҳат Худованд фармуд: Мо яъламу таъвилаҳу иллаллоҳ (Қуръон 3/7) ва нагуфт "мо яъламу тафсираҳу иллаллоҳ". Ва тоифаи дигар гуфтанд: Тафсир он аст, ки дар ӯ хилоф накардаанд ва таъвил онки хилоф карда бошанд. Баъзе дигар гуфтанд: Тафсир баёни ҳақиқат аст ва таъвил баёни мақсуд. Ва баъзе дигар гуфтанд: Раъй бар ду қисм аст: яке онки камоли ақлу фаври фазл бошад ва ба таъйиди раббониву анвори рӯҳонӣ ношӣ шавад ва дувум онки аз ҳавоҷиси нафс бувад ва онро занн (гумон)-у ҷинон хонанд. Ва мунҳо анҳу ин қисм аст на аввал. Ва ҷамъе гуфтанд: мунҳо анҳу тафсир аст на таъвил, чӣ тафсир он аст, ки дар ӯ ба ғайр аз як ваҷҳ наёмада бошад, ҳамчу кавлуҳу таоло: ва минанноси ман яшри нафсаҳу ибтиғоа марзотиллоҳ (Қуръон 2/207), ки ба иттифоқи ҷумҳур мурод аз "нос(мардум)" Суҳайб асту бас ва дар ин сурат ҳамли "нос" бар дигарон натвон кард. Ва таъвил он аст, ки дар вуҷуҳ бисёр омада бошад, ҳамчу қавлуҳу таоло: инфирру хифофан ва сиқоло (9/41), ки мурод аз хифофу сиқол ба қавле ҷавононанду пиронанд ва ба қавле дарвешону тавонгарон, ва ба қавле уззобу мутаахирон ва ба қавле тандурустону беморон ва дар ин сурат бар ҳар кадом, ки хоҳанд, амал ҷоиз бувад. ("Нафоисулулум" зайли "илми тафсир"). …
Абӯҳайён гӯяд: "Тафсир донише аст, ки дар он аз кайфияти талаффузу нутқи Қуръону мадлулҳои онҳо ва аҳкоми ифродиву таркибии он ва маъниҳое, ки ҳолати таркиб ва татиммоти он бар онҳо ҳамл мешавад. Олимон дар бораи раво будани тафсир кардани Қуръон ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе гӯянд ҳеҷ кас набояд ба тафсири ҳеч як аз матолиби Қуръон даст ёзад, ҳарчанд олиму адиби мутабаҳҳир дар маърифати адиллаву фиқҳу наҳву ахбору осор бошад. Ва дар ин бора ба ҷуз ончӣ аз паёмбар (с) мунтаҳо шавад, ӯро роҳи дигар нест. Ва бархе бар онанд, ки тафсир кардани Қуръон барои касе, ки дар донишҳои мавриди ниёзи муфассир ҷомеъ бошад, равост ва улуми мазбур 15 дониш аст: луғат, наҳв, тасриф, иштиқоқ, маонӣ, баён, бадеъ, илми қироот (таҷвид), усули дин ё калом, усули фиқҳ, асбоби нузулу қисас, носиху мансух, фиқҳ, аҳодиси мубини тафсир, мубҳаму муҷмал, дониши мавҳибат (аз "Кашшофи истилоҳотулфунун" ба ихтисор)".
Касеро, ки дар дар донишҳои дар боло зикршуда моҳир бошад ва маънову ҳақоиқи Қуръонро шарҳ медиҳад, муфассир, яъне тафсиркунанда мегӯянд.
(Идома дорад)
Таҳияи З. ДАВЛАТ