ҲАМ ҶИДДИЮ ҲАМ ШӮХӢ

Фарҳанг ва адаб 31.12.2008 21:30

ЖУРНАЛИСТИ СОЛ

Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири нашрияи мову шумост, ки тӯли як сол заҳмат кашида, матолиби нашрияро хонданбоб кардааст. Аз ҷумла силсилаи мусоҳибаҳои Толибшоҳи Сайидзода зери унвони "Аз истиқлол то иҷлосияи 16" аз ҷониби хонандаи "Миллат" истиқбол гардид. Ҳайъати эҷодии "Миллат" бо назардошти зангҳои телефонии хонандагони азиз ба ин натиҷа расиданд, ки Толибшоҳи Сайидзодаро журналисти соли «Миллат» эълом кунанд.

САЙЁҲИ СОЛ

"Миллат" тайи ин сол ҳамагӣ як бор сафари хориҷа дошт, ки он дар насиби дӯсти донишманди мо Зоҳиршоҳи Давлат будааст. Баъди бозгашт аз сайёҳати Ҷумҳурии Исломии Ирон ва "Саманд"- савориҳои ройгонаш Зоҳиршоҳро дигар хушаш намеояд, ки дар Тангеми чинӣ нишаста, то коргоҳ биёяд.

ҶАҲОНГИРИ СОЛ

Ҷаҳонгири Султон, веростори нашрияи "Миллат" ва муборизи хастанашаванда алайҳи лашкари вирусҳои чатбозон аст, ки бо шарофати ӯ ҳар ҳафта нашрияи дӯстдоштаи мову шумо бо ороишоти рангин дастрас мешавад.

ТЕЛЕВИЗИОНИ СОЛ

Симои Мустақили Тоҷикистон телевизиони сол ва беалтернатив дониста шуд. Дар воқеъ СМТ бо масъалагузориҳои боҷуръатона ва пахши барномаҳои ҷолибаш дар мавзӯъҳои мушкили ҷомеъа, соҳоти иҷтимоъ ва журналистика як расонаи муваффақ дар баробари таҳочуми антенаҳои моҳвораи маҳсуб меёбад.

РАДИОИ СОЛ

Радиои "Имрӯз"- ро, ки соли 2008 ду бор пахши барномаҳои он мутаваққиф гардид, натиҷаи назархоҳӣ аз шумули радиои дорои барномаҳои ҷаззобу шуниданӣ донистааст.

ЧАТБОЗИ СОЛ

Умари Давлат, аз ҷумлаи чатбозони беҳтарини сол буд, ки бо беш аз 12 соат дар рӯз чат бозиданаш рекорд нишон додааст. Бо вуҷуди он, ки ин ошиқи Чат вақти камтаре дар ихтиёр дорад, вале бегумон Умар беҳтарин ёвару мушкигушои кори мост, ки маҳз бо заҳмати у нашрия ба чоп мерасад.

МАРЗШИКАНИ СОЛ

Барои Саъдӣ Юсуфӣ;, хабарнигори шинохтаи мо сафҳаи "Миллат ва Ислом" тангӣ кард ва рӯ ба "Равзана ба ҷаҳон" овард. Саъдии азиз ният дорад имсол дар бораи овозхони маҳбуб Гугуш матолиби ҷолиберо пешкаши ихлосмандони "Миллат" намояд.

ПАХТАЧИНИ СОЛ

Ёқуби Саид, ягона журналисте буд, ки дар соли гузашта ду рӯзи худро барои ҷамъоварии "тиллои сафед" сарф карда, ба хирмани давлат 1,5 килло пахта чида супурдааст.

КАЙҲОНГУШОИ СОЛ

Ислом Раҳимов, хабарнигори мо дар устони Суғд дар чанд навиштаи худ гӯё ҳама мушкилоти мо дар Замин ҳал шудааст, ки аз роҳ кушодан ба кайҳон сӯҳбат оростаанд. Ва Ислом масъала гузоштаанд, ки кайҳоннаварди нахустини тоҷик имрӯз шогирди мактаб аст ва замону замину осмонро барои пазириши ӯ омода бояд кард. Ба гумонаш, ки фатҳи кайҳон гушоиши роҳи оҳани Қӯрғонтеппа- Кӯлоб аст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97